بِسْمِ اللّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ
رَبَّنَا وَسِعْتَ كُلَّ شَيْءٍ رَّحْمَةً وَعِلْمًا فَاغْفِرْ لِلَّذِينَ تَابُوا وَاتَّبَعُوا سَبِيلَكَ وَقِهِمْ عَذَابَ الْجَحِيمِ
Парвардигоро! Раҳмату илми ту ҳама чизро фаро гирифтааст. Пас касонеро, ки тавба карда аз роҳи ту пайравӣ кардаанд, биёмӯрз ва ононро аз азоби дӯзах ҳифз кун.[1]
Худоё, ки ҳар чи дар ин олам аст
Туро илму ҳикмат бар ӯ маҳкам аст
Ту бар тавбакорон бибахшо гуноҳ
Ки баҳри ризоят бирафтанд роҳ
Нигаҳдорашон бош аз он азоб
Ки андар ҷаҳаннам бувад беҳисоб[2]
Паёмҳо[3]
1. Аз одоби дуо кардан ин аст, ки аввал тасбеҳ ва тамҷиди Худо намуда баъд ӯро ба бузургӣ ёд намоем ва ситоиш кунем وَسِعْتَ كُلَّ شَيْءٍ رَّحْمَةً وَعِلْمًا онгоҳ дуо فَاغْفِرْ
2. Тавба ба танҳои кофӣ нест, балки амал ҳам лозим аст.تَابُوا وَاتَّبَعُوا
3. Роҳи наҷот фақат дар пайравӣ аз роҳи Худо аст. وَاتَّبَعُوا سَبِيلَكَ
رَبَّنَا وَأَدْخِلْهُمْ جَنَّاتِ عَدْنٍ الَّتِي وَعَدتَّهُم وَمَن صَلَحَ مِنْ آبَائِهِمْ وَأَزْوَاجِهِمْ وَذُرِّيَّاتِهِمْ إِنَّكَ أَنتَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ وَقِهِمُ السَّيِّئَاتِ وَمَن تَقِ السَّيِّئَاتِ يَوْمَئِذٍ فَقَدْ رَحِمْتَهُ وَذَلِكَ هُوَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ
Парвардигоро! Ва ононро бо ҳар кас аз падарон, модарон ва фарзандонашон, ки салоҳият доранд ба боғҳои иқомате, ки ба эшон ваъда додаӣ ворид кун. Ҳамоно ту ҳамон Худои Азизу Ҳакимӣ. «Ва ононро аз бадиҳо нигоҳ дор, дар он рӯз (растохез) ҳар касро аз бадиҳо нигоҳ дорӣ, пас ба яқин бар ӯ раҳмат овардаӣ ва танҳо он комёбии бузург аст».[4]
Даровар ту эшон ба боғи адан
Ки ваъда бидодӣ ту андар сухан
Ҳар он кас накӯ буд биншон бараш
Зи обоу фарзанду ҳамсараш
Ҳамоно ту ҳастӣ Ҳакими Азиз
Ки беҳад бувад иқтидори ту низ
Ҳама мӯъминонро дар ин сарнавишт
Нигаҳдор бош аз амалҳои зишт
Ки онро, ки дорӣ ту боз аз гуноҳ
Ба раҳмат кунӣ низ дар вай нигоҳ
Ки фавзи азим аст ҳаққо ҳамин
Ки ваъда бидодӣ худат пеш аз ин
Паёмҳо
1. Ворид шудан ба биҳишт, салоҳият ва шоистагӣ мехоҳад.
وَأَدْخِلْهُمْ جَنَّاتِ وَمَن صَلَحَ
2. Бо ҳам будани хешовандон дар биҳишт як неъмати илоҳӣ аст.
وَأَدْخِلْهُمْ جَنَّاتِ وَمَن صَلَحَ
3. Худованд метавонад ато кунад ва атои ӯ ҳакимона аст. الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ
4. Иззат махсуси Худованд аст. إِنَّكَ أَنتَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ
رَبَّنَا اغْفِرْ لَنَا وَلِإِخْوَانِنَا الَّذِينَ سَبَقُونَا بِالْإِيمَانِ وَلا تَجْعَلْ فِي قُلُوبِنَا غِلا لِّلَّذِينَ آمَنُوا رَبَّنَا إِنَّكَ رَؤُوفٌ رَّحِيمٌ
Парвардигоро! Мо ва бародаронамонро, ки дар имон овардан бар мо пешӣ гирифтаанд, биёмӯрз ва дар дилҳои мо кинаи мӯъминонро ҷой мадеҳ. Парвардигоро! Ҳамоно ту рауфу меҳрубонӣ.[5]
Дамодам бигӯянд андар дуо
Ки Парвардигоро ягона Худо
Ту морову ихвони моро дигар
Ки гаштанд мӯъмин зи мо пештар
Бибахшу биёмӯрз яксар гуноҳ
Манеҳ кина дар қалби мо ҳеҷ роҳ
Ту эй Кирдигор эй Худои ҷаҳон
Рауфӣ, латифиву бас меҳрубон
Паёмҳо
1. Барои он ки дигарон ба мо бадбин нашаванд, бояд аввал аз лағзишҳои худамон истиғфор кунем ва баъд аз лағзишҳои дигарон.
