Усули сиёсати хориҷӣ аз нигоҳи Қуръони Карим (1)

Усули сиёсати хориҷӣ аз нигоҳи Қуръони Карим

Муқаддима

Иртибот бо дигарон дар дунёи имруз ҷиҳати дарёфти таҷрубиёти онон ва интиқоли таҷрубиёти худ ба дигарон, яке аз муҳимтарин сабабҳои пешрафт маҳсуб мешавад, ва ин корро агар дар сатҳи густардатар яъне ҷомиа ва ҳукумат дар назар гирифта шавад, баҳси равобити хориҷӣ ва ба таври хос сиёсати хориҷиро ба вуҷуд меоварад.

Аз суи дигар дини мубини Ислом бавижа Қуръони Карим муддаии расонидани башар ба саодати дунявӣ ва ухравӣ буда, ба ин сабаб дар арсаҳои гуногун, ки муртабит бо сарнавишти башар ба хусус мусалмонон аст, дастуротеро ҷиҳати таъмини саодати башар баён карда аст, ки нишонгари биниши Қуръон нисбат ба ҷомиаи башарӣ ба хусус ҷомиаи муслимин аст.

Аз назари Қуръони Карим дар сиёсати хориҷӣ бояд арзишҳои исломӣ ва қудратии кишвари исломӣ ҳифз шавад, аз инрӯ усул ва қавоидеро баён дошта, ки сабаби беҳтар шудани равобити кишвари исломӣ дар хориҷ аз марзҳои худ мегардад. Дар ин навиштор ба бархе аз онҳо ишора мешавад.

Лозим ба зикр аст, ки усули сиёсати хориҷӣ аз нигоҳи Қуръони Карим ва суннати Набавӣ(с) иборат аст, аз қавоиде, ки қудрат ва арзишҳои фикрӣ ва миллии давлати исломиро дар берун за марзҳои худ ҳифз намуда ва иртиқо мебахшад.

 

Торихчаи сиёсати хориҷӣ дар ҷаҳони Ислом

Огоҳи доштан аз торихчаи сиёсати хориҷӣ дар ҷаҳони Ислом холи аз фоида нест, аз ин ҷиҳат ба таври хулоса ба торихчаи он мепардозем.

Баҳси сиёсати хориҷӣ яке аз баҳсҳое аст, ки дар китобҳои фиқҳӣ дар бобҳои гуногун, ба сурати пароканда аз қадимулайём мавриди таваҷҷуҳи фуқаҳо ва донишмандони исломӣ буда ва ҳаст.

Асли баҳс аз сиёсати хориҷӣ ва усули он монанди дигар мабоҳиси асосии илми фиқҳ, аз назари пайдоиш ба замони ҳазрати Муҳаммад(с) ва асҳоби эшон бар мегардад, чунонки зиндагонии сиёсӣ ва ҳукумати Расулуллоҳ(с) гувоҳи равшан бар ин матлаб аст.

Аммо шуруи ин баҳс аз назари нигоришӣ ба солҳо пас аз реҳлати Паёмбари Акрам(с) ва асҳоби эшон бар мегардад, чунонки аввалин китобҳои навишта шуда дар ин замина бо ановини гуногун аз қабили “Алашбоҳу ва аназоир” буда ва дар ҳоли ҳозир бо ановини “Алқавоидул фиқҳия” мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегиранд, албатта баҳси сиёсати хориҷӣ дар ин китобҳо низ ба сурати мустақил наёмадаанд, балки панҷаи парокандагӣ, монанди китобҳои фиқҳӣ бар он соя афканда аст, агар чи нисбат ба китобҳои фиқҳӣ аз инсиҷоми бештаре бархурдоранд.

Шояд ҳамин парокандагии мабоҳиси сиёсӣ дар ин китобҳо сабаб гардида, ки дар ин чанд соли охир китобҳои ҷудогона дар заминаи сиёсати хориҷӣ ба риштаи таҳрир дарояд, монанди “Фиқҳи сиёсӣ” аз оқои Шакурӣ, “Фиқҳи сиёсӣ” аз Амиди занҷонӣ, “Қавоиди фиқҳи сиёсӣ” аз Руҳуллоҳи шариъатӣ, ва…, ки ҳамаги гуёи аҳамият ва зарурати баҳс дар ин замина мебошанд.

Дар ин навиштор меҳвар тақсими қавоид ва усули сиёсати хориҷӣ, бар асоси аҳкоми аввалӣ ва сонавӣ тақсим гардида аст. Барои равшан шудани усули аввалӣ ва сонавӣ ба ин мисол таваҷуҳ намоед:

Ҳангоме, ки як кишвари исломӣ бо кишвари дигар қарордоди тиҷориеро мебанданд, барои ӯ лозим аст, ки ба ин қарордоди худ пойбанд бошад, аммо замоне, ки маълум шавад, ки душман ва кишвари муқобил аз ин қарордоди тиҷорӣ ба зарари кишвар ва ҷомиаи исломӣ истифода мекунад, дар ин сурат кишвари исломӣ паймони худро нақз карда ва ба он пойбанд нахоҳад буд.

