Олами Барзах чӣ гуна аст?

Оё инсон пас аз марг якбора вориди олами қиёмат мешавад ва кораш яксара мегардад ва ё инсон дар фосилаи марг ва қиёмат як олами хоссеро тай мекунад ва ҳангоме ки қиёмат бапо шуд вориди олами қиёмат мегардад?

Мутобиқи он чӣ аз ишороти қуръонӣ ва ҳадисҳо ва ривоятҳои мутавотир ва ғайри қобили инкоре, ки аз Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)  ба мо расида аст истифода мешавад, ҳеҷ кас било фосила пас аз марг вориди олами қиёмат намешавад. Зеро қиёмат ҳамроҳ аст бо як силсила инқилобҳо ва дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи мавҷудоти заминӣ ва осмонӣ, ки мо суроғ дорем, яъне кӯҳҳо, дарёҳо, моҳ, хуршед, ситорагон ва каҳкашонҳо.

Ҳангоми қиёмат ҳеҷ чизе дар вазъи мавҷуд боқӣ намемонад. Ба илова дар қиёмат аввалину охирин ҷамъ мешаванд ва мо мебинем, ки ҳанӯз низоми ҷаҳон барқарор аст ва шояд миллиёнҳо ва балки миллиардҳо соли дигар низ барқарор бошад ва миллиардҳо миллиард инсони дигар баъд аз ин биёянд.

Ҳамчунин аз назари Қуръони карим – ҳамон тавре ки аз ояҳои гузашта ва як силсила ояҳои дигар истифода мешавад – ҳеҷ кас дар фосилаи марг ва қиёмат дар хомӯшӣ ва беҳиссӣ фурӯ намеравад, яъне чунин нест, ки инсон пас аз мурдан дар ҳоле шабеҳи беҳӯшӣ фурӯ равад ва ҳеҷ чизро эҳсос накунад, на лаззате дошта бошад, на дарде ва на суруре дошта бошад ва на андӯҳе. Балки инсон било фосила пас аз марг вориди марҳалаи дигаре аз ҳаёт мегардад, ки ҳама чизро ҳис мекунад, аз чизҳое лаззат мебарад ва аз чизҳое дигар ранҷ. Албатта лаззату ранҷаш бастагӣ дорад ба афкор, ахлоқ ва амалҳояш дар дунё.

Ин марҳала идома дорад то он гоҳ ки қиёмат бапо шавад. Дар он ҳангом дар асари як силсила инқилобҳо ва дигаргуниҳои беназире, ки дар як лаҳзаи воҳид ҷаҳонро фаро мегирад ва аз дуртарин ситорагон гирифта то замини мо ҳама машмули он дигаргунӣ мешаванд, ин марҳала ё ин олам, ки барои ҳар касе як фосила ва ҳадди васати миёнаи дунё ва қиёмат мешавад, поён мепазирад.

Пас аз назари Қуръони карим олами пас аз марг дар ду марҳала сурат мегирад ва ба таъбири саҳеҳтар, инсон пас аз марг ду оламро тай мекунад: оламе, ки монанди олами дунё поён мепазирад, ки “олами барзах” номида мешавад ва дуввумӣ олами қиёмат, ки ба ҳеҷ ваҷҳ поён намепазирад. Инак баҳси мухтасаре дар бораи олами барзах ва баҳсе дар бораи олами қиёмат анҷом медиҳем.

Олами барзах

Агар чизе миёни ду чизи дигаре ба монанди девор ва ғ. фосила бошад, он чизро “барзах” меноманд. Қуръони карим аз зиндагии пас аз марг то рӯзи қиёмат бо калимаи “барзах” таъбир кардааст. Ҳамчуноне ки дар сураи Мӯъминин мефармояд:

«حَتَّى إِذَا جَاء أَحَدَهُمُ الْمَوْتُ قَالَ رَبِّ ارْجِعُونِ ﴿۹۹﴾

لَعَلِّي أَعْمَلُ صَالِحًا فِيمَا تَرَكْتُ كَلَّا إِنَّهَا كَلِمَةٌ هُوَ قَائِلُهَا وَمِن وَرَائِهِم بَرْزَخٌ إِلَى يَوْمِ يُبْعَثُونَ ﴿۱۰۰﴾ »

