Иззат дар гуфтору рафтори имом Ҳусайн(а)

Алӣ Сафарӣ[1]  Чакида:

   Таърихи башар саршор аз ҳамосаҳои хунин ва шукӯҳманди инсонӣ аст. Инсонҳои зиёде дар роҳи ба даст овардани иззат ҷони худро фидо намудаанд ва чи мусибатҳо ва дардҳои тавсифнашуданиро ба ҷону дил харидаанд, то ба сарбаландиву иззати инсонӣ бирасанд. Баъзе аз ин ҳодисаҳо ҷаҳонро дигаргун намуда донишмандон, муҳаққиқон ва дигаронро маҷзуби худ сохтааст.

Аммо дар миёни ин ҳама ҳаводис ва ҳамосаҳои ҷаҳонӣ яке, ки аз ҳама бештар тавониста дар аъмоқи ҷонҳои афроди бедордил ва ҳақҷӯ ҷо боз намуда ва нурафшонӣ кунад ва маънии зиндагӣ ва ҳаёти воқеиро ба ҷаҳониён бифаҳмонад, қиёми Ҳусайн ибни Алӣ(а) буд, ки дар як тарафи он ҷабҳаи ботил ва золим ва дар сӯи дигар набераи Расулуллоҳ, ки ҷуз эҳёи сираи ҷаддаш чизи дигаре намехост, қарор гирифта буд. Ин ҳақхоҳӣ ва озодиталабӣ ва иззатхоҳии он, усваи ҳасана буд, ки қиёмашро ҷовидон гардонид ва ҳар рӯз, ки мегузарад ҷанбаҳои тозае аз қиёми он имоми озода кушуда мешавад ва ҳақоиқи пинҳон аз назари он барои адолатхоҳон ошкор ва ҳувайдо мешавад.

Бо таваҷҷӯҳ ба аҳмияти иззат ва нақши калидии он дар парвариши худбоварӣ ва эътимод ба нафс ва доштани зиндагии саодатмандона, нигорандаро бар он дошт, ки иззатро дар гуфтор ва рафтори имом Ҳусайн(а) баррасӣ кунад. Ба умеди он ки битавонад ташнагони маорифи ҳақро бо баёни каломи хонадони исмат ва таҳорат сероб кунад.

 

 Муқаддима

Имом Ҳусайн(а) вориси анбиёи бузӯрги илоҳӣ ва дарбардорандаи фазоили бешумори Аҳли байти исмату таҳорат аст. Ӯ вориси ҳамаи вижагиҳо ва сифатҳои мутаолии ҷаддаш Расули Худо(с) ва падараш имом Алӣ ибни Абитолиб(а) ва модари мукаррамааш Фотимаи Заҳро(с) аст. Ӯ тибқи фармудаи Паёмбари гиромӣ(с) пораи тани эшон ва чароғи ҳидоят ва киштии наҷот ва сарвари ҷавонони аҳли биҳишт ва маҳбуби замину осмон аст, ҳарчанд заминиён қодир ба дарки мақому азамати вай набошанд, ки Расули гиромии Ислом фармуданд:

 “والذي بعثني بالحق نبياً ان الحسين بن علي (ع) في السماء اكبر منه‌ في الارض”

Савганд ба Худое, ки маро ба ҳақ ба паёмбарӣ барангехт ба дурустӣ, ки шаъни Ҳусайн ибни Алӣ(а) дар осмон бузургтар аз замин аст.(1)

    Дар бораи фазоил ва каромоти он ҳазрат оёт ва ривоёти зиёде вуҷуд дорад, вале нигоранда дар садади баёни онҳо нест. Фақат равиш ва маниши он ҳазрат дар мувоҷиҳа бо зулм ва ситам ба чӣ наҳвае будаастро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор медиҳад. Ҳақиқатан ин ки Ҳусайн(а) чӣ касе буд ва чӣ вижагиҳое дошт ва мақому манзилаташ дар назди Худо ва паёмбаронаш ба чӣ андоза буда аст, аз сатҳи фаҳм ва дарки мо хориҷ аст. Чи зебо суруда аст шоир:

 Оби дарёро агар натавон кашид,    

 Ҳам ба қадри ташнагӣ бояд чашид.