Ҳолати аввалиро дар фиқҳи исломи, усули аввали ва ҳолати дуввумиро усули сонави гуянд.

Ҳарчанд усули сиёсати хориҷӣ аз нигоҳи Қуръони Карим зиёд аст, вале дар ин навиштор ба зикри ду намуна аз усули аввалӣ ва ду намуна аз усули сонавӣ иктифо мекунем.

Усули аввалӣ

Асли сулҳ (ҳамзистии мусолимат омез)

Башар барои расидан ба камолот ва пешрафтҳои моддӣ ва маънавӣ дар арсаҳои гуногун зиндагӣ ниёз ба сулҳ ва оромиш дорад то ба сӯи қуллаҳои камол ҳаракат кунад, аз ин сабаб аст, ки башар умуман толиби сулҳ ва оштӣ буда ва ҳаст. Ва ҳаркуҷо сулҳ, оромиш ва амният аз байн рафта аст, пешрафти башарият низ дар заминаҳои мухталифи зиндагӣ бо ақабмондагӣ ва нуқсон дучор гашта аст.

Ислом, ки дини комил ва муддаии таъмини саодати дунявӣ ва ухравӣ башар аст, асли сулҳ ва оштиро чи дар арсаи сиёсати дохилӣ ва чи дар арсаи сиёсати хориҷӣ як асли муҳим ва аввалӣ талаққи намуда ва бо шеваҳои гуногун бар он таъкид кардааст.

Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

«وَ إِن جَنَحُواْ لِلسَّلْمِ فَاجْنَحْ لهََا وَ تَوَكلَ‏ْ عَلىَ اللَّهِ  إِنَّهُ هُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيم‏»[1]

Ва агар (душманон) ба сулҳ майл пайдо кунанд, пас (Ту низ) ба он гароӣ ва бар Худо таваккул кун! (зеро), ки дар ҳақиқат танҳо Ӯ шунаво (ва) доност.

Ин оят ба хубӣ гуёи он аст, ки агар душманон ба сулҳ гароиш пайдо карданд шумо ҳам онро бипазиред, яъне сулҳ кунед.

Дар ҷои дигар Худо муъминонро мухотаб сохта мефармояд:

 «لَّا يَنْهَئكمُ‏ُ اللَّهُ عَنِ الَّذِينَ لَمْ يُقَاتِلُوكُمْ فىِ الدِّينِ وَ لَمْ يخُْرِجُوكمُ مِّن دِيَارِكُمْ أَن تَبرَُّوهُمْ وَ تُقْسِطُواْ إِلَيهِْمْ  إِنَّ اللَّهَ يحُِبُّ الْمُقْسِطِين‏»[2]

Худо шуморо нисбати касоне, ки дар мавриди дин бо шумо ҷанг накарданд ва шуморо аз хонаҳоятон берун наронданд, манъ намекунад, ки ба онҳо некӣ кунед ва нисбати онон додгари намоед (зеро) Худо додгаронро дӯст медорад.

Бо диққат дар ин оёт илова бар дарёфти ин ки сулҳ асли аввал дар таомули кишвари исломӣ бо соири кишварҳо аст, ин нуктаи зариф низ ба даст меояд, ки сулҳ бо кишваре ва мардуме метавон кард, ки қасди ҷанг ва мухолифат надошта бошанд, ва илло сулҳ намудан бо онҳо маъно надорад, чунон ки ояти карима ҳадди сулҳро баён намуда мефармояд: Модоме, ки душманон шуморо аз хона ва кошона берун нарондаанд ва бо шумо тарҳи ҷанг нарехтаанд, монее надорад, ки бо онҳо некӣ яъне сулҳ ва рафтори мусолиматомез намоед.

Аз ончи гузашт ин нукта маълум мегардад, ки сулҳ ва рафтори мусолиматомез бо кишварҳои мухталиф модоме, ки тарҳи ҷанг нарехтаанд, асли аввал ва лозимулиҷро аст. Ва ин худ гӯёи биниш ва басирати дини Ислом ба хусус Қуръони Карим дар ростои таъмини саодат ва пешрафти башарият дар арсаҳои гуногуни зиндагӣ аст.

 

Асли вафои ба аҳду паймон

Яке аз муҳимтарин ва асоситарин корҳое, ки равобити инсонҳо бо якдигарро чи дар арсаи фардӣ ва чи дар арсаи иҷтимоӣ ва байналмилалӣ тазмин мекунад, вафои ба аҳду паймонҳо аст. Дар сурати пойбанд набудан ба ин асл, равобит ва доду ситадҳои инсонӣ дар арсаҳои гуногун  дучори ҳарҷу марҷ шуда ва дар тулони муддат амният ва балки ҳаёти инсон дар рӯи заминро бо мушкилот ва чолишҳои гуногун ру ба рӯ хоҳад сохт, аз инрӯ аст, ки Қуръони Карим асли вафои ба аҳду паймонро яке аз усули аввали дар иртиботот бо соири инсонҳо қарор дода аст.

