Бо баҳори дилҳо (4)

Ҳарфҳои муқаттаъа

Чаро дар аввали сураҳои Қуръон монанди “Бақара” ва “Оли Имрон” калимаҳое монанди (алиф.лом.мим) омада аст? Ин калимаҳо чӣ маъно доранд?

Ба ин ҳарфҳо, ҳарфҳои муқаттаъа гуфта мешавад ва масалан (الم) чунин хонда мешавад (алиф), (лом), (мим). Аз ҳарфҳои муқаттаъа чанд тафсир шудааст, ки ман ду тафсири онро баён мекунам.

1. Ин ҳарфҳо рамзҳое байни Худованд ва Паёмбар (с) ҳастанд, ки мардуми оддӣ онро намефаҳманд.

2. Худованд ин ҳарфҳоро дар аввали бархе аз сураҳо овардааст, то ба мардум ёдоварӣ кунад, ки Қуръоне, ки мӯъҷизаи Паёмбар (с) аз ҳамин ҳарфҳои алифбо сохта шудааст, ки дар ихтиёри ҳамаи мардум аст, вале бо ин ҳол наметавонанд монанди Қуръон биёваранд.[1]  

Байни Қуръон ва тарҷумаи он, чӣ фарқе аст?

Байни Қуръон ва тарҷумааш чанд фарқ ҳаст:

А) Қуръон каломи Худо ва бо забони арабӣ аст, вале тарҷумаи он мумкин аст ба забонҳои гуногун бошад.

Б) Қуръон гуфтори Худост, вале тарҷумаи он сохтаи инсонҳост. Қуръон шеваи махсус ба худашро дорад ва касе наметавонад ҳатто як сура монанди Қуръон биёварад, вале тарҷумаи Қуръон ҳеҷ як аз хусусиёти болоро надорад.

В) Нигоҳ кардан ба Қуръон ва хондан аз рӯи Қуръон савоб дорад.

Г) матни арабии Қуръон аҳкоми хоссе дорад, монанди бетаҳорат наметавон ба хатти Қуръон даст зад ва дар намоз бояд айни матнии арабии Қуръон хонда шавад.

Д) Дар ривоятҳо бар ёдгирии аслӣ Қуръон, ки ба забони арабӣ аст таъкиди хоссе шудааст, чунонки Паёмбар (с) фармуд: Қуръонро бо арабиаш ёд бигиред.[2]

Аввалин бор чӣ касе Қуръонро тарҷума кард?

Нахустин касе, ки бо иҷозаи Пайғамбари Акрам (с) сураи Ҳамдро ба форсӣ тарҷума кард, Салмони Форсӣ(рз) буд.[3] Дар солҳои баъд низ донишмандони мусулмон шуруъ ба тарҷумаи Қуръон карданд.

Тафсири Қуръон

Чӣ касоне метавонанд Қуръонро тафсир кунанд?

Тафсири Қуръони Карим аз улуми тахассусӣ аст ва касоне метавонанд муфассири Қуръон шаванд, ки илмҳои мавриди ниёз барои тафсирро ёд гирифта бошад, ба назари шумо оё ҳар кас метавонад мағозаеро шифохона дар назар бигирад ва эълом кунад, ки «эй мардум ман пизишк ҳастам, биёед то шуморо дармон кунам ё ҳавопайморо ҳидоят кунад? Тафсири Қуръони Карим низ чунин аст, муфассири Қуръон бояд ҳадди ақал дар понздаҳ риштаи илмӣ аз ҷумла адабиёти араб, фиқҳ, улуми Қуръон, ҳадис ва ғайра мутахассис бошад.

Аз тарафе доштани рӯҳи пок (шароити рӯҳӣ) лозим аст, касе метавонад Қуръонро ба дурустӣ тафсир кунад, ки ботақво бошад ва рӯҳи худашро бо оби зулоли тавба шустушӯ дода бошад, худаш ба ончи Қуръон ба он дастур додааст, амал кунад ва дар як ҷумла, шахсият ва ахлоқу кирдори қуръонӣ дошта бошад.

Ҳарчанд тафсири Қуръон, махсуси касоне аст, ки шароити тафсирро дошта бошанд, аммо мо ҳам метавонем Қуръонро бихонем, дар оятҳояш тадаббур кунем, ба тарҷумаи он таваҷҷӯҳ кунем, ба тафсирҳои муътабар муроҷеа кунем ва аз натиҷаи фикрӣ ва андешаи муфассирони бузург баҳра бибарем.

 Маънои нузули Қуръон

Нозил шудани Қуръон ба чӣ маъност?