   Мо фақат метавонем бо тааммул дар гуфтору гирдор он ҳазрат маънеи инсониятро бифаҳмем ва вазифаи инсониямонро дар ин низоми хилқат биёбем. Кореро, ки Ҳусайн ибни Алӣ(а) бо қиём ва шаҳодаташ анҷом дод, башариятро ба ҳаёти маъқул раҳнамун кард. Ҳамин озодандешӣ ва иззатталабии он ҳазрат буд, ки мусулмонон, масеҳиён, ҳиндувон ва ғайраро дар тамомии нуқоти олам маҷзуби худ сохта ва ҳар як ба таносуби фаҳму дарк ва ниёзҳои мутанаввеи ҳар замон ба гунае он ҳазратро тавсиф кардаанд.

 

Иззат дар луғат ва истилоҳ

  Асли вожаи иззат дар каломи араб ба маънои сахт, муҳкам ва устувор будан мебошад.

   Аз назари истилоҳӣ, ин вожа дар мавриди касоне истифода мешавад, ки дорои вижагиҳои рӯҳии хос ва мақоми баланде ҳастанд. Касоне, ки аз обурӯи баланде назди дигарон бархурдор ҳастанд ва дасти илтимос ва хоҳиш назди ҳар касу нокас дароз намекунанд, азиз хонда мешаванд. Азиз номида шудани Худованд ба хотири бениёзиаш аз халқ ва эҳтиёҷи мавҷудот ба зоти ҳамешагии Ӯ мебошад.

  Қуръон низ мефармояд:   فَإِنَّ الْعِزَّةَ لِلَّهِ جَميعاً

Дар ҳоле ки иззат ба тамомӣ аз они Худост.(2)

Иззат дар каломи имом Ҳусайн(а)

  Муҳимтарин нукта дар бораи иззат аз дидгоҳи имом Ҳусайн(а) таъкиди он Ҳазрат(а) бар ин асли қуръонӣ аст, ки иззати воқеӣ махсуси Худованд аст.  فَإِنَّ الْعِزَّةَ لِلَّهِ جَميعاً

Ва ҳар кас қасди ба даст овардани иззатро дорад бояд аз Ӯ бихоҳад. Чунончи дар дуои маъруфи Арафаи худ инчунин бо Худованд муноҷот мекунад: «يا من خصَّ نفسه بالسمّووالرفعة و اولياؤه بعزّه يعتزّون»   “Эй касе ки худро ба ҷойгоҳи баланд ва арҷманд ихтисос додаӣ, ба гунае, ки дӯстонат бо тамассук ба иззати ту касби иззат мекунанд.”

  Ҳазрат дар ин баёни нуронияшон сарманшаи иззатро фақат аз ҷониби ҳазрати Ҳақ медонад ва ба мо меомӯзад, ки агар дар пайи касби иззат ҳастем аз Худованд бихоҳем ва на аз ғайри Ӯ. Ва низ мегӯяд:  « يا مَنْ دَعَوْتُهُ…ذليلاً فَاَعَزَّنى»

   “Эй касе ки ман Ӯро дар ҳолати зиллати худ фаро хондам ва Ӯ маро азиз гардонид.”

 Дар воқеъ Имом бо ин баён мехоҳад бифаҳмонад, ки агар ҳолати зиллат бироятон пеш омад, ноумед аз раҳмати густардаи илоҳӣ нашавед, балки бо тамоми вуҷуд садояш кунед, шуморо иззатманд ва сарбаланд хоҳад намуд. Ва ҷои дигар дар бораи махсуси Худо будани иззат мегӯяд:

«انت الذى اَعْزَزْت»   Танҳо ту ҳастӣ, ки азиз мегардонӣ.

Тибқи ин дидгоҳ рӯй овардан ба ғайри Худо барои  касби иззат, дар ҳақиқат чанг задан ба бутаи рӯи об аст. Чун Ҳазрат бо ин ҳаср, тамомии роҳҳои талаби иззат аз ғайри Ӯро бастааст. Чунонки дар яке аз ашъори мансуб ба он Ҳазрат(а) дар бораи касоне, ки моли дунёро василаи касби иззат медонанд, чунин омадааст;

ايعتز الفتى بالمال زهواً و ما فيها يفوت عن اعتزاز

   Оё ҷавонмард аз роҳи фахрфурушӣ дар садади касби иззат аз мол бармеояд, дар ҳоле ки дар мол чизест, ки сабаби аз байн рафтани иззат мегардад.

