СУРАИ АНФОЛ
Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 75 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
- Аз ту дар бораи анфол (ғаниматҳо ва сарватҳои умумӣ) мепурсанд, бигӯ: «анфол аз они Худо ва Паёмбар аст; пас аз Худо битарсед ва [робитаи] байни худатонро ислоҳ кунед ва агар мӯъмин ҳастед аз Худо ва Паёмбараш итоат кунед».
- Мӯъминон танҳо касоне ҳастанд, ки ҳар гоҳ Худо ёд шавад, дилҳояшон ҳаросон гардад ва ҳангоме ки оятҳояш бар онҳо тиловат шавад, имонашон зиёд гардад ва танҳо бар Парвардигорашон таваккал мекунанд.
- Касоне, ки намозро барпо медоранд ва аз он чи ба онон рӯзӣ додаем, инфоқ мекунанд;
- Онон худ дар ҳақиқат мӯъминанд; барои онҳо назди Парвардигорашон мартабаҳо ва омурзиш ва рӯзии арзишмандест.
- Ҳамон гуна, ки Парвардигорат ба ҳақ туро аз хонаат берун овард ва ба дурустӣ, ки гурӯҳе аз мӯъминон нохушнуд буданд.
- Дар бораи ҳақ, баъд аз он ки ошкор шуд бо ту баҳсу мунозара мекунанд, гӯё ин ки ба сӯи марг ронда мешаванд, дар ҳоле ки онҳо нигоҳ мекунанд.
- Ва ҳангоме ки Худо ба шумо яке аз ду гурӯҳро ваъда дод, ки он насиби шумо бошад ва дӯст медоштед, ки [корвони] ғайри ҷангӣ барои шумо бошад ва [-лекин] Худо мехоҳад бо суханони Худ ҳақро пойдор созад ва решаи кофиронро бибурад.
- То ҳақро пойдор созад ва ботилро аз байн бибарад ва ҳарчанд муҷримон нохушнуд бошанд.
- Ҳангоме ки Парвардигоратонро фарёд мекардед, пас шуморо пазируфт [ва гуфт:] ки Ман бо як ҳазор аз фариштагони пайи ҳам омада, ёрикунандаи шумо ҳастам.
- Ва Худо онро ҷуз башорате қарор надод ва то дилҳои шумо бо он ором гирад ва пирӯзӣ ҷуз аз ҷониби Худо нест; ба дурустӣ, ки Худованд пирӯзманди ҳаким аст.
- Ҳангоме ки шуморо ба хобе сабук, ки оромише аз ҷониби Ӯ буд, мепӯшонид ва аз осмон обе бар шумо мефиристод, то шуморо бо он пок созад ва олудагии шайтонро аз шумо дур кунад ва то дилҳоятонро устувор созад ва қадамҳоро бо он собит гардонад.
- Ҳангоме ки Парвардигорат ба фариштагон ваҳй кард, ки ҳамоно Ман бо шумо ҳастам; пас касонеро, ки имон овардаанд собит [-қадам] гардонед; ба зудӣ дар дилҳои касоне, ки куфр варзидаанд, ваҳшат хоҳам афканд; пас болои гарданҳоро бизанед ва ҳамаи сари ангуштонашонро бибуред.
- Ин ба сабаби он аст, ки онҳо бо Худо ва Паёмбараш мухолифат карданд ва ҳар кас бо Худо ва Паёмбараш мухолифат кунад, пас қатъан Худо сахткайфар аст.
- Ин [азоби дунёст] пас онро бичашед ва ҳамоно барои кофирон азоби оташ аст.
- Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме ки бо анбуҳи касоне, ки куфр варзиданд рӯ ба рӯ шавед, пас ба онҳо пушт накунед.
- Ва ҳар кас дар он рӯз ба онҳо пушт кунад -магар инки барои ҷанге [ду бора] канорагирӣ кунад ё барои пайвастан ба гурӯҳе- пас ҳатман ба ғазабе аз ҷониби Худо гирифтор хоҳад шуд ва ҷойгоҳаш ҷаҳаннам аст ва чи бад ҷойгоҳест.
