Ҷойгоҳи илм дар дини Ислом, масеҳият ва яҳудият

Илм ва дониш, ба таври куллӣ дар дини мубини Ислом ба хусус дар фармоишоти Паёмбар(с) ва бузургони

дин, нур муаррифӣ шудааст.[1] Ба ҳамин далел аст, ки дини Ислом, ба хусус дар ҳавзаи ривоёт, арзишеро, ки барои илм ва олим, матраҳ карда аст ҳеҷ дин ва мактаби фикрии дигаре ба он мӯътақид нест.

Нур ҳар чизи рушан, ва рушанкунандаеро гӯянд,[2] чи ин ки моддӣ бошад ва ё маънавӣ.[3] Пас агар илм, нур аст, табиатан вижагиҳо ва хасоиси нурро низ дорад. Аз ин хотир агар нури зоҳирӣ, зулумот ва торикиҳоро мезудояд, нури илм, маҷҳулоти инсонро маълум месозад; аз ин рӯ дар ҷое, ки илм бошад ҷаҳл вуҷуд надорад. Аз тарафи дигар, Ислом ва имон низ дар гузораҳои динӣ ва ривоӣ, ба унвони нур муаррифӣ шудаанд,[4] ҳамонгуна ки ақл низ ба чунин сифате муттасиф аст.[5] Дар натиҷа фаҳмида мешавад, ки илм, ақл, ва имон дар дини Ислом иртиботи танготанге бо ҳамдигар доранд, ки наметавон онҳоро аз ҳамдигар ҷудо намуд.[6] Ба баёни дигар, илм ва дин ва ақл албатта ҳар кадом дар ҳавзаи хосси худ ба дунболи он ҳастанд, ки ҳақоиқ ва воқеиётро кашф кунанд.

Аллома Таботабоӣ дар ин бора менависад:

   “Таҷлил ва тамҷиде, ки Қуръони Карим аз илму дониш намуда монанди он дар ҳеҷ китоби осмонии дигар ёфт намешавад ва дар ин бора ҳамин бас, ки Қуръон замони ваҳшигарии сардаргумии аъробро, ки пеш аз Ислом буда, замони ҷоҳилият ном ниҳодааст. Қуръони Маҷид дар садҳо оят ба туруқи мухталиф номи илм ва донишро ба миён оварда ва дар бештари онҳо дар мақоми бузургдошти он мебошад. Гузашта аз оёти Қуръони Карим муаккидтарин ва сареҳтарин тавсияҳои Расули Акрам(с) ва Аиммаи атҳор(а), дар бораи илм аст. Расули Худо(с) мефармояд: Тааллум ва донишҷӯӣ бар ҳар мусулмоне фарз ва воҷиб аст ва ин фарз ихтисос ба табақа, гурӯҳ, синф ё ҷинси хоссе надорад. Ҳар кас, ки мусулмон бошад бояд дар пайи илм равад…”[7]

     Вақте вориди гузораҳои динӣ мешавем, то фазоил ва чистии илмро мавриди баррасӣ қарор диҳем, мушоҳида мекунем, ки оёт, ба хусус ривоёт, аз ҷанбаҳои мухталиф ва мутафовите ба ин масъала нигаристаанд, ки худи ин амр нишондиҳандаи илмдӯстии беш аз ҳадди дини Ислом нисбат ба илм аст.

[1] .Алломаи Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.1, саҳ.225 “العلم نور یقذفه الله فی قلب من یشاء” “дониш нуре аст, ки Худованд онро ба қалби ҳар касе, ки бихоҳад ато мекунад.

[2] .Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, ҷ.5, саҳ.240; Фахриддин, Маҷма-ул-баҳрайн, ҷ.3, саҳ.50, “الظاهر فی نفسه المُظْهِر لغیره یسمی نوراً” “чизе, ки худаш рушан бошад ва дигариро низ рушан намояд, нур номида мешавад”.

[3].Мустафавӣ, Таҳқиқ дар калимоти Қуръони Карим, ҷ.12, саҳ.278.

[4] .Зумар, 22 “أَفَمَنْ شَرَحَ اللهُ صدْرَهُ لِلاِسْلام فَهُوَ عَلَی نُورٍ مِنْ رَبّهِ”. “Оё ғайр аз ин аст касе ки Худованд синаашро барои Ислом кушуда аст дар нури илоҳӣ қарор дорад”. Ҳадис “الإیمان نور فمن زنا فارقه الإیمان”, “имон нур аст лизо ҳар кас ки зино кунад аз имон ҷудо шудааст”, Абубакр ибни Абишайба, Алмуснаф, ҷ.7, саҳ.219.

[5] .Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, ҷ.1, саҳ.248, Расули Акрам(с) фармуданд: “العقل نور فی القلب یفرق به بین الحقّ والباطل” “Ақл нуре аст дар қалб, ки ба василаи он ҳақ ва ботил ташхис дода мешавад”.

[6].Рейшаҳрӣ, Мизон-ул-ҳикма, ҷ.3, саҳ.319. Ҳазрати Алӣ(а) фармуданд: “لا دین لمن لا عقل له” “Он кас ки ақл надорад, дин надорад”.

[7] .Аллома Таботабоӣ, Қуръон дар Ислом, саҳ.93; Алӣ Муҳаммад Ҳусейнзода, “Таомули Ислом ва илм”, нашрияи “Каломи исломӣ” шумораи 45, саҳ. 149.

С. Сайид

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...