Ҷилваҳои эъҷози Қуръон (4)

vahu

 

Ҷилваҳои эъҷози Қуръон (4)

А) Гуле аз бӯстон

Оятҳои зер намунаҳое аст аз гулистони пуртаровати балоғати Қуръони Карим, ки метавонем бо таамул дар онҳо рӯҳи худро муаттар созем:

  1. 1.﴿بَلْ نَقْذِفُ بِالْحَقِّ عَلَى الْبَاطِلِ فَيَدْمَغُهُ فَإِذَا هُوَ زَاهِقٌ … ﴾[1]

“Балки ҳамеша ҳақро бар ботил ғолиб ва пирӯз мегардонем. Дар натиҷа қудрати ҳақ ботилро сахт мекубад ва ботил ногузир маҳв ва нобуд шудани аст.”

Дар ин оят ҳақ, ки ҳамон ҳақиқати пойдор ва оли аст ва шаъни он бас азим аст, ба сурати нерӯи сангине даромада, ки бар ботили пуч ва тухолӣ мезанад ва онро мекубад ва нобуд мекунад ва ба сурати шайи беҷоне дармеоварад. Мулоҳиза мекунед, ки дар ин таҷассуми бузург барои нишон додани низоъ миёни ҳақ ва ботил ҳарфи (фо) ба кор рафтааст, на ҳарфи (сумма) ва ғайри он то бифаҳмонад, ки ҷараён бе фосила пушти ҷараёни дигар қарор мегирад ва шайи мавриди назар ба суръат дар ҳам кубида мешавад, то баён кунад, ки ҳақи қудрате дорад бисёр бартар ва болотар ва суръате дорад рубоянда, ки дар зимни рубояндагӣ ботилро маҳв ва нобуд месозад ва ин ташбиҳ барои баёни фурӯ рехтани ҳатмии ботил ва маъдум шудани он ва бутлони асари он мебошад.

  1. 2.﴿إِذَا أُلْقُوا فِيهَا سَمِعُوا لَهَا شَهِيقًا وَهِيَ تَفُورُ *تَكَادُ تَمَيَّزُ مِنَ الْغَيْظِ …﴾[2]

“Ҳангоме ки дар он (дузах) афканда шаванд дар ҳоле ки он фаварон мекунад, нолае аз он мешунаванд. Наздик аст (дузах) аз шиддати хашм (аз ҳам) ҷудо шавад.”

Ин оят баҳс аз аҳли дузах мекунад ва ин навъ афкандан дар ҳадди худ манзараи ҳаросангезеро муҷассам менамояд, ки бо ҷунбиши маҳсуси худ манзараи андохтани муҷриминро дар оташ пеши чашм меоварад, дар ҳоле ки гирдогирди онҳоро гирифта, бо фарёди хушунатбораш онҳоро ба сӯи оташ мекашонад ва онҳоро аз фарёди хашин ва ҳавлноке, ки мешунаванд сахт ба ваҳшат ва ҳарос меафтанд; фарёде ки дилҳои онҳоро аз ҷой бармеканад пеш аз он ки забонаҳои оташ онҳоро дар худ фурӯ гирад ва шӯълаҳояшон онҳоро бисӯзонад ва мису сурби гудохтаи дузах чеҳраи онҳоро зишт ва дигаргун созад.

Ин қиёфаи ҳавлангез ва ҳароснок Сайид Разиро ба таамул ва тавақуф водошта ва гуфта аст, ки: “ Худои Таоло оташи дузахро, ки бояд аз он паноҳ ба Ӯ барем, бо васфи хашмгин ва ғазабнок тавсиф кардааст. Хашму ғазабе, ки агар ба он ҳад бирасад ба охирин дараҷаи интиқом расидааст. Ва дар ранҷ додан ва азоб кардан аз ин ҳудуд ҳам таҷовуз мекунад.”

  1. 3.﴿خُذِ الْعَفْوَ وَأْمُرْ بِالْعُرْفِ وَأَعْرِضْ عَنِ الْجَاهِلِينَ﴾[3]

“Авф (ва мадоро пеш) гир ва ба (кори) писандида фармон деҳ ва аз нодонон рӯй гардон”.

