Тарҷумаи Сураи Ёсин

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 83 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1               Ёсин.

2               Савганд ба Қуръони Ҳаким.

3               Ки ту қатъан аз расулон (-и Худованд) ҳастӣ,

4               Бар роҳи росте (қарор дорӣ).

5               Ин Қуръоне аст, ки аз сӯи Худованди Азиз ва Раҳим нозил шудааст.

6               То қавмеро бим диҳӣ, ки падаронашон инзор нашуданд, бинобар ин онҳо ғофиланд.

7               Фармон (-и илоҳӣ) дар бораи бештари онҳо таҳаққуқ ёфтааст, ба ҳамин ҷиҳат имон намеоваранд.

8               Мо дар гарданҳои онон ғулҳое қарор додем, ки то чонаҳо идома дорад ва сарҳои ононро ба боло нигоҳ доштааст.

9               Ва дар пеши рӯи онон садде қарор додем ва дар пушти сарашон садде. Ва чашмонашонро пӯшондаем, бинобар ин намебинанд.

10           Барои онон яксон аст: Чӣ инзорашон кунӣ ё накунӣ, имон намеоваранд.

11           Ту фақат касеро инзор мекунӣ, ки аз ин ёдоварӣ (-и илоҳӣ) пайравӣ кунад ва аз Худованди Раҳмон дар пинҳон битарсад, чунин касеро ба омурзиш ва подоши пурарзише башорат деҳ.

12           Ба яқин, мо мурдагонро зинда мекунем ва он чиро аз пеш фиристодаанд ва тамоми осори онҳоро менависем ва ҳамаи чизро дар китоби ошкоркунандае баршумурдаем.

13           Ва барои онҳо, асҳоби қаря (-и Антоқия)-ро мисол бизан, ҳангоме, ки фиристодагони Худо ба сӯи онон омаданд.

14           Ҳангоме, ки ду нафар аз расулонро ба сӯи онҳо фиристодем, аммо онон расулон (-и мо)-ро инкор карданд, пас барои тақвияти он ду, шахси севвуме фиристодем, онҳо ҳамагӣ гуфтанд: «Мо фиристодагон (-и Худо) ба сӯи шумо ҳастем».

15           Аммо онон (дар ҷавоб) гуфтанд: «Шумо ҷуз башаре монанди мо нестед ва Худованди Раҳмон чизе нозил накардааст, шумо фақат дурӯғ мегӯед».

16           (Расулони мо) гуфтанд: «Парвардигори мо огоҳ аст, ки мо ҳатман фиристодагон (-и Ӯ) ба сӯи шумо ҳастем,

17           Ва бар ӯҳдаи мо чизе ҷуз иблоғи ошкор нест».

18           Онон гуфтанд: «Мо шуморо ба фоли бад гирифтаем (ва вуҷуди шуморо шум медонем) ва агар (аз ин суханон) даст накашед, шуморо сангсор хоҳем кард ва шиканҷаи дардноке аз мо ба шумо хоҳад расид!

19           (Расулон) гуфтанд: «Шумии шумо аз худатон аст, агар дуруст бияндешед, балки шумо гурӯҳи исрофкоред».

20           Ва марди (боимоне) аз дуртарин нуқтаи шаҳр бо шитоб фаро расид, гуфт: «Эй қавми ман! Аз фиристодагон (-и Худо) пайравӣ кунед.

21           Аз касоне пайравӣ кунед, ки аз шумо музде намехоҳанд ва худ ҳидоятёфтаанд.

22           Ман чаро касеро парастиш накунам, ки маро офарида ва ҳамагӣ ба сӯи Ӯ бозгашт дода мешавед?!

23           Оё ғайр аз Ӯ маъбудонеро интихоб кунам, ки агар Худованди Раҳмон бихоҳад зиёне ба ман бирасонад, шафоати онҳо камтарин фоидае барои ман надорад ва маро (аз муҷозоти Ӯ) наҷот нахоҳанд дод?!

24           Агар чунин кунам, ман дар гумроҳии ошкоре хоҳам буд.

25           (Ба ҳамин далел), ман ба Парвардигоратон имон овардам, пас ба суханони ман гӯш фаро диҳед».

26           (Саранҷом ӯро шаҳид карданд ва) ба ӯ гуфта шуд: «Дохили биҳишт шав». Гуфт: «Эй кош қавми ман медонистанд,

27           Ки Парвардигорам маро омурзида ва аз гиромидоштагон қарор додааст!».

28           Ва мо баъд аз ӯ бар қавмаш ҳеҷ лашкаре аз осмон нафиристодем ва ҳаргиз суннати мо бар ин набуд,

29           (Балки) фақат як сайҳаи осмонӣ буд, ногаҳон ҳамагӣ хомӯш шуданд.

30           Афсӯс бар ин бандагон, ки ҳеҷ пайғамбаре барои ҳидояти онон наомад, магар ин ки ӯро масхара мекарданд!

