Ҳануз даҳаи аввал аз вафоти Пайғамбар(с) нагузашта буд, ки Ибни Аббос кори худро муунҳасир ба тафсири Қуръон ва истинботи маонии он кард, дар сурате, ки дигар саҳобаро умури дигаре, чун гирдоварии Қуръон, омўзиши қироат, одоб, аҳком, қазоват, уҳдадории умурисиёсӣва ғайра ба худ машғул сохта буд. Аз онҷо, ки ба иллати камии синн андаке аз ҳаёти Пайғамбарро дарк карда буд, ба дари хонаи асҳоб ба вижа Амир-ал-мўъминин(а) мерафт ва ба таври ҷиддӣ дар фарогирии дониш мекушид. Ў то ҷое дар ин замина саъю талош намуд, ки номи ў дар радаи яке аз навобиғ ва пешгомони илми тафсир сабт шуд ва забонзади хоссу ом гардид.
Ба сурати мухтасар илал ва асбоби пешқадамии Ибни Аббос ва ба табъи ў мадрасаи тафсири Маккаро метавон ба шарҳи зайл баршумурд:
1) Дуои набии мукаррами Ислом(с) дар ҳаққи ў
Аз онҷо, ки Ибни Аббос аз ҳамон навҷавонӣ дорои истеъдоди хуб ва зеҳни ҷаввол ва заковату ҳушёрии барҷастае буд, Пайғамбари Акрам(с) дар ҳаққаш чунин дуо намуд:
«اللّهم فقّهه فی الدّين و علّمه التأويل…»
Дуои Пайғамбар дар кутуби ривоӣ ва тафсирӣ бо таъбироти дигаре низ нақл шудааст аз қабили:
«اللهم علمه تأويل القرآن»ё«اللهم اعط ابن عبّاس الحکمة و علّمه التأويل»[i]
ва ғайра. Шояд иллати ихтилофи алфоз, тааддуди ровиҳо ва ё такрори ин ҷумалот аз ҷониби Расули Худо(с) бошад.
Бешак дуои Пайғамбар(с) мавриди иҷобат воқеъ шудааст ва чӣ неъмате болотар аз ин ки шахсияти аввали хилқат дар ҳаққи ў дуои хайр кунад. Асари ин дуоҳои Пайғамбар(с) буд, ки қалби ў бо маорифи исломӣ ва ҳикматҳои илоҳӣ кушода шуд ва дорои ақлу зеҳни нобиға ва раъю назари расо гардид.
Агар мо ба тафосири ривоӣ руҷўъ кунем, ба таври возеҳ осори ин дуои пурбаракатро дар ривоёте, ки аз ў расида мушоҳида мекунем ва хоҳем дид, ки дар миёни асҳоб ва майдони илм ва тафсири Қуръон ҷойгоҳи хоссе дорад.
2) Мулозимат ва ҳамроҳии ў бо Пайғамбар(с)
Ибни Аббос аз замоне, ки ба ҳадди шинохтан расид дар рикоби Пайғамбар(с) буд. Ў аз маорифи баланд ва илми бепоёни ҳазрат баҳраманд мешуд. Ў бо вуҷуди ин ки бештар аз се сол дар маҳзари Пайғамбар(с) набуд, аммо суханони зиёде аз он ҳазрат шинид ва ҳаводиси фаровонеро шоҳид буд ки оёте дар бораи онҳо нозил шудааст. Эшон ин матлабро бо ҷумалоте аз қабили:
«سمعت النّبی، رأيت النّبی و بتّ عند النّبی»
ва ғайра баён кардааст. Ў аз Пайғамбар(с) 660 ҳадис нақл кардааст.[ii]
3) Мулозимат бо бузургони саҳоба ва гирифтани илм аз онҳо
Баъд аз реҳлати Пайғамбар(с) Ибни Аббос бо бузургони саҳоба бавижа Амир-ал-муъминин(а) мулозимат дошт ва аз тариқи онҳо ба маҳалли нузули оёт ва таърихи ташреъ ва асбоби нузул, илм пайдо мекард ва ба ин васила ончиро, ки дар замони ҳаёти набии мукаррами Ислом аз даст дода буд, ҷуброн менамуд. Ў дар ин маврид мегуяд:
«کنت ألزم اکابر من اصحاب رسول الله(ص) من المهاجرين و الأنصار، فأسألهم عن مغازی رسول الله(ص) و ما نزّل من القرآن فی ذلک…»[iii]
ҳамчунин мегуяд: Бахши аъзами андўхтаҳои тафсириамро аз Алӣ ибни Абитолиб(а) омўхтаам.[iv]
4) Қуввати иҷтиҳод ва қудрати истинбот (Тавонии ба даст овардани аҳкоми шаръӣ аз Қуръон ва ҳадис)
Баъд аз ин ки дар оёти Қуръон барои оёти дигаре аз он тафсире пайдо намешуд ва ҳадисе аз Пайғамбар(с) дар он мавзўъ нарасида буд, Ибни Аббос бо кўмаки асбоби нузул ва шароити замонӣ ва маконии нузули Қуръон ба иҷтиҳод мепардохт. Аз ин рў иҷтиҳоди ў бо чунин муқаддамоти муносиб ва шинохта шуда буд, ки як амри комилан табиӣ, қобили ситоиш ва ғайри қобили инкор аст.