Дар мактаби Ислом ба хусус Қуръони Карим ин асл, ба уқуд ё ҳамон паймонҳо ёд карда шуда ва бо шеваҳои мухталиф пойдорӣ ва вафо намудан ба онро таъкид намуда аст. Гоҳе ба сурати сареҳ ба вафо намудан ба паймонҳо дастур дода ва гоҳе бо инзор ва бим додан аз оқибати ухравии он, мардумро аз нақзи паймонҳо наҳй фармуда аст. Чунон ки онро аз сифоти мӯъминон шумурда муфармояд:[3] «وَالَّذِينَ هُمْ لِأَمَانَاتِهِمْ وَعَهْدِهِمْ رَاعُونَ» онон( муъминон) касоне ҳастанд ки амонат ва аҳдҳои худро муроот мекунанд.

Дар ҷои дигар бо зикри паёмади паймоншиканӣ талвиҳан мусалмононро аз пойбанд набудан ба паймонҳо наҳй мекунад, ва мефармояд:

 «فَبِمَا نَقْضِهِمْ مِيثَاقَهُمْ لَعَنَّاهُمْ وَجَعَلْنَا قُلُوبَهُمْ قَاسِيَةً…»[4]

Пас ононро ба (хотири) паймон шиканиашон лаънат кардем ва дилҳояшонро сахт гардонидем.

Ҳарчанд ин ояи карима дар мавриди Бани Исроил нозил шуда аст, аммо махсуси онҳо нест балки ҳаркасро, ки паймон шикани кунад, низ шомил мешавад, ҳатто мусалмононро.

Ин оят бар вуҷуби вафои ба аҳд аз ду ҷиҳат далолат дорад: Аввал онки калимаи “Авфу”, ки дар оят ба кор рафта аст далолат бар воҷиб будани он дорад. Дуввум онки аҳд масъул аст ва аз ғайри воҷиб суол намешавад, пас вафои ба он ваҷиб мегардад.

Илова бар оёти Қуръони Карим сира ва рафтори Паёмбари Акрам(с) гӯёи аҳамият ва зарурати пойбандӣ ба аҳду паймонҳо аст, чунон ки бо ҳазрати Муҳаммад(с) дар сулҳи ҳудайбия паймон баста шуд, ки агар фарде аз мушрикон мусалмон шавад ва ба Мадина паноҳ оварад, он Ҳазрат(с) бояд ӯро баргардонад, ва таърих гувоҳ аст, ки Ҳазрати Расул(с) ба аҳди худ вафо намуд ва афродеро, ки ба сӯи ӯ омада буданд баргардонид.[5]

Аммо он Ҳазрат(с) то замоне бар ин аҳди хӯд пойбанд буданд, ки ин аҳд аз сӯи мушрикон шикаста нашуда буд, вале ҳангоме, ки аз сӯи мушрикон ин аҳд шикаста шуд Паёмбар(с) бо асл ва қоидаи муқобила ба мисл ба сӯи фатҳи шаҳри Макка рафт.

Аз ин рӯ метавон гӯфт, ки асли вафои ба аҳд ва паймон як асли аввалӣ аст, аммо агар аз сӯи муқобил шикаста шавад қоидаи сонавии муқобила ба мисл, по ба арсаи майдон гузошта ва ҳукми худро иҷро хоҳад кард.

Аммо бояд таваҷҷуҳ дошт, ки ҳукумати исломӣ то замоне ба аҳду паймонҳо ва қарордодҳои хориҷӣ ва равобити байнал милалии худ пойбанд аст, ки сабаби мултазим шудан ба асли ғайри шаръӣ нагардад.

Идома дорад… .

Ёсин

[1] Сураи муборакаи Анфол, ояти61.

[2] Сураи муборакаи Мумтаҳина, ояти8.

[3] Сураи муборакаи муъминон, ояти 8.

[4] Сураи муборакаи Моида, ояти13.

[5] Албидоя ва аниҳоя, Ибни Касир, чопи мактабатул маъориф, Байрут,ҷ.4,саҳ.168.

Охирин матолиб

Шаъбон моҳи Расули Акрам(с)

Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ будааст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст, ки инсонро...

Усули тарбияти исломӣ (3)

Усули тарбияти исломӣ3 Таълиму тарбият ва мутахаллиқ кардани инсонҳо ба ахлоқи исломӣ ва инсонӣ ҳадафи бузурги Паёмбари Ислом (с) будааст, то ҷое ки он ҳазрат...