Инсон дар Қуръон

Инсон дар ҷаҳонбинии исломӣ достони аҷиб дорад. Инсон аз назар Ислом фақат як ҳайвони ростқомат, ки нохуни паҳн дораду бо ду по роҳ меравад ва сухан мегӯяд, нест. Ин мавҷуд аз нигоҳи Қуръон ба гунае таъриф шудааст, ки наметавон онро бо чанд калима шиносонд.

Қуръон инсонро ҳам ситоишҳое кардааст ва ҳам мазамматҳое намудааст. Беҳтарин ситоишҳо ва бадтарин мазамматҳои Қуръон дар бораи инсон аст. Ӯро аз осмону замину фаришта бартар ва дар ҳамон ҳол аз деву чаҳорпоён пасттару поинтар ёд кардааст. Аз дидгоҳи Қуръон инсон мавҷудест, ки товоноии тасаллути бар ҷаҳонро дорад ва фариштагонро ба хидмати худ дароварад ва баракс ҳам метавонад ба поинтарин дараҷа афтад. Худи инсон аст, ки бояд дар бораи худ тасмим бигирад ва сарнавишти поёнии худро мушаххас кунад.

Дар ин қисмат бо баҳси ситоишҳои Қуръон аз инсон, ки “арзишҳои инсон” ҳастанд, оғоз мекунем.

Арзишҳои инсон

1)             Инсон халифаи Худо дар рӯи замин аст.

Рӯзе, ки Худованд хост ӯро биёфаринад, нияти худро ба фариштагон баён кард. Онҳо гуфтанд: Оё мавҷуде меофаринӣ, ки дар замин фасоду хӯнрезӣ кунад? Худо гуфт: Ман чизе медонам, ки шумо намедонед.[1] (тарҷумаи оят ба мазмун аст)

Ӯст, ки шумо инсонҳоро ҷонишини худ дар замин қарор додааст, то шуморо дар мавриди сармояҳое, ки додааст имтиҳон кунад ва бисанҷад.[2]

2)             Тавоноии илмии болои инсон

Тамомии исмҳоро[3] ба Одам омӯхт (ва ӯро ба ҳамаи ҳақиқатҳо ошно кард), онгоҳ ба фариштагон гуфт: Ин номҳо (ҳақиқатҳо)-ро ба ман хабар диҳед ва онҳоро бигӯед, агар рост мегӯед. Гуфтанд: Мо ҷуз он чи ту ба мо омӯхтаӣ намедонем (он чиро ту худат ба мо наомӯхта бошӣ мо аз роҳи касб наметавонем биёмӯзем). Худо ба Одам гуфт: Эй Одам, ту ба инҳо биёмӯз ва инҳоро огоҳӣ деҳ. Дар ҳамон ҳол ки Одам фариштагонро омӯзонид ва огоҳӣ дод, Худо ба фариштагон гуфт: Оё ба шумо нагуфтам, ки ман аз ниҳонҳои осмону замин огоҳам (чизеро медонам, ки шумо намедонед) ва ҳам медонам он чиро шумо ошкор ва он чиро пинҳон мекунед?[4]

3)             Ӯ сиришти худошинос дорад.

Дар даруни худ ба Худо ошноӣ дорад. Ҳамаи инкорҳо, шакҳо, бемориҳо ва каҷравиҳоест аз сиришти аслии инсон:

Ҳанӯз ки фарзандони Одам дар пушти падарони худ буда (ва ҳастанд ва хоҳанд буд) Худованд (бо забони офариниш) онҳоро бар вуҷуди худаш шоҳид гирифт ва онҳо шаҳодат доданд.[5]

Рӯи худро ба сӯи дини ҳақгаро нигаҳ дор, ҳамон ки сиришти худоист ва ҳамаи мардумро ба он сириштааст.[6]

4)             Дар даруни инсон илова бар унсурҳои моддӣ, ки дар ҷимоду гиёҳу ҳайвон вуҷуд дорад, унсури малакутӣ ва илоҳӣ вуҷуд дорад. Инсон таркибшуда аз табиат ва фаротар аз табиат, аз моддаву маъно ва аз ҷисму ҷон аст.

