Барои раҳоӣ аз сардаргумӣ дар чӣ хостан, чӣ гуна хостан ва дараҷабандии аҳамияти хостаҳо ва пайравӣ аз чӣ гуна дуо кардани анбиё(а) ва авлиёи илоҳӣ(р) ба суроғи дуоҳои қуръонӣ меравем. Дар ин шумора қисмати сеюми ин маҷмӯаро пешкаши шумо менамоем. Бо умеди ин ки Худованд ба ҳамаи мо тавфиқи дуои мустаҷоб иноят намояд.
بِسْمِ اللّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ
رَبِّ اجْعَلْنِي مُقِيمَ الصَّلاَةِ وَمِن ذُرِّيَّتِي رَبَّنَا وَتَقَبَّلْ دُعَاء[1]
Парвардигоро! Ман ва авлодамро аз барподорандагони намоз қарор деҳ. Парвардигоро! Дуои маро (ва намозу ибодатамро) бипазир.
Ману насли манро зи рӯи ниёз,
Бигардон зи хонандагони намоз.
Дуоҳои моро иҷобат намо,
Ту эй Кирдигор, эй ягона Худо.
Паёмҳо
1. Барои барпо доштани намози худ ва фарзандонамон, аз Худо кӯмак бихоҳем. رَبِّ اجْعَلْنِي
2. Дар дуо кардан ҳам ба худ таваҷҷӯҳ кунем ва ҳам ба дигарон.
رَبِّ اجْعَلْنِي… وَمِن ذُرّيتي
3. Бо вуҷуди ин ки вазифаи анбиё(а) барпо доштани дин аст, аммо дуо барои намоз нишонаи он аст, ки намоз чеҳра ва симои тамом-намои дин аст. رَبِّ اجْعَلْنِي مُقِيمَ الصَّلاَةِ
بِسْمِ اللّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ
رَبَّنَا اغْفِرْ لِي وَلِوَالِدَيَّ وَلِلْمُؤْمِنِينَ يَوْمَ يَقُومُ الْحِسَابُ
Парвардигоро! Ман, падару модарам ва мӯъминонро, дар рӯзе, ки ҳисоб барпо мешавад биёмурз.
Ману волидайни ману мӯъминон,
Бибахшой он рӯзи сахту гарон.
Ба ҳангомаи сахти рӯзи ҳисоб,
Бибахшой, моро мафармо азоб.
Паёмҳо
- Дар дуо кардан, ҳам ба худ таваҷҷӯҳ кунем ва ҳам ба дигарон.
اغْفِرْ لِي وَلِوَالِدَيَّ وَلِلْمُؤْمِنِينَ
- Дар дуо хешовандони инсон бар дигарон муқаддаманд
وَلِوَالِدَيَّ وَلِلْمُؤْمِنِينَ
- Дар дуо ба фикри қиёмати худ, падару модар, фарзандон ва ҷомеа бошем. يَوْمَ يَقُومُ الْحِسَابُ
بِسْمِ اللّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ
رَبَّنَا آتِنَا مِن لَّدُنكَ رَحْمَةً وَهَيِّئْ لَنَا مِنْ أَمْرِنَا رَشَدًا[2]
Парвардигоро! Аз сӯи худ раҳмате ба мо ато кун ва барои мо рушде дар корамон фароҳам соз.
Бигуфтанд: Парвардигоро кунун,
Ба мо раҳмат овар ба лутфи фузун.
Дигар кори моро ба сомон расон,
Масун дорамон аз газанди касон.
بِسْمِ اللّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ
رَبَّنَا آمَنَّا فَاغْفِرْ لَنَا وَارْحَمْنَا وَأَنتَ خَيْرُ الرَّاحِمِينَ[3]
Парвардигоро! Имон овардем. Пас моро бибахш
ва бар мо раҳм кун, ки ту беҳтарини раҳмкунандагонӣ.
Ки мо мӯъминонем, эй Кирдигор,
Бигаштем мӯъмин ба рӯзи шумор.
Кунун даргузар аз гуноҳони мо,
Ту дар ҳаққи мо меҳрубонӣ намо.
