Ҳикмати вуҷуди муташобиҳот дар Қуръон

Ақсоми ташобуҳ дар Қуръон

Ташобуҳ дар оёти Қуръон бар асоси маншаи ба вуҷуд омадани он ба ду қисм тақсим мешавад:

  1. 1.Аслӣ: Ташобуҳи аслӣ он аст, ки ба гунаи табии, яъне ба сабаби кӯтоҳӣ ва густардагии маъно ба вуҷуд омада бошад; яъне аз тарафе, алфоз ва калимоти мавзӯа дар луғати араб бештар барои ифодаи маонии кӯтоҳ ва сатҳӣ сохта шудаанд ва барои ифодаи маонии густурда ва амиқ кашиш ва гунҷоиш надоранд ва аз тарафе ҳам, Қуръон мултазим буда, ки аз алфози мавзӯаи араб ва аз шеваҳои каломии онҳо истифода кунад:

﴿إِنَّا جَعَلْنَاهُ قُرْآنًا عَرَبِيًّا لَّعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ﴾[1]

“Ҳамоно мо онро Қуръони арабӣ қарор додем, шояд, ки шумо биандешед.”

Лизо барои баёни маонии воло, ба ночор роҳи киноя, маҷоз ва истиораро паймуд ва ин худ бар араб ғариб менамуд.

Оёте, ки дар бораи мабдаъ ва маод, масъалаи иститоати (қудрат дар ихтиёр) инсон, миқдори тасарруфи ӯ дар ҷаҳон, офариниш, илали таклиф ва монанди он баҳс мекунанд, навъан аз ин қисм ҳастанд, зеро маонӣ, баланд ва дақиқ аст, вале алфоз бисёр кӯтоҳ ва норасост. Теъдоди ин қабил оёти муташобиҳа нисбат ба маҷмӯи оёти қуронӣ андак ва бо муроҷиа бо оёти муҳкама (ки уммул китоб мебошанд) ва низ аҳодиси Паёмбари Акрам (с), пешвоёни дин ва салафи солеҳ, мафоҳими онҳо маълум мешавад.

  1. 2.Аразӣ: Ташобуҳи аразӣ дар асари бархурд ва тазоруби орову ақоид ва пайдоиши мазоҳиби ва гироишҳои мухталифе, ки баъд аз асри нузули Қуръон рӯх дод, ба вуҷуд омад. Ин оёт дар оғози Ислом, муташобеҳ набуд ва мусалмонон бо саломати табъ ва хулуси ният бо он бархурд ва умуман маъно ва муроди онро ба хубӣ дарк мекарданд, вале пас аз ба вуҷуд омадани мабоҳиси ҷадалӣ ва масоили каломӣ, роиҷ шудани бархе матолиби фалсафӣ (ки ҷаста ва гурехта ва ба гунаи нопухта ва норас аз Юнон ба ин диёр роҳ ёфт) ҳолае аз ғубор бар чеҳраи бисёре аз оёт намудор гашт. Ҳар фирқа ва гурӯҳ барои худ ва пуштивонасозии мазҳаби худ ва ёфтани дастовези авомписанд, ба суроғи Қуръон рафта ва боис шуданд оёте, ки то дирӯз аз муҳкамот буд, имрӯз дар зумраи муташобиҳот дарояд.

Умдаи ташобуҳ дар Қуръон, ташобуҳи аразӣ аст ва бештарин оёти муташобеҳ (ки имрӯз матраҳ аст) аз ин қабил мебошанд.[2]

Ҳикмати вуҷуди муташобиҳот дар Қуръон

Вуҷуди муташобиҳот дар Қуръони карим баҳонаи бархе айбтарошон бар ин китоби муқаддас шудааст. Онҳо мегӯянд Қуръон муддаи аст, ки қавли фасл аст, фурқон ва тамйиздиҳандаи ҳақ аз ботил аст, ҳеҷ гуна ботиле дар он вуҷуд надорад; дар ҳоле ки оёти муташобеҳи он оёте ҳастанд шубҳаангез, дерёб ва мушкилофарин. Фирқаҳо ва мазоҳиби гуногуни исломӣ ҳар як барои исботи ҳақонияти хеш ба ҳамин Қуръон истидлол карда, оёте аз Қуръонро мавриди истидлоли хеш қарор медиҳанд. Далели ин амр чизе ҷуз вуҷуди муташобиҳот дар Қуръон нест. Оё агар ин китоб тамомаш муҳкамот буд бо аҳдофи табйиншуда аз сӯи худи Қуръон созгортар набуд? Ва усулан фалсафаи ҳикмати вуҷуди муташобиҳот дар Қуръон чист?

Имом Фахри Розӣ дар тафсири худ панҷ ваҷҳ дар ин маврид баён карда, ки Рашидризо дар тафсири Алманор, пас аз ноқис шумурдани вуҷуҳи мазкур,[3] се ваҷҳи дигарро аз устодаш “Шайх Муҳаммад Абдуҳ” нақл мекунад, аз ҷумла ин ки вуҷуди муташобиҳот худ ҷанбаи озмоишӣ ва имтиҳонӣ дорад. Агар Қуръон тамоман муҳкамот буд, ҳама касоне, ки дар зоҳир имон оварда буданд, ночор онро қабул мекарданд, вале қисмате аз он ба сурати муташобеҳ нозил шуд, то василаи имтиҳон бошад.

Файласуфи бузург, Ибни Рушди Андалусӣ дар посух ба иллати вуҷуди муташобиҳот мегӯяд:

Мардум се гурӯҳанд: уламо ва донишмандон; оммаи мардум, ки баҳрае аз илму дониш набурдаанд ва гурӯҳе байни ин ду гурӯҳ қарор мегиранд, ки на дар сатҳи илмии донишмандон ҳастанд ва на дар маҷмӯаи аввом. Ҳамин гурӯҳанд, ки “ташобуҳ” барояшон падид меояд ва Худованд онҳоро накӯҳидааст, зеро донишмандон, дар шаръи муқаддас ташобуҳе ба вуҷуд намеоваранд ва медонанд ҳар оятро чи гуна ба ваҷҳи саҳеҳи мавриди назари шаръ ирҷоъ диҳанд. Умуми мардум ҳам, ки асосан огоҳӣ аз ин шукук ва эродот надоранд ва ба ҳамон зоҳири оёт басанда мекунанд.

Вай изофа мекунад: таолими шаръӣ ҳамонанди ғизое аст, ки барои аксари баданҳо (навъи афрод) нофеъ в сӯдманд аст ва чи басо барои ақалияте эҷоди зарар намояд ва ба ҳамин ҷиҳат Қуръон ба ин нукта ишора намуда аст: ﴿وَمَا يُضِلُّ بِهِ إِلَّا الْفَاسِقِينَ﴾[4] ин ташобуҳ барои андаке аз мардум дар теъдоди каме аз оёти Қуръон, ки мутазамини эълом аз чизҳои моварои ҳиссӣ аст рӯх медиҳад. Қуръон аз амри ғайри маҳсус ва ғайбӣ ба як амри ҳиссӣ, ки аз ҳамаи умури ҳиссии дигар ба он амри ғайбӣ наздиктар аст ва шабоҳати бештаре дорад, таъбир мекунад. Бархе аз мардум ҳамин мисоли маҳсусро ахз мекунанд ва дучори шакку тардид мешаванд.[5]

Ба назари Аллома Таботабоӣ илқои мафоҳим ва маонӣ ба инсон ҷуз аз тариқи маълумоти зеҳние, ки дар тӯли зиндагии вай барояш фароҳам гардида, мумкин нахоҳад буд. Агар фарде маънус бо умури ҳиссӣ бошад илқо аз тариқи маҳсусот ва агар ба маонии куллӣ ноил гашта бошад, аз ҳамон тариқ, ба мизони найл ба маонӣ сурат хоҳад гирифт.

Аз тарафе ҳидояти динӣ ихтисос ба гурӯҳи хоссе аз мардум надорад, балки ҳамаи гурӯҳҳо ва тамоми табақотро дар бар мегирад. Ихтилофи сатҳи афкори мардум аз як сӯ ва умумияти амри ҳидоят барои ҳама аз сӯи дигар боис шудааст, ки баёноти Қуръон дар қолиби амсол сурат гирад, бадин сурат, ки он даста аз маонӣ ва мафоҳиме, ки инсон ба онҳо ошност ва зеҳнаш бо онҳо маъҳуд аст интихоб мешавад, то аз раҳгузари ин маонӣ, он чиро намедонад барояш табйин намояд.[6]

Ба иборати дигар:

Аз онҷо ки интиқоли мафоҳими олӣ ва маънавии Қуръон ба инсонҳо ҷуз аз тариқи алфоз ва иборот имконпазир намебошад, ин алфози моддӣ наметавонанд дарбаргирандаи ҳамаи он муҳтаво ва маъно бошад. Ба ҳамин ҷиҳат, ташобуҳ падид меояд ва далели он ҳамон аст, ки маонӣ дар қолиби ин алфоз намегунҷад.

Маонӣ ҳаргиз андар ҳарф нояд

Ки баҳри бекарон дар зарф нояд

Баъзе аз қуръонпажӯҳон дар посух ба ҳамин ишкол, ки чаро Қуръоне, ки масали аълои фасоҳат ва рӯшанӣ ва сароҳат аст, дорои муташобиҳоти шубҳаангез ва дерёб аст? Гуфтаанд:

Қуръон дар қолиб ва бар вифқи мавозини каломи табии инсонӣ нозил шудааст ва дар каломи башарӣ аз соддатарин таобири рӯзмарра гирифта то олитарин таъбирот ва ибороти адабӣ ва ҳунарӣ, анвои суратҳои маҷозӣ ва истиорӣ ва тамсилӣ ва киноиро дорад ва ҳарҷо ки маҷоз бошад, ночор ташобуҳ ва муташобеҳ пеш меояд.[7]

Бинобар ин дар як натиҷагирии ниҳоӣ бо таваҷҷӯҳ ба илқои дақиқтарин маонӣ дар қолиби алфози моддӣ аз як сӯ ва истифодаи Қуръон аз таобири ройиҷи лафзӣ назири маҷоз, истиора, тамсил ва киноя аз сӯи дигар, вуҷуди оёти муташобиҳот, ки чизе ҳудуди дусад оят[8] аз кулли Қуръонро ташкил медиҳанд, амри ғайри қобили иҷтиноб ва зарурӣ будааст ва дар ҳақиқат агар ҷуз ин буд ҷое барои савол ва ибҳом вуҷуд дошт.

 


[1] . Сураи Зухруф, ояти 3.

[2] . Ат-тамҳид фи улумил Қуръон, ҷ.3, с.15.

[3] . Рашид ибни Алиризо, Муҳаммад, Тафсириул Қуръонил карим, ҷ.3, с.167 ва 168.

[4]. Бақара, ояти 26.

[5]. ниг: Ибни Рушд, Алкашфу ан маноҳиҷил адиллати, с.89 то 107.

[6] . Алмизон фи тафсирил Қуръон, ҷ.3, с.60 ва 61.

[7] . Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳон, с.736 ва 737.

[8] . р.к: Ат-тамҳид фи улумил Қуръон, ҷ.3, с.14.

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...