- Пас онҳоро накуштед валекин Худо онҳоро кушт ва ҳангоме ки [регҳо ё тирҳоро] андохтӣ, ту наяндохтӣ, валекин Худо андохт ва то аз ҷониби Худ мӯъминонро бо имтиҳони некӯе биозмояд; қатъан Худованд шунавои доност.
- Ин [ёрии Худо буд] ва қатъан Худо сусткунандаи найранги кофирон аст.
- Агар пирӯзӣ мехостед, пас ба яқин пирӯзӣ ба сӯи шумо омад ва агар худдорӣ кунед, пас он барои шумо беҳтар аст ва агар бозгардед, боз мегардем ва гурӯҳи шумо ҳарчанд зиёд бошад, чизеро аз шумо дафъ намекунад ва қатъан Худо бо мӯъминон аст.
- Эй касоне, ки имон овардаед! Аз Худо ва Паёмбараш итоат кунед ва дар ҳоле ки шумо мешунавед аз ӯ рӯй нагардонед.
- Ва монанди касоне набошед, ки гуфтанд: «шунидем». Ва ҳол он ки онҳо намешуниданд.
- Бешак, бадтарин ҷунбандагон назди Худо кар [ва] гунгонанд, ки намеандешанд.
- Ва агар Худо хайре дар онҳо медонист, қатъан онҳоро шунаво мекард ва агар онҳоро шунаво мекард, дар ҳоле ки саркаш буданд, ҳатман онҳо рӯй мегардониданд.
- Эй касоне, ки имон овардаед! [Даъвати] Худо ва Паёмбарро бипазиред, ҳангоме ки шуморо ба сӯи чизе даъват мекунад, ки ба шумо ҳаёт мебахшад ва бидонед, ки Худо байни инсон ва дилаш ҳоил мешавад ва қатъан ба сӯи Ӯ маҳшур мешавед.
- Ва аз фитнае битарсед, ки танҳо ба касоне аз шумо, ки ситам кардаанд, намерасад ва бидонед, Худованд сахткайфар аст.
- Ва ёд кунед ҳангомеро ки шумо дар замин, андак [ва] мустазъаф будед; метарсидед, ки мардум шуморо бирабоянд, пас [Худо] шуморо паноҳ дод ва бо ёрии Худ шуморо таъйид кард ва аз покизаҳо ба шумо рӯзӣ дод, то шояд шумо шукргузорӣ кунед.
- Эй касоне, ки имон овардаед! Ба Худо ва Паёмбар хиёнат накунед ва дар амонатҳоятон хиёнат накунед, дар ҳоле ки шумо медонед.
- Ва бидонед, ки амволи шумо ва фарзандони шумо василаи имтиҳон аст ва яқинан Худо, дар наздаш подоши бузург аст.
- Эй касоне, ки имон овардаед! Агар аз Худо битарсед, барои шумо ҷудокунанда [-и ҳақ аз ботил] қарор медиҳад ва бадиҳоятонро аз шумо мепӯшонад ва шуморо меомурзад ва Худо соҳиби фазли бузург аст.
- Ва онгоҳ касоне, ки куфр варзиданд дар бораи ту макр мекарданд, то туро боздошт кунанд ё туро бикушанд ё туро [аз ватан] берун кунанд ва макр мекарданд ва Худо тадбир мекард ва Худо беҳтарин тадбиркунандагон аст.
- Ва ҳангоме ки оятҳои Мо бар онҳо хонда мешавад, мегӯянд: «дар ҳақиқат шунидем, агар мехостем ҳатман монанди онро мегуфтем; ин [Қуръон] ҷуз афсонаҳои пешиниён нест».
- Ва онгоҳ, ки гуфтанд: «Худоё! Агар танҳо ин [Қуръон] аз назди Ту ҳақ аст, пас аз осмон санге бар мо биборон ё азоби дардноке бар мо биёвар».
- Ва [лекин] то ту дар миёни онҳо ҳастӣ Худо ҳаргиз онҳоро азоб намекунад ва [низ] дар ҳоле ки онон истиғфор мекунанд, Худо азобкунандаи онон нест.
- Ва чаро Худо онҳоро азобашон накунад, дар ҳоле ки онон [мардумро] аз Масҷид-ул-ҳаром боз медоранд ва ҳол он ки сарпарастони он нестанд. Сарпарастони он, ҷуз парҳезгорон нестанд, валекин бештари онҳо намедонанд.