Тарҷумаи ояҳо:“То он замоне ки яке аз онҳоро марг фаро мерасад мегӯянд: Парвардигоро, маро бозгардон. То шояд кори шоиста ва писандидае дар заминаҳое, ки накардаам, анҷом диҳам! (Барои ӯ ҷавоб ин аст, ки) ҳаргиз. Ин фақат суханест, ки ӯ гӯяндаи он аст ва аз пеши онҳо (аз ҳангоми марг) то рӯзе, ки (барои қиёмат) барангехта мешаванд, барзах ва фосилае ҳаст.”[1]

Ин оя танҳо ояест, ки фосилаи миёни марг ва қиёматро “барзах” хондааст. Уламои исломӣ аз ҳаминҷо иқтибос карда ва номи олами баъд аз дунё ва қабл аз қиёматро “олами барзах” ниҳодаанд.

Дар ин оя аз идомаи ҳаёти баъд аз марг, ҳамин қадар сухан омадааст, ки инсонҳое пас аз марг изҳори пушаймонӣ мекунанд ва дархости бозгардондан ба дунё менамоянд ва ба онҳо посухи манфӣ дода мешавад. Ин оя комилан сароҳат дорад, ки инсон пас аз марг дорои навъе ҳаёт аст, ки тақозои бозгашт (руҷӯъ) мекунад, вале тақозояш пазируфта намешавад.

Ояҳое, ки далолат мекунад, ки инсон дар фосилаи марг ва қиёмат аз навъе ҳаёт бархурдор аст ва дар он ҳол шадидан эҳсос мекунад, гуфту шунид дорад, лаззату ранҷ ва суруру андӯҳ дорад ва хулоса аз навъе зиндагонии саодатомез (ё шақоватолӯд) бархурдор аст, зиёд аст. Маҷмуъан дар ҳудуди 15 оя аст, ки дар Қуръони карим ба наҳве аз наҳвҳо як ҷараёни ҳаётиро ёд кардааст, ки мерасонад дар фосилаи байни маргу қиёмат аз як ҳаёти комил бархурдор аст. Ин ояҳо ба чанд гуна аст:

а) Ояҳое, ки ҷараёни як силсила гуфту шунидҳо миёни инсонҳои солеҳ ва некӯкор ва ё инсонҳои фосид ва бадкорро бо фариштагони илоҳӣ ёд мекунад, ки било фосила баъд аз марг сурат мегирад. Ин гуна ояҳо зиёд аст. Ояи 97 аз сураи Нисо ва ояи 100 аз сураи Мӯъминин – ки қаблан ҳар ду ояро нақл кардем – аз ин гуна ояҳост;

б) Ояҳое, ки илова бар мазмуни ояҳои боло расман мегӯянд, ки фариштагон пас аз он гуфту шунидҳо ба солеҳон ва некӯкорон мегӯянд: аз ин пас аз неъматҳои илоҳӣ баҳра гиред, яъне онҳоро дар интизори расидани қиёмат намегузоранд. Ду ояи зерин баёнгари ин матлаб аст:

«الَّذِينَ تَتَوَفَّاهُمُ الْمَلآئِكَةُ طَيِّبِينَ يَقُولُونَ سَلامٌ عَلَيْكُمُ ادْخُلُواْ الْجَنَّةَ بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ ﴿۳۲﴾»

Тарҷумаи оя:“Ононе, ки дар ҳоле ки покизаанд фариштагон ононро таҳвил мегиранд ва фариштагон ба онҳо мегӯянд: Дуруд бар шумо! Ҳамоно ба хотири аъмолу кирдори шоистаатон вориди Биҳишт гардед.”[2]

Ва ҳамчунин дар сураи Ёсин Худованд

“قِيلَ ادْخُلِ الْجَنَّةَ قَالَ يَا لَيْتَ قَوْمِي يَعْلَمُونَ ﴿۲۶﴾

بِمَا غَفَرَ لِي رَبِّي وَجَعَلَنِي مِنَ الْمُكْرَمِينَ ﴿۲۷﴾  ”