Албатта ин сухан ба маънои ин нест, ки моли дунё бо иззат дар таззод аст ва ҳарки мол дошта бошад, иззат надорад ва ё ба иборати дигар касе, ки дунболи мол меравад шахси беиззат аст, на, балки имом мехоҳад бифаҳмонад, ки агар касоне ки ҳаму ғами онон моли дунё бошад ва ин молро ба ҷои ин ки василаи касби иззат ва саодат бидонанд, ҳадаф қарор медиҳанд. Мутаассифона бисёре аз инсонҳо ҷанбаи васила будани молро аз ёд мебаранд ва он қадар ғарқи ба дастоварии он мешаванд, ки ҳозиранд барои ҷамъоварии он даст ба ҳар ҷинояте бизананд ва дар чунин ҳолат аст, ки мол мавриди мазаммат қарор гирифтааст. Хеле аз ҳаводиси дилхарош ва такондиҳандаи дунё, ки аз сӯи афроди нолоиқ рух додааст ба хотири вобастагии моли дунё будааст. Ба унвони намуна Умари Саъд, ки нақши калидӣ дар воқеаи Карбало дошт ва он ҷинояти бузург ва ҳавлнокро муртакиб шуд, вақте ки дар зиндагии ин нонаҷиб мутолиа кунед, мебинед, ки сабаби аслие, ки ин ҷинояткорро водор намуд, ки чунин гуноҳи бузургеро муртакиб шавад, ҳамон вобастагии ӯ ба моли дунё мебошад. Пас мол василаи бисёр хатарноке аст, ки намешавад дар дасти ҳар кас қарор бигирад ва дар воқеъ ҳукми теғро дорад, ки агар ба дасти кӯдак биафтад эҳтимоли хатараш хеле зиёд аст, аммо агар дар дасти шахси бузург бошад дарсади хатараш хеле поён аст. Моли дунё ҳам инчунин аст. Агар дар дасти нобобон қарор бигирад вовайло дар олам бапо мешавад, вале агар дар дасти аҳлаш қарор бигирад дунё гулистон мешавад. Ҳамин дидгоҳ аст, ки дунё ва он чиро ки дар он аст ба ҳеҷ пиндошта, мегӯяд:

« هل الدنيا و ما فيها جميعاً سوى ظلّ يزول مع النهار »

  Оё дунё ва ҳамаи он чи дар он аст ба ҷуз сояе аст, ки бо рафтани рӯз аз байн меравад.

   Ин дидгоҳ чунон қудрате ба инсон медиҳад, ки дар баробари тамоми азизони дуруғин истодагӣ карда ва онҳоро ба ҳеҷ мепинорад ва дар муқобили онҳо фарёд мезанад, ки «و ما ان طبّنا جُبْنٌ» шеваи мо тарс нест ва то онҷо пеш меравад, ки марг дар роҳи касби иззати ҳақиқиро бар зиндагонии зиллатборе, ки дар роҳи касби иззати дуруғин сипарӣ мешавад, бартар медонад ва мегӯяд:  « موت فى عزّ خيرٌ من حياة فى ذل»

Ва чунин маргеро саодат дониста ва ҳаёти зиллатбор дар зери бори ситами золимонро ба ҷуз дилзадагӣ намедонад,

« انى لا ارى الموت الا سعادة و الحياة مع الظالمين الابرما»

Ва чунин аст, ки ҳангоме ки ӯро аз марг метарсонанд, бармеошубад ва мегӯяд: Марг дар роҳи иззат ва зинда кардани ҳақ ба ҷуз зиндагонии ҷовид нест. Воқеан агар мусулмонони олам ба ҳамин каломи Имом амал мекарданд, ба ин вазъияти номатлуб гирифтор намешуданд ва ҳаргиз зери бори қудратталабон ва истеъморгарон қарор намегирифтанд. Ҳазрати Сайидушшуҳадо то охирин лаҳзаҳои умри шарифи худ, чӣ гуна зистанро ба ҳамаи иззатталабони дунё ёд дод ва аз зиндагии ҳамроҳ бо зиллат ва хорӣ манъ кард. Чунончи Ҳазрат(а) худ мефармояд:

مرحباً بالقتل فى سبيل الله و لكنكم لا تقدرون على هدم مجدى و محو عزّى و شرفى فاذاً لا ابالى بالقتل

“Хушо ба марге, ки дар роҳи Худо аст. Аммо шумо (бо куштани ман) нахоҳед тавонист иззату шарафамро нобуд кунед, пас чӣ бок аз марг”.

