Қуръон яке аз шаънҳои паёмбарон(с)-ро илова бар ҳидояти мардум ба сӯи Худованд сомон бахшидан ва ислоҳи ҷомеъа медонад.
قَالَ يَا قَوْمِ أَرَأَيْتُمْ إِن كُنتُ عَلَىَ بَيِّنَةٍ مِّن رَّبِّي وَرَزَقَنِي مِنْهُ رِزْقًا حَسَنًا وَمَا أُرِيدُ أَنْ أُخَالِفَكُمْ إِلَى مَا أَنْهَاكُمْ عَنْهُ إِنْ أُرِيدُ إِلاَّ الإِصْلاَحَ مَا اسْتَطَعْتُ وَمَا تَوْفِيقِي إِلاَّ بِاللّهِ عَلَيْهِ تَوَكَّلْتُ وَإِلَيْهِ أُنِيبُ
Гуфт: Эй қавм! Ба ман бигӯед, ҳар вақт ман далели ошкор аз парвардигорам дошта бошам ва ризқи хубе ба ман дода бошад, оё метавонам бар хилофи ӯ рафтор бикунам?! Ман ҳеҷ вақт намехоҳам, ки чизе, ки шуморо аз он бозмедорам, худам онро анҷом бидиҳам. Ман ҷуз ислоҳ — то онҷо ки дар тавонам аст — чизе дигаре аз шумо намехоҳам. Ва тавфиқи ман, ҷуз аз Худо нест. Бар ӯ таваккул мекунам ва ба сӯи ӯ бозмегардам. Пайғамбари Акрам(с) дар ҳамин росто дини устувор барои башарият овард, ки асли он бар тавҳид ва яктопарастӣ ва парастиши Худои бениёз устувор аст. Худое, ки аз рӯи лутфу муҳаббат паёмбаронро барои ҳидоят ва роҳнамоии башар ва таълиму тарбияту ҳикмат ва барпо доштани адолат фиристодааст. То инсонҳо ӯро бишносанд ва ба ӯ ишқу муҳаббат биварзанд. Расули Худо(с) хотами паёмбарон аст ва дини ӯ ҳамеша пойдор ва дар ҳадди камол ва беҳтарини динҳо аст, то башарро ба сӯи хайр ва саодат роҳнамоӣ бикунад.
مَّا كَانَ مُحَمَّدٌ أَبَا أَحَدٍ مِّن رِّجَالِكُمْ وَلَكِن رَّسُولَ اللَّهِ وَخَاتَمَ النَّبِيِّينَ وَكَانَ اللَّهُ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمًا
Муҳаммад(с) падари ҳеҷ як аз мардони шумо набуда ва нест, вале Расули Худо ва хатмкунанда ва охирини паёмбарон аст, Худованд ба ҳамаи чиз огоҳ аст . Дини Ислом барои худ ҷойгоҳи баландмартаба ва барои мусулмонон мақоми баландро дар назар дорад. Ҳадяи Расули Худо(с) Қуръони Карим аст ва Худованд ба василаи он ҳар касеро, ки дунболи хушнудии ӯ биравад ҳидоят мекунад ва ӯро аз торикӣ ба тарафи нур меоварад.
يَهْدِي بِهِ اللّهُ مَنِ اتَّبَعَ رِضْوَانَهُ سُبُلَ السَّلاَمِ وَيُخْرِجُهُم مِّنِ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّورِ بِإِذْنِهِ وَيَهْدِيهِمْ إِلَى صِرَاطٍ مُّسْتَقِيمٍ
Худованд ба баракати он касонеро, ки аз хушнудии ӯ пайравӣ бикунанд, ба роҳҳои саломат ҳидоят мекунад ва ба фармони худ аз торикиҳо ба тарафи равшанӣ мебарад ва онҳоро ба сӯи роҳи рост раҳбарӣ мекунад. Боз Худованд мефармояд:
بِالْبَيِّنَاتِ وَالزُّبُرِ وَأَنزَلْنَا إِلَيْكَ الذِّكْرَ لِتُبَيِّنَ لِلنَّاسِ مَا نُزِّلَ إِلَيْهِمْ وَلَعَلَّهُمْ يَتَفَكَّرُونَ
Аз онҳо бипурс, ки аз далелҳои равшан ва китобҳои паёмбарони пешин огоҳ ҳастанд ва мо ин зикр(Қуръон)-ро ба ту нозил кардем то ончиро, ки ба сӯи мардум нозил шудааст барои онҳо равшан бикунӣ ва шояд андеша бикунанд.
Ислоҳоти сиёсӣ
Асли қудрати сиёсии Расули Худо(с) аз Қуръон сарчашма гирифтааст. Он тавр ки барои хонадони ҳазрати Иброҳим(а) ҳаққи фармонравоии бузург қоил шудааст.