Ин оят тамоми макорими ахлоқро ҷамъ карда аст, зеро: авф яъне гузашт ва чашмӯшӣ аз касе, ки бадӣ карда аст ва мадоро кардан бо дигарон дар ҳама корҳо, дар ҷумлаи: “ваъмур бил маъруфи” дастур медиҳад ба силаи арҳом ва нигаҳдории забон аз дуруғ ва ғайбат ва боздоштани нигоҳ аз ҳаром ва ҷумлаи: “аъриз ъанил ҷоҳилин” дастуре аст дар заминаи пойдорӣ ва ҳилм ва фурӯ хурдани хашм. Агар чи дар ин оят лафзҳои андаке аст, аммо маонии онҳо бо ниҳояти диққат ва латофат ва ҳадафҳои бузургро шомил шудааст ва дар як ҳаду марз ҳам мутавақиф нагардида аст. Ин навъ баён, олитарин дараҷоти фасоҳат аст.

Б) Намунаҳое аз арзишҳои волои қуръонӣ  

1. Даъват ба корҳои нек ва парҳез аз корҳои нописанд:

﴿… وَتَعَاوَنُوا عَلَى الْبِرِّ وَالتَّقْوَىٰ وَلَا تَعَاوَنُوا عَلَى الْإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ …﴾[4]

“ Ва бар(ои) некӯкорӣ ва (худ нигаҳдорӣ ва) порсоӣ бо якдигар ҳамкорӣ кунед ва бар(ои) гуноҳ ва тааддӣ бо якдигар ҳамкорӣ нанамоед.”

  1. 2. Даъват ба адолатварзӣ ва некӯкорӣ:

﴿ اللَّهَ يَأْمُرُ بِالْعَدْلِ وَالْإِحْسَانِ وَإِيتَاءِ ذِي الْقُرْبَىٰ وَيَنْهَىٰ عَنِ الْفَحْشَاءِ وَالْمُنكَرِ وَالْبَغْيِ [5]

“Дар воқеъ Худо ба адолат ва некӣ ва адои (ҳақи) наздикон фармон медиҳад ва аз (кори) зишт ва нописанд ва ситам манъ мекунад.”

  1. 3. Даъват ба ҳаёти барин ва пойдор:

﴿يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اسْتَجِيبُوا لِلَّهِ وَلِلرَّسُولِ إِذَا دَعَاكُمْ لِمَا يُحْيِيكُمْ…﴾[6]

“Эй касоне, ки имон овардаед! (Даъвати) Худо ва фиристодаашро бипазиред, ҳангоме ки шуморо ба сӯи чизе фаро мехонад, ки шуморо ҳаёт мебахшад.”

  1. 4. Даъват ба тафаккур ва тадаббур ва бедрории андеша:

﴿…كَذَٰلِكَ نُفَصِّلُ الْآيَاتِ لِقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ﴾[7]

“Ин гуна оётро барои гурӯҳе, ки тафаккур мекунанд, шарҳ медиҳем.”

﴿كِتَابٌ أَنزَلْنَاهُ إِلَيْكَ مُبَارَكٌ لِّيَدَّبَّرُوا آيَاتِهِ وَلِيَتَذَكَّرَ أُولُو الْأَلْبَابِ﴾[8]

“(ин) Китоби хуҷаста аст, ки онро ба сӯи ту фурӯ фиристодем, то дар оёти он тадаббур кунанд ва то хирадмандон мутазаккир шаванд.”

  1. 5. Тавсия ба шакибоӣ ва пойдори дар баробари душвориҳо:

﴿وَكَأَيِّن مِّن نَّبِيٍّ قَاتَلَ مَعَهُ رِبِّيُّونَ كَثِيرٌ فَمَا وَهَنُوا لِمَا أَصَابَهُمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَمَا ضَعُفُوا وَمَا اسْتَكَانُوا وَاللَّهُ يُحِبُّ الصَّابِرِينَ﴾[9]

“ Ва чи фаровон паёмбаре, ки ҳамроҳи ӯ мардони илоҳӣ бисёр пайкор карданд. Ва дар баробари он чи дар роҳи Худо ба онҳо мерасид, сустӣ наварзиданд ва нотавон нашуданд ва таслим нагардиданд ва Худо шакибоёнро дӯст дорад.”