Нуктаи муҳимме, ки метавон аз ин каломи зебои Имом фаҳмид, ин аст, ки бархеҳо чун умре бо зиллат ва хорӣ зиндагӣ кардаанд, вақте дар чанголи марг меафтанд ва ҷонашонро мегирад, он иззат ва шараф, ки ба зоҳир касб карда буданд низ бо худашон дафн мешавад, аммо инсонҳои озод ҳамеша дар таърих ёду хотираашон зинда аст. Ва золимон наметавонанд бо куштан ба зиндагии онон хотима диҳанд, чун роҳашон монанди руд ҷараён дорад ва аз насл ба насли дигар гузарад(3).

 

Намунаҳое аз иззатбахшии Сайидушшуҳадо

1- Абдуллоҳ ибни Утба аз фуқаҳои машҳури аҳли суннат нақл мекунад, ки рӯзе дар маҳзари ҳазрати Сайидушшуҳадо(а) будам, ки фарзанди он Ҳазрат(а), ки кӯчак буд, ворид шуд. Имом ӯро ба назди худ хонда ва ба сина часпонид, пешонияшро бусид ва фармуд: بابی انت ما اطیب ریحک و احسن خلقک Падарам фидоят, чӣ қадр хушбӯй ва зебоӣ(4).

  Ин гуна навозиш дар воқеъ иззатбахшии ба шахсияти кӯдак аст ва ба мо ёд медиҳад, ки чӣ гуна бояд кӯдаконамонро муҳтарам бишуморем то иззатманд парвариш ёбанд.

   Таваҷҷӯҳ кардан ба тафаккурот ва хостаҳои мухотаб, метавонад руҳияи эътимод ба нафсро дар ӯ зинда карда ва иззати нафси вайро тақвият намояд. Рӯзе Ҳасани Мусанно -фарзанди имом Ҳасан(а), яке аз духтарони амакашро, яъне имом Ҳусайн(а) хостгорӣ намуд. Амакаш ҳазрати имом Ҳусайн(а) ба ӯ фармуд:  «اختر یا بنی احبهما الیک»

Фарзандам! Ҳар кадомро бештар дӯст дорӣ, интихоб кун(5)!

Ҳасани Мусанно аз рӯи шарму ҳаё сухане нагуфт. Ба ин ҷиҳат имом Ҳусайн(а) фармуд: Ман духтарам Фотимаро ба ҷиҳати шабоҳати зиёдаш ба модарам барои ту баргузидам.

2- Дуруду салом гуфтан яке аз равишҳои қуръонии иззатбахшист. Худованди Мутаол дар Қуръони Карим барои ин ки азамати муъминонро рӯшан созад, ба Паёмбари гиромии Ислом(а) дастур медиҳад, ки ба аҳли имон салом кунад. «اذا جاءک الذین یؤمنون بآیاتنا فقل سلام علیکم‏ »  

Ҳаргоҳ касоне ки ба оёти мо имон доранд ба назби ту оянд, ба онҳо бигӯ: Салом бар шумо.(6)

 Ин шеваи муваффақи қуръонӣ дар сираи имом Ҳусайн(а) низ ба таври рӯшан дида мешавад.

  Он ҳазрат дар савоби салом фармуданд:

«للسلام سبعون حسنه؛ تسع و ستون للمبتدی و واحده للراد» 

Барои салом ҳафтод ҳасана (савоб) мебошад; шасту нуҳ ҳасана барои саломкунанда ва як ҳасана барои ҷавобдиҳанда аст.(7)

 Салом кардан сабаби тақвияти ҳисси худбоварӣ ва иззати нафс хоҳад шуд бар касе ки ба ӯ салом дода мешавад ва фарде, ки ба ӯ салом дода ва дуруд мефиристем, шоистагӣ ва ҷойгоҳи худро дар манзари дигарон бовар мекунад. Ин шеваи илоҳӣ ончунон муҳим ва боарзиш аст, ки имом Ҳусайн(а) аз оғоз кардани сухан бидуни салом, наҳй карда ва ба фарде, ки пеш аз адои салом, ҷуёи ҳоли ҳазраташ шуда буд, фармуд:

السلام قبل الکلام عافاک الله، لا تاذنوا لاحد حتی یسلم؛

“Худо туро офият ва саломатӣ диҳад, салом кардан бар сухан гуфтан муқаддам аст. (8)

 Сипас фармуд: То касе салом накарда, ба ӯ иҷозаи сухан гуфтан надиҳед. Ҳамчунон имом Ҳусайн(а) касеро, ки иртибототи иҷтимоӣ ва муоширатҳои хонаводагӣ, аз ин шеваи писандидаи қуръонӣ баҳра нагирад, ба унвони бахилтарин шахс қаламдод карда мефармояд: البخیل من بخل بالسلام

”Бахил касе аст, ки аз салом додан бухл биварзад.”(9)

Дар сираи Аҳли байт(а) ба мусалмонони гунаҳкор ва олуда низ салом додан писандида ва таъсиргузор аст.