أَمْ يَحْسُدُونَ النَّاسَ عَلَى مَا آتَاهُمُ اللّهُ مِن فَضْلِهِ فَقَدْ آتَيْنَآ آلَ إِبْرَاهِيمَ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَآتَيْنَاهُم مُّلْكًا عَظِيمًا
Ё ин ки нисбат ба мардум (Паёмбар ва хонадонаш) бар ончи Худо аз фазлаш ба онон бахшида ҳасад меварзанд?! Мо ба Оли Иброҳим, ки яҳуд аз хонадони ӯ ҳастанд, низ китоб ва ҳикмат додем ва ҳукумати бузурге дар ихтиёри онҳо (паёмбарони Бани Исроил) қарор додем. Илова бар таълими китоб ва пок кардани инсонҳо, мақоми доварӣ ва қудрати сиёсиро аз шаъну манзалати вай дониста ва мӯъминонро ба пайравӣ ва итоат аз он ҳазрат тавсия карда аст.
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ أَطِيعُواْ اللّهَ وَأَطِيعُواْ الرَّسُولَ وَأُوْلِي الأَمْرِ مِنكُمْ فَإِن تَنَازَعْتُمْ فِي شَيْءٍ فَرُدُّوهُ إِلَى اللّهِ وَالرَّسُولِ إِن كُنتُمْ تُؤْمِنُونَ بِاللّهِ وَالْيَوْمِ الآخِرِ ذَلِكَ خَيْرٌ وَأَحْسَنُ تَأْوِيلاً
Эй касоне, ки имон овардаед! Итоат кунед Худоро! Ва итоат кунед Пайғамбари Худо ва соҳибони амрро. Ҳар вақт дар чизе даъво кардед, онро ба Худо ва Паёмбар бигуед (ва аз онҳо доварӣ талаб кунед) агар ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доред. Ин кор барои шумо беҳтар ва оқибат ва поёнаш некӯтар аст. инобар ин ҳаққи илоҳии Паёмбар(с) аст, ки низоми қабилагиро дигаргун карда ва як ҳукумати сиёсии исломӣ барпо кунад.
Дар соли аввали ҳиҷрӣ паймони ваҳдат ва ҳамбастагиро бо қабилаҳо баст. Бо ин паймон илова бар таълими китобу ҳикмат ва ҳидояти маънавии ¬ҷомеаи исломӣ як қудрати сиёсӣ низ ташкил дод ва худаш ҳукмрони он қарор гирифт. Бо аз байн рафтани қудрати низомии Қурайш ва бозгашти Расули Худо(с) аз сафари Табук қабилаҳои араби ҷануб донистанд, ки муқовимат дар баробари он ҳазрат беҳуда аст. Бинобар ин ҳайъатҳои худро ба Мадина фиристоданд то бо он ҳазрат паймони сулҳ бибанданд. Мушрикон мусулмон шуданд ва яҳудиёну масеҳиён паймони сулҳ бастанд. Қонуни ҳукумати он ҳазрат бар тибқи Қуръон ва дастуроти худи ӯ буд. Коргузорони ҳукумати он ҳазрат иборат буданд аз муаллимҳои Қуръон ва аҳком, котибони ваҳй ва номаҳову паймонҳо, фармонравоёни ҷанг, маъмурони иттилоот ва хабар, намояндагон ва сафирҳо, ҷонишинҳо дар Мадинаи Мунаввара, маъмурони молӣ ва иқтисоди. Инҳо нишон медиҳад, ки Расули Худо(с) ҳукумати худро бо як барномарезии муназзам идора мекардааст.
Ислоҳоти фарҳангӣ
Расули Худо(с) дар муддати рисолати худ инқилоби эътиқодӣ дар ҳаёти фарҳангии мардуме, ки аз ҷиҳати ахлоқ ва фарҳанг дур буданд ба вуҷуд овард. Пояҳои бутпарастиро аз байн бурд ва тавҳиду худопарастиро ривоҷ дод. Пайравони худро чунон тарбият карда буд, ки омода буданд ҷони худашонро фидои он ҳазрат бикунанд. Вай мазҳари ахлоқ буд ва шахсияти ӯ дар назди мусулмонон чунон бузург буд, ки онҳоро ҷазби худ мекард. Монанди парвона гирди шамъи вуҷудаш мечархиданд ва ошиқона фармони ӯро гӯш мекарданд. Ба тавре ки Урва ибни Масъуд сафири Қурайш назди он ҳазрат омаду гуфт: Ҳеҷ вақт подшоҳеро надидам,ки дар миёни ёрони худ он қадар маҳбубият дошта бошад, ки Муҳаммад(с) дар миёни ёрони худ дорад. Садои худро пеши вай баланд намекунанд ва ба ҳар коре фармон диҳад, зуд анҷом медиҳанд. Қуръон он ҳазратро чароғи фурӯзон ва таҷаллии раҳмати илоҳӣ бар ҷаҳониён медонад.