- Ва намозашон назди хона [-и Каъба] ҷуз сут кашидан ва каф задан набуд; пас ба сазои он чи куфр меварзидед, азобро бичашед.
- Дар ҳақиқат касоне, ки куфр варзиданд амволашонро харҷ мекунанд, то [мардумро] аз роҳи Худо боздоранд, пас ба зудӣ онро харҷ мекунанд, сипас бар онон ҳасрате хоҳад шуд. Онгоҳ мағлуб мешаванд ва касоне, ки куфр варзиданд, ба сӯи ҷаҳаннам маҳшур мешаванд.
- То Худо палидро аз пок ҷудо созад ва палид [-ҳо]-ро рӯи ҳамдигар қарор диҳад; пас ҳамаи онро анбошта кунад, сипас дар ҷаҳаннам қарораш диҳад; онон худ зиёнкоранд.
- Ба касоне, ки куфр варзиданд, бигӯ: «агар [мухолифатро] поён диҳанд, он чи ҳақиқатан гузаштааст, барояшон омурзида мешавад ва агар бозгарданд, пас ба яқин суннат [ва қонуни Худо дар ҳалокат]-и пешиниён гузаштааст.
- Ва бо онон биҷангед, то ин ки ҳеҷ фитнае боқӣ намонад ва дин ҳамааш барои Худо бошад. Пас агар онон [ба куфр] поён доданд, пас яқинан Худо ба он чи анҷом медиҳанд биност.
- Ва агар рӯй гардонанд, пас бидонед, ки Худо мавлои шумост; чӣ некӯ мавлое ва чӣ некӯ ёварест!
- Ва бидонед, ки ҳар чи аз ғанимат ба даст оваред, пас як панҷуми он танҳо барои Худо ва барои Паёмбар ва барои наздикон ва ятимон ва бенавоён ва дар роҳмонда аст; агар ба Худо ва он чи бар бандаамон дар рӯзи ҷудои [-и ҳақ аз ботил] рӯзе, ки ду гурӯҳ рӯ ба рӯ шуданд, нозил кардем, имон овардаед ва Худо бар ҳама чиз тавоност.
- Онгоҳ, ки шумо дар ҷониби наздиктар будед ва онҳо дар ҷониби дуртар буданд ва корвон поинтар аз шумо буд ва агар бо якдигар ваъда [-и ҷанг] медодед, қатъан дар бораи ваъдагоҳ ихтилоф мекардед, валекин Худо [бар он буд] то кореро ки бояд анҷом мешуд ба поён расонад; то ҳар кас, ки ҳалок мешавад аз рӯи далел ҳалок шавад ва ҳар кас, ки зинда мешавад аз рӯи далел зинда шавад ва ба таҳқиқ Худованд шунавои доност.
- Онгоҳ, ки Худо онҳоро дар хобат ба ту андак нишон медод ва агар онҳоро ба ту бисёр нишон медод, қатъан суст мешудед ва ҳатман дар ин кор кашмакаш мекардед, валекин Худо [шуморо] саломат дошт; ба дурустӣ, ки Ӯ ба рози дилҳо доност.
- Ва онгоҳ, ки бо ҳам рӯ ба рӯ шудед, онҳоро дар чашмонатон андак нишон медод ва шуморо [низ] дар чашмони онҳо кам нишон медод, то Худо кореро, ки бояд анҷом мешуд, ба поён расонад ва ҳамаи корҳо ба сӯи Худо баргардонида мешавад.
- Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме ки бо гурӯҳе рӯ ба рӯ шудед, пас собит [-қадам] бошед ва Худоро бисёр ёд кунед; шояд шумо растагор шавед.
- Ва аз Худо ва Паёмбараш итоат кунед ва бо ҳамдигар кашмакаш накунед, ки суст мешавед ва ҳайбати шумо аз байн меравад ва сабр кунед; қатъан Худо бо собирон аст.
- Ва монанди касоне набошед, ки аз рӯи ғурур ва худнамоӣ ба мардум, аз диёрашон берун омаданд ва [мардумро] аз роҳи Худо боз медоранд ва Худо ба он чи анҷом медиҳанд, иҳота [ва тасаллут] дорад.
