… 8) Ҳифзи ҳурмати шогирдон: Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҷавонон дар ҳоли ҳувиятёбӣ ва шахсиятсозӣ ҳастанд ва беш аз бузургсолон ба муҳаббат ва эҳтиром ниёз доранд, муаллимон бояд ҳамвора ҳуқуқ ва ҳурмати навҷавононро ҳифз кунанд, фазоили ахлоқии онҳоро арҷ ниҳанд ва ба онҳо шахсият диҳанд ва нукоти мусбати онҳоро бигӯянд ва он гоҳ матолиби худро илқо кунанд, бо риояти ин нуктаи муҳимми равонӣ, натиҷаҳои муҳимме ба даст меояд ва шахс дар тарбияти афрод ва таъсиргузорӣ дар рӯҳияи онон муваффақтар мешавад.
Дар ин росто муаллимон аз камтарин фурсатҳо барои сутудани лаёқатҳо, маҳоратҳо ва қобилиятҳои онон баҳра бигиранд, то эҳсоси эҳтиром ба хештан дар онҳо такомул ёбад. Аз ин эҳсоси эҳтиром ба нафс, хусусиёти зиёде ношӣ мешавад, ки зомини саодати ҳол ва ояндаи навҷавонон хоҳад буд. Касе, ки аз эҳтиром ба нафс бархӯрдор аст, аз арзишҳои вуҷудии хеш хабар дорад ва дар роҳи шукуфоии онҳо бапо мехезад ва ба рушд ва давоми онҳо меафзояд.
9) Кӯмак ба доштани истиқлоли отифӣ: Майли тааллуқ ба гурӯҳ дар ҳама инсонҳо, бахусус дар солҳои навҷавонӣ, вуҷуд дорад. Дар натиҷа, муаллимон бояд бо шогирдони мунзавӣ ва хиҷолатӣ бо диққати бештаре рафтор кунанд ва бидонанд, ки созгории иҷтимоӣ ва иртиботи саҳеҳ бо дигарон ба хусус ҳамсолон, аз зумраи мушкилоте аст, ки навҷавонон бо он рӯ ба рӯ ҳастанд. Муаллимон метавонанд бо кӯмаки дигар авлиёи мактаб ва аз тариқи фаъолиятҳои ғайрирасмӣ, монанди ташкили анҷуманҳо ва меҳмониҳо ва додани масъулият ба шогирдон, дар фаъолиятҳои тарбиятӣ, ба афзоиши эҳсоси андешамандӣ дар шогирдон ва дар натиҷа созгории иҷтимоии онҳо кӯмак кунанд. Ба ақидаи соҳибназарон, иҷтимоӣ шудан ва барқарории равобити саҳеҳ бо гурӯҳи ҳамсолон, ҳам дар иҷрои истиқлоли отифӣ ба навҷавонон кӯмак мекунад ва ҳам дар иртиқои фазоили ахлоқии онҳо муассир аст.
10) Парвариши ақл ва фикри ҷавонон: Муаллим илова бар таълими ҷавонон, бояд неруи фитрии мутааллимро парвариш ва истиқлол бидиҳад ва қувваи ибтикории ӯро зинда кунад. Фарқ аст миёни танӯре, ки шумо бихоҳед оташ аз берун биёваред ва дар он бирезед ва танӯре, ки дар он ҳезум ва чӯб ҷамъ аст, шумо оташгираи аз хориҷ меоваред, он қадар зери ин чӯбҳо ва ҳезумҳо оташ медиҳед, то худи инҳо кам-кам оташ бигирад ва танӯр бо ҳезуми худаш оташ бигирад.[1]
11) Рушди қувваи қазовати саҳеҳ: Муаллимон бояд истифода аз равиши илмиро дар омӯзиши риштаҳои гуногуни илмӣ, иҷтимоӣ, инсонӣ барои ҳалли куллияи масоили зиндагии иҷтимоӣ ба шогирдон биёмӯзанд, то ба рушди қувваи қазовати саҳеҳ дар онҳо кӯмак кунанд. Зеро дар як маъно, қазовати саҳеҳ дар воқеъ ҳамон тарзи тафаккури илмӣ ва асосии таълиму тарбият аст. Бинобар ин кори муҳимми мураббӣ ошно сохтани шогирдон бо равиши илмӣ ва тарзи иҷроии он дар ҳалли масоили зиндагӣ аст.