وَدَاعِيًا إِلَى اللَّهِ بِإِذْنِهِ وَسِرَاجًا مُّنِيرًا
Ва туро даъваткунанда ба сӯи Худо ба фармони ӯ қарор додем ва чароғи равшанибахш. Худованд боз хитоб ба он ҳазрат мефармояд:
فَبِمَا رَحْمَةٍ مِّنَ اللّهِ لِنتَ لَهُمْ وَلَوْ كُنتَ فَظًّا غَلِيظَ الْقَلْبِ لاَنفَضُّواْ مِنْ حَوْلِكَ فَاعْفُ عَنْهُمْ وَاسْتَغْفِرْ لَهُمْ وَشَاوِرْهُمْ فِي الأَمْرِ فَإِذَا عَزَمْتَ فَتَوَكَّلْ عَلَى اللّهِ إِنَّ اللّهَ يُحِبُّ الْمُتَوَكِّلِينَ
ба баракати илоҳӣ, дар баробари онон (мардум) нармху ва меҳрубон шудӣ! Ва агар бадахлоқ ва сангдил будӣ, мардум аз атрофи ту пароканда мешуданд. Пас онҳоро бибахш ва барои онҳо талаби мағфират бикун ва дар корҳо, бо онҳо машварат бикун! Аммо вақте ки тасмим гирифтӣ маҳкам бош ва бар Худо тавакул бикун, зеро Худованд касоне, ки таваккул мекунанд дӯст медорад. Ҳазрати Алӣ дар бораи Паёмбар(с) мефармояд:
طَبِیب دَوار بِطِبِهِ قَد اَحکَمَ مَراهِمَهِ
Табибе аст,ки барои муолиҷа ҳамеша мегардад ва марҳами ӯ беморро беҳтарин дармон аст. Ин табиби руҳонӣ бо доруҳои худ дилҳоеро ҷазб кард, ки дар ҷаҳолат ғутавар шуда буданд. Қудрати сабр, муҳаббат ва дӯстӣ ва дилсузии вай чунон буд, ки вақте ёронаш гуфтанд қабилаи Сақифро нафрин бикун, фармуд: Худоё қабилаи Сақифро ҳидоят бикун ва онҳоро аз ёрони мо қарор бидеҳ. Дар ҷавоби Туфайл ибни Амр, ки талаби нафрини қавмашро кард, фармуд: Худоё қавми ӯро ҳидоят бикун. Баъд ба Мадина пеши он ҳазрат омад ва бо ҳафтод хонавода мусулмон шуд.
Гузашт ва меҳрубонии он ҳазрат чунон буд, ки Сафвон ибни Умайя аз бузургони Қурайш,ки Умайр ибни Ваҳабро барои куштани Расули Худо(с) ба Мадина фиристода буд ва он ҳазрат хабардор шуд аз Паёмбар ду моҳ муҳлат гирифт то мусулмон бишавад, Расули Худо(с) чаҳор моҳ ба ӯ муҳлат дод. Он ҳазрат ба мубаллиғони худ фармон медод: Дар корҳо бар мардум осон бигиред ва сахт нагиред бимдиҳанда бошед ва мардумро пароканда накунед. Ислом дини муътадил аст, дар анҷоми дастурот бо мудоро рафтор бикунед. Он ҳазрат ҳамеша ба ёрони худ мефармуд: Маҳбубтарини шумо назди ман дар рӯзи қиёмат, хушахлоқтарини шумо аст. Бештар аз ҳама ба кӯдакон муҳаббат мекард пеши онҳо мерафт ва ба онҳо салом медод.
Ислоҳоти иҷтимоии Паёмбар(с)
Ваҳдат ва ҳамбастагии уммати исломӣ
Расули Худо(с) дар сояи ҳукумати Исломии худ ваҳдат ва ҳамбастагиро дар Ҳиҷоз ба вуҷуд овард ва як умматро ташкил дод. Низоми қабилаиро зери назари таълими исломӣ қарор дод ва ҷангҳои қабилаиро аз байн бурд. Қабиламадорӣ ҷои худро ба динмадорӣ ва парҳезкорӣ дод. Қабилаҳои пароканда таҳти фармон ва зери назари як раҳбар қарор гирифт. Бар асари таълими Расули Худо(с) арзишҳо ва пайвандҳои хонаводагӣ ва эҳтиром ба падару модар ва ҳамсар мустаҳкам гардид. Ташкили як уммат бар асоси имон, дар баробари низоми қабилаӣ ва расму русуми он замон, яъне душманӣ ва хунхоҳӣ буд.