Тарҷумаи Сураи Аҳзоб

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 73 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1               Эй Пайғамбар! Тақвои илоҳӣ пеша кун ва аз кофирону мунофиқон итоат макун, ки Худованд Олим ва Ҳаким аст.

2               Ва аз он чӣ аз сӯи Парвардигорат ба ту ваҳй мешавад, пайравӣ кун, ки Худованд ба он чӣ анҷом медиҳед, огоҳ аст.

3               Ва бар Худо таваккул кун. Ва ҳамин бас, ки Худованд ҳофиз ва мудофеъ (-и инсон) бошад.

4               Худованд барои ҳеҷ кас ду дил дар дарунаш наофаридааст. Ва ҳаргиз ҳамсаронатонро, ки мавриди «зиҳор» қарор медиҳед, модарони шумо қарор надодааст. Ва (низ) фарзандхондаҳои шуморо фарзанди ҳақиқии шумо қарор надодааст. Ин сухани шумо аст, ки ба даҳони худ мегӯед (сухани ботил ва бепояе). Аммо Худованд ҳақро мегӯяд ва Ӯ ба роҳи рост ҳидоят мекунад.

5               Онҳоро ба номи падаронашон бихонед, ки ин кор назди Худо одилонатар аст. Ва агар падаронашонро намешиносед, онҳо бародарони динӣ ва дӯстони шумо ҳастанд, аммо гуноҳе бар шумо нест, дар хатоҳое, ки аз шумо рух медиҳад (ва бетаваҷҷӯҳ онҳоро ба номи дигарон садо мезанед), вале он чиро аз рӯи қасд мегӯед, (мавриди ҳисоб қарор хоҳад дод). Ва ХудовандОмурзанда ва Раҳим аст.

6               Пайғамбар нисбат ба мӯъминон аз худашон сазовортар аст ва ҳамсарони ӯ модарони онҳо (мӯъминон) ҳисоб мешаванд. Ва хешовандон нисбат ба якдигар аз мӯъминон ва муҳоҷирон дар он чӣ Худо муқаррар дошта, авло ҳастанд, магар ин ки бихоҳед нисбат ба дӯстонатон некӣ кунед (ва саҳме аз амволи худро ба онҳо бидиҳед). Ин ҳукум дар китоб (-и илоҳӣ) навишта шудааст.

7               (Ба хотир овар) ҳангомеро, ки аз пайғамбарон паймон гирифтем ва (ҳамчунин) аз ту ва аз Нӯҳ ва Иброҳим ва Мӯсо ва Исо ибни Марям. Ва мо аз ҳамаи онон паймони маҳкаме гирифтем, (ки дар адои масъулияти таблиғ ва рисолат кӯтоҳӣ накунанд).

8               Ба ин манзур, ки Худо ростгӯёнро аз сидқашон (дар имону амали солеҳ) савол кунад. Ва барои кофирон азоби дарднок омода сохтааст.

9               Эй касоне, ки имон овардаед! Неъмати Худоро бар худ ба ёд оваред, дар он ҳангом, ки лашкарҳои (бузурге) ба суроғи шумо омаданд, вале мо бод ва тӯфони сахте бар онон фиристодем ва лашкариёне, ки онҳоро намедидед (ва ба ин васила онҳоро дарҳам шикастем). Ва Худованд ҳамеша ба он чӣ анҷом медиҳед, бино будааст.

10           (Ба хотир биёваред) замонеро, ки онҳо аз тарафи боло ва поин (-и шаҳр) бар шумо дохил шуданд (ва Мадинаро муҳосира карданд) ва замонеро, ки чашмҳо аз шиддати ваҳшат хира шуда ва ҷонҳо бар лаб расида буд ва гумонҳои гуногуни баде ба Худо мебурдед.

11           Он ҷо буд, ки мӯъминон имтиҳон шуданд ва ларзаи сахте хӯрданд.

12           Ва (низ ба хотир оваред), замонеро, ки мунофиқон ва бемордилон мегуфтанд: «Худо ва Пайғамбараш ҷуз ваъдаҳои дурӯғ ба мо надодаанд».

