СУХАНЕ БО ПАДАРУ МОДАРОНИ АЗИЗ!

Сарварони азиз! бе тардид ҳар кадом аз мо хоҳони насле ҳастем, ки бо фикру андеша ва диққати назари бештар дар зиндагии худ ҳаракат кунанд ва битавонанд барои худ ва атрофиён сабабгори хайру некиҳо бошанд.

Фарзандони мо ҳам, ки ояндагони ин диёр ҳастанд ҳаминро мехоҳанд, аммо агар касе онҳоро аз кудакӣ ба он тараф ҳидоят накунад, баъд аз гузари он даврон бисёр сахт аст битавонанд ончиро матлуб аст дар бузургӣ ба даст оваранд. Албатта агар дигароне битавонанд бо ҳадафҳои худ онҳоро тарбият кунанд, онгоҳ ҳатто имкон дорад баргашташон ба самту сӯи ҳадафи мо номумкин гардад.

Чунон ки ҳазрати Алӣ(а) фармудаанд:

«Кудакӣ ҳамчун сангест, ки бар рӯи он ҳар чизе ҳак кунӣ ва бинависӣ дигар пок намешавад».

Пас метавон аҳамияти он давронро барои кудакон ва ояндаи онҳо фаҳмид ва бояд барои истифода аз он беҳтарин равишҳо ба кор гирифта шавад, ки ояндаи ҷомеъа ба он вобаста хоҳад буд.

Барои ин ҳадаф, набояд ба равишҳои сахту машаққатовар ва ё задану тарсондани кудак рӯй оварда шавад, балки бояд ба фармони Аллоҳ таъоло ва суннати Муҳаммад(с) амал кард, чунон ки бо ду фарзандаш Ҳасан ва Ҳусайн рафтор дошт.

Расули Худо(с) на фақат бо фарзандони худаш, балки бо ҳар кудаке бо хушрӯӣ ва суханони кудакона бархурд доштанд ва онҳоро бо забони худашон сухан мегуфтанд.

Бо имом Ҳасан ва имом Ҳусайн вақте кудак буданд чунон бозӣ мекарданд, ки ҳазрати Фотима гоҳ нороҳат мегаштанд ва аз онҳо мехост ҷаддашонро малол надиҳанд, бигузоранд истироҳат кунад, аммо паёмбари раҳмат худ онҳоро бар сару гардан савор ва гоҳ бо онҳо бозиҳои кудакона мекард. Ҳама ин рафторҳо гувоҳи аҳаммияти фарзандонаш назди Ӯ буд ва мо ҳам бояд бо суннати он ҳазрат пойбанд бошем.

Имрӯз донишмандон ҳам ба ин расидаанд, ки бозӣ ва хушгӯию хушрафторӣ бо кудакон беҳтарин равиши тарбиятӣ аст. Дар ин равиш қиссагӯӣ яке аз беҳтарин ва таъсиргузортарин мавридҳо шинохта шудааст ва албатта кудакон ҳам нисбати хондан ва шунидани он бисёр шавқманд ҳастанд.

Аз назари дини мубини Ислом ва суннати Набавӣ(с) ва равиши Қуръон ҳам қиссагӯӣ, агар барои ибрату тарбият ва бо ҳақиқат ҳамроҳ бошад таъйид шудааст. Чунон ки худ Аллоҳ таъоло дар Қуръон борҳо аз достонҳои Анбиё ва Авлиё ёд мекунад ва паём медиҳад.

Мо пайравони дини Ислом ва суннати Набавӣ(с) ҳам, бояд бо истифода аз ривишҳои навин ва имконоти рӯз, дар чорчубаи шариъат фарзандони худро тарбият кунем ва онҳоро бо зеҳни бурро ва боз ба ҷомеъаи худ таҳвил диҳем.

Бо умеди он рӯзе, ки кудакони имрӯз дар ҷойгоҳи сарварони худоҷӯ ва одилу бо имон ва дар хидмати дину дунёи ҷомеъаи исломӣ қарор гиранд.

 

ЁСИН

 

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,