Хусусияти дигаре, ки Ибни Аббос дошт, ин буд, ки агар масъалаеро истинбот менамуд ва аз тариқи муқаддамот ба яқин даст меёфт бо шуҷоати тамом онро эълом мекард ва аз маломат ва нақди дигарон ҳаросе надошт.[v] Дар ин замина шавоҳиди зиёде вуҷуд дорад, ки ба иллати тўлони шудани баҳс аз зикри онҳо сарфи назар мешавад.
5) Иттилооти адабӣ ва шеърии густарда
Аз онҷо, ки Қуръони карим ба забони арабии фасеҳ нозил шудааст ва ашъори араб (ба қавли Ибни Аббос) қомусномаи забони Араб аст, аз ин рў ҳар гоҳ фаҳми калимоти Қуръон бар касе мушкил бошад, бояд барои рафъи он ба каломи фасеҳи араб ва ашъори баландовозаи замони ҷоҳилият муроҷиат кунад, то мақсади Қуръонро беҳтар дарк кунад.
Бинобар ин Ибни Аббос ҳар гоҳ бо мавриди мубҳам дар Қуръон рўбарў мешуд ё дар фаҳми луғавии калимае дучори мушкил мегардид, ба ашъори фасеҳи даврони ҷоҳилият ва суханони бадеи онон рўй меовард. Ончӣ ўро дар ин замина тавоно сохта буд, тавоноии болои адабӣ ва маҳорати беназири ў дар вожашиносии каломи араб аст, ки дар таърихи адабиёти
араби он аср шавоҳиде аз нубуғ ва ҷойгоҳи барҷастаи илмӣ ва адабии ў метавон ёфт.
Ҳамчунин заковат ва ҳофизаи қавии ў низ дар расидан ба ин мақоми шомих ба ў кумак мекард, агар матлаберо якбор мешунид, онро ҳифз менамуд.[vi]
عن عبد الله بن عتبه قال:«کان ابن عباس قدفات الناس بخصال: بعلم ما سبقه (و ما رأيت احداً )… و لا اعلم بشعر و لا عربية،و لا بتفسير القرآن، و لا بحساب، و لا بفرِضة منه، و لا أعلم بما مضی…»[vii]
6) Таваҷҷўҳ ва инояти ў ба тафсир
Ибни Аббос бо вуҷуди ин ки улуми зиёдеро дарбар дошт ва ба маорифи мутааддиде огоҳӣ дошт, аммо аз ҳамон даврони ҷавонӣ инояти хоссе нисбат ба тафсир ва улуми марбут ба Қуръон дошт. Иллати пешқадамӣ ва шўҳрати мадрасаи тафсирии Макка низ дар ҳамин нукта нуҳуфтааст. Бинобар ин дар манобеи таърихӣ нақл шудааст, ки агар маънои ояте аз Қуръон барои асҳоби Пағамбар(с) мубҳам буд, ба Ибни Аббос муроҷиат менамуданд.
Ҳамчунин ҳирс ва талош дошт, ки оёти Қуръонро дар ҷамъи мардум тафсир намояд.
7) Талоши ў дар нашри илм
Ў дар тўли зиндагии илмии худ талош менамуд, то андўхтаҳои илмиашро нашр намояд ва аз ин тариқ закоти худро бипардозад. Ў ба Саид ибни Ҷубайр мегуфт:
«إن کَم تذاکروا هذا الحديث ينفلت منکم، ولا يقولنًّ احدکم: حدّثت أمسی فلا أُحدّث اليوم، بل حدّث أمسی، ولبتحدث اليوم، ولتحدّث غداً»
Ҳамчунин мусофиратҳои ў ба билоди мухталифи исломӣ аз қабили Миср, Офриқо, Куфа ва тўли умраш, аз асбоби шўҳрат ва тақаддуми ў буда ва бар асари баракати ў мадрасаи тафсирии Макка низ соҳиби шўҳрат гаштааст.