13           Ва (низ ба хотир оваред), замонеро, ки гурӯҳе аз онҳо гуфтанд: «Эй аҳли Ясриб (эй мардуми Мадина!) Ин ҷо ҷои таваққуфи шумо нест, ба хонаҳои худ бозгардед». Ва гурӯҳе аз онон аз Пайғамбар иҷозати бозгашт мехостанд ва мегуфтанд: «Хонаҳои мо бесарпаноҳ аст», дар ҳоле, ки бесарпаноҳ набуд. Онҳо фақат мехостанд (аз ҷанг) гурезанд.

14           (Онҳо чунон буданд, ки) агар душманон аз атрофи Мадина бар онон дохил мешуданд ва пешниҳоди бозгашт ба сӯи ширк ба онон мекарданд, мепазируфтанд ва ҷуз муддати каме (барои интихоби ин роҳ) даранг намекарданд.

15           (Дар ҳоле, ки) онон пеш аз ин бо Худо аҳд карда буданд, ки пушт ба душман накунанд. Ва аҳди илоҳӣ мавриди савол қарор хоҳад гирифт (ва дар баробари он масъуланд).

16           Бигӯ: «Агар аз марг ё кушта шудан гурезед, суде ба ҳоли шумо нахоҳад дошт ва дар он ҳангом ҷуз баҳраи каме аз зиндагонӣ нахоҳед гирифт».

17           Бигӯ: «Чӣ касе метавонад шуморо дар баробари иродаи Худо ҳифз кунад, агар Ӯ бадӣ ё раҳматеро барои шумо ирода кунад?!». Ва онҳо ҷуз Худо ҳеҷ сарпарасту ёваре барои худ нахоҳанд ёфт.

18           Худованд касоне, ки мардумро аз ҷанг бозмедоштанд ва касонеро, ки ба бародарони худ мегуфтанд: «Ба сӯи мо биёед (ва худро аз маърака берун кашед)», ба хубӣ мешиносад. Ва онҳо (мардуми заифанд ва) ҷуз андаке пайкор намекунанд.

19           Онҳо дар ҳамаи чиз нисбат ба шумо бахиланд. Ва ҳангоме, ки (лаҳзаҳои) тарс (ва бӯҳронӣ) пеш ояд, мебинӣ он чунон ба ту нигоҳ мекунанд ва чашмҳояшон дар косааш мечархад, ки монанди касе, ки аз сахтии марг, ҳоли беҳушӣ ба ӯ даст диҳад, аммо вақте ҳолати хавфу тарс фурӯ нишаст, забонҳои тунд ва хашини худро бо анбӯҳе аз хашму асабоният бар шумо мекушоянд (ва саҳми худро аз ғаниматҳо мутолиба мекунанд), дар ҳоле, ки дар мол ҳарис ва бахиланд. Онҳо (ҳаргиз) имон наовардаанд. Бинобар ин Худованд аъмолашонро ҳабт ва нобуд кард ва ин кор бар Худо осон аст.

20           Онҳо гумон мекунанд ҳанӯз лашкари аҳзоб нарафтаанд ва агар баргарданд, (аз тарси онон) дӯст медоранд, дар миёни аъроби бодиянишин пароканда (ва пинҳон) шаванд ва аз ахбори шумо ҷӯё гарданд. Ва агар дар миёни шумо бошанд, ҷуз андаке пайкор намекунанд.

21           Ҳатман барои шумо дар зиндагӣ Расули Худо сармашқи некӯе буд, барои онҳо, ки умед ба раҳмати Худо ва рӯзи растохез доранд ва Худоро бисёр ёд кунанд.

22           (Аммо) мӯъминон, вақте лашкари аҳзобро диданд, гуфтанд: «Ин ҳамон аст, ки Худо ва Расулаш ба мо ваъда дода ва Худо ва Расулаш рост гуфтаанд». Ва ин мавзӯъ ҷуз бар имон ва таслими онон наафзуд.

23           Дар миёни мӯъминон мардоне ҳастанд, ки бар сари аҳде, ки бо Худо бастанд, содиқона истодаанд, баъзе паймони худро ба охир бурданд (ва дар роҳи Ӯ шарбати шаҳодат нӯшиданд) ва баъзеи дигар дар интизоранд ва ҳаргиз тағйир ва табдиле дар аҳду паймони худ надоданд.