- Ва ҳангоме ки шайтон корҳояшонро барои онҳо зинат дод ва гуфт: «имрӯз ҳеҷ кас аз мардум наметавонад бар шумо ғолиб гардад ва ба дурустӣ, ки ман ҳамсоя [ва паноҳдиҳандаи] шумо ҳастам». Пас ҳангоме ки ду гурӯҳ бо ҳамдигар рӯ ба рӯ шуданд [шайтон] ба ақиб баргашт ва гуфт: «ҳамоно ман аз шумо безорам; ба дурустӣ ман он чиро мебинам, ки намебинед; дар ҳақиқат ман аз Худо метарсам ва Худо сахткайфар аст».
- Ҳангоме ки мунофиқон ва касоне, ки дар дилҳояшон беморӣ аст, мегуфтанд: «инҳоро динашон фирефта сохтааст». Ва ҳар кас бар Худо таваккал кунад, пас қатъан Худованд пирӯзманди ҳаким аст.
- Ва агар медидӣ, ҳангомеро ки фариштагон [ҷони] касонеро, ки куфр варзиданд, мегирифтанд, бар рӯйҳояшон ва пуштҳояшон мезаданд ва [мегуфтанд] азоби сӯзонро бичашед.
- Ин [азоб] ба сазои он чизест, ки аз пеш фиристодаед ва ҳаргиз Худо бар бандагон ситамгар нест.
- [Шеваи онон] ҳамчун шеваи оли Фиръавн ва касонест, ки пеш аз онҳо буданд, ки ба оятҳои Худо куфр варзиданд; пас Худо ба сабаби гуноҳонашон [гиребони] ононро гирифт; бешак, Худованд тавонои сахткайфар аст.
- Ин ба сабаби он аст, ки Худо ҳеҷ неъматеро, ки ба гурӯҳе додааст, тағйир намедиҳад, то он ки он чиро, ки дар худашон аст, тағйир диҳанд ва ба яқин Худованд шунавои доност.
- [Шеваи онон] ҳамчун шеваи оли Фиръавн ва касонест, ки пеш аз онҳо буданд, ки оятҳои Парвардигорашонро такзиб карданд; пас онҳоро ба сабаби гуноҳонашон ҳалок кардем ва фиръавниёнро ғарқ кардем ва ҳама [-и онҳо] ситамгар буданд.
- Бешак, бадтарин ҷунбандагон назди Худо касоне ҳастанд, ки куфр варзиданд; пас онҳо имон намеоваранд;
- Касоне, ки аз онҳо паймон гирифтаӣ, онгоҳ дар ҳар бор паймонашонро мешикананд ва онҳо парҳезгорӣ намекунанд.
- Ва агар ононро дар ҷанг биёбӣ, пас [бо ҳамла] ба онон касонеро, ки пушти сарашон ҳастанд, пароканда соз; бошад, ки онон панд гиранд.
- Ва агар воқеан аз хиёнати гурӯҳе хавф дошта бошӣ, пас [паймонашонро] ба сурати баробар ба сӯи онҳо биандоз. Ба дурустӣ, ки Худо хиёнаткоронро дӯст намедорад.
- Ва касоне, ки куфр варзиданд, набояд пиндоранд, ки пешӣ гирифтаанд; ба таҳқиқ онон [Худоро] нотавон намесозанд.
- Ва он чи аз нерӯ ва аз аспҳои омода дар тавон доред, барои [муқобила бо] онҳо омода созед; бо он душмани Худо ва душмани худ ва гурӯҳи дигаре ғайр аз инҳоро, -ки онҳоро намешиносед [ва] Худо онҳоро мешиносад- битарсонед ва ҳар чи дар роҳи Худо инфоқ мекунед, ба таври комил ба шумо дода мешавад; дар ҳоле ки шумо ситам намешавед.
- Ва агар ба сулҳ гароиш ёбанд, пас [ту низ] ба он гароиш дошта бош ва бар Худо таваккал кун; қатъан Ӯ Худ шунавои доност.
- Ва агар бихоҳанд туро фиреб диҳанд, пас ҳамоно Худо туро кофӣ аст; Ӯ Зотест, ки туро бо ёрии Худ ва бо мӯъминон таъйид кард.