 Он ки ҳарчиро офарид некӯ офарид ва офариниши инсонро аз гил оғоз кард, баъд насли ӯро аз шираи кашидае, ки обе паст аст қарор дод, онгоҳ ӯро биёрост ва аз рӯҳи хеш дар ӯ дамид.[7]

 5)             Офариниши инсон, офариниши ҳисобшуда аст ва тасодуфӣ нест. Инсон мавҷуде интихобшуда ва баргузидашуда аст:

Худованд Одамро баргузид ва тавбаашро пазируфт ва ӯро ҳидоят кард.[8]

 6)             Ӯ шахсияти мустақиллу озод дорад, амонатдори Худованд аст, рисолат ва масъулият дорад, аз ӯ хосташуда аст, ки бо кор ва навоварӣ заминро обод созад ва бо интихоби худ яке аз ду роҳи хушбахтӣ ва бадбахтиро ихтиёр кунад:

 Ба дурустӣ ки амонати хешро бар осмону замин арза кардем ва ҳама аз пазируфтани он дурӣ ҷустанд ва аз қабули он тарсиданд, аммо инсон бори амонатро ба дӯш кашид ва онро пазируфт. Ба дурустӣ, ки ӯ ситамкору нодон буд.[9]

Мо инсонро аз нутфае таркибшуда офаридем, то ӯро имтиҳон кунем, пас ӯро шунавову бино қарор додем. Ба дурустӣ ки роҳро ба ӯ нишон додем, ӯ худ ё сипосгузор ва ё кофир аст. (Ё роҳи ростро, ки ба ӯ нишон додем меравад ва ба саодат мерасад ва ё носипосии неъмат карда қаҷравӣ мекунад ва бадбахт мешавад).[10]

7)             Ӯ соҳиби каромату шарофат аст.

Худо ӯро бар бисёре аз махлуқоташ бартарӣ додааст. Ӯ онгоҳ ҳақиқати худро дарку эҳсос мекунад, ки ин каромату шарофатро дар худ дарк кунад ва худро бартар аз пастиҳо, асоратҳо ва шаҳватрониҳо бидонад:

Ба дурустӣ ки мо фарзандони Одамро каромат бахшидем ва ононро бар саҳрову дарё (хушку тар) мусаллат кардем ва бар бисёре аз махлуқоти худ бартарӣ додем.[11]

8)             Ӯ аз виҷдони ахлоқӣ баҳраманд аст ва ба ҳукми илҳоми фитрӣ хубу бади корҳоро дарк мекунад:

Савганд ба нафси инсон ва он ки ӯро сомон дод, пас покиҳо ва нопокиҳоро ба ӯ илҳом кард.[12]

9)             Ӯ ҷуз бо ёди Худо бо чизи дигаре ором намегирад. Хостаҳои ӯ бепоён аст ва ба ҳар чизе бирасад аз он серу дилзада мешавад, магар он ки ба зоти беҳадду ниҳоят (Худо) бипайвандад:

Ба дурустӣ ки танҳо бо ёди Ӯ дилҳо ором мегирад.[13]

Эй инсон! Ту ба сӯи Парвардигори худ бисёр талошкушанда ҳастӣ ва саранҷом Ӯро дидор хоҳӣ кард.[14]

10)         Неъматҳои замин барои инсон офарида шудааст:

Ба дурустӣ Ӯст, ки он чи дар осмону замин аст барои шумо офарид.[15]

Ӯ он чи дар осмонҳову замин аст аз назди худ дар ихтиёри шумо қарор додааст (пас ӯ ҳаққи баҳрагирии писандида аз ҳамаи инҳоро дорад).[16]

11)         Ӯро барои ин офарид, ки танҳо Худои худро парастиш кунад ва фармони Ӯро анҷом диҳад. Пас вазифааш итоати амру фармони Худост:

Қатъан ҷинну инсро наёфаридем, магар барои ин ки маро парастиш кунанд.[17]

12)         Ӯ танҳо худро ба василаи парастиш ва ёди Худои худ мешиносад. Агар Худои худро фаромуш кунад худро фаромуш мекунад ва намедонад чӣ касе ҳаст ва барои чӣ ҳадаф офарида шудааст ва чӣ бояд кунад ва ба куҷо бояд равад:

