Чиқадар ҳоҷи зиёд аст

Абубасир мегуяд:Ба Имом Боқир(а) арз кардам: Чиқадар ҳоҷӣ зиёд аст ва садои доду фарёди (ҳоҷиён) ҳамаҷоро гирифта аст.

Ҳазрат фармуданд: Фақат доду фарёд зиёд аст  вале ҳоҷӣ хеле кам аст. Эй Абобасир алоқа дори ростии сухани маро бо чашмони худат бибини (дар он замон Абубасир нобино буд).

Абубасир мегуяд: Дар ин мавқеъ ҳазрат дасти муборакашро рӯи ду чашмам кашиданд ва дуое хонданд, ки чашмонам бино шуд. Сипас фармуданд: Акнун нигоҳ кун ба онҳойе, ки ҳоҷӣ ҳастанд мегуфти. Нигоҳ кардам дидам бештари мардум ба шакли маймун ва хук ҳастанд.

Ва муъмин мисли ситораи дурахшон дар шаби торик дар миёни онҳо аз дур дида мешавад (киноя аз ин аст, ки фақат чанд то муъмин дар миёни онҳо аст тамом). Абубасир арз кард саҳеҳ мефармоед ҳоҷӣ хела кам аст аммо фарёд зананда бисёр аст, сипас ҳазрат боз дуое хонданд ва Абубасин дубора нобино шуд.

Абубасир дар мавриди баргардондани биноияш суҳбат кард, Вале  Имом фармуданд: Эй Абубасир мо аз ту музоиқа надорем Худо низ ба ту ситам раво надошта аст. Ончи салоҳат будааст интихоб кард, агар туро дубора бино кунем метарсем, ки мардум фирефтаи мо шаванд ва фазл ва миннати Худоро бар мо фаромуш кунанд ва моро ба ҷои Худо бипарастанд бо ин ки  мо бандаи ӯ ҳастем ва аз ибодаташ сарпечи надорем ва аз фармонбардории ӯ хаста намешавем ва таслими ӯ ҳастем.[1]

Аз онҷо ки ҳоҷиён бо ҳадафҳои гуногун меоянд, масалан баъзе бахотири тиҷорат ва баъзе ба хотири фақат гардиш ва баъзе дигар ба хотири ин ки ба он ҳоҷӣ гуянд (риё ва худнишондиҳӣ) мераванд ва инсонҳои холис, ки фақт бахотири Худо ва таъзими шаоири Илоҳӣ мераванд хеле кам ҳастанд.

 

 


[1] . Баҳор, ҷ. 46, саҳ 261.

Охирин матолиб

тарҷума

Тарҷумаи СУРАИ ИСРО

СУРАИ ИСРО Ин сура дар Макка нозил шуда ва 111 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Муназзаҳ аст Зоте, ки бандаашро шабонгоҳе аз Масҷид-ул-ҳаром...

тафсир

МУҚАДДИМАЕ БАР ТАФСИРИ ҚУРЪОН

Қуръони карим ҳадяи илоҳӣ барои башар ва барои ҳидояту роҳнамоӣ ва ноҷоти ӯст. Китобе, ки лозим аст дар он тадаббур, тафаккур ва  таъаққул намоем ва...

Омӯзиш

Дуоҳои қуръонӣ

Чаро дуоҳоямонро бо «Раббано» оғоз кунем? Вақте дар оёти Қуръони Карим диққат кунем мебинем, ки анбиё, фариштагон ва авлиёи илоҳӣ дуоҳои худро бо ибораи “Раббано”...