Бидон, -Худоят раҳмат кунад- ки Худованд бар ту ҳуқуқе дорад, ки туро дар ҳар ҷунбишу оромиш ва ҳар ҷо ки бошӣ фаро гирифтаанд ва дар ҳар узве аз аъзои баданат, ки ба ҳаракат оварӣ ва дар ҳар абзоре, ки онро ба коргирӣ ин ҳуқуқ ҷараён доранд ҳарчанд баъзе аз дигарӣ бузургтаранд.
Бузургтарин ҳаққ, ҳаққи худи ӯст, ки асосу поя ва сарчашмаи ҳамаи ҳуқуқ аст. Сипас ҳуқуқе, ки аз сар то қадам ба ҳамроҳи аъзои гуногуни баданат бар ту воҷиб кардааст. Бино бар ин чашму гушу забону дасту по ва шикаму олати таносулият, ки ба воситаи онҳо корҳотро анҷом медиҳӣ бар ту ҳаққе доранд.
Сипас Худованди азза ва ҷалла барои аъмол ва рафтори ту низ ҳуқуқе воҷиб кардааст. Пас намоз, рӯза, садақа, закот, қурбонӣ ва ҳамаи аъзои баданат бар ту ҳаққе доранд. Баъд аз он доираи ҳуқуқ васеъ мешавад ва навбат ба ҳуқуқи дигарон мерасад, ки риояти онҳо низ бар ту воҷиб шудааст. Воҷибтарини он, ҳаққи пешвоёни ту мебошад ва баъд ҳуқуқи зердастони ту ва сипас ҳуқуқи хешону наздиконат. Ҳуқуқи дигар аз ин ҳуқуқ ба вуҷуд меояд.
Ҳуқуқи пешвоён ва раҳбарони ту се навъ аст.
1) Ҳаққи касе аст, ки тадбири кори ту ба дасти ӯст ва ин воҷибтарини онҳост. 2) Ҳаққи омӯзгор ва пешвоёни илмӣ. 3) Ҳаққи касе, ки сарпарастии туро ба уҳда гирифтааст аз ин рӯ ҳар сарпараст ва раҳбаре, пешвои ту мебошад.
Ҳуқуқи зердасти ту низ се навъ аст.
1) Ҳаққи касоне аст, ки ту бар онҳо ҳукумат мекунӣ ва ин воҷиб-тарини онҳост. 2) Ҳаққи шогирде, ки аз ту илм меомузад, чунки «нодон» зердасти «доно» аст. 3) Ҳаққи зердасте, ки ту соҳибихтиёраш мебошӣ монанди ҳамсарон ва канизон.[2]
Ва ҳуқуқи хешон фаровон аст ва мисли силсила ба ҳам пайвастааст, ки ҳарчи наздиктар бошад ҳуқуқашон бештар мешавад.
1) Ҳаққи модар, ки воҷибтарини онҳост. 2) Ҳаққи падар. 3) Ҳаққи фарзанд. 4) Ҳаққи бародар ва онгоҳ ҳар кадом, ки наздиктар бошанд. 5) Ҳаққи мавло ва озодкунандаи ту аз қайду банди бардагӣ. 6) Ҳаққи касе, ки ту неъмати озодиаш бахшидаӣ. 7) Ҳаққи он, ки ба ту некӣ карда. 8) Ҳаққи шарик. 9) Ҳаққи мол ва дороӣ. 10) Ҳаққи касе, ки аз ту қарздор аст. 11) Ҳаққи касе, ки ту аз ӯ қарздорӣ.12) Ҳаққи касоне, ки бо ту муошират мекунанд. 14) Ҳаққи касе, ки бар зидди ту иддаое дорад. 15) Ҳаққи касе, ки ту бар зидди ӯ иддаое намудӣ. 16) Ҳаққи касе, ки бо ту ба машварат мепардозад. 17) Ҳаққи касе, ки ту бо ӯ машварат мекунӣ. 18) Ҳаққи касе, ки ту ӯро насиҳат мекунӣ. 19) Ҳаққи касе, ки туро насиҳат менамояд. 20) Ҳаққи касе, ки аз ту бузургтар аст. 21) Ҳаққи касе, ки аз ту кучактар аст. 23) Ҳаққи касе, ки аз ту дархосте кардааст. 24) Ҳаққи касе, ки ту аз ӯ хостае дорӣ. 25) Ҳаққи касе, ки бо гуфтор ва ё кирдоре ба ту дониста ё надониста бад карда ё касе, ки туро бо гуфтор ва ё рафторе, шод карда бошад — бо қасд ё бе қасд. 26) Ҳаққи тамоми ҳамватанон ва ҳамкешон. 27) Ҳаққи аҳли зимма ва дар поён ҳуқуқе, ки дар шароити гуногун ва бо дигаргунии асбоб падидор мегардад.