  Имом Ҳусайн(а) мефармояд: Ибни Куво аз падарам Алӣ(а) пурсид: Эй Амиралмуъминин! Оё бар гунаҳкорон низ салом медиҳӣ? Алӣ(а) фармуд: Худо ӯро аҳли тавҳид медонад, оё ту ӯро аҳли салом намедонӣ!?

   Иртиботи каломӣ бо иборатҳои дилнишини умумии мардум, новобаста аз кӯдакон, навҷавонон, ҷавонон ва занону мардон дар муоширатҳои иҷтимоӣ, нисбат ба иртибототи каломии афрод бисёр ҳассос мебошанд ва навъи лаҳн ва овоз ва интихоби ҷумалот дар таваҷҷӯҳ ва ҷазби онон аҳмияти фавқулодае дорад. Суханони муҳаббатомез, дилрабо ва дорои бори отифии мусбат, дар умқи ҷони мухотабон таъсир мегузорад ва иззати нафсро дар онон тақвият мекунад. Инсонҳое, ки дар алфоз ва ибороти худ камоли адаб ва иффатро риоят мекунанд дар назари мухотаб, азиз ва мукаррам буда ва умуми мардум ононро ба диди эҳтиром ва бузургӣ менигаранд. Дар воқеъ риояти адаб ва иффат дар гуфтор сабаби иззати нафс барои гӯянда ва шунаванда аст. Бархе аз мушкилот ва ноҳанҷориҳо, тундхуиҳо, зургӯиҳо, бадбиниҳо, ҳақоратҳо ва афсурдагиҳоро метавон бо ба коргирии ибороти дилнавоз ва руҳбахш аз миён бардошта ва дармон намуд. Расули гиромии Ислом(с) фамуданд:

«من اکرم اخاه المسلم بکلمه یلطفه بها و فرج عنه کربته، لم یزل فی ظل الله الممدود، علیه الرحمه ما کان فی ذلک »

“Касе ки бародари мусалмони худро бо сухани меҳромез такрим намояд ва ғамро аз (дили) ӯ бизудояд, дар сояи лутфи Худо мебошад ва то ин сифати писандида дар ӯ бошад, ҳамеша раҳмат (-и илоҳӣ) бар ӯ хоҳад буд. (10)

 Дар инҷо намунаҳое аз иртиботи каломии ҳазрати Ҳусайн(а) бо афроди хонавода, фарзандон ва ёронашро баён мекунем.

1. Имом Ҳусайн(а) ҳангоми хуруҷ аз Мадина, вақте ки ҳамаи хонадон ва аҳли байти он Ҳазрат бар маҳмилҳо савор шуданд, чунин нидо дод:

این اخی؟ این کبش کتیبتی، این قمر بنی هاشم

Куҷост бародарам, куҷост сардори сипоҳам, куҷост моҳи Бани Ҳошим.(11)

Аббос(а) ҳам посух дод: لبیک، لبیک، یا سیدی

2. Ҳангоме ки Қосим аз шаҳодати хеш савол кард, имом Ҳусайн(а) ӯро чунон мавриди хитоб қарор дод:

ای والله، فداک عمک، انک لاحد من یقتل من الرجال معی

   Ба Худо савганд, ҳамин тавр аст. Амуят фидоят бод. Ту яке аз мардоне ҳастӣ, ки ҳамроҳи ман ба шаҳодат хоҳанд расид. (12)

3. Вақте бо духтараш Сакина видоъ мекард, барои оромиши вай, ки аз фироқи падар бетобӣ мекард, чунин фармуд:

«یا نور عینی! کیف لایستسلم للموت من لا ناصر له و لامعین» 

Эй нури чашмам! Касе ки ёру ёваре надорад чӣ гуна таслими марг набошад?! (13)