  1. 6. Даъват ба таваккул ва эътимод ба Худованд:

﴿إِنَّ الَّذِینَ قالُوا رَبُّنَا اللّهُ ثُمَّ اسْتَقامُوا تَتَنَزَّلُ عَلَیْهِمُ الْمَلائِکَةُ أَلاّ تَخافُوا وَ لاتَحْزَنُوا وَ أَبْشِرُوا بِالْجَنَّةِ الَّتِی کُنْتُمْ تُوعَدُونَ[10]

“Дар ҳақиқат касоне, ки гуфтанд: “Парвардигори мо Худост.” Сипас пойдорӣ карданд, фариштагон бар онҳо фурӯд меоянд (ва мегӯянд) ки: “матарсед ва андӯҳгин мабошед ва мужда бод бар шумо, ба биҳиште, ки ҳамвора (бадон) ваъда дода мешудед.”

  1. 7. Даъват ба нишот ва умед ва дурӣ аз ноумедӣ:

﴿53قُلْ یا عِبادِیَ الَّذِینَ أَسْرَفُوا عَلى أَنْفُسِهِمْ لاتَقْنَطُوا مِنْ رَحْمَةِ اللّهِ إِنَّ اللّهَ یَغْفِرُ الذُّنُوبَ جَمِیعاً إِنَّهُ هُوَ الْغَفُورُ الرَّحِیمُ[11]

“Бигӯ: “Эй бандагони ман ки дар мавриди худатон зиёдаравӣ кардаед, аз раҳмати Худо ноумед нашавед, (чаро) ки Худо тамоми осор (гуноҳон)-ро меомурзад, ки танҳо Ӯ бисёр омурзанда (ва) меҳрварз аст.”

  1. 8. Тавсия ба худёбӣ, муроқибат ва мудирият бар нафс ва адами ғафлат аз он:

﴿یا أَیُّهَا الَّذینَ آمَنُوا عَلَیْکُمْ أَنْفُسَکُمْ[12]

“Эй касоне, ки имон овардаед! Бар шумост, ки ба худатон (бипардозед).”

  1. 9. Даъват ба талош ва баҳрагирӣ аз тавоноиҳои зотӣ:

﴿يا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَ لْتَنْظُرْ نَفْسٌ ما قَدَّمَتْ لِغَدٍ وَ اتَّقُوا اللَّهَ إِنَّ اللَّهَ خَبِيرٌ بِما تَعْمَلُونَ*وَ لاَ تَكُونُوا كَالَّذِين‌َ نَسُوا الله‌َ فَأَنْسَاهُم‌ْ أَنْفُسَهُم‌ْ أُولَئِك‌َ هُم‌ُ الْفَاسِقُون‌َ[13]

“Эй касоне, ки имон овардаед! (худатонро) аз (азоби) Худо ҳифз кунед ва ҳар шахсе бояд бингарад, ки барои фардои (растохез) чи чизе пеш фиристода аст, ва (худатонро) аз (азоби) Худо ҳифз кунед , ки Худо ба ончи анҷом медиҳед огоҳ аст. Ва ҳамчун касоне набошед, ки Худоро фаромуш карданд, пас (Худо) худашонро аз ёдашон бурд, фақат онҳо нофармонбардоранд.”

﴿وَأَن لَّیْسَ لِلْإِنسَانِ إِلَّا مَا سَعَى*وَ أَنَّ سَعْيَهُ سَوْفَ يُري[14]

“Ва ин ки барои инсон ҷуз кушиши ӯ нест. Ва ин ки кушиши ӯ дар оянда дида мешавад.”

  1. 10. Супориши фаровон дар некӣ ба волидайн:

﴿وَ بِالْوالِدَيْنِ إِحْساناً إِمَّا يَبْلُغَنَّ عِنْدَكَ الْكِبَرَ أَحَدُهُما أَوْ كِلاهُما فَلا تَقُلْ لَهُما أُفٍّ وَ لا تَنْهَرْهُما وَ قُلْ لَهُما قَوْلًا كَرِيماً*وَ اخْفِضْ لَهُمَا جَنَاحَ الذُّلّ‏ِ مِنَ الرَّحْمَهِ وَ قُل رَّبّ‏ِ ارْحَمْهُمَا کَمَا رَبَّیَانىِ صَغِیرًا[15]

“Ва Парвардигорат фармони қатъӣ дода, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Агар яке аз он ду ё ҳар ду назди ту ба (синни) пирӣ бирасанд, пас ба он ду “уф” (кучактарин сухани иҳонатомез) магӯй ва он дуро бо пархош марон ва ба он ду сухани арҷманд гӯй. Ва аз сари меҳр боли фурӯтанӣ барои он ду фурӯ овар ва бигӯ: Парвардигоро! Он дуро раҳмат кун, ҳамон гуна ки маро дар хурдӣ парвариш доданд.”

