НИЁИШ

Худоё, ба ман диле ато кун, ки муштоқи мақоми қурби ту бошад ва забоне, ки сухани сидқаш ба сўи ту боло равад ва назари ҳақиқате, ки тақарруби ту ҷўяд.Худоё ҳар кӣ ба  ту маъруф шуд, ҳаргиз маҷҳулу гумном нашавад ва ҳар кӣ ба ту паноҳ овард, ҳаргиз хор нагардад. Ва ҳар кӣ ту ба ў таваҷҷўҳ кунӣ, бандаи дигаре нашавад. Худоё, ҳар кӣ ба ту раҳ ёфт, равшан шуд ва ҳар кӣ ба ту паноҳ бурд, паноҳ ёфт. Ва ман ба даргоҳи ту паноҳ овардаам, пас ту эй Худо ҳусни занни маро ба раҳматат ноумед масоз ва аз фурўғи раъфату иноятат маро маҳҷуб магардон. Худоё, маро дар миёни авлиёи худ мақоми он касро бахш, ки ба умеди зиёд шудани муҳаббати туст. Худоё, маро волаву ҳайрони ёди худ гардон ва ҳимматамро бар нишоту фирўзӣ дар асмои худ ва мақоми қудсии хеш мавқуф соз. Худоё, ба зоти пок ва ба ҳаққе, ки туро бар халқ аст, қасам, ки маро ба аҳли тоатат мулҳақ соз ва манзили шоиста аз мақоми ризову хушнудият ато фармо…

(Аз муноҷоти ҳазрати Алӣ(а))

 

Охирин матолиб

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...