24           Мақсад ин аст, ки Худованд содиқонро ба хотири сидқашон подош диҳад ва мунофиқонро ҳар гоҳ ирода кунад, азоб намояд ё (агар тавба кунанд), тавбаи онҳоро бипазирад, зеро Худованд Омурзанда ва Раҳим аст.

25           Ва Худо кофиронро бо диле пур аз хашм боз гардонд, бе он ки натиҷае аз кори худ гирифта бошанд. Ва Худованд (дар ин майдон) мӯъминонро аз ҷанг бениёз сохт (ва пирӯзиро насибашон кард). Ва Худо Қавӣ ва Шикастнопазир аст.

26           Ва Худованд гурӯҳе аз аҳли китоб (яҳуд)-ро, ки аз онон (мушрикони араб) ҳимоят карданд, аз қалъаҳои маҳкамашон поин кашид ва дар дилҳояшон тарс афканд. (Ва корашон ба ҷое расид, ки) гурӯҳеро ба қатл мерасондед ва гурӯҳеро асир мекардед.

27           Ва заминҳо ва хонаҳо ва амволашонро дар ихтиёри шумо гузошт ва (ҳамчунин) заминеро, ки ҳаргиз дар он гом наниҳода будед. Ва Худованд бар ҳар чиз Тавоност.

28           Эй Пайғамбар! Ба ҳамсаронат бигӯ: «Агар шумо зиндагии дунё ва зарқу барқи онро мехоҳед, биёед бо ҳадяе шуморо баҳраманд созам ва шуморо ба тарзи некӯе раҳо созам.

29           Ва агар шумо Худо ва Пайғамбараш ва сарои охиратро мехоҳед, Худованд барои некӯкорони шумо подоши бузурге омода сохтааст».

30           Эй ҳамсарони Пайғамбар! Ҳар кадом аз шумо гуноҳи ошкор ва фоҳише муртакиб шавад, азоби ӯ ду чандон хоҳад буд ва ин барои Худо осон аст.

31           Ва ҳар кас аз шумо барои Худо ва Пайғамбараш хузӯъ кунад ва амали солеҳ анҷом диҳад, подоши ӯро ду чандон хоҳем сохт ва рӯзии пурарзише барои ӯ омода кардаем.

32           Эй ҳамсарони Пайғамбар! Шумо ҳамчун яке аз занони оддӣ нестед, агар тақво пеша кунед, пас ба гунаи ҳавасангез сухан нагӯед, ки бемордилон дар шумо тамаъ кунанд ва сухани шоиста бигӯед.

33           Ва дар хонаҳои худ бимонед ва ҳамчун даврони ҷоҳилияти нахустин, (дар миёни мардум) зоҳир нашавед ва намозро барпо доред ва закотро бипардозед ва Худо ва Расулашро итоат кунед. Худованд фақат мехоҳад палидӣ ва гуноҳро аз шумо Аҳли Байт дур кунад ва комилан шуморо пок созад.

34           Он чиро дар хонаҳои шумо аз оятҳои Худованд ва ҳикмату дониш хонда мешавад, ёд кунед. ХудовандЛатиф ва Хабир аст.

35           Ба яқин, мардони мусулмон ва занони мусулмон, мардони боимон ва занони боимон, мардони мутеи фармони Худо ва занони мутеи фармони Худо, мардони ростгӯ ва занони ростгӯ, мардони собиру шакебо ва занони собиру шакебо, мардони бо хушӯъ ва занони бо хушӯъ, мардони инфоқкунанда ва занони инфоқкунанда, мардони рӯзадор ва занони рӯзадор, мардони покдоман ва занони покдоман ва мардоне, ки бисёр ба ёди Худо ҳастанд ва заноне, ки бисёр ёди Худо мекунанд, Худованд барои ҳамаи онон мағфират ва подошти бузурге фароҳам сохатааст.

36           Ҳеҷ марду зани боимоне ҳақ надорад, ҳангоме, ки Худо ва Пайғамбараш амреро лозим бидонанд, ихтиёре (дар баробари фармони Худо) дошта бошад. Ва ҳар кас нофармонии Худо ва Расулашро кунад, ба гумроҳии ошкоре гирифтор шудааст.