Аз онҳое набошед, ки Худоро фаромуш карданд ва Худованд, худашонро аз ёди худашон бурд.[18]

13)         Вақте ки ӯ аз ин ҷаҳон равад ва пардаи тан, ки ҳиҷоби чеҳраи ҷон аст дур афканда шавад, бисёре аз ҳақиқатҳои пӯшида, ки имрӯз бар ӯ пинҳон аст ошкор мегардад:

Пардаро канор задем, акнун дидаат тезбин аст.[19]

14)         Ӯ танҳо барои масъалаҳои моддӣ кор намекунад ва ягона ҳаракатдиҳандаи ӯ ниёзҳои моддии зиндагӣ нест. Ӯ барои ҳадафҳои бисёр баланд талош мекунад. Ӯ мумкин аст, ки аз ҳаракату талоши худ ба ҷуз ризои Парвардигор чизи дигаре надошта бошад:

Эй ҷони оромёфта, ба итминону оромиш расида! Ба сӯи Парвардигорат бозгард, ки ту аз Ӯ хушнуд ва Ӯ аз ту хушнуд аст.[20]

Худованд ба мардону занони боимон боғҳо ваъда кардааст, ки дар онҳо ҷӯйборҳо ҷорӣ аст. Ҳамеша дар он ҷо хоҳанд буд ва ҳам хонаҳои покиза, аммо хушнудии Худо аз ҳамаи инҳо бартару болотар аст. Ин ҳамон комёбии бузург аст.[21]

 Бар асоси он чи гуфта шуд аз дидгоҳи Қуръон инсон мавҷудест баргузидашуда аз тарафи Худованд, халифа ва ҷонишини Ӯ дар замин, нисфаш малакутӣ ва нисфаш моддӣ, баҳраманд аз сиришти худошинос, мустақиллу озод, амонатдори Худо ва масъули худ ва ҷаҳон, маҳор доштан бар табиату замину осмон, илҳомшуда ба хубию бадӣ, вуҷудаш аз заъфу нотавонӣ оғоз мешавад ва ба сӯи қуввату камол сайр мекунад ва боло меравад, аммо ҷуз бо ёди Худо ором намегирад, баҳраи илмию амалиаш беҳадду бениҳоят аст, аз шарофату каромати зотӣ баҳра мебарад, ҳадафҳояш гоҳе ҳеҷ гуна ранги моддию табиӣ надорад ва ҳаққи баҳрагирии писандида аз неъматҳои Худо ба ӯ дода шудааст, аммо дар баробари Худои худ вазифадор аст.

Зидди арзишҳо

Дар айни ҳол, ҳамин мавҷуд дар Қуръон мавриди бузургтарин сарзанишҳо ва мазамматҳо қарор гирифтааст:

1. Ӯ бисёр ситамкору бисёр нодон аст.[22]

2.Ӯ нисбат ба Парвардигораш бисёр носипос аст.[23]

3. Ӯ туғёну саркашӣ мекунад, онгоҳ ки худро бениёз бинад.[24]

4. Ӯ шитобгар аст.[25]

5. Ӯ ҳаргоҳ ба сахтӣ афтад ва худро гирифтор бинад моро дар ҳар ҳол (ба паҳлу ва ё нишаста ва ё истода) мехонад, дар ҳоле ки вақте гирифториро аз ӯ бартараф кунем гӯё чунин ҳодисае пеш наёмадааст.[26]

6. Ӯ бисёр бахилу тангназар аст.[27]

7. Ӯ муҷодилагартарин махлуқ аст.[28]

8. Ӯ ҳарис офарида шудааст.[29]

10. Агар бадӣ ба ӯ расад бетоб аст ва агар неъмат ба ӯ расад бахил аст.[30]

 