4. Онгоҳ, ки имом Ҳусайн(а) бародараш ҳазрати Аббос(а)-ро мефиристод то аз иллати ҳаракати сипоҳи душман хабаре биёварад, сухани худро бо ин иборати дилнишин иброз медошт:

یا عباس! ارکب، بنفسی انت‏یا اخی، حتی تلقاهم، فتقول لهم: ما لکم؟ ! و ما بدالکم

Бародарам Аббос! Ҷонам ба фидоят, савор шав ва ба назди онон бирав ва ба онон бигӯ: Шуморо чӣ шуда ва чӣ чизе барои шумо ошкор шудааст? ( 14)

5. Ҳазрат дар ҳангоми худоҳофизӣ бо фарзандаш имом Саҷҷод(а), дар рӯзи Ошӯро, фарзандашро ба оғӯш гирифт ва бо калимоти меҳромезе, ки аз аъмоқи ҷонаш реша мегирифт, ба ӯ фармуд:

«یا ولدی! انت اطیب ذریتی و افضل عترتی و انت‏خلیفتی علی هؤلاء العیال والاطفال»

Писарам ту покизатарин фарзандони ман ҳастӣ ва беҳтарин хонадони ман мебошӣ. Ту ҷонишини ман дар сарпарастии ин занон ва кӯдакон хоҳӣ буд. (15)

 

Натиҷа:

Иззат чӣ ба унвони хислати фардӣ ё рӯҳияи ҷамъӣ, маънои шикастнопазирӣ, салобати нафс, каромати волои рӯҳии инсон ва ҳифзи шахсият аст. Ситампазирӣ ва таҳаммули султаи ботил ва сукут дар баробари тааддӣ ва зери бори миннати душманон рафтан ва таслими фурумоягон шудан ва итоат аз кофирон ва фоҷирон ҳама ва ҳама аз зиллати нафс ва забунию пастии рӯҳ сарчашма мегирад. Қуръон дар ин бора мефармояд: و لله العزة و لرسوله و للمؤمنین

Худованд азиз аст ва иззатро барои худ ва Паёмбар ва соҳибони имон қарор додааст.

Имом Ҳусайн(а) дар бархурд бо атрофиёнаш ниҳояти эҳтиромро ба онон мегузошт ва ҳаргиз касеро ба дидаи ҳақорат наменигарист. Сифоти некуи афродро ҳамеша баён мекард, рӯҳияи худбовариро дар афрод парвариш медод. Дар воқеъ Имом каромати инсонии афродро зинда кард ва инро фаҳмонд, ки эй инсон ту ашрафи махлуқот ҳастӣ, Худованд ба ту обурӯву иззат додааст, пас ҷойгоҳи худатро бидон ва ин сармояи худододии худро ҳифз кун ва дар нигаҳдории он аз ҷонат моя бигзор, чун бидуни он ҷонат ҳеҷ гуна арзише надорад.

 

 Ёсин

Пайнавиштҳо:

1)     Мустадрак-ул-васоил, ҷ.5, саҳ.87.

2)     Сураи Нисоъ, ояи 139.

3)     Мавсуату калимот-ил-Ҳусайн(а), маъҳади таҳқиқоти Боқир-ул-улум, чопи аввал, Дор-ул-маъруф, саҳифаҳои 1373, 360, 830, 831, 799, 798, 797.

4)     Кифоят-ул-асар, саҳ. 234; Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, ҷ.12, саҳ.82.

5)     Мақотил-ул-толибин, саҳ.122; Кашф-ул-ғумма, ҷ.1, саҳ.579.

6)     Сураи Анъом, ояи 54.

7)     Мустадрак-ул-васоил, ҷ.8, саҳ.358.

8)     Туҳаф-ул-уқул, саҳ.248.

9)     Мустадрак-ул-васоил, ҷ.8, саҳ.359.

10) Кофӣ, ҷ.2, саҳ. 206; Васоил, ҷ.16, саҳ.376.

11) Фарҳанги Ошӯро, саҳ.386; Маоли-ус-сибтайн, ҷ.1, саҳ.220.

12) Мадинат-ул-маоҷиз, ҷ.4, саҳ.214.

13) Носих-ул-таворих, ҷ.2, саҳ.360.

14) Таърихи Табарӣ, ҷ.4, саҳ.315.

15) Мавсуату калимот-ил-имом-ил-Ҳусайн(а), саҳ.486.



[1]. Донишпажӯҳи адабиёти араб.

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...