КАМФУРУШИ(2)

Насиҳати Алӣ(а)

Ҳазрати Алӣ(а) ҳангоме ки аз идораи ҳукумат фориғ мешуд ба бозори Куфа меомад ва мефармуд: Эй мардум аз Худо битарсед ва дар хариду фуруш вазнро комил бидиҳед ва адолатро дар он риоят кунед ва аз тарозӯ кам назанед ва ба мардумон кам надиҳед ва дар замин фасод накунед.

Рӯзе мардеро дар бозор дид, ки заъфарон мекашад ва он каффае, ки дар он заъфарон буд сангинтар мекард. Ҳазрат донист, ки тарозуяш дуруст нест заъфаронро аз тарозӯ бардошт ва фармуд аввал тарозуро ба адл рост кун баъд аз он агар хоҳӣ бештар деҳ.

Миёни ду кӯҳ аз оташ

Пайғамбари Акрам(с) мефармояд: Ҳар касе дар тарозу хиёнат кунад фардо ӯро ба қаъри дӯзах ворид мекунанд ва дар миёни ду кӯҳи оташ ҷояш медиҳанд ва ба ӯ мегӯянд ин кӯҳҳоро вазн кун ва ӯ ҳамеша ба ин амал машғул аст.

Молики Динор мегӯяд: Ҳамсояе доштам, ки бемор шуд. Ба  диданаш рафтам.  Дар  ҳоли ҷон додан буд.  Дод мезад, ки ду кӯҳи оташ қасди ман мекунанд. Гуфтам: Эй мард ин фақат хаёл аст, ки ба ту менамояд. Гуфт: На, чунин нест, балки ҳақ аст, зеро маро ду тарозӯ буд яке кам ва дигаре зиёд. Бо кам мефурӯхтам ва бо зиёд мехаридам ва ин сазои он аст.[1]

Кам додан ба шумора ҳам ҳаром аст

Чизҳое ҳам, ки монанди порча ва замин ба метр хариду фурӯш мешавад агар як сантиметр ҳам кам бидиҳад камфурӯшӣ кардааст. Ва  чизҳое ҳам, ки бо адад муомила мешавад монанди тухми мурғ, агар як дона камтар бидиҳад камфурӯшӣ кардааст ҳарчанд соҳибаш нафаҳмад ва он чи дар бораи камфурӯшон гуфта шуд шомили ӯ ҳам мешавад.

Фурӯшанда қарздор мешавад

Ҳар миқдоре, ки камфурӯш кам бидиҳад ба ҳамон миқдор аз харидор қарздор аст ва воҷиб аст онро баргардонад ва агар мурда аст бояд ба ворисонаш ба нисбати ирс бидиҳад ва дар сурате, ки аслан ӯро намешиносад (бинобар эҳтиёт бо иҷозаи шаръ) аз тарафи соҳибаш садақа диҳад. Дар сурате, ки миқдореро, ки кам дода аслан намедонад бояд бо харидор ба маблағе мусолиҳа кунад[2] ва дар сурати вафоташ бо ворисонаш ва агар номаълум бошад бо ҳукми шаръ мусолиҳаро анҷом диҳад.

Мизони адл барои ҳар кас

Ба таври куллӣ мизони адл ва қоидаи куллии Худоӣ дар риояти ҳуқуқи халқ ҳамон ҷумлае аст, ки дар васияти ҳазрати Алӣ(а) ба фарзандаш ҳазрати имом Ҳасани Муҷтабо(а) аст. Он ҳазрат мефармояд: Фарзандам худатро мизон байни худ ва дигарон қарор деҳ. Пас ҳарчи барои худат дӯст медорӣ барои дигарон ҳам дӯст бидор ва ҳарчи барои худат намехоҳӣ барои дигарон ҳам махоҳ ва бар дигарон ситам макун чунонки дӯст надорӣ, ки бар ту ситам кунанд ва ба дигарон некӣ кун чунонки дӯст дорӣ, ки бо ту некӣ намоянд ва он рафтореро, ки аз дигарон бад медонӣ худат ҳам онро анҷом надеҳ. Монанди дурӯғгӯӣ ва айбҷӯии дигарон, ки онро бад медонӣ худат ҳам онро тарк кун ва ҳарчи аз худат меписандӣ аз дигарон ҳам биписанд[3] на ин ки чун ин корро ту анҷом додаӣ хуб аст, аммо агар ҳамин корро дигарон анҷом диҳанд нописанд аст.

Бояд шахс он чи аз мардум интизор дорад, ки ба ӯ бикунанд худаш низ дар бораи мардум дареғ надошта ва бепарво набошад ва аз ин маъно дар ривоятҳо таъбир ба инсоф шудааст.

Бибари моли мусулмону чу молат бибаранд,

                                          Бонгу фарёд барорӣ, ки мусулмонӣ нест.

Пас касе, ки дар гуфтору кирдораш бо мардум аз мизоне, ки Ҳазрати Алӣ(а) баён фармуд берун равад «мутаффиф» аст ва аз роҳи рост ва адолат берун рафта ҷузъи ситамкорон ба шумор меравад.

Ҳар чизеро паймонае аст

Барои тамоми умури эътиқодӣ ва малакоти нафсонӣ ва ҳар навъ сухан ва амале мизоне аст, ки бояд он  эътиқод ва сифат ва сухан ва амал бо мизонаш санҷида шавад то адли ҳақиқӣ риоят шавад чунонки дар сураи Ҳадид мефармояд: Пайғамбаронро бо муъҷизот фиристодем ва фурӯ фиристодем бо ишон китоб ва мизонро то ин ки мардум адлро барпо доранд.[4]

Умедворем ҳамаи мо дар бораи оқибати ин амали ношоиста ва яке аз гуноҳони кабира бияндешем ва аз анҷоми он худдорӣ намоем то ҷомеаи солим дошта бошем ва ҳаққи касе ба гарданмон набошад.

Таҳияи Раҳима Гадоева.



[1]. Поёни нақл аз Минҳоҷуссодиқин бо тағйири мухтасар.

[2] Мусолиҳа кардан ба ин маъност, ки як миқдор пуе ба харидор диҳад ва ӯро розӣ кунад.

[3]. Наҳҷулбалоға.

[4]. Сураи 57, ояти 25.

Охирин матолиб

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...