Тарҷумаи ояҳо:“(саранҷом ба ҷурми имон кушта шуд ва ба ӯ) гуфта шуд: Дохили биҳишт шав! Ӯ гуфт: Эй кош қавми ман(,ки сухани маро нашуниданд акнун) медонистанд, ки чӣ гуна парвардигорам маро омурзид ва маро ҷузъи бандагони мукаррами хеш (,ки аз азизони ман ҳастанд) қарор дод.”[3]

Дар оятҳои қабл аз ин оят ҷараёни гуфту шуниди ин марди мӯъмин (мӯъмини Оли Фиръавн) бо қавмаш нақл шуда, ки мардумро ба пайравии паёмбароне, ки дар шаҳри Антокия мардумро ба тарки парастиши ғайри Худо ва парастиши мухлисонаи Худо мехонданд даъват мекунад ва сипас имон ва эътиқоди хешро изҳор медорад ва аз онҳо мехоҳад, ки сухани ӯро бишнаванд ва ба роҳи ӯ бираванд. Дар ин ояҳо мегӯяд: Вале он мардум сухани ӯро нашуниданд то он гоҳ ки ӯ ба ҷаҳони дигар рафт. Он ҷаҳон дар ҳоле ки мағфират ва каромати илоҳиро дар бораи хештан мушоҳида кард, орзу кард, ки эй кош қавми ман, ки ҳанӯз дар дунёянд аз вазъи саодатмандонаи ман дар ин ҷаҳон огоҳ мешуданд. Бадеҳӣ ва равшан аст, ки ҳамаи ин ҷараёнҳо қабл аз қиёмат аст, зеро дар қиёмат ҳама аз аввалину охирин ҷамъанд ва касе дар рӯи замин боқӣ нест.

Зимнан ин нуктаро бояд бидонем, ки он чӣ пас аз марг барои аҳли саодат омода шуда, биҳиштҳост, на биҳишт, яъне анвоъи биҳиштҳост. Биҳиштҳо дар охират бар асоси мақомоти қурби илоҳӣ мутафовит ва гуногунанд. Ба илова ҳамон тавре ки дар ривоятҳои Аҳли Байт(а) омадааст, баъзе аз ин биҳиштҳо марбут ба олами барзах аст, на олами қиёмат. Бинобарин, ин ки дар ду ояи фавқ калимаи биҳишт омадааст, набояд сабаби иштибоҳ шавад, ки марбут ба қиёмат аст;

в) Дастаи севвум ояҳоест, ки дар он ояҳо сухане аз гуфту шуниди фариштагон бо инсонҳо дар миён нест, балки мустақиман аз ҳаёти инсонҳои саодатманд ва некӯкор ё инсонҳои бесаодат ва бадкор ва баҳрамандии дастаи аввал ва азобу ранҷи дастаи дуввум дар фосилаи марг ва қиёмат ёд шудааст. Ду ояи зерин аз ин гуна аст:

 «وَلاَ تَحْسَبَنَّ الَّذِينَ قُتِلُواْ فِي سَبِيلِ اللّهِ أَمْوَاتًا بَلْ أَحْيَاء عِندَ رَبِّهِمْ يُرْزَقُونَ ﴿۱۶۹﴾ فَرِحِينَ بِمَا آتَاهُمُ اللّهُ مِن فَضْلِهِ وَيَسْتَبْشِرُونَ بِالَّذِينَ لَمْ يَلْحَقُواْ بِهِم مِّنْ خَلْفِهِمْ أَلاَّ خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلاَ هُمْ يَحْزَنُونَ ﴿۱۷۰﴾ »

Тарҷумаи ояҳо:“Ҳаргиз гумон мабар ононе, ки дар роҳи Худо кушта шудаанд мурдаанд. Балки назди парвардигорашон зиндаанд ва рӯзӣ дода мешаванд. Ба он чӣ Худо аз фазлу раҳмати хеш ба онҳо иноят карда шодмонанд ва орзу мекунанд, ки башорати шаҳодати дӯстони дунёшон ба онҳо бирасад то онҳоро бо худ дар ин шаҳодат шарик бубинанд. Онҳо на аз чизе биму тарс доранд ва на ғамноку андӯҳгин мешаванд.”[4]

“Азоби нороҳаткунанда, оташ, бар фиръавниён иҳота кард, ҳар бомдод ва шомгоҳ бар он арза мешаванд. Он гоҳ ки қиёмат бар по шавад, (гуфта мешавад) фиръавниёнро дар сахттарин азоб дохил кунед.”[5]