[1]. Бақара / 30

>وَإِذْ قَالَ رَبُّكَ لِلْمَلَائِكَةِ إِنِّي جَاعِلٌ فِي الْأَرْضِ خَلِيفَةً قَالُوا أَتَجْعَلُ فِيهَا مَن يُفْسِدُ فِيهَا وَيَسْفِكُ الدِّمَاءَ وَنَحْنُ نُسَبِّحُ بِحَمْدِكَ وَنُقَدِّسُ لَكَ قَالَ إِنِّي أَعْلَمُ مَا لَا تَعْلَمُونَ<

[2]. Анъон / 165 

>وَهُوَ الَّذِي جَعَلَكُمْ خَلَائِفَ الْأَرْضِ وَرَفَعَ بَعْضَكُمْ فَوْقَ بَعْضٍ دَرَجَاتٍ لِّيَبْلُوَكُمْ فِي مَا آتَاكُمْ    <

[3]. Мурод аз исмҳо тамомии ҳақиқати ҳастӣ мебошад.

[4] — Бақара / 31-33

 >وَعَلَّمَ آدَمَ الْأَسْمَاءَ كُلَّهَا ثُمَّ عَرَضَهُمْ عَلَى الْمَلَائِكَةِ فَقَالَ أَنبِئُونِي بِأَسْمَاءِ هَؤُلَاءِ إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ قَالُوا سُبْحَانَكَ لَا عِلْمَ لَنَا إِلَّا مَا عَلَّمْتَنَا إِنَّكَ أَنتَ الْعَلِيمُ الْحَكِيمُ قَالَ يَا آدَمُ أَنبِئْهُم بِأَسْمَائِهِم فَلَمَّا أَنبَأَهُم بِأَسْمَائِهِمْ قَالَ أَلَمْ أَقُل لَّكُمْ إِنِّي أَعْلَمُ غَيْبَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَأَعْلَمُ مَا تُبْدُونَ وَمَا كُنتُمْ تَكْتُمُونَ<  

[5] — Аъроф / 172

>وَإِذْ أَخَذَ رَبُّكَ مِن بَنِي آدَمَ مِن ظُهُورِهِمْ ذُرِّيَّتَهُمْ وَأَشْهَدَهُمْ عَلَى أَنفُسِهِمْ أَلَسْتُ بِرَبِّكُمْ قَالُوا بَلَى<  

[6]— Рум / 30

>فَأَقِمْ وَجْهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفًا فِطْرَتَ اللَّهِ الَّتِي فَطَرَ النَّاسَ عَلَيْهَا<  

[7]— Саҷда\7 — 9

>الَّذِي أَحْسَنَ كُلَّ شَيْءٍ خَلَقَهُ وَبَدَأَ خَلْقَ الْإِنسَانِ مِن طِينٍ ثُمَّ جَعَلَ نَسْلَهُ مِن سُلَالَةٍ مِّن مَّاءٍ مَّهِينٍ ثُمَّ سَوَّاهُ وَنَفَخَ فِيهِ مِن رُّوحِهِ<      

[8] — Тоҳо\122  < ثُمَّ اجْتَبَاهُ رَبُّهُ فَتَابَ عَلَيْهِ وَهَدَى >

[9] — Аҳзоб\72

> إِنَّا عَرَضْنَا الْأَمَانَةَ عَلَى السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَالْجِبَالِ فَأَبَيْنَ أَن يَحْمِلْنَهَا وَأَشْفَقْنَ مِنْهَا وَحَمَلَهَا الْإِنسَانُ إِنَّهُ كَانَ ظَلُومًا جَهُولًا<

[10] — Даҳр\2-3

 > إِنَّا خَلَقْنَا الْإِنسَانَ مِن نُّطْفَةٍ أَمْشَاجٍ نَّبْتَلِيهِ فَجَعَلْنَاهُ سَمِيعًا بَصِيرًا إِنَّا هَدَيْنَاهُ السَّبِيلَ إِمَّا شَاكِرًا وَإِمَّا كَفُورًا<

 

[11] — Исро\70

>وَلَقَدْ كَرَّمْنَا بَنِي آدَمَ وَحَمَلْنَاهُمْ فِي الْبَرِّ وَالْبَحْرِ وَرَزَقْنَاهُم مِّنَ الطَّيِّبَاتِ وَفَضَّلْنَاهُمْ عَلَى كَثِيرٍ مِّمَّنْ خَلَقْنَا تَفْضِيلًا<

