Худшиносӣ

Ислом диққати хосе дорад, ки инсон “худ”-ро бишносад ва мақому мартабаи худро дар ҷаҳони офариниш ташхис диҳад. Ин ҳамаи таъкидҳо дар Қуръон дар бораи инсон барои ин аст, ки инсон худашро он чуноне ки ҳаст бишносад ва мақому мартабаи худро дар олами ҳастӣ бифаҳмад ва ҳадаф аз ин шинохтан ва дарк кардан ин аст, ки худро ба мақоми баланде, ки шоистаи он аст, бирасонад.

Қуръон китоби инсонсозӣ аст. Як фалсафаи назарӣ нест, ки алоқааш танҳо ба баҳсу дидгоҳу чашмандоз бошад. Ҳар чашмандозеро, ки баён мекунад барои амал кардану қадам бардоштан аст.

Қуръон кушиш мекунад, ки инсон “худ”-ро кашф кунад. Ин “худ”, “худи” шуносномаӣ монанд нест, ки чӣ ном дорӣ? Номи падарат чист ва дар чӣ соле ба дунё омадаӣ? Аз кадом кишвар ҳастӣ? Аз кадом обу хок ва чанд фарзанд дорӣ?

Он “худ” ҳамон чизе аст, ки “рӯҳи илоҳӣ” номида мешавад ва бо шинохтани он “худ” аст, ки (инсон) эҳсоси шарофату каромату бузургӣ мекунад ва худро аз тан додан ба пастиҳо бартар мешуморад, ба қадосату покии худ пай мебарад, муқаддасоти ахлоқӣ ва иҷтимоӣ барояш маъно ва арзиш пайдо мекунад.

Қуръон аз баргузидагии инсон сухан мегӯяд, чаро? Мехоҳад бигӯяд: Ту як мавҷуди “тасодуфӣ нестӣ, ки ҷараёнҳои куру кар –бар фарзи мисол ҷамъшудани атомҳо – тӯро ба вуҷуд оварда бошад. Ту як мавҷуди интихобшуда ва баргузида ҳастӣ ва ба ҳамин далел масъулият дорӣ. Бешак инсон дар ҷаҳони хокӣ қудратмандтарину нерӯмандтарини мавҷудот аст. Агар замину мавҷудоти заминиро як “деҳа” фарз кунем инсон раиси ин деҳа аст. Аммо бояд бубинем, ки оё инсон як раиси интихобшуда ва баргузида аст ва ё як раисест, ки ба зур худро ба ин мансаб расондааст?

Фалсафаҳои моддӣ, қудрати ҳокимаи инсонро танҳо аз зуру қудрати инсон медонанд ва бар ин боваранд, ки инсон ба сабабҳои тасодуфӣ дорои зуру қудрат аст. Бадеҳӣ аст, ки бо ин фарз, “рисолат” ва «масъулият” барои инсон бемаъно аст, чӣ рисолате ва чӣ масъулияте? Аз тарафи чӣ касе ва дар муқобили чӣ касе?

Аммо аз назари Қуръон, инсон як раис ва роҳбари интихобшуда дар замин аст ва ба ҳукми шоистагӣ ва салоҳият, на фақат зуру қудрат, аз тарафи Худованд баргузида ва интихоб ва ба таъбири Қуръон “истафо” шудааст ва ба ҳамин далел монанди ҳар баргузидаи дигар “рисолат” ва “масъулият” дорад. Рисолат аз тарафи Худо ва масъулият дар пешгоҳи Ӯ.

Бовар ба ин ки инсон мавҷуде “интихобшуда” аст ва ҳадафе аз интихоб даркор аст, навъе асарҳои равонӣ ва тарбиятӣ дар афрод ба вуҷуд меоварад ва бовар ба ин ки инсон натиҷаи тасодуфҳои беҳадаф аст, навъи дигар аз асарҳои равонӣ ва тарбиятӣ дар инсон ба вуҷуд меоварад.

Худшиносӣ ба маънои ин аст, ки инсон мақоми ҳақиқии худро дар олами ҳастӣ дарк кунад. Бидонад хоки холӣ нест, партаве аз рӯҳи илоҳӣ дар ӯ ҳаст. Бидонад, ки дар илму маърифат метавонад бар фариштагон пешӣ бигирад. Бидонад, ки ӯ озод ва соҳиби ихтиёр ва масъули худ ва масъули афроди дигар ва масъули обод кардани ҷаҳон ва беҳтар кардани ҷаҳон аст (Ӯ шуморо аз замин биёфарид ва аз шумо обод кардани онро хост)[1]. Бидонад, ки ӯ амонатдори илоҳӣ аст. Бидонад, ки ба таври тасодуф бартарӣ наёфтааст, то зуру қудрат нишон диҳад ва масъулият ва таклифе барои худ қоил набошад.

[1]- ….. (Ҳуд\61).

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...