Ин ояи карима аз ду навъ азоб барои фиръавниён зикр мекунад: яке қабл аз қиёмат, ки аз он ба “азоби нороҳаткунанда” таъбир шудааст ва он ин аст ки рӯзе ду бор бар оташ арза шаванд бидуни он ки вориди он гарданд, дуввум баъд аз қиёмат, ки аз он ба “сахттарин азоб” таъбир шудааст, ки фармон мерасад, ки онҳоро дохили оташ намоед. Дар мавриди азоби аввал аз бомдод ва шомгоҳ ном бурда шудааст бар хилофи азоби дуввум. Ҳамон тавре ки Амири мӯъминон ҳазрати Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) дар тавзеҳ ва тафсири ин оя фармудааст: бадин ҷиҳат аст, ки азоби аввал марбут аст ба олами барзах ва дар олами барзах субҳу шом ва ҳафтаву моҳу сол аст, бар хилофи азоби дуввум, ки марбут ба олами қиёмат аст ва дар он ҷо субҳу шом ва ҳафтаву моҳу сол ва ғайра вуҷуд надорад.

Дар ривоятҳо ва ҳадисҳое, ки аз Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) расидааст дар бораи олами барзах ва ҳаёти аҳли имон ва аҳли маъсият дар ин давра фаровон таъкид шудааст.

Расули худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар ҷанги Бадр пас аз фатҳи мусулмонон ва кушта шудани гурӯҳе аз сарони мутакаббир ва мағрури Қурайш ва андохтани баданҳои онон дар як чоҳи атрофи Бадр, сар ба даруни чоҳ бурд ва ба онҳо рӯ карда гуфт: Мо он чиро Худованд ба мо ваъда дода буд муҳаққақ ёфтем, оё шумо низ ваъдаҳои рости Худоро ба дурустӣ дарёфтед !? Баъзе аз асҳоб гуфтанд: Эй расули худо! Шумо бо кушташудагон ва мурдагон сухан мегӯед, магар инҳо сухани шуморо дарк мекунанд? Фармуд: Онҳо акнун аз шумо шунавотаранд.

Аз ин ҳадис ва амсоли он истифода мешавад, ки бо марг миёни ҷисму ҷон ҷудоӣ воқеъ мешавад, рӯҳ алоқаи худро бо бадан, ки солҳо бо ӯ муттаҳид буда ва зиндагӣ карда аст, ба куллӣ қатъ намекунад.

Имом Ҳусайн (а) дар рӯзи даҳуми Муҳаррам -рӯзи шаҳодаташ дар Карбало- пас аз он ки намози субҳро бо асҳоб ба ҷамоат хонд, баргашт ва хутбаи кӯтоҳе барои асҳоб ва ёрони хеш эрод кард. Дар он хутба чунин фармуд:

“Андаке сабру истиқомат! Марг ҷуз пуле нест, ки шуморо аз соҳили дарду ранҷ ба соҳили саодату каромат ва биҳиштҳои васеъ убур медиҳад.”[6]

Дар ҳадиси дигаре низ аз Амиралмӯъминин Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) омада аст, ки мефармоянд:

«النّاس نيام ، اذا ماتوا انتبهوا »

“Мардум хобанд, ҳамин ки мемиранд, бедор мешаванд.”[7]

Маънои каломи Амири мӯъминон (каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) ин аст, ки ҳамаи мардум то замоне ки дар зиндагии фонӣ ва нерӯҳои поёнпазири дунё ҳастанд, нисбат ба корҳои охират дар хоби ғафлат ҳастанд ва ҳар гоҳ бимиранд ва ба зиндақии боқӣ ва ҳамешагӣ бирасанд, бедор мешаванд ва ғафлат аз онҳо бартараф мегардад ва аз корҳои зишт ва ахлоқи пасте, ки дар дунё доштанд ва медонистанд, ки нафъе надорад, сахт пушаймон мешаванд. Бинобарин юаро ҳар мӯъмине шоиста ва сазовори он аст, ки аз хоби ғафлат бедор шавад ва бо дил кандан аз дилбастагиҳои дунё ва тарки алоқаҳои нафсонӣ, нафси хешро бимиронад то ба мақоми