12) Мушорикати шогирдон дар фарогирӣ: Муаллимон бояд бо ширкат додани шогирдон дар фаъолиятҳои тарбиятӣ, омузишӣ ва гурӯҳӣ зимни баҳрагирӣ дар назариёт ва пешниҳодҳои онҳо, рӯҳи ҳамкориро тақвият кунанд ва ононро дар фароянди фарогирӣ ва иҷтимоӣ шудан саҳим созанд. “Пайдоиш ва нуфузи равишҳои ҷадиди тарбиятӣ аз қабили фаъолиятҳои гурӯҳи, баҳсҳои дастаҷамъӣ, танзими нақшаи кор аз тарафи шогирдон, иртиботи саҳеҳи гуногун, ҳама фурсатҳои хубе барои тавсиа ва рушди рӯҳи ҳамкорӣ дар мактаб ба вуҷуд меоварад”.[2]
13) Худдорӣ аз муқоисаи шогирдон: Муаллимон бояд аз муқоисаи шогирдон, эъмоли табъиз ва таҳқир ва ғайра ки сабаби бурузи кина ва кудурат ва хашм дар шогирдон, бахусус дар солҳои навҷавонӣ мешавад, башиддат худдорӣ кунанд.
14) Истифода аз арзишёбиҳои қобили эътимод: “Инсон модоме, ки худ ва тавоноиҳо ва имконоти худро нашиносад, нахоҳад тавонист дар бораи худ тасмим бигирад ва ё аз истеъдодҳои худ ба наҳви матлуб истифода кунад”.[3] Муаллимон бояд бо арзишёбии саҳеҳ ва қобили эътимод шогирдонро аз тавоноиҳои худ огоҳ созанд, онон бояд ҳангоми арзишёбӣ бо додани суолҳои муносиб ва истифода накардан аз имтиҳон ба унвони василаи тарснок, ба коҳиши изтироби шогирдон кӯмак кунанд, зеро ҳадаф аз арзишёбӣ санҷиши қудрати фикрӣ, ибтикори маълумотӣ ва кӯшиши шогирд аст.
15) Кӯмак ба истиқлоли навҷавонон аз тариқи узвият дар гурӯҳҳои гуногун: Аз онҷо ки заминаҳои касби истиқлол мисли касби бисёре аз хусусиёт, бояд аз кудакӣ ва аз тариқи хонавода фароҳам шавад ва ба мурур парвариш ёбад, ҳар гуна саҳлангорӣ ва ноогоҳии волидайн аз ин амр сабаб мешавад, ки баъзе баччаҳо дар синини навҷавонӣ дар айни гароиш ба мустақил шудан аз қабули масъулият битарсанд. Махсусан онҳое, ки ҳаргиз иҷозати изҳори назар ва тасмимгирӣ ва қабули масъулият дар мавриди масоили худ ва хонаводаро надоштаанд. Бинобар ин аз вазоифи муаллимон аст, ки бо фароҳам овардани заминаҳои узвияти навҷавонон дар гурӯҳҳои гуногуни варзишӣ, ҳунарӣ ва адабӣ, заминаро барои амали мустақили онон эҷод кунанд ва навҷавононро дар ҷиҳати ошкор шудани ҳувияти мустақил ёрӣ расонанд, то роҳ барои пазириши нақшҳои гуногун (касби истиқлоли тадриҷии иқтисодӣ, омодагии идораи зиндагӣ ва ташкили хонавода) барои онон боз шавад.
16) Омодагии бархурд бо масоили зиндагӣ: Ба ақидаи Алии Шариатмадорӣ, “муаллим ба унвони омили ҷомеа вазоифи хоссе ба уҳда дорад муаллим бояд дар созгории иҷтимоӣ ба шогирдон кумак кунад ва онҳоро барои зиндагии иҷтимоӣ омода созад, масоили зиндагии иҷтимоиро барояшон ташреҳ кунад ва барои бархурд бо шароити мутағайир дар зиндагии иҷтимоӣ онҳоро муҷаҳҳаз созад”.[4] Муаллимон бояд ба шогирдон биёмузанд, ки кам-кам бо такя бар тавоноиҳои худ ва ба даст овардани эътимод ба нафс ба рӯёрӯии саҳеҳ бо мушкилот дар масири зиндагӣ гом бардоранд.
Муаллимон бояд ба шогирдон биёмузанд, ки шикаст дар амре, ба маънои бесалоҳиятии онҳо нест ва дар сурати шикаст низ шахсияти фардӣ ва иҷтимоии онон монанди гузашта мавриди қабул ва эҳтиром аст.
17) Муаллим улгуи бартар аст: Ҳамон гуна ки волидайн дар манзил барои фарзандони худ улгу ва намуна ҳастанд, муаллимон низ бояд дар мактаб ба сабаби нақши умдатарини худ, улгуи шогирдон бошанд. Онон бояд намунаи амалӣ барои ончи ки шогирдонро ба он фаро мехонанд, бошанд. Он чунон ки имом Алӣ(а) мефармоянд: “Гуфторро фоидае нест, магар он ки бо кирдор ҳамроҳ шавад”.
[1] Маҷмўаи осори устод шаҳид Мутаҳҳарӣ, ҷ.22, саҳ.525.
[2] Алӣ Шариатмадорӣ, Ҷомеа ва таълиму тарбият, саҳ.62.
[3] АлӣҚоимӣ, Заминаи тарбият, саҳ.227.
[4] Усул ва фалсафаи таълиму тарбият, саҳ.24.