Хушо ба ҳоли касе, ки Худованд ӯро барои адои ҳуқуқе, ки бар гарданаш ниҳода ёрӣ намояд ва тавфиқ ва истиқоматаш ато фармояд.
Ҳуқуқи Худованд
1. Ҳаққи Худованд.
Аммо бузургтарин ҳаққи Худованд, ин аст, ки ӯро бипарастӣ ва чизеро шарикаш насозӣ; пас агар аз рӯи ихлос чунин кардӣ, Худованд тазмин кардааст, ки амри дунё ва охирати туро кифоят кунад ва ончиро, ки аз он ду бихоҳӣ бароят нигаҳ дорад.
Ҳуқуқи аъзои бадан
2. Ҳаққи нафс
Аммо ҳаққи нафсат [худат] ин аст, ки онро комилан дар итоати Худованд бигуморӣ ва ҳаққи забон ва гӯшат, чашм, даст, по, шикаму андоми таносулиятро бипардозӣ ва дар ин маврид аз Худо ёри ҷуӣ, ва ҳеҷ нируе нест магар аз ноҳияи Худованд.
3. Ҳаққи забон
Аммо ҳаққи забонат ин аст, ки бо худдорӣ аз носазо ва дашном, ҳурматашро нигаҳ дорӣ ва ба гуфтори нек одаташ диҳӣ. Муаддабаш дорӣ ва онро дар ком гири, магар дар мавқеи ниёз ва онҷое, ки манфаати дунявӣ ё ухравӣ дар кор бошад. Аз пургуӣ ва ёвагуӣ, ки дар ҳақиқат камфоида ва ё аслан бефоида аст ва дар айни ҳол аз зарар ва зиёнаш дар амон нестӣ, ҳифзаш кунӣ. Забон дар ҳақиқат гувоҳ ва шоҳид бар «хирадмандии» инсон аст ва оростагии инсони «хирадманд» ба зинати ақл ва гуфтори неки ӯст. Ва ҳеҷ нирӯе нест магар аз ноҳияи Худованди бузург ва баландмартаба.
4. Ҳаққи гуш
Ва аммо ҳаққи гӯш ин аст, ки онро аз ин ки роҳе барои дилат бошад бибандӣ, магар барои хабари хубе, ки дар дилат хайр падид оварад ё хулқи некӯеро насибат кунад, зеро гӯш дарвозаи дил аст ва ҳар навъ маънои хуб ё бадеро ба он мерасонад. Ва ҳеҷ нерӯи нест магар аз ноҳияи Худованд.
5. Ҳаққи чашм
Аммо ҳаққи чашм ин аст, ки онро аз чизе, ки барои ту ҳалол нест, бибандӣ, мубтазал ва ҳарзааш насозӣ, [чашматро бибанд] магар онҷо, ки ибратовар аст ва сабаби биноии ту гардад ва ё ба воситаи он аз донише баҳраманд шавӣ, зеро чашм дарвозаи ибратомӯзӣ аст. Ва ҳеҷ нерӯи нест магар аз ноҳияи Худованд.
Бо тавфиқи Илоҳӣ бахшҳои дигари ин рисоларо дар шумораҳои оянда пешкаши шумо мегардонем. Бо умеди ин ки Худованд моро дар шинохтан ва риоят кардан ин ҳуқуқ муваффақ бигардонад.