31           Оё надиданд, чӣ қадар аз ақвоми пеш аз ононро (ба хотири гуноҳонашон) ҳалок кардем, ки онҳо ҳаргиз ба сӯи эшон бознамегарданд (ва зинда намешаванд?!).

32           Ва ҳамаи онон (рӯзи қиёмат) назди мо ҳозир карда мешаванд.

33           Замини мурда барои онҳо нишонае аст, мо онро зинда кардем ва донаҳои (хӯрокӣ) аз он берун сохтем, ки аз он мехӯранд.

34           Ва дар он боғҳое аз нахлҳо ва ангурҳо қарор додем ва чашмаҳое аз он ҷорӣ сохтем,

35           То аз меваи он бихӯранд, дар ҳоле, ки дасти онон ҳеҷ дахолате дар сохтани он надоштааст. Оё шукри Худоро ба ҷо намеоваранд?!

36           Муназзаҳ аст касе, ки тамоми завҷҳоро офарид, аз он чӣ замин мерӯёнад ва аз худашон ва аз он чӣ намедонанд.

37           Шаб (низ) барои онҳо нишонае аст (аз азамати Худо), мо рӯзро аз он бармегирем ногаҳон торикӣ ононро фаро мегирад.

38           Ва хуршед (низ барои онҳо нишонае аст), ки пайваста ба сӯи қароргоҳаш дар ҳаракат аст. Ин тақдири Худованди Қодир ва Доност.

39           Ва барои моҳ манзилгоҳҳое қарор додем (ва ҳангоме, ки ин манозилро гузаронд), саранҷом ба сурати «шохаи кӯҳнаи ба шакли қавсӣ ва зардии ранги хурмо» дар меояд.

40           На хуршедро сазост, ки ба моҳ расад ва на шаб бар рӯз пешӣ мегирад ва ҳар кадом дар роҳи худ шиноваранд.

41           Нишонаи (дигаре аз азамати Парвардигор) барои онон ин аст, ки мо фарзандонашонро дар киштиҳое пур (аз василаҳо ва борҳо) ҳамл кардем.

42           Ва барои онҳо маркабҳои дигаре монанди он офаридем.

43           Ва агар бихоҳем онҳоро ғарқ мекунем ба тавре, ки на фарёдрасе дошта бошанд ва на наҷот дода шаванд.

44           Магар ин ки раҳмати мо шомили ҳоли онон шавад ва то замон муайяне аз ин зиндагӣ баҳра гиранд.

45           Ва ҳар гоҳ ба онҳо гуфта шавад: «Аз он чӣ пеши рӯ ва пушти сари шумост (аз азобҳои илоҳӣ) битарсед, то машмули раҳмати илоҳӣ шавед». (Эътибор намедиҳанд).

46           Ва ҳеҷ ояте аз оятҳои Парвардигорашон барои онҳо намеояд, магар ин ки аз он рӯйгардон мешаванд.

47           Ва аҳнгоме, ки ба онон гуфтан шавад: «Аз он чӣ Худо ба шумо рӯзӣ карда, инфоқ кунед», кофирон ба мӯъминон мегӯянд: «Оё мо касеро итъом кунем, ки агар Худо мехост ӯро итъом мекард?! (Пас Худо хостааст ӯ гурусна бошад), шумо фақат дар гумроҳии ошкоред».

48           Онҳо мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ин ваъда (-и қиёмат) кай хоҳад буд?!».

49           (Аммо) ҷуз ин интизор намекашанд, ки як сайҳаи бузург (-и осмонӣ) онҳоро фаро гирад, дар ҳоле, ки машғули ҷидол (дар умури дунё) ҳастанд.

50           (Чунон ғофилгир мешаванд, ки ҳатто) наметавонанд васияте кунанд ё ба сӯи хонаводаи худ бозгарданд.

51           (Бори дигар) дар «сур» дамида мешавад, ногаҳон онҳо аз қабрҳо, шитобон ба сӯи (додгоҳи) Парвардигорашон мераванд.

52           Мегӯянд: «Эй вой бар мо! Чӣ касе моро аз хобгоҳамон барангехт?! (Оре), ин ҳамон аст, ки Худованди Раҳмон ваъда дода ва фиристодагон (-и Ӯ) рост гуфтанд».

53           Танҳо як сайҳа беш нест, (фарёди азиме бармехезад), ногаҳон ҳамагӣ назди мо ҳозир карда мешаванд.

54           (Ва ба онҳо гуфта мешавад:) Имрӯз ба ҳеҷ кас заррае ситам намешавад ва ҷуз он чиро амал мекардед, ҷазо дода намешавед.

55           Биҳиштиён, имрӯз ба неъматҳои Худо машғул ва масруранд.

