Ҳиҷоб дар қавми Масеҳият
Дар дини масеҳӣ занон монанди ашёи қимматӣ бисёр боарзиш ва муқаддас буданд. Дар назди масеҳиён маъмул буд, ки ашёи қиматӣ ва чизҳои муқаддасро бо порча мепӯшонданд, то инки аз нигоҳи мардум дур ва маҳфуз бимонад ва чун занон низ назди масеҳиён боарзиш буданд, лизо барои пӯшондани онон низ, аз порча истифода менамуданд. Ҳамонтавр ки ашёи қиматиро ба манзари умум намеоварданд, занонро низ манъ мекарданд. Ва ба онҳо дар анҷоми русумоти мазҳабӣ беҳиҷоб ва бепӯшондани сурат иҷозаи вуруд ба иҷтимоъ намедоданд. Ва аз онҷо, ки дини масеҳӣ истимрор ва идомаи аҳкоми дини яҳудӣ буд, ҳиҷобро ба унвони ҳукми илоҳӣ матраҳ кардааст. Дар китобҳои марбут ба ин дин дастурҳои мустақиме дар мавриди пӯшиш ва ҳиҷоб дида мешавад ва ба вуҷуб он тасреҳ шудааст.
Ба иборати дигар дини масеҳият на танҳо ҳиҷоби занонро лозим шумурдааст, балки аҳкоми сахти шариати Яҳуд дар мавриди ҳиҷоби занонро истимрор бахшида ва дар бархе мавридҳо онро ташдид (сахтар) намудааст.
“Гилмент” ва “Тезтулиён” ду шахсияти бузург дар масеҳият дар бораи ҳиҷоб мегуянд: “Зан бояд комилан дар ҳиҷоб пӯшида шавад, магар вақте ки дар хона аст, зеро танҳо либос аст, ки метавонад ӯро бепушонад ва аз диққат шудани чашмҳо ба сӯи ӯ манъгардад.
Зан набояд рӯи худро урён кунад, то дигаронро бо нигоҳ кардан ба сурат ва рӯяш водор ба гуноҳ намояд. Барои зани муъмин ва пойбанди масеҳӣ дар назари Худованд писандида нест, ки ба зевар ороста гардад ва ҳатто зебоии табии он бояд бо ихтифо ва фаромушӣ он аз байн бурда шавад, зеро барои бинандагон хатарнок аст. Дуруст кардани мӯи сар ва ороиши он ва танзими онҳо дар оина, танҳо аз хусусиёти заноне аст, ки шарм ва ҳаёро аз даст додаанд. Магар он ки ин дуруст кардан ва зебо кардани худ барои шавҳари худ бошад ва ин ишкол ва монеъ надорад.[1]
Ҳиҷоб дар Эрони Бостон
Вил Дуронт низ роҷеъ ба Эрониёни қадим мегӯяд: Занони табақоти болоии ҷомеа ҷуръати онро надоштанд, ки ҷуз дар тахти равони рӯпӯшдор аз хона берун биёянд ва ҳаргиз ба онҳо иҷоза дода намешуд, ки ошкоро бо мардон муошират кунанд. Занони шавҳардор ҳақ надоштанд ҳеҷ мардеро, агарчи падар ё бародараш бошад бубинанд. Дар наққошиҳое, ки аз Эрони Бостон барҷой монда, сурати ҳеҷ зане дида намешавад ва номе аз эшон ба назар намерасад.[2]
Чунонки мулоҳиза мефармоед, ҳиҷоби сахту шадиде дар Эрони Бостон ҳукмфармо буда, ҳатто падарон ва бародарон нисбат ба хоҳари шавҳардор номаҳрам шумурда мешудаанд.
Ҳиҷоб дар Ҳинд
Дар кишвари Ҳинд низ ҳиҷоби сахт ва шадид будааст, вале дуруст маълум нест, ки қабл аз нуфузи Ислом дар Ҳинд вуҷуд доштааст ё баъдҳо пас аз нуфузи Ислом дар Ҳинд ривоҷ ёфтааст. Ончи мусаллам аст ин аст, ки ҳиҷоби ҳиндӣ низ монанди ҳиҷоби эронӣ Бостон сахт ва шадид будааст. Вил Дуронт менависад: “ …Як зани наҷиб ва муҳтарам метавонист рӯи худро фақат ба шавҳар ва писаронаш нишон диҳад ва дар малаи ом бояд бо рӯбанди сангине рафту омад кунад, ки сураташро пӯшида дорад, ҳатто пизишки муолиҷ агар мехост набзи бемореро бинад, зан мебоист пушти парда бинишинад”.[3]
Дар миёни қабоили зиёде низ ҳиҷоб ривоҷ доштааст. Вил Дуронт менависад: “Болотар аз сарзамини арманиён ва дар канори дарёи Сиёҳ, Саккоҳо[4] биёбонгардӣ мекарданд ва занони худро сахт дар “ парда” нигоҳ медоштанд”.
Ба ҳар ҳол ончи мусаллам ва қатъӣ аст ин аст, ки қабл аз Ислом ҳиҷоб дар ҷаҳон вуҷуд доштааст ва Ислом мубтакири он нест.
Ҳиҷоб ва посух ба шубаҳоти он Аббос Раҳматуллоҳи Ҳисорӣ бо каме тасарруф