«موتوا قبل ان تموتوا »

Яъне, бимиред пеш аз онки шуморо бимиронад, бирасад ва аз пушаймоние, ки баъд аз марг ба он гирифтор мешавад, раҳо шавад ва дар ҷавору ҳамсоягии раҳмати Худои раҳмон ба зиндагии поку ҳамешагӣ бирасад. Худовандо! Моро аз хоби ғафлат, ки ғофилон ба он гирифтор ҳастанд бедор фармо ва моро аз касоне қарор деҳ, ки дар рӯзи растохез тарсноку андӯҳгин нестанд.

Мақсуд ин аст ки дараҷаи ҳаёт баъд аз мурдан, пеш аз мурдан комилтар ва болотар аст. Ҳамон тавр ки инсон дар ҳоли хоб аз дараҷаи дарку эҳсоси заифе бархурдор аст, ҳолате нимазинда ва нимамурда дорад ва ҳангоми бедорӣ он ҳаёт комилтар мешавад, ҳамчунин ҳолати ҳаёти инсон дар дунё нисбат ба ҳаёти барзахӣ дараҷае заифтар аст ва бо интиқоли инсон ба олами барзах комилтар мегардад.

Ду нукта

Лозим аст ду нуктаро дар ин ҷо ёдоварӣ кунем:

а) Мутобиқи он чи аз ривоятҳо ва ҳадисҳои пешвоёни дин расидааст, дар олами барзах фақат масоиле, ки инсон бояд ба онҳо эътиқод ва имон дошта бошад мавриди пурсишу расидагӣ воқеъ мешавад, расидагӣ ба дигар масоил мавкул ба қиёмат аст;

б) Корҳои хайри бозмондагони мурдагон, ки ба нияти ин ки савобу аҷраш аз мурдагон бошад сурат мегирад, барои онҳо боиси хайру рафоҳу саодат мешавад. Садақаҳо, чӣ садақаҳои ҷория бошад – яъне таъсиси муассисоти хайрия, ки судаш барои халқи Худо ҷараён дорад ва боқӣ мемонад – ва ё садақаҳои ғайри ҷория, ки як амали зудгузар аст, агар ба ин қасд сурат гирад, ки аҷру подошаш барои падару модар ва ё дӯст ва ё муаллим ва ё ҳар каси дигар, ки аз дунё рафта, буда бошад, монанди ҳадяе барои рафтагон маҳсуб мешавад ва боиси суруру шодмонии онҳо мегардад ва ҳамчунин аст дуо ва талаби мағфират ва ҳаҷ ва тавоф ва зиёрат ба ниёбат аз онҳо.

Мумкин аст фарзандоне дар замони ҳаёти падару модар онҳоро норозӣ карда бошанд, вале баъд аз даргузашти онҳо тавре амал кунанд, ки ризояти онҳоро ба даст оваранд, ҳамчунон ки акси он низ мумкин аст.

Олами қиёмат

Марҳалаи дуввуми ҳаёти ҷовид, қиёмат аст. Қиёмат бар хилофи олами барзах, ки марбут ба фард аст ва ҳар фарде било фосила вориди олами барзах мегардад, марбут аст ба ҷамъ, яъне ба ҳамаи афрод ва ҳамаи олам. Ҳодисаест, ки ҳамаи ашё ва ҳамаи инсонҳоро дарбар мегирад ва воқеаест, ки барои кулли ҷаҳон рух медиҳад. Кулли ҷаҳон вориди марҳалаи ҷадид ва ҳаёти ҷадид ва низоми ҷадид мегардад.

Қуръони карим, ки моро аз ҳодисаи бузурги қиёмат огоҳ кардааст, зуҳури ин ҳодисаи бузургро ҳамроҳ бо хомўш шудани ситорагон, бефурӯғ шудани хуршед, хушк шудани дарёҳо ҳамвор шудани ноҳамвориҳо, аз ҳам пошидани кӯҳҳо ва пайдоиши ларзишҳо ва ғурришҳо ва дигаргуниҳо ва инқилоботи азим ва бемонанд баён кардааст. Мутобиқи он чи аз Қуръони карим истифода мешавад тамоми олам ба сӯи нобудӣ ва харобӣ меравад ва ҳама чиз аз байн меравад ва бори дигар ҷаҳон навсозӣ мешавад ва таваллуде дигар меёбад ва бо қонунҳо ва низомоти дигар, ки бо қонунҳо ва низомоти кунунии ҷаҳон тафовутҳои асосӣ доард, идома меёбад ва барои ҳамеша боқӣ мемонад.