اغْفِرْ لَنَا وَلِإِخْوَانِنَا
2. Тамоми мусулмонон бо ҳам бародаранд ва барои якдигар дуо мекунанд.اغْفِرْ لَنَا وَلِإِخْوَانِنَا الَّذِينَ سَبَقُونَا بِالْإِيمَانِ
3. Собиқаи мӯъмин будан, як арзиш аст. سَبَقُونَا بِالْإِيمَانِ
4. Бародарии воқеӣ дар сояи имон аст. وَلِإِخْوَانِنَا الَّذِينَ سَبَقُونَا بِالْإِيمَانِ
5. Дар масъалаи бародарии динӣ, замон, макон ва нажод муҳим нест. وَلِإِخْوَانِنَا الَّذِينَ سَبَقُونَا بِالْإِيمَانِ
6. Бо дуои хайр, кинаҳоро аз дилҳо дур кунем.
رَبَّنَا اغْفِرْ لَنَا وَلِإِخْوَانِنَا… وَلَا تَجْعَلْ فِي قُلُوبِنَا غِلًّا لِّلَّذِينَ آمَنُوا
7. Мӯъмин бадхоҳи дигарон нест. وَلَا تَجْعَلْ فِي قُلُوبِنَا غِلًّا لِّلَّذِينَ آمَنُوا
8. Худсозӣ бе кӯмаки Худованд намешавад.وَلَا تَجْعَلْ فِي قُلُوبِنَا غِلًّا رَبَّنَا
9. Раъфат ва раҳмати Худованд, пуштвонаи иҷобати дуоҳост.
إِنَّكَ رَؤُوفٌ رَّحِيمٌ … اغْفِرْ
10. Дуои хайр барои гузаштагон, вазифаи ояндагон аст.
اغْفِرْ الَّذِينَ سَبَقُونَا بِالْإِيمَانِ رَبَّنَا
رَّبَّنَا عَلَيْكَ تَوَكَّلْنَا وَإِلَيْكَ أَنَبْنَا وَإِلَيْكَ الْمَصِيرُ
Парвардигоро! Бар ту таваккул кардем ва ба сӯи ту рӯ овардем ва бозгашти мо ба сӯи туст.[6]
Ба яздон бигуфт ин суханро зи нав
Таваккул намудем танҳо ба ту
Ниҳодем рӯй аз ҳама бар дарат
Ҳама бозгарданд андар барат
Паёмҳо
1. Дар роҳи муборизаи қотеона бо ширку куфр ба дуо, таваккул ба Худо ва тавваҷҷӯҳ ба қиёмат ниёзмандем. عَلَيْكَ تَوَكَّلْنَا
2. Маънои таваккул гӯшагирӣ ва таъсирпазирӣ нест, балки таваккул бояд бо изҳори безорӣ аз кофирон ва мушрикон бошад. عَلَيْكَ تَوَكَّلْنَا
3. Таваккул доруи бартараф кардани нигарониҳост. Чун изҳори безорӣ
аз кофирон ва мушрикон, зарарҳоеро ба дунбол дорад, бинобар ин бояд таваккул кард. عَلَيْكَ تَوَكَّلْنَا
4. Таваккул ва рӯ овардан бояд фақат ба даргоҳи Худо бошад.
عَلَيْكَ تَوَكَّلْنَا وَإِلَيْكَ
رَبَّنَا أَتْمِمْ لَنَا نُورَنَا وَاغْفِرْ لَنَا إِنَّكَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ
Парвардигоро! Нури моро комил кун ва моро биёмӯрз. Ҳамоно ту бар ҳар чиз тавоноӣ.[7]
Бигӯянд эй довари Зул-ҷалол
Расон нури моро ба ҳадди камол
Бибахшой морову мегир даст
Ки ҳастӣ тавоно ба ҳар чиз ҳаст
Паёмҳо
1. Дар қиёмат ҳам такомул ҳаст. Мӯъминон дар он рӯз ба фикри такмили нури худ ҳастанд. رَبَّنَا أَتْمِمْ لَنَا نُورَنَا
2. Мӯъминони воқеӣ дар фикри резиш ва коҳиши бадиҳо, وَاغْفِرْ لَنَا ва рӯйиш ва ҷаҳиши хубиҳо ҳастанд. رَبَّنَا أَتْمِمْ لَنَا نُورَنَا
3. Умед ба қабул шудани дуо, аз қудрати номаҳдуди Худованд сарчашма мегирад. إِنَّكَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ
Нуктаҳо
Дуо ва дархост аз Худованд, ҳамеша фоида дорад: чӣ дар дунё[8] اهدِنَا الصِّرَاطَ المُستَقِيم ва чӣ дар қиёмат أَتْمِمْ لَنَا نُورَنَا.
Талаби мағфират ҳам дар дунёст[9] ذُنُوبَنَا فَاغْفِرْ لَنَا رَبَّنَا ҳам дар охират وَاغْفِرْ لَنَا
Саломуддин Муҳаммадамин ва Ҳалимҷон Ҳакимҷон
[1] . Сураи Ғофир, ояти 7.
[2] . Тарҷумаи манзум аз Умеди Маҷд
[3] . Бо истифода аз тафсири Нур, устод Муҳсин Қироатӣ
[4] . Сураи Ғофир, ояти 8-9.
[5] . Сураи Ҳашр, ояти 10.
[6] . Сураи Мумтаҳина, ояти 4.
[7] . Сураи Таҳрим, 8.
[8] . Сураи Фотиҳа, ояти 6.
[9] . Сураи Оли Имрон, ояти 193.