Худоё, ба ман диле ато кун, ки муштоқи мақоми қурби ту бошад ва забоне, ки сухани сидқаш ба сўи ту боло равад ва назари ҳақиқате, ки тақарруби ту ҷўяд.Худоё ҳар кӣ ба ту маъруф шуд, ҳаргиз маҷҳулу гумном нашавад ва ҳар кӣ ба ту паноҳ овард, ҳаргиз хор нагардад. Ва ҳар кӣ ту ба ў таваҷҷўҳ кунӣ, бандаи дигаре нашавад. Худоё, ҳар кӣ ба ту раҳ ёфт, равшан шуд ва ҳар кӣ ба ту паноҳ бурд, паноҳ ёфт. Ва ман ба даргоҳи ту паноҳ овардаам, пас ту эй Худо ҳусни занни маро ба раҳматат ноумед масоз ва аз фурўғи раъфату иноятат маро маҳҷуб магардон. Худоё, маро дар миёни авлиёи худ мақоми он касро бахш, ки ба умеди зиёд шудани муҳаббати туст. Худоё, маро волаву ҳайрони ёди худ гардон ва ҳимматамро бар нишоту фирўзӣ дар асмои худ ва мақоми қудсии хеш мавқуф соз. Худоё, ба зоти пок ва ба ҳаққе, ки туро бар халқ аст, қасам, ки маро ба аҳли тоатат мулҳақ соз ва манзили шоиста аз мақоми ризову хушнудият ато фармо…
(Аз муноҷоти ҳазрати Алӣ(а))