56           Онҳо ва ҳамсаронашон дар сояҳо (-и қасрҳо ва дарахтони биҳиштӣ) бар тахтҳо такя задаанд.

57           Барои онҳо дар биҳишт меваи бисёр лаззатбахше аст ва ҳар чӣ бихоҳанд дар ихтиёри онон хоҳад буд.

58           Бар онҳо салом (ва дуруди илоҳӣ) аст, ин сухане аст аз сӯи Парвардигори Меҳрубоне.

59           (Ва ба онҳо мегӯянд:) Ҷудо шавед имрӯз эй гунаҳкорон!

60           Оё бо шумо аҳд накардам, эй фарзандони Одам, ки шайтонро напарастед, ки ӯ барои шумо душмани ошкоре аст?!

61           Ва ин ки маро бипарастед, ки роҳи рост ин аст?!

62           Ӯ гурӯҳи зиёде аз шуморо гумроҳ кард, оё андеша накардед?!

63           Ин ҳамон дӯзахе аст, ки ба шумо ваъда дода мешуд.

64           Имрӯз дохили он шавед ва ба хотири куфре, ки доштед, ба оташи он бисӯзед!

65           Имрӯз бар даҳонашон мӯҳр мениҳем ва дастҳояшон бо мо сухан мегӯянд ва поҳояшон корҳоеро, ки анҷом медоданд, шаҳодат медиҳанд.

66           Ва агар бихоҳем чашмонашонро маҳв мекунем, сипас барои гузар аз роҳ, мехоҳанд бар якдигар пешӣ бигиранд, аммо чӣ гуна метавонанд бибинанд?!

67           Ва агар бихоҳем онҳоро дар ҷои худ масх мекунем (ва ба муҷассамаҳои берӯҳе мубаддал месозем), то натавонанд роҳи худро идома диҳанд ё ба ақиб баргарданд.

68           Ҳар касро умри дароз диҳем, дар офариниш вожагунааш мекунем (ва ба нотавонии кӯдакӣ бозмегардонем). Оё андеша намекунанд?!

69           Мо ҳаргиз шеър ба ӯ (Пайғамбар) наомӯхтем. Ва шоистаи ӯ нест (шоир бошад). Ин (китоби осмонӣ) фақат Зикр ва Қуръони Мубин аст.

70           То ашхосеро, ки зиндаанд бим диҳад (ва бар кофирон итмоми ҳуҷҷат шавад) ва фармони азоб бар онон ҳатмӣ гардад.

71           Оё надиданд, ки аз он чӣ бо қудрати худ ба амал овардаем, чаҳорпоёне барои онон офаридем, ки онон молики он ҳастанд?!

72           Ва онҳоро роми эшон сохтем, ҳам маркаби онон аз он аст ва ҳам аз он тағзия мекунанд.

73           Ва барои онон баҳраҳои дигаре дар он (ҳайвонот) аст ва нӯшиданиҳои гуворое. Оё бо ин ҳол шукргузорӣ намекунанд?!

74           Онон ғайр аз Худо маъбудоне барои худ баргузиданд ба ин умед, ки ёрӣ шаванд.

75           Вале онҳо қодир ба ёрии эшон нестанд ва ин (ибодаткунандагон дар қиёмат), лашкаре барои онҳо хоҳанд буд, ки дар оташи дӯзах ҳозир карда мешаванд.

76           Пас суханонашон туро ғамгин насозад, мо он чиро пинҳон медоранд ва он чиро ошкор мекунанд, медонем.

77           Оё инсон намедонад, ки мо ӯро аз нутфаи беарзише офаридем?! Ва ӯ (чунон соҳиби қудрат ва шуур ва нутқ шуд, ки) ба душмании ошкор (бо мо) бархост.

78           Ва барои мо мисоле зад ва офариниши худро фаромӯш кард ва гуфт: «Чӣ касе ин устухонҳоро зинда мекунад, дар ҳоле, ки пӯсидааст?!».

79           Бигӯ: «Ҳамон касе онро зинда мекунад, ки нахустин бор онро офарид ва Ӯ ба ҳар махлуқе Доност.

80           Ҳамон касе, ки барои шумо аз дарахти сабз, оташ офарид ва шумо ба василаи он, оташ меафрӯзед».

81           Оё касе, ки осмонҳо ва заминро офарид, наметавонад монанди онон (инсонҳои хокшуда)-ро офарад?! Оре, (метавонад). Ва Ӯ Офаридгори Доност.

82           Фармони Ӯ чунин аст, ки ҳар гоҳ чизеро ирода кунад, танҳо ба он мегӯяд: «Мавҷуд бош!», он низ бедаранг мавҷуд мешавад.

83           Пас муназзаҳ аст Худованде, ки моликият ва ҳокимияти ҳама чиз дар дасти Ӯст ва шуморо ба сӯи Ӯ бозмегардонанд.

Охирин матолиб

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...