Масъулияти падару модар
“Ҳамоно фарзандонро бар падар ва падарро бар фарзанд ҳаққе аст. Ҳаққи падар бар фарзанд ин аст, ки фарзанд дар ҳама чиз ҷуз нофармонии Худо, аз падар итоат кунад ва ҳаққи фарзанд бар падар он аст, ки номи некӯ бар фарзанд ниҳад, хуб тарбияташ кунад ва ӯро Қуръон биёмузад.”
Фарзандон амонати сангине мебошанд, ки аз ҷониби Худованд ба падару модар супорида шудаанд.
Авлод ояндасозони ҳар ҷомеае маҳсуб мешаванд ва хубу бади ҷомеа ба чигунагии тарбияти онҳо вобаста аст. Аз инҷо равшан мегардад, ки масъулияти падарону модарон хеле сангин аст, чун сарнавишти ҷомеа ба дасти онҳост. Зеро хонавода мисли як мадрасае аст, ки афроди ҷомеа дар он тарбият мешаванд ва падару модар дар он мадраса нақши муаллимро доранд.
Пас саломатии ҷомеа ба чигунагии фаолияти ин маркази тарбиятӣ ва муаллимҳои он вобаста аст. Яъне агар хонавода муҳити солим дошта бошад ва падару модар худ аз маърифати комил бархурдор бошанд, метавонанд афроди солим ва муфидеро равонаи ҷомеа созанд, вагарна фарзандон тарбият наёфта ба ҷомеа ворид хоҳанд шуд.
Бешак ҳар падару модар фарзанди худро дӯст медорад ва мехоҳад, ки фарзандаш ахлоқи хуб дошта бошад, аз падару модар итоат кунад ва шахсияти муфиде барои ҷомеа ба бор ояд. Аммо ин чиз фақат ба хостан намешавад, балки барои амалӣ шудани ин хостаҳо ва орзуҳо бояд падару модар вазифаи худро дар баробари фарзандон ва ҷомеа бишносанд ва мувофиқи он амал кунанд.
Метавон гуфт баҳс дар мавриди тарбияти хонаводагӣ ва вазифаҳои волидайн нисбат ба тарбияти фарзандон як баҳси ахлоқӣ аст ва ҳадафи мо дар ин навиштор ишора ва ёдоварии аҳамияти ин мавзӯъ мебошад.
Хушбахтона ба лутфи Худованди меҳрубон мо пайрави оине ҳастем, ки беҳтарин тавсияҳо ва роҳнамоиҳоро дар тамоми масоили зиндагӣ баён кардааст. Хусусан дар масъалаи тарбияти фарзандон ва вазифаҳои волидайн, дини муқаддаси Ислом таъкиди хоссе дорад ва беҳтарин ва саҳеҳтарин равишҳои тарбиятиро нишон дода, резтарин масъалаҳо ва дақиқтарин нуктаҳоро дар ин мавзӯъ баён доштааст. Ҳамчунин дар ин оини муқаддас барои тарбияти саҳеҳи фарзандон подошҳои дунявӣ ва ухравӣ ва барои тарбияти ғалати онҳо ва саҳлангорию бепарвоӣ нисбат ба тарбияти фарзандон муҷозоти сангине дар назар гирифтааст.
Дар манобеи исломӣ равишҳои фаровоне дар мавриди тарбияти хонаводагӣ ва вазифаҳои волидайн гуфта шудааст, ки мо барои тулонӣ нашудани баҳс ба зикри ду намуна аз он басанда мекунем:
Паёмбари Акрам (с) мефармоянд:
« اَكرِمُوا أَولادَكُم وَ أَحسِنُوا اَدَبَهُم يُغفَرلَكُم»
Фарзандони худро гиромӣ доред ва онҳоро дуруст ва саҳеҳ тарбият кунед то Худованд гуноҳони шуморо бибахшад.[1]
Ҳазрати Имом Саҷҷод(а) дар ин маврид чунин фармудаанд: Ҳаққи фарзанди ту ин аст, ки бидонӣ ӯ ҷузъе аз вуҷуди ту аст ва дар дунё бо ҳар хайру шарре, ки дорад ба ту мансуб аст. Ва ту дар тарбияти хуб, ошно кардани ӯ бо Худо ва нишон додани итоат аз Худо, эҷоди рӯҳи фармонбардорӣ дар фарзанд, масъул ҳастӣ ва дар ин бора подош ё кайфар дорӣ. Пас бо вай чунон рафтор кун, ки дар дунё осори неки тарбият дар ӯ зебу зевари ту бошад ва дар охират бар асари анҷоми ин вазифа, дар пешгоҳи Худо рӯсафед бошӣ. Дар кори ӯ ҳамчун касе бош, ки медонад дар некӯӣ вайро подош ва дар бадӣ ӯро кайфар диҳад.[2]
Аз ончи, ки то ба инҷо дар бораи нақши волидайн дар тарбияти фарзандон баён шуд, метавонем бигӯем, ки падару модар дар хонавода чандин нақш бар ӯҳда доранд. Бояд аз одобу русуми зиндагии хонаводагӣ ва иҷтимоӣ посдорӣ кунанд ва роҳу равиши зиндагиро биёмӯзанд ва ин маълумотро ба таври саҳеҳ ба фарзандон ёд бидиҳанд ва онҳоро ба унвони узви фаъъолу муфиди ҷомеа ва вориси фарҳанги миллӣ ва мазҳабӣ, равонаи ҷомеа созанд.
идома дорад.