37           (Ба хотир биёвар) замонеро, ки ба он кас, ки Худованд ба ӯ неъмат дода буд ва ту низ ба ӯ неъмат дода будӣ, (ба фарзандхондаат «Зайд») мегуфтӣ: «Ҳамсаратро нигоҳ дор ва аз Худо бипарҳез». (Ва пайваста ин амрро такрор мекардӣ) ва дар дил чизеро пинҳон медоштӣ, ки Худованд онро ошкор мекунад ва аз мардум метарсидӣ, дар ҳоле, ки Худованд сазовортар аст, ки аз Ӯ битарсӣ. Ҳангоме, ки Зайд ниёзашро аз он зан ба сар овард (ва аз ӯ ҷудо шуд), мо ӯро ба ҳамсарии ту даровардем, то мушкиле барои мӯъминон дар издивоҷ бо ҳамсарони писархондаҳояшон – ҳангоме, ки талоқ гиранд – набошад. Ва фармони Худо анҷомшуданӣ аст (ва суннати ғалати ҳаром будани ин занон, бояд шикаста шавад).

38           Ҳеҷ гуна манъе бар Пайғамбар дар он чӣ Худо бар ӯ воҷиб карда, нест, ин суннати илоҳӣ дар мавриди касоне, ки пеш аз ин будаанд низ ҷорӣ будааст. Ва фармони Худо рӯи ҳисоб ва барномаи дақиқе аст.

39           (Пайғамбарони пешин) касоне буданд, ки таблиғи рисолатҳои илоҳӣ мекарданд ва (танҳо) аз Ӯ метарсиданд ва аз ҳеҷ кас ҷуз Худо хавф надоштанд. Ва ҳамин бас, ки Худованд ҳисобгар (ва подошдиҳандаи аъмоли онҳо) аст.

40           Муҳаммад(с) падари ҳеҷ як аз мардони шумо набуда ва нест, вале Расули Худо ва хатмкунанда ва охирини Пайғамбарон аст. Ва Худованд ба ҳама чиз Огоҳ аст.

41           Эй касоне, ки имон овардаед! Худоро бисёр ёд кунед,

42           Ва субҳу шом Ӯро тасбеҳ гӯед.

43           Ӯ касе аст, ки бар шумо дуруд ва раҳмат мефиристад ва фариштагони ӯ (низ барои шумо дархости раҳмат мекунанд), то шуморо аз зулумот (-и ҷаҳлу ширку гуноҳ) ба сӯи нур (-и имону илму тақво) раҳнамун гардад. Ӯ нисбат ба мӯъминон ҳамвора меҳрубон будааст.

44           Таҳияти онон дар рӯзе, ки Ӯро дидор мекунанд, салом аст ва барои онҳо подоши пурарзише фароҳам сохтааст.

45           Эй Пайғамбар! Мо туро гувоҳ фиристодем ва башоратдиҳанда ва инзоркунанда.

46           Ва туро даъваткунанда ба сӯи Худо ба фармони Ӯ қарор додем ва чароғи равшанибахше.

47           Ва мӯъминонро башорат деҳ, ки барои онон аз сӯи Худо фазли бузурге аст.

48           Ва аз кофирону мунофиқон итоат макун ва ба озорҳои онҳо эътино манамо ва бар Худо таваккул кун ва ҳамин бас, ки Худо ҳимояткунанда ва мудофеъ (-и ту) аст.

49           Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме, ки бо занони боимон издивоҷ кардед ва ононро пеш аз ҳамбистар шудан талоқ додед, иддае барои шумо бар онҳо нест, ки бихоҳед ҳисоби онро нигоҳ доред, онҳоро бо ҳадяи муносибе баҳраманд созед ва ба тарзи шоистае раҳояшон кунед.