Қиёмат дар Қуръони карим бо номҳо ва унвонҳои мухталиф хонда шудааст. Ҳар кадом нишондиҳандаи вазъи махсус ва низоми махсуси ҳоким бар он аст. Масалан аз он ҷиҳат, ки ҳамаи аввалину охирин дар як сатҳ қарор мегиранд ва тартиби замонии онҳо аз байн меравад, “рӯзи ҳашр” ё “рӯзи ҷамъ” ё “рӯзи бархурд” хонда шудааст ва аз он ҷиҳат, ки ботинҳо ошкор ва ҳақоиқи баста ва печида боз мешаванд, “рӯзе, ки пинҳонҳо ошкор мешавад” ё “рӯзи нушур” номида шудааст ва аз он ҷиҳат, ки фанонопазир аст ва ҷовид аст, “рӯзи ҷовидон” ва аз он ҷиҳат, ки инсонҳое сахт дар ҳасрату надомат фурӯ мераванд ва ҳасрат мехӯранд, ки чаро худро барои чунин марҳалае омода накардаанд, “рӯзи ҳасрат” ё “рӯзи тағобун” ва аз он ҷиҳат, ки бузургтарин хабарҳо ва азимтарин ҳодисаҳост, “хабари азим” хонда шудааст.

Робита ва пайвастагии ин ҷаҳон ва зиндагии он ҷаҳон

Матлаби бисёр асосӣ, ки китобҳои осмонӣ моро ба он таваҷҷӯҳ додаанд, пайвастагии ин ду зиндагист. Ин ду ҳаёт аз якдигар ҷудо нест, базри он ҳаёт дар ин ҳаёт ба дасти худи инсон кошта мешавад ва сарнавишти он ҳаёт ба василаи худи инсон таъйин мегардад.

Имон ва эътиқоди пок ва дуруст ва мутобиқ бо воқеъ, хулқу хӯи покиза ва инсонӣ ва пок аз ҳасодатҳо, макрҳо, ҳиқду кинаҳо ва низ амалҳои солеҳ, ки дар ҷиҳати такомули фард ва ҷомеа сурат гирад, хидматҳо, ихлосҳо ва амсоли инҳо созандаи як ҳаёти саодатмандонаи ҷовид аст барои инсон. Баръакс беимониҳо, беэътиқодиҳо, боварҳои ғалат, хулқу хӯҳои палид, худхоҳиҳо, худпарастиҳо, худбиниҳо, зулмҳо, ситамҳо, риёкориҳо, рибохӯриҳо, дурўғ, тӯҳмат, хиёнат, ғайбат, суханчинӣ, фитнаангезӣ, саркашӣ аз ибодат ва бандагӣ ва парастиши холиқ ва амсоли инҳо боиси ҳаёти бисёр шақоватолуд барои инсон дар ҷаҳони охират аст.

Расули Худо(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар таъбири ҷолиби худ фармуд: “Дунё киштгоҳи охират аст.” Ҳар тухми бад ё неке, ки дар дунё бикоред, дар охират бардошт хоҳед кард. Ҳамон тавре ки маҳол аст инсон ҷав бикорад ва гандум бардошт кунад ва ё хор бикорад ва гул бичинад, маҳол аст, ки инсон дар дунё андешаи бад, хулқу хӯи бад, амал ва кирдори бад дошта бошад ва дар охират суд бигирад.

Ёсин


[1] Сураи Мӯъминин, ояи 99 ва 100.

[2] Сураи Наҳл, ояи 32

[3] Сураи Ёсин, ояи 26 ва 27.

[4] Сураи Оли Имрон, ояи 169 ва 170.

[5] Сураи Мӯъминин

[6] Маъониюлахбор, ҷ 3, саҳ 289.

[7] Маҳаҷҷатулбайзо, ҷ 7, саҳ 42.

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...