Ганҷинаи нуронии Қуръон Рамазон аст,
Оромиши дилҳои парешон Рамазон аст.
Маҷмуаи гулҳост шабу рӯзи азизаш,
Яъне ба ҳақиқат, ки гулистон Рамазон аст.
Дар домани ин баҳри гиронмоя бубинед,
Дарёи гуҳарҳои фаровон Рамазон аст.
Бо зикри муноҷоти Худо дар дили шабҳо,
Бар ҳастии мо дасти гулафшон Рамазон аст.
Тасвири шафақ гашта чу саҷҷодаи Мавло,
Оинаи он муҳри фурузон Рамазон аст.
Пас он садафи нур ба Қуръон Рамазон аст.
Расули меҳрубониҳо, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дар каломи гуҳарборашон инчунин мефармоянд:
لِكُلِّ شَيْءٍ زَكَاةٌ وَ زَكَاةُ الْأَبْدَانِ الصِّيَام
Барои ҳар чизе закоте аст ва закоти баданҳо Рӯза аст.
Муҳаққиқони амрикоӣ, имрӯз ба ин натиҷа расидаанд, ки рӯза гирифтан танҳо роҳе барои муолиҷаи баъзе аз бемориҳои лоилоҷ аст, ки дар баъзе аз бемористонҳо ба ин воҷиби илоҳӣ тавсияи акид менамоянд. Бо ин тафовут, ки дар миёни рӯз метавонед каме об майл кунед, чаро? чун бо мо мусалмонҳо фарқ дошта бошанд.
Бародарон ва хрҳарони гиромӣ! Моҳи мубораки Рамазон, моҳи меҳмонии Худованд, моҳи нузули Қуръон фаро расид. Қудуми мубораки ин моҳи каримро барои ҳамаи рӯзадорон ва шефтагони он табрик мегӯям ва гуфтаниам, ки хушо бар ҳоли мову шумо, ки бори дигар Худованд моро бар ин моҳ расонид ва бар сари дастархони пурнозу неъматаш меҳмон сохт. Рамазони гузашта дар миёни мо бародарону хоҳарони дигаре низ буданд вале бо изҳори басе таъассуф, ин Рамазон аз миёни мо рахти сафар бастанд ва то ин Рамазон умр надиданд. Пас эй хонандаи гиромӣ ва эё рӯзадори азиз! аз куҷо медонем, ки рамазони дигаре дар ихтиёри мо ва шумо бошад ё на ? Аз ин хотир набояд ин моҳи муборакро бо фориғболи ва хобу машғулиятҳои бефоида сипарӣ намоем. Ҳарчанд хоби рӯзадор низ ибодат аст ва дар ҷои худ савоб дорад, аммо инро ҳам фаромӯш накунем, ки ҳар кӣ бештар заҳмат бикашад, бештар ҳосил меғундорад пас дар ин моҳи шариф беҳтарин аъмолро анҷом диҳем ва бо кам қонеъ набошем ва аз Худованди маннон бештаринҳоро таманно намоем. Чаро ки ин моҳ моҳи меҳмонии Худованд аст ва меҳмон барои мизбон азизу гиромӣ аст. Хонандаи гиромӣ агар хоҳӣ гуноҳонат маҳву сафаҳоти аъмолат пур аз амали хайр ва сафаҳоти бадиҳоят аз номаи аъмолат маҳв гардад пас аз оғози ин моҳи шариф чунин фикр кун, ки ин охирон моҳи Рамазон аст ки дар он ҳузур дорӣ.
Ҳазрати Алӣ (кр) фармудаанд: Намозатро он тавре ба ҷо овар, ки гӯё охирин намози туст.
Аъмоли ин моҳи шариф
Дар ин моҳ тиловати Қуръонро ҳарчӣ зиёдтар анҷом деҳ.
Рӯзатро ба хоб нагзарон.
Кӯшиш кун намозҳоятро бо ҷамоъат адо кунӣ.
Дар корҳои хайр шитоб кун.
Силаи раҳмро фаромӯш макун.
Ятимеро навозиш кун.
Агар тавонои молӣ надорӣ, дуъоҳои субҳу шомро бо диққат бихон.
Қабл аз азони Шом кӯшиш бикун дуъо кунӣ зеро мӯҳимтарин вақти истиҷобати дуъост.
Кӯшиш кун пас аз саҳар хӯрӣ ним соат пеш аз азон ба дуъо ва қироъати Қуръон худро машғул намоӣ зеро дуъо дар охири шаб мустаҷоб аст.
Пас аз адои намози субҳ то баромадани офтоб тиловати Қуръон бикун ва то офтоб баромадан хоб накун.
Намози Зуҳо (сари офтоб) ро тарк накун.
Кӯшиш кун ҳади ақал дар ин моҳ 3 хатми Қуръон кунӣ зеро хатми Қуръон дар моҳи нузули он дорои аҷри зиёд аст.
Хонандаи гиромӣ! Иншоаллоҳ агар бо ин роҳнамоиҳо амал намоем ҳаёти бо саъодатеро хоҳем дошт ва бо одат кардан бар ин аъмол 11 моҳи дигарро низ чунин хоҳем гузаронид. Умед аст аз дуъоҳои хайратон моро фаромӯш нахоҳед кард.