- Ва байни дилҳояшон улфат дод; агар ҳамаи он чиро, ки дар замин аст харҷ мекардӣ наметавонистӣ байни дилҳояшон улфат диҳӣ, валекин Худо дар миёни онҳо улфат эҷод кард; ба дурустӣ, ки Ӯ пирӯзманди ҳаким аст.
- Эй Паёмбар! Худо ва касоне аз мӯъминон, ки аз ту пайравӣ кардаанд, туро кофӣ аст.
- Эй Паёмбар! Мӯъминонро ба ҷиҳод тарғиб кун; агар аз шумо бист нафар пойдор бошанд, бар дусад нафар ғолиб мешаванд ва агар аз шумо сад нафар бошанд, бар ҳазор нафар аз касоне, ки куфр варзиданд, ғолиб мешаванд; ба хотири он ки онҳо гурӯҳе ҳастанд, ки [хуб] намефаҳманд.
- Акнун Худо бар шумо сабукӣ дод ва донист, ки дар шумо заъфест; пас агар аз шумо сад нафар пойдор бошад, бар дусад нафар пирӯз мешавад ва агар аз шумо ҳазор нафар бошад, ба хости Худо бар ду ҳазор нафар ғолиб мешаванд ва Худо бо собирон аст.
- Сазовори ҳеҷ паёмбаре нест, ки барои ӯ асироне бошад, то ин ки дар замин комилан мусаллат шавад. [Шумо] моли нопойдори дунёро мехоҳед ва Худо охиратро мехоҳад ва Худо пирӯзманди ҳаким аст.
- Агар ҳукме аз ҷониби Худо муқаррар нашуда буд, ба хотири он чи (асир) гирифтед, қатъан азоби бузурге ба шумо мерасид.
- Ва аз он чи ба ғанимат гирифтед, ҳалол [ва] покиза бихӯред ва аз Худо битарсед; ба дурустӣ, ки Худованд омурзандаи меҳрубон аст.
- Эй Паёмбар! Ба касоне аз асирон, ки дар дасти шумо ҳастанд бигӯ: «агар Худо хайре дар дилҳои шумо медонист, беҳтар аз он чи аз шумо гирифта шуд, ба шумо медод ва шуморо меомурзид». Ва Худованд омурзандаи меҳрубон аст.
- Ва агар бихоҳанд ба ту хиёнат кунанд, пас ба таҳқиқ пеш аз ин ба Худо хиёнат карданд. Ва [туро] бар онҳо қудрат дод ва Худованд донои ҳаким аст.
- Ҳамоно касоне, ки имон оварданд ва ҳиҷрат карданд ва бо амволу ҷонҳояшон дар роҳи Худо ҷиҳод карданд ва онҳо, ки паноҳ доданд ва ёрӣ намуданд, онҳо ёрони ҳамдигаранд. Ва касоне, ки имон оварданд ва ҳиҷрат накарданд, шуморо бо онҳо ҳеҷ пайванде нест, то ин ки ҳиҷрат кунанд. Ва агар аз шумо дар бораи дин ёрӣ бихоҳанд, пас бар шумост ёрӣ кардан; магар бар зидди қавме, ки байни шумо ва байни онон паймоне бошад ва Худо ба он чи анҷом медиҳед биност.
- Ва касоне, ки куфр варзиданд, баъзе онон ёварони баъзе [дигар] ҳастанд. Агар ин [дастур]-ро анҷом надиҳед, фитна ва фасоди бузурге дар замин ба вуҷуд меояд.
- Ва касоне, ки имон оварданд ва ҳиҷрат карданд ва дар роҳи Худо ҷиҳод карданд ва онҳо, ки паноҳ доданд ва ёрӣ намуданд, онҳо худ мӯъминони ҳақиқианд; барои онҳо омурзиш ва рӯзии арзишманд аст.
- Ва касоне, ки баъд аз ин имон оварданд ва ҳиҷрат карданд ва ҳамроҳи шумо ҷиҳод карданд, пас онон аз шумо ҳастанд ва хешовандон, баъзе аз онҳо нисбат ба баъзе [дигар] дар китоби Худо сазовортаранд; ба дурустӣ, ки Худо ба ҳама чиз доност.