50           Эй Пайғамбар! Мо ҳамсарони туро, ки маҳрашонро пардохтаӣ, барои ту ҳалол кардем ва ҳамчунин канизоне, ки аз тариқи ғаниматҳое, ки Худо бар ту бахшидааст, молик шудаӣ ва духтарони амаки ту ва духтарони аммаҳо ва духтарони тағои ту ва духтарони холаҳо, ки бо ту муҳоҷират карданд, (издивоҷ бо онҳо барои ту ҳалол аст) ва (низ) зани бо имоне, ки худро ба Пайғамбар бибахшад (ва маҳре барои худ нахоҳад), чунон чӣ Пайғамбар бихоҳад ӯро ба ҳамсарӣ баргузинад, аммо чунин издивоҷе танҳо барои ту ҷоиз аст на дигар мӯъминон. Мо медонем барои онон дар мавриди ҳамсаронашон ва канизонашон чӣ ҳукме муқаррар доштаем (ва маслиҳати онон чӣ ҳукмеро талаб мекунад). Ин ба хотири он аст, ки мушкиле (дар адои рисолат) бар ту набошад (ва аз ин роҳ ҳимоякунандагони фузунтаре фароҳам созӣ). Ва ХудовандОмурзанда ва Меҳрубон аст.

51           (Мавъиди) ҳар як аз ҳамсаронатро бихоҳӣ, метавонӣ ба таъхир андозӣ ва ҳар кадомро бихоҳӣ, назди худ ҷой диҳӣ. Ва ҳар гоҳ баъзе аз ононро, ки барканор сохтаӣ, бихоҳӣ назди худ ҷой диҳӣ, гуноҳе бар ту нест. Ин (ҳукуми илоҳӣ) барои равшании чашми онон ва ин ки ғамгин набошанд ва ба он чӣ ба онон медиҳӣ, ҳамагӣ розӣ шаванд, наздиктар аст. Ва Худо он чиро дар қалбҳои шумост, медонад ва Худованд Доно ва Бурдбор аст (аз маслиҳатҳои бандагони худ бохабар аст ва дар кайфари онҳо шитоб намекунад).

52           Баъд аз ин дигар зане бар ту ҳалол нест ва наметавонӣ ҳамсаронатро ба ҳамсарони дигар мубаддал кунӣ (баъзеро талоқ диҳӣ ва ҳамсари дигаре ба ҷои ӯ баргузинӣ), ҳар чанд ҷамоли онҳо мавриди таваҷҷӯҳи ту қарор гирад, магар он чӣ ки ба сурати каниз дар милки ту дарояд. Ва Худованд нозир ва муроқиби ҳар чиз аст (ва бо ин ҳукм, фишори қабилаҳои арабро дар ихтиёри ҳамсар аз онон, аз ту бардоштем).

53           Эй касоне, ки имон овардаед! Дар хонаҳои Пайғамбар дохил нашавед, магар ба шумо барои сарфи хӯрок иҷозат дода шавад, дар ҳоле, ки (пеш аз вақт наёед ва) дар интизори вақти хӯрок нанишинед, аммо ҳангоме, ки даъват шудед, дохил шавед ва вақте хӯрок хӯрдед, пароканда шавед ва (баъд аз сарфи хӯрок) ба баҳсу сӯҳбат нанишинед. Ин амал, Пайғамбарро нороҳат менамояд, вале аз шумо шарм мекунад (ва чизе намегӯяд), аммо Худованд аз (баёни) ҳақ шарм надорад. Ва ҳангоме, ки чизе аз василаҳои зиндагиро (ба унвони орият) аз онон (ҳамсарони Пайғамбар) мехоҳед, аз пушти парда бихоҳед, ин кор барои покии дилҳои шумо ва онҳо беҳтар аст. Ва шумо ҳақ надоред Расули Худоро озор диҳед ва на ҳаргиз ҳамсарони ӯро баъд аз ӯ ба ҳамсарии худ дароваред, ки ин кор назди Худо бузург аст!

54           Агар чизеро ошкор кунед ё онро пинҳон доред, Худованд аз ҳама чиз Огоҳ аст.

55           Бар онон (ҳамсарони Пайғамбар) гуноҳе нест дар мавриди падарон ва фарзандон ва бародарон ва фарзандони бародарон ва фарзандони хоҳарони худ ва занони мусулмон ва бардагони худ, (ки беҳиҷоб ва бепарда бо онҳо рӯ ба рӯ шаванд). Ва тақвои илоҳиро пеша кунед, ки Худованд нисбат ба ҳар чизе Шоҳид ва Огоҳ аст.

56           Худо ва фариштагонаш бар Пайғамбар дуруд мефиристанд, эй касоне, ки имон овардаед, бар ӯ дуруд фиристед ва салом гӯед ва комилан таслим (-и фармони ӯ) бошед.