[12] — Шамс\7-8. فَأَلْهَمَهَا فُجُورَهَا وَتَقْوَاهَا وَنَفْسٍ وَمَا سَوَّاهَا

[13] — Раъд\28. أَلَا بِذِكْرِ اللَّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ                

[14] — Иншиқоқ\6.  يَا أَيُّهَا الْإِنسَانُ إِنَّكَ كَادِحٌ إِلَى رَبِّكَ كَدْحًا فَمُلَاقِيهِ

[15] — Бақара\29. هُوَ الَّذِي خَلَقَ لَكُم مَّا فِي الْأَرْضِ جَمِيعًا

[16] — Ҷосия\13.  وَسَخَّرَ لَكُم مَّا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ جَمِيعًا مِّنْهُ 

[17] — Зориёт\56.  وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ

[18] — Ҳашр\19. وَلَا تَكُونُوا كَالَّذِينَ نَسُوا اللَّهَ فَأَنسَاهُمْ أَنفُسَهُمْ 

[19] — Қоф\22.  فَكَشَفْنَا عَنكَ غِطَاءَكَ فَبَصَرُكَ الْيَوْمَ حَدِيدٌ

[20] — Фаҷр\27-28.

  ارْجِعِي إِلَى رَبِّكِ رَاضِيَةً مَّرْضِيَّةً يَا أَيَّتُهَا النَّفْسُ الْمُطْمَئِنَّةُ

[21] — Тавба\72. 

وَعَدَ اللَّهُ الْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِن تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا وَمَسَاكِنَ طَيِّبَةً فِي جَنَّاتِ عَدْنٍ وَرِضْوَانٌ مِّنَ اللَّهِ أَكْبَرُ ذَلِكَ هُوَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ

[22] — Аҳзоб\72 .      إِنَّهُ كَانَ ظَلُومًا جَهُولًا 

[23] — Ҳаҷ\66. إِنَّ الْإِنسَانَ لَكَفُورٌ

[24] — Алақ\6-7. أَن رَّآهُ اسْتَغْنَىٰ   كَلَّا إِنَّ الْإِنسَانَ لَيَطْغَىٰ

[25] — Исроъ\11. وَكَانَ الْإِنسَانُ عَجُولًا

[26] — Юнус\12.

 وَإِذَا مَسَّ الْإِنسَانَ الضُّرُّ دَعَانَا لِجَنبِهِ أَوْ قَاعِدًا أَوْ قَائِمًا فَلَمَّا كَشَفْنَا عَنْهُ ضُرَّهُ مَرَّ كَأَن لَّمْ يَدْعُنَا إِلَى ضُرٍّ مَّسَّهُ

[27] — Исроъ\100. وَكَانَ الْإِنسَانُ قَتُورًا

[28] — Каҳф\54.  وَكَانَ الْإِنسَانُ أَكْثَرَ شَيْءٍ جَدَلًا

[29] — Маориҷ\19.  إِنَّ الْإِنسَانَ خُلِقَ هَلُوعًا

[30] — Маориҷ\20-21.

وَإِذَا مَسَّهُ الْخَيْرُ مَنُوعًا إِذَا مَسَّهُ الشَّرُّ جَزُوعًا

Инсон дар Қуръон

навиштаи устоди шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

 

Охирин матолиб

Хонавода дар Қуръони Карим

Бо назар ба оёти зиёди Қуръони Маҷид дар хусуси калимаи “байт” (хона) чунин ба даст меояд, ки ин макони сақфдори маҳдуд аввалин муҳити рушду парвариши...

Тарҷумаи СУРАИ АЪРОФ

СУРАИ АЪРОФ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 206 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Алиф, лом, мим, сод. [Ин] китобест, ки ба...

Бо баҳори дилҳо (3)

  Чаро Қуръонро «Каломуллоҳ» номидаанд? Аз он ҷо, ки Қуръони Карим маҷмӯаи суханони Худованд аст, ки фариштаи ваҳй ҳазрати Ҷабраил (а) барои ҳазрати Муҳаммад (с)...

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...