  1. 11. Даъват ба эътидол дар рафтори иқтисодӣ ва маишат:

﴿ وَلَا تَجْعَلْ يَدَكَ مَغْلُولَةً إِلَىٰ عُنُقِكَ وَلَا تَبْسُطْهَا كُلَّ الْبَسْطِ فَتَقْعُدَ مَلُومًا مَّحْسُورًا﴾[16]

“Ва дастатро басташуда ба гарданат қарор мадеҳ, (ва тарки бахшиш манамо) ва он (дастонатро барои бахшиш) ба таври комил макушой, то (инки) сарзаниш шуда (ва) дармонда биншинӣ.”

﴿ وَ الَّذِينَ إِذا أَنْفَقُوا لَمْ يُسْرِفُوا وَ لَمْ يَقْتُرُوا وَ كانَ بَيْنَ ذلِكَ قَواماً[17]

“Ва касоне, ки ҳар гоҳ (амволи худро дар роҳи Худо) масраф мекунанд, зиёдаравӣ намекунанд, ва танг намегиранд, ва (инфоқи онҳо равиши) муътадил байни он (ду) аст.”

  1. 12. Парҳез аз сухани ғайри олимона:

﴿ وَلَا تَقْفُ مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ ۚ إِنَّ السَّمْعَ وَالْبَصَرَ وَالْفُؤَادَ كُلُّ أُولَٰئِكَ كَانَ عَنْهُ مَسْئُولًا﴾[18]

“ Ва аз ончи ки ҳеҷ илме бадон надорӣ , пайравӣ макун (чар) ки гӯшу чашм ва дили (сӯзон), ҳамагии онҳо аз он пурсида мешаванд.”

  1. Тавсия ба ниёиш ва иртиботи қудсӣ бо Худои ягона:

﴿ قُلْ ما یَعْبَؤُا بِکُمْ رَبِّی لَوْ لا دُعاؤُکُمْ فَقَدْ کَذَّبْتُمْ فَسَوْفَ یَکُونُ لِزاماً[19]

“(Эй паёмбар) бигӯ: “Агар фарохони шумо (ба сӯи имон) набошад, парвардигорам барои шумо арзише қоил намешуд, чаро ки яқинан (Қуръон ва паёмбарро) дуруғ пиндоштед, пас дар оянда (азоб бар шумо) лозим хоҳад шуд.”

  1. 13. Тавсия ба ибодати Худованд ва ҳушдор аз пайравии шайтон:

﴿ أَلَمْ أَعْهَدْ إِلَيْكُمْ يَا بَنِي آدَمَ أَن لَّا تَعْبُدُوا الشَّيْطَانَ إِنَّهُ لَكُمْ عَدُوٌّ مُّبِينٌ* وَأَنِ اعْبُدُونِي هَٰذَا صِرَاطٌ مُّسْتَقِيمٌ﴾[20]

“Эй фарзандони Одам! Оё бо шумо паймон набастам , ки шайтонро напарастед, (чаро) ки ӯ душмани ошкоре барои шумост?! Ва инки маро бипарастед, ки ин роҳи рост аст?”

 


[1]. Сураи Анбиё, ояти 18.

[2]. Сураи Мулк, ояти 7 ва 8.

[3]. Сураи Аъроф, ояти 199.

[4]. Сураи Моида, ояти 2.

[5]. Сураи Наҳл, ояти 90.

[6]. Сураи Анфол, ояти 24.

[7]. Сураи Юнус, ояти 24.

[8]. Сураи Сод, ояти 29.

[9]. Сураи Оли Имрон, ояти 146.

[10]. Сураи Фусилат, ояти 30.

[11]. Сураи Зумар, ояти 53.

[12]. Сураи Моида, ояти 105.

[13]. Сураи Ҳашр, ояти 18 ва 19.

[14]. Сураи Наҷм, ояти 39 ва 40.

[15]. Сураи Исроъ, ояти 23 ва 24.

[16]. Сураи Исроъ, ояти 29.

[17]. Сураи Фурқон, ояти 67.

[18]. Сураи Исроъ, ояти 36.

[19]. Сураи Фурқон, ояти 77.

[20]. Сураи Ёсин, ояти 60 ва 61.

Охирин матолиб

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...