57           Онҳо, ки Худо ва Пайғамбарашро озор медиҳанд, Худованд ононро аз раҳмати худ дар дунёву охират дур сохат ва барои онҳо азоби хоркунандае омода кардааст.

58           Ва онон, ки мардон ва занони боимонро ба хотири коре, ки анҷом надодаанд, озор медиҳанд, бори бӯҳтон ва гуноҳи ошкореро ба дӯш кашидаанд.

59           Эй Пайғамбар! Ба ҳамсарон ва духтаронат ва занони мӯъминон бигӯ: «Ҷилбобҳои (рӯсариҳои дарози) худро бар худ фурӯ афкананд, ин кор барои ин ки шинохта шаванд ва мавриди озор қарор нагиранд, беҳтар аст. (Ва агар то кунун хато ва кӯтоҳӣ аз онҳо рух додааст, тавба кунанд), Худованд ҳамвора Омурзандаи Раҳим аст.

60           Агар мунофиқон ва бемордилон ва онҳо, ки ахбори дурӯғ ва шойиаҳои беасос дар Мадина пахш мекунанд, даст аз кори худ барнадоранд, туро бар зидди онон мешӯронем, сипас ҷуз муддати кӯтоҳе наметавонанд дар канори ту дар ин шаҳр бимонанд.

61           Ва аз ҳама ҷо тард мешаванд ва ҳар ҷо ёфта шаванд, гирифта хоҳанд шуд ва ба сахтӣ ба қатл хоҳанд расид.

62           Ин суннати Худованд дар ақвоми пешин аст ва барои суннати илоҳӣ ҳеҷ гуна тағйире нахоҳӣ ёфт.

63           Мардум аз ту дар бораи (замони қиёми) қиёмат савол мекунанд, бигӯ: «Илми он танҳо назди Худост». Ва чӣ медонӣ, шояд қиёмат наздик бошад.

64           Худованд кофиронро лаън карда (ва аз раҳмати худ дур дошта) ва барои онон оташи сӯзонандае омода намудааст!

65           Дар ҳоле, ки ҳамвора дар он то абад мемонанд ва валӣ ва ёваре нахоҳанд ёфт.

66           Дар он рӯз, ки чеҳраҳои онон дар оташ (-и дӯзах) дигаргун хоҳад шуд, (аз кори худ пушаймон мешаванд ва) мегӯянд: «Эй кош Худо ва Пайғамбарашро итоат карда будем!».

67           Ва мегӯянд: «Парвардигоро! Мо аз сарон ва бузургони худ итоат кардем ва моро гумроҳ сохтанд.

68           Парвардигоро! Ононро аз азоб, ду чандон деҳ ва онҳоро лаъни бузурге намо!».

69           Эй касоне, ки имон овардаед! Монанди касоне набошед, ки Мӯсоро озор доданд ва Худованд ӯро аз он чӣ дар ҳаққи ӯ мегуфтанд, мубарро сохт ва ӯ назди Худованд, обрӯманд (ва гиронқадр) буд.

70           Эй касоне, ки имон овардаед! Тақвои илоҳӣ пеша кунед ва сухани ҳақ бигӯед,

71           То Худо корҳои шуморо ислоҳ кунад ва гуноҳонатонро бибахшад. Ва ҳар кас итоати Худо ва Расулаш кунад, ба растагории (ва пирӯзии) бузурге даст ёфтааст.

72           Мо амонат (тааҳҳуд, таклиф ва вилояти илоҳи)-ро бар осмонҳо ва замин ва кӯҳҳо арза доштем, онҳо аз ҳамли он сар бартофтанд ва аз он ҳаросиданд, аммо инсон онро бар дӯш кашид, ӯ бисёр золиму ҷоҳил буд, (чун қадри ин мақоми бузургро нашинохт ва ба худ ситам кард).

73           Мақсад ин буд, ки Худованд мардону занони мунофиқ ва мардону занони мушрикро (аз мӯъминон ҷудо созад ва ононро) азоб кунад ва Худо раҳмати худро бар мардону занони боимон бифиристад. Худовандҳамвора Омурзанда ва Раҳим аст.

Охирин матолиб

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...