Ҳамоно, ки худ Арҳам-ар-Роҳимин,
Ту ҳастӣ, ту, эй Кирдигори маҳин.
Паёмҳо
1. Имон муқаддимаи мағфират аст ва мағфират муқаддимаи дарёфти раҳмати илоҳӣ аст. آمَنَّا فَاغْفِرْ لَنَا وَارْحَمْنَا
2. Худованд сарчашмаи меҳрубониҳо аст. وَأَنتَ خَيْرُ الرَّاحِمِينَ
3. Яке аз одоби дуо, таҷлил аз Худованд аст. وَأَنتَ خَيْرُ الرَّاحِمِينَ
بِسْمِ اللّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ
رَبَّنَا اصْرِفْ عَنَّا عَذَابَ جَهَنَّمَ إِنَّ عَذَابَهَا كَانَ غَرَامًا إِنَّهَا سَاءتْ مُسْتَقَرًّا وَمُقَامًا[4]
Парвардигоро! Азоби дӯзахро аз мо дур бигардон, ки азоби он домангир аст. Ба дурустӣ, ки дӯзах ҷои баде аст.
Бигӯянд доим ба ҳоли дуо,
Азоби ҷаҳаннам бигардон зи мо.
Ки бисёр муҳлик бувад он азоб,
Ҳамешаст ҷовид он сӯзу тоб.
Ки манзилгаҳест бисёр бад,
Чӣ бад ҷойгоҳу мақарре бувад.
Нукта
Фикри наҷот аз оташ ҳам бояд аз роҳи ибодат кардан бошад ва ҳам бояд аз роҳи корҳои нек. Ҳазрати Алӣ(к), замоне ки моли худро дар роҳи ризои Худо вақф мекард, дар вақфномаи худ менавишт, ки ин молҳоро вақф кардам то ба сабаби он аз оташи дӯзах дар амон бошам.
Паёмҳо
- Ёди қиёмат аз хусусиятҳои бандагони хосси Худост.
و عباد الرحمن…رَبَّنَا اصْرِفْ عَنَّا عَذَابَ جَهَنَّمَ
- Бандагони хосси Худованд, беш аз он ки тамаъи биҳишт дошта бошанд, аз оташи дӯзах метарсанд. رَبَّنَا اصْرِفْ عَنَّا عَذَابَ جَهَنَّمَ
بِسْمِ اللّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ
رَبَّنَا هَبْ لَنَا مِنْ أَزْوَاجِنَا وَذُرِّيَّاتِنَا قُرَّةَ أَعْيُنٍ وَاجْعَلْنَا لِلْمُتَّقِينَ إِمَامًا[5]
Парвардигоро! Ба мо аз тарафи ҳамсарон ва фарзандонамон мояи равшании чашм ато кун ва моро пешвои парҳезкорон қарор деҳ.
Бигӯянд зи азвоҷамон тифли нек,
Ба мо бахш, эй Эзади бешарик.
Ки равшан намоянд чашмони мо,
Физоянд бар меҳру имони мо.
Ҳам аз баҳри мардони парҳезкор,
Ту моро бикун пешво дар диёр.
Паёмҳо
- Инсон дар баробари ҳамсару фарзанд ва насли худ вазифадор аст, аз ин рӯ бояд барои оқибати некӯи онҳо талош ва дуо кунад.
رَبَّنَا هَبْ لَنَا مِنْ أَزْوَاجِنَا وَذُرِّيَّاتِنَا قُرَّةَ
2. Дар тарбият, илова бар илм ва талош, бояд аз Худо ҳам кӯмак хост. رَبَّنَا هَبْ
3. Фарзанди солеҳ, нури чашм аст. قُرَّةَ أَعْيُنٍ
4. Ташкили хонавода ва доштани ҳамсар ва фарзанд ва дуо барои ба даст овардани онҳо мавриди таваҷҷӯҳи Ислом аст. رَبَّنَا هَبْ
5. Дар дуо ба ҳадди ақалҳо басанда накунем, балки ҳимматбаланд бошем. وَاجْعَلْنَا لِلْمُتَّقِينَ إِمَامًا
Таҳияи Саломуддин Муҳаммадамин ва Ҳалимҷон Ҳакимҷон