Баёни як нукта: Охирин матлабе, ки дар мавриди Ибни Аббос метавон гуфт, ин аст, ки иддае аз нависандагони ховаршинос ва ба табъи онон нависандагоне аз муслимин
мисли Аҳмади Амин, Мустафо Совӣ ва Муҳаммадҳусайни Заҳабӣ, ки худ аз наққодон ва нуктасанҷон ҳастанд, муътақиданд, ки Ибни Аббос ба хотири мулозимат бо Каъб-ул-Аҳбор ва иртибот бо соири уламои яҳуд ва насоро порае аз ривоёти онҳоро нақл мекард ва дар муроҷиат ба аҳли китоб ибое надошт. Далели ин нависандагон ривояте аст, ки аз Пайғамбар(с) нақл шудааст:
«حدّثوا عن بنی اسرائل ولا حرج»
Албатта қабл аз посухи ин қавл ва истидлол бояд ба ин нукта таваҷҷўҳ намуд, ки дар китобҳое, ки мо дар даст дорем, ривоёте мавҷуд аст, ки ба Ибни Аббос нисбат дода шудааст, ки он ривоёт аз ҷумлаи исроилиёт (ривоятҳое, ки аз тарафи яҳудиён бар манобеи исломӣ дохил карда шудааст) мебошад; вале мансуб будан ғайр аз муътақид будан ва анҷом додани он феъл аст.
Оятуллоҳ Маърифат муътақид аст, ки шахсиятҳое мисли Ибни Аббос ҳамеша аз муроҷиат ба аҳли китоб барҳазар буданд ва афсонаҳо ва хаёлоти сохтаи ононро ночиз ва беарзиш мешумурданд. Эшон муътақиданд, ки исроилиёт пас аз асри саҳоба ва дар даврони султаи Умавиён ба даруни ҳавзаи исломӣ роҳ ёфт, зеро Умавиён барои нашри фасод башиддат ба онҳо ниёз доштанд.
Эшон ҳамчунин шавоҳиди фаровон ва ривоёти мутааддидеро зикр мекунанд, ки Ибни Аббос дигаронро аз муроҷиат ба аҳли китоб барҳазар медоштанд ва он гоҳ мефармоянд: «Чӣ гуна мумкин аст фарде, ки дигаронро аз чизе боз медорад, худ онро муртакиб шавад!?»
Албатта дар умуре, ки роҳе барои шинохти саҳеҳи онҳо вуҷуд надорад, монанди тўлу арзи киштии Нўҳ(а), адади асҳоби Каҳф ва ғайра муроҷиат намудан ба манобеи аҳли китоб дуруст аст.
Ибни Таймия ва доктор Заҳабӣ низ таваҷҷўҳ ба исроилиёт ва нақли он тавассути Ибни Аббосро ба ду гуна дониста ва байни ду ҳадиси ба зоҳир мутаориз чунин ҷамъ кардаанд:
а) ривояти аввалӣ мегуяд:
« حدثوا عن بنی اسرايل ولا حرج »
б) дар ривояти дигар чунин омадааст:
« لا تصدقوا اهل الکتاب ولا تکذبوهم »
Ҳадиси аввал бар ҳаводис ва ахбори бани Исроил, ки ҷоиз аст онҳоро нақл кунем ҳамл мешавад, зеро пандҳои ибрат омўзе дар онҳо наҳуфтааст, ва ҳадиси дуввум ба умуре, ки онон кардаанд ва дупаҳлў аст ва далел бар рост ё дуруғ будани он надорем.
Пас натиҷа мегирем ки аввалан, аксари ривоёти исроилӣ, ки мансуб ба Ибни Аббос аст, сохта ва пардохтаи Умавиён аст ва сониян, дар мавориде, ки муроҷиати Ибни Аббос ба аҳли китоб собит шавад, бояд ҳамл шавад ба мавозее, ки руҷўъ ҷоиз аст, на муроҷиат намудани беқайду шарт.
Муҳаммадсиддиқ Ҳусейнзода
[i] «Ат-тафсир ва ал-муфассирун», доктор Заҳабӣ, ҷилди 1, саҳ.89.
[ii] Муснад Аҳмад ибни Ҳанбал, ҷилди 1, саҳ.266 ва саҳ.314.
[iii] Табақоти Ибни Саъд, ҷилди 2, саҳ.371.
[iv] Табақоти Ибни Саъд, ҷилди 2, саҳ.371.
[v] «Биҳор-ул-анвор», ҷилди 89, саҳ.105, ба нақл аз «Ат-тафсир ва ал-муфассирун», Оятуллоҳ Маърифат ҷилди 1, саҳ.225.
[vi] «Ат-тафсир ва ал-муфассирун», доктор Заҳабӣ ҷилди 1
саҳ. 68.