Ҷилваҳои эъҷози Қуръон (3)

ibn abbas

Инсон аз дидгоҳи Қуръон

Тафсири инсон ва ҷовидонагии вай ва охиратшиносӣ низ, ҷилваи дигар аз азамат ва эъҷози Қуръон Карим аст. Таваҷҷӯҳ ба паҳлӯҳои гуногуни ҷисм, рӯҳ ва ақли инсон, таваҷҷӯҳ ба мабдаву мунтаҳӣ ва масиру барномаи ҳаракати инсон ва ин ки аз куҷост ва ба куҷост ва мақсади вай чист, чи бояд бикунад, бозгӯии дақиқи резакориҳои пайдоиши ҷанинӣ ва мароҳили пеш аз вилодат ва пас аз ин ҷаҳони вай, ҳама нишони эъҷобангези азамати Қуръон дар абъоди инсоншиносии таҷрубӣ, фалсафӣ ё ирфонии башарӣ аст:

﴿وَلَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنسَانَ مِن سُلَالَةٍ مِّن طِينٍ*ثُمَّ جَعَلْنَاهُ نُطْفَةً فِي قَرَارٍ مَّكِينٍ*ثُمَّ خَلَقْنَا النُّطْفَةَ عَلَقَةً فَخَلَقْنَا الْعَلَقَةَ مُضْغَةً فَخَلَقْنَا الْمُضْغَةَ عِظَامًا فَكَسَوْنَا الْعِظَامَ لَحْمًا ثُمَّ أَنشَأْنَاهُ خَلْقًا آخَرَ ۚ فَتَبَارَكَ اللَّهُ أَحْسَنُ الْخَالِقِينَ*ثُمَّ إِنَّكُم بَعْدَ ذَٰلِكَ لَمَيِّتُونَ*ثُمَّ إِنَّكُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ تُبْعَثُونَ﴾[1]

“Ва ба яқин инсонро аз чакидае аз гил офаридем. Сипас ӯро оби андак сайёле дар ҷойгоҳи устувор (раҳм) қарор додем. Сипас оби андак сайёлро ба сурати (хуни баста) овезон офаридем, ва (хуни баста) овезонро ба сурати (чизи шабеҳи) гӯшти ҷавидашуда офаридем ва гӯшти ҷавидашударо ба сурати устухонҳое офаридем ва бар устухонҳо гӯште пӯшондем, сипас онро ба сурати офариниши дигаре падид овардем ва хуҷаста бод Худо, ки беҳатарин офаринандагон аст! Сипас шумо баъд аз ин (мароҳил) қатъан мемиред. Сипас шумо дар рӯзи растохез ҳатман барангехта мешавед.”

Инсони Қуръон ҳаргиз зоти нопок надошта, дорои ду виҷҳаи мулкӣ ва малакутӣ аст. Ӯ афзун бар хавоси ҷимодӣ, наботӣ ва ҳайвонӣ, дорои нерӯи “шуур ва ихтиёр” ва нигорандаи сарнавишти худ ва халифа ва амонатдори Худост.

Бар асоси ин нигариш, сиришти ҳар инсоне ҳам хостгоҳи илоҳӣ ва мутаолӣ ва ҳам манбаи гироиши табиати пайвастагӣ аст, то худ ба кадом сӯ гом ниҳад.[2]

Аз онҷо ки офариниши ҷаҳон ва инсон ҳакимона ва ҳадафдор аст, олами ҳастӣ зарфи кунишу вокуниш аст ва афзун бар сарои дигар, дар ҳамин ҷаҳон низ ҳар кас дастоварди талош ва неку бади рафтор ва ангезаи хешро дарёфт мекунад:

﴿أَلَّا تَزِرُ وَازِرَةٌ وِزْرَ أُخْرَىٰ * وَأَن لَّيْسَ لِلْإِنسَانِ إِلَّا مَا سَعَىٰ * وَأَنَّ سَعْيَهُ سَوْفَ يُرَىٰ﴾[3]

“Ки ҳеҷ борбардоре бори сангини (гуноҳи) дигареро барнамедорад ва инки барои инсон ҷуз кушиши ӯ нест ва ин ки