БЕҲИҶОБӢ ЯКЕ АЗ МУШКИЛОТИ ХОНАВОДА

Таҳкими хонавода, ки бар асоси муҳаббат, самимият, унс, ваҳдат, ҳамдилӣ ва дилсӯзии ҳамсарон устувор ва мустаҳкам мешавад

, аз муҳимтарин масоили хонаводагӣ ба шумор меравад. Ончи бунён ва таҳкими хонаводаро суст ва мутазалзил кунад, аз бадтарин офатҳои он ба ҳисоб меояд.

Худнамоӣ ва ҳузури таҳрикомези занон ва духтарон дар саҳнаҳои иҷтимоӣ, назари ҳар марди оиладор(зандор) ва беоиларо(безанро) ба худ ҷалб мекунад. Агар бинанда оиладор бошад бо таваҷҷӯҳ ба ғаризаи танавуъталабӣ ва зебохоҳие ки дорад бахше аз таваҷҷӯҳи худро ба тарафи   онҳо мекунад ва дар натиҷа ба ҳамон андоза, майли ба ҳамсарашро, ки ҳамвора бо ӯ зиндагӣ мекунад камтар мекунад. Гарчи бисёре аз занони худнамо зебоии ҳамсари бинандаро надоранд, аммо тозагӣ ва танаввуъе, ки доранд, камбуди зебоии онҳоро ба таври муваққат ва барои як замони кӯтоҳ ҷуброн мекунад. Вақте чашмҳои марде дар ҷойҳои гуногун иҷтимоӣ аз дидани манозири ҷолиби таваҷҷӯҳи занон ва духтарон комёб шавад, табъан андозаи алоқаи ӯ нисбат ба ҳамсараш аз ноҳияи ҷинсӣ таъмин мешавад, ки ин ниёзро занони ҷилвагари ҷомеа ба таври номашрӯъ бароварда месозанд.

Ин камшавии муҳаббат бисёре аз оилаҳоро бо сустӣ ва сардии оилаҳо ҳамроҳ месозад ва масоили ахлоқии мухталиферо ба бор меоварад. Ба гунае ки дар тарзи нигариши мард ба ҳамсараш таъсири манфӣ  мегузорад. Каҷхулқӣ баҳонагирӣ, бемайлӣ дар ҳамроҳӣ бо ҳамсар,  натиҷа оварҳои ҷалби таваҷҷӯҳи мардон ба занони беҳиҷоби ҷомеа аст. Ҳатто кор ба ҷое мерасад, ки мард ҳамсари никоҳӣ ва қонунии худро  халалрасон дар комёбиҳои худ медонад ва ба хотири ҳамин тарзи фикр аз ӯ мутанаффир мешавад. Фалсафаи ҳиҷоб пешгирӣ аз ин намуна офати ногуворе аст, ки асоси хонаводаҳоро таҳдид мекунад.

Ҳол агар бинанда безан бошад ва оиладор набошад, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки чашмони ӯ аз манзараи шаҳватангези занони беҳиҷоб ё бадҳиҷоб баҳраманд мешавад. Ба роҳатӣ тан ба паймонҳои сангини зиндагии заношӯӣ намедиҳад ва аз занон ва духтароне, ки ба таври ройгон чашмони гуруснаи ӯро сероб мекунанд баҳраи ғайри шаръӣ мегирад ва издивоҷро барои солҳои баъд мегузорад. Ин воқеияти талх дар кишварҳои ғарбӣ ривоҷи комил дорад ва дар кишварҳои исломӣ низ вуҷуд дорад. Бидуни тардид таъхир ва ақиб андохтани издивоҷи писарони ҷавон танҳо ба мушкилоти иқтисодӣ ё таҳсилии онҳо марбут намешавад, бетаваҷҷӯҳӣ ба тақвои ҷинсӣ ва лаҷомгусехтагии занон ва духтарони худнамо дар ин ақиб афтодани издивоҷҳо, ки офаташ ба онҳо низ сироят мекунад, марбут мешавад.

Вақте духтарон бидуни паймони ҳамсардорӣ ва ҳазинаҳо ва паймони шаръӣ ва қонунӣ, худро дар маҳалли нигоҳҳои ҷавонон қарор медиҳанд, онҳо бар худ лозим намедонанд,  ки ончи ба таври ройгон ба онҳо мерасадро бо баҳои сангини издивоҷ ба даст оваранд.

Фалсафаи ҳиҷоби исломӣ  ин аст, ки аз берағбатиҳо ва тазалзулҳо дар ташкили хонаводаҳои ҷавон пешгирӣ мекунад.

 

(Баргирифта аз китоби «Ҳиҷоб ва посух ба шубаҳоти он»)

 

ЁСИН

 

 

 

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.