Решаи калимаи »нозил« “назала” аст. Ва дар забони арабӣ вақте чизе аз боло ба поён фуруд ояд, мегӯянд нозил шуд, чунонки дар бораи борон мегӯем, ки нузули борон ва чун раҳмати илоҳӣ аз тарафи Худованд-ки мақомаш болотарин аст- ба мардум мерасад мегӯянд: Нузули раҳмати илоҳӣ ва ин  ки мегӯянд »Қуръонро нозил фармуд, яъне калимаҳо ва оятҳои Қуръонро Худованд фуруд овард ва онро дар ихтиёри ҳазрати Муҳаммад (с) қарор дод. Дар воқеъ, Худои Бузург оятҳои Қуръонро офарид ва онро барои ҳазрати Муҳаммад (с) фуру фиристод«.[4]

 Оё сураҳои Қуръонро Худо нозил карда ё Паёмбар(с) онҳоро овардааст?

Қуръонро Худованд аз тариқи фариштаи ваҳй (Ҷабраил(а)) бар Паёмбар(с) нозил кардааст ва ин матлаб дар Қуръон омадааст.

﴿وَأَنزَلْنَا إِلَيْكَ الذِّكْرَ لِتُبَيِّنَ لِلنَّاسِ مَا نُزِّلَ إِلَيْهِمْ وَلَعَلَّهُمْ يَتَفَكَّرُونَ ﴾ [5]                                                                        

Ва мо ин Зикр (Қуръон)-ро бар ту нозил кардем, то он чиро, ки ба сӯи мардум нозил шудааст, барои онҳо равшан созӣ. Ва шояд андеша кунанд.

﴿اللَّهُ الَّذِي انزَلَ الْكِتَابَ بِالْحَقِّ وَالْمِيزَانَ وَمَا يُدْرِيكَ لَعَلَّ السَّاعَةَ قَرِيبٌ﴾[6]

Худованд касе аст, ки китоб(Қуръон)ва мизон (санҷиши ҳаққу ботил ва хабари қиёмат)-ро ба ҳақ нозил кард ва ту чӣ медонӣ шояд соат (-и қиёмат) наздик бошад!

Ҳамчунин ояти 176 сураи “Бақара” ояти 2 ва 3 сураи “Оли Имрон” ва ояти 196 аз сураи “Аъроф”-ро бо тарҷумааш бихонед.

Қуръон чигуна нозил шудааст?

Замоне ки зулм ва торикӣ ҳама ҷои заминро фаро гирфта буд, зурмандон ба мазлумон ситам мекарданд, мардум дар ҷаҳлу нодонӣ басар мебурданд, хуни якдигарро мерехтанд ва дар як калом ба фармудаи Қуръон, дар замоне ки мардум бар лаби партгоҳи оташ қарор доштанд, (сураи Оли Имрон ояти 103) Худо ба ҳазрати Муҳаммад(с) ваҳй фиристод ва ин гуна буд, ки аввалин ояти Қуръон бар Паёмбар (с) нозил шуд. Бештари сураҳои кӯчак монанди Ҳамд, Тавҳид ва ғайра ба таври комил ва як ҷо бар Паёмбар (с) нозил мешуд, масалан як бор, ки фиристодаи ваҳй назди Расули Худо(с) меомад, сураи Тавҳид нозил мешуд, пас аз муддате сураи дигаре нозил мешуд ва ҳамин тавр.

Вале дар ғолиби сураҳои бузург монанди Бақара ва Нисо як сураи комил бар Паёмбар(с) нозил намешуд, балки чанд оят нозил мешуд. Барои мисол, шахсе назди Паёмбар (с) меомад ва масъалае мепурсид, пас аз муддате оят нозил мешуд ва он шахс посухи пурсиши худро дарёфт мекард ё мусулмонон гоҳе корҳои бисёр хубе, ки сазовори подоши илоҳӣ бошад анҷом медоданд ё кори зиште, ки сазовори сарзаниш бошад анҷом медоданд, дар ин сурат ояте нозил мешуд ва мусулмононро ба хотири кори хубашон ташвиқ ва ба хотири кори бадашон сарзаниш мекард. Аз кофирон мехост пайрави оини ҳақ бошанд бо далелҳои муҳкам, вуҷуди Худованд ва қиёматро исбот мекард.[7]

 


[1] Тафсири Намуна, ҷ.1 с.35

[2]. Ниг. Муҳаммадҳодии Маърифт, Таърихи Қуръон, саҳ. 185-187.

[3]. Ҳамон, саҳ. 196.

[4]. Ал-мизон, ҷ.15, саҳ. 344.

[5]. Наҳл, ояти 44.

[6]. Шуро, ояти 17.

[7]. Саидмуҳаммад Боқири Ҳуҷҷатӣ, Пажӯҳишҳое дар таърхи Қуръони Карим, саҳ. 66-70 ва Муҳаммадҳодии Маърифат, Таърихи Қуръони Карим, саҳ. 81-82.

Охирин матолиб

Одоби тиловати Қуръон

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...

тарҷума

Тарҷумаи СУРАИ ИСРО

СУРАИ ИСРО Ин сура дар Макка нозил шуда ва 111 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Муназзаҳ аст Зоте, ки бандаашро шабонгоҳе аз Масҷид-ул-ҳаром...