Достони кӯтоҳ аз Абузари Ғифорӣ (рз)

 

Достони кӯтоҳ аз Абузари Ғифорӣ (рз)

Суфёни Саврӣ мегӯяд: Абузар назди Каъба истод ва гуфт:

Эй мардум! Ман Ҷундаби Ғифорӣ ҳастам, ба сӯи ин бародари насиҳатгари меҳрубон биштобед!

Пас мардум гирди ӯ ҷамъ шуданд.

Гуфт: Агар яке аз шумо қасди сафар дошта бошад оё тӯша ва колоҳои лозимро бо худ намегирад?

Гуфтанд: Мегирад.

Абузар гуфт: Барои умури бузурги охират Ҳаҷ кунед. Дар рӯзи гарм рӯза бигиред, чун дунёи пас аз марг тӯлонӣ аст. Ду ракъат намози шаб ба хотири торикии қабр бихонед. Калимаи хайрро бигӯед ва дар калимаи шар сукут кунед, ба хотири вуқуф дар он рӯзи бузург.

Молатро садақа бидеҳ, то аз сахтии он наҷот ёбӣ. Дунёро ба ду қисм тақсим кун; қисме аз он дар талаби рӯзии ҳалол ва қисми дигар дар талаби охират бош!

Сеюм ин ки ончиро барои ту зиён дорад ва фоидае ба ту намедиҳад, онро тарк кун.

Онгоҳ бо садои баланд гуфт: Эй мардум! Тамаъ ва ҳирсе, ки ба он ҳаргиз намерасед, шуморо аз байн бурдааст.

Охирин матолиб

Хонавода дар Қуръони Карим

Бо назар ба оёти зиёди Қуръони Маҷид дар хусуси калимаи “байт” (хона) чунин ба даст меояд, ки ин макони сақфдори маҳдуд аввалин муҳити рушду парвариши...

Тарҷумаи СУРАИ АЪРОФ

СУРАИ АЪРОФ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 206 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Алиф, лом, мим, сод. [Ин] китобест, ки ба...

Бо баҳори дилҳо (3)

  Чаро Қуръонро «Каломуллоҳ» номидаанд? Аз он ҷо, ки Қуръони Карим маҷмӯаи суханони Худованд аст, ки фариштаи ваҳй ҳазрати Ҷабраил (а) барои ҳазрати Муҳаммад (с)...

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...