КАМФУРУШӢ(1)

 

 Камфурӯшӣ яке аз гуноҳони кабира аст ва ҳаром буданаш аз Қуръон ва суннат исбот шудааст.

   Қуръони Маҷид барои камфуруш ошкоро ваъдаи азоби шадид додааст ва  як  сураи Қуръони Маҷид бо номи Мутаффифин махсуси ин мавзӯъ аст. Худованд дар ин сура  мефармояд: «Вайл» бар кам фурӯшон аст. (Вайл номи чоҳе аст дар дӯзах ва низ калимаи ҷомеи ҳамаи бадиҳо аст, яъне анвоъи азоб ва итоб ва сахтӣ ва ранҷ насиби камфурӯшон аст.) Онҳое, ки вақте аз мардум чизе мехаранд паймонаро барои худ тамом ва ба зиёдатӣ мегиранд ва ҳар гоҳ барои мардум бо тарозу ва паймона чизе мефурӯшанд кам медиҳанд (ва ба онон зарар мезананд). Оё  камфурӯшон гумон надоранд, ки пас аз мурдан барои рӯзи бузурге барангехта мешаванд? Рӯзе, ки мардум барои амри Парвардигори оламиён ба по хоҳанд истод.[1]

   Бояд аз камфурӯшӣ битарсанд ва нороҳат шаванд ва азоби рӯзи ҷазоро ба ёд дошта бошанд. Ҳақиқатан номаи аъмоли фоҷирон дар Сиҷҷин аст, (яъне ҷояшон ба сабаби кирдори бадашон Сиҷҷин аст ва он чоҳе аст дар ҷаҳаннам ё он ки аъмолашон дар Сиҷҷин навишта мешавад, ки он дафтари аъмоли куффор ва фосиқон аст) ва ту намедонӣ, ки Сиҷҷин чист? Мактубе аст навишташуда ё ин ки аъмолашон дар Сиҷҷин ҳукме аст муқарар ва навишташуда.[2]

  Ва аз забони Шуайб(а) чунин мефармояд: Паймона ва тарозуро ҳангоми муомила бо мардум кам накунед. Ба  дурустие, ки шуморо дар тавонгарӣ ва фаровонии неъмат мебинам. (Яъне мӯҳтоҷ нестед, ки мӯҳтоҷ будан шуморо ба хиёнат водорад, балки тавонгаред ва расми ҳақгузорӣ он аст, ки мардумро аз моли худ баҳраманд кунед на он ки аз ҳуқуқашон бигиред). Ва эй қавми ман бо мардум ба адолат ва баробарӣ муомила кунед ва чизҳои мардумро кам накунед ва дар замин фасод накунед ва табоҳӣ маҷӯед дар ҳоле ки табаҳкор бошед, (зеро камфурӯшӣ назми ҷомеа ва амнияти умумиро барҳам мезанад).[3]

Камфурӯш имон надорад          

  Аз ояҳои Қуръон истифода мешавад, ки камфурӯш ба рӯзи ҷазо ва ҳисоби рӯзи қиёмат имон надорад, зеро агар яқин, балки гумони масъулият медошт, ки дар рӯзи қиёмат аз ӯ бозхост мешавад ва ҳарчи ба мардум кам дода аз ӯ талаб хоҳад шуд ҳаргиз ба чунин хиёнате даст намезад ва агар имон медошт медонист, ки ҳарчанд мумкин аст соҳиби ҳақ аз хиёнаташ ғофил ва бехабар бошад, аммо Парвардигори олам ҳозир ва муроқиби аъмоли ӯст.[4]

Панҷ сифат ва панҷ бало

Нақл шудааст, ки Расули Худо(с) фармуд: Панҷ хислати нописанд аст, ки бо панҷ бало ҳамроҳ аст. 1) Ҳар  гурӯҳе, ки паймоншиканӣ кунанд Худо душманашонро бар онҳо ҳоким  мекунад. 2) Ҳар гурӯҳе, ки ба ғайри ҳукми Худо ҳукм кунанд фақирӣ дар миёнашон ошкор шавад. 3) Ҳар гурӯҳе, ки дар миёнашон фоҳиша (корҳои ношоиста) пайдо шавад, марг дар онҳо пайдо шавад. 4) Ҳар гурӯҳе, ки камфурӯширо пеша кунад, аз наботот ва ризқҳо маҳрум гарданд ва ба қаҳт ва бало ҷазо дода шаванд. 5) Ҳар гурӯҳе, ки закотро ба аҳлаш надиҳанд, борон аз онҳо гирифта мешавад.[5]

Таҳияи Раҳима Гадоева

 



[1] . Сураи Мутаффифин, ояти 1 то 5.

[2] . Сураи Мутафифин оятҳои 7 то 9.

[3] . Сураи 11, оятҳои 86 ва 87.

[4] . Мегӯянд қассоби бутпарасте ҳангоми фурӯхтани гӯшт бештар медодааст. Сабабашро, ки пурсиданд ба болои сараш ишора кард. Бутеро диданд. Гуфт: Ба хотири ин бештар медиҳам. Ё дигареро нақл мекунанд, ки ҳар гоҳ мехост чизеро бо тарозу бикашад ба буташ менигарист то кам нафурӯшад. Чи шармсорӣ аз мусулмонон, ки Худои оламро ҳозиру нозир медонанд ва дар ҳузураш камфурӯшӣ ё дигар гуноҳонро анҷом  медиҳанд.

Вақте, ки ҳазрати Юсуф ва Зулайхо дар ҳуҷра танҳо қарор гирифтанд Зулайхо руймоли худро ба рӯи буте, ки дар он ҷо буд андохт ва гуфт: Аз ӯ ҳаё мекунам. Ҳазрати Юсуф(а) фармуд: Аз буте, ки фаҳм надорад ва сохташудаи дасти башар аст ҳаё мекунӣ, пас чигуна ман аз Худои бино ва шунаво, ки ҳозир ва нозир аст ҳаё накунам. Аз он ҷо гурехт ва ба гуноҳ олуда нагардид.

[5] . Тафсири Минҳоҷуссодиқин.

 

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...