Эй Худои ман, сароғози баёнамро ба ҳамду сипоси ту мекушоям.
Шоир андар синаи миллат чу дил,
Миллати бе шоире анбори гил…
Миллат ар ҷисм аст, шоир чашми ўст,
Ҷисмро бо чашми бино обрўст…
Шеърро мақсуд агар одамгарист,
Шоирӣ ҳам вориси пайғамбарист.
(Иқболи Лоҳурӣ)
Шеър таҷаллии рўҳи халлоқи одамӣ аст. Шеър бо мазҳаб хешовандии дерин дорад. Дар тўли таърихи башар, дар замон ва дар мутуни ҳама тамаддунҳо, фарҳангҳо, мазҳабҳо ва дар мароҳили бадавӣ ё пешрафтаи ҷомеаҳо, ин ду бо ҳам пайванди ҳамешагӣ ва наздик доштанд. Шеър, усулан дар худ як зоти ирфонӣ ва ҷавҳари эҳсоси мазҳабӣ дорад.
Шеър, донӣ чист? Марворид аз дарёи ақл,
Ҳаст шоир он касе, к-ин турфа марворид суфт.
(Маликушшуаро Баҳор)
Дар шумораи қабл, пиромуни оғози ашъори шуаро бо ному ёди Худованд, нукоте арз намудем, ҳоло, мусаммимем роҷеъ ба ҳамду сипоси Худои таоло дар ашъори шуаро, сўҳбате дошта бошем.
Чаро аввалин каломи шуаро бо ҳамду сипоси Худои таоло оғоз шудааст?
Шуаро ба пайравӣ ва иқтидо аз равиши Қуръони Шариф ва Аиммаи Атҳор, ғолибан каломи худро бо ҳамди Худо оғоз мекунанд. Қуръони Шариф дар сураи «Фотиҳат-ул-китоб», дар аввалин ҷамла пас аз зикри «Бисмиллоҳ» тариқи ҳамдро талқини бандагон намуда таълим медиҳад, ки «Алҳамду лиллоҳи раббил-ъоламин».
Ин аст, ки анбиё ва авсиё, пешвоёни дин, шуаро ва хутабо, ҳамагӣ аз равиши Қуъонӣ пайравӣ намуда сароғози гуфтори худро бо ҳамду ситоиши Худованд мекушоянд. Расули гиромии Ислом, дар ҳадиси шарифе мефармоянд:
«Ҳамд — сари шукр аст ва ҳақ таоло машкур насозад касеро, ки ҳамди ў нагўяд».
Назму насри адбиёти форсӣ-тоҷикӣ, саршор аз ҳамду ситоиши Худо ва наъти Расули гиромии ўст. Мушкил аст пайдо намудани шоире аз шуарои клоссик, ки дар ҳамди Худо ва наъти расулаш абёте нагуфта бошад.
Мо ба унвони намуна муште аз хирворро пешкаши шумо мегардонем.
«Миннат Худои азза ва ҷаллро, ки тоаташ мўҷиби қурбат аст ва ба шукр андараш мазиди неъмат. Ҳар нафасе, ки фурў меравад мумадди ҳаёт аст ва чун бармеояд, муфарреҳи зот. Пас дар ҳар нафасе, ду неъмат мавҷуд аст ва бар ҳар неъмате шукре воҷиб.
Аз дасту забони кӣ барояд
К-аз ўҳдаи шукраш бадар ояд».
(Саъдии Шерозӣ.)
* * *
«Илоҳо, яктои беҳамтоӣ, қайюму тавоноӣ, аз ғайб масаффоӣ, аз шарик мубарроӣ, асли ҳар давоӣ, ҷону доруи дилҳоӣ, шаҳаншаҳи фармонравоӣ, муаззиз ба тоҷи кибриёӣ, бар тахти арш муаллоӣ, маснаднишини истиғноӣ, хутбаи улуҳиятро сазоӣ, ба ту зебад мулки худоӣ.
Илоҳо, дар ҷалол раҳмонӣ ва дар камол субҳонӣ, на мўҳтоҷи маконӣ ва на орзуманди замонӣ, на кас ба ту монад ва на ту ба кас бимонӣ, пайдост, ки дар миёни ҷонӣ, балки ҷон зинда ба чизест, ки ту онӣ…»
(Шайх Абдуллоҳи Ансорӣ)
* * *
Ҳамди беҳад мар Худои покро,
Онки ҷон бахшид мушти хокро.
Он ки дар Одам дамид ў руҳро,
Дод аз туфон наҷоти Нўҳро.
Он ки лутфи хешро изҳор кард,
Бар Халилаш норро гулзор кард.
Он худованде, ки ҳангоми саҳар,
Кард қавми Лутро зеру забар.
Сўи ў хасме, ки тир андохтӣ,
Пашшае кораш кифоят сохтӣ.
Он ки аъдоро ба дарё даркашид,
Ноқаро аз санг хоро баркашид.
Ин иноят қодири қайюм кард,
Бар кафи Довуд оҳан мум кард.
Бар Сулаймон дод мулку сарварӣ,
Шуд мутеи хотамаш деву парӣ…
(Аз” Чаҳоркитоб”)
* * *
Худованди ному Худованди ҷой,
Худованди рўзидеҳи роҳнамой.
Худованди кайвону гардонсипеҳр,
Фурўзандаи моҳу ноҳиду меҳр.
Зи ному нишону гумон бартар аст,
Нигорандаи баршуда пайкар аст.
Ба бинандагон офаринандаро,
Набинӣ, маранҷон ду бинандаро.
Бад-ин олату раъю ҷону забон,
Сутуд офаринандаро кай тавон…
(Фирдавсӣ)
* * *
Ақлу ҷонро гирди зотат роҳ нест,
В-аз сифотат ҳеҷ кас огоҳ нест.
Ақл, агар аз ту вуҷуде пай барад,
Лек ҳаргиз раҳ ба кунҳат кай барад.
(Аттори Нишопурӣ)
* * *
Анвори иззати ту муназзаҳ зи кайфу кам,
Алвони неъмати ту мубарро зи ҳасру ҳад.
(Ҷомӣ)
* * *
Ақлро дар хилвати ў роҳ нест,
Илм низ аз вақти ў огоҳ нест.
Бартар аз илм асту берун аз аён,
З-он ки дар қуддусии худ бенишон.
(Саноӣ)
* * *
Васфи ў чун кори ҷони пок нест,
Ақлро сармояи идрок нест.
Ҳеҷ доное камоли ў надид,
Ҳеҷ биное ҷамоли ў надид.
Дар камолаш офариниш раҳ наёфт,
Дониш аз пай рафту биниш раҳ наёфт.
(Шайх Маҳмуди Шабистарӣ)
* * *
Ақли махлуқ раҳ бад-он набарад,
Мурғи фикр, дар ҳавои ў напарад.
Зоти ҳақ комил асту фавқи камол,
Нарасад кас дар ў ба ваҳму хаёл.
(Аттори Нишопурӣ)
* * *
Гар касе васфи ў зи ман пурсад,
Бедил аз бенишон чӣ гуяд боз.
Ошиқон куштагони маъшуқанд,
Бар наояд зи куштагон овоз.
(Саъдии Шерозӣ)
* * *
Эй тоирони қудсро, ишқат фузуда болҳо,
Дар ҳалқаи савдои ту руҳониёнро ҳолҳо.
Дар «Ло уҳибб-ул-офилин”, поки зи суратҳо яқин,
Дар дидаҳои ғайббин, ҳар дам зи ту тимсолҳо.
Кўҳ аз ғамат бишкофта в-он ғам ба дил дартофта,
Як қатра хуне ёфта, аз фазлат ин афзолҳо.
Эй сарваронро ту санад, бишмор моро з-он адад,
Донӣ саронро ҳам бувад, андар табаъ дунболҳо.
(Мавлавӣ)
* * *
Эй бартар аз хаёлу қиёсу гумону ваҳм, В-аз ҳарчӣ гуфтаанду шунидему хондаем. Маҷлис тамом гашту ба охир расид умр, Мо ҳамчунон дар аввали васфи ту мондаем…
Саъдӣ
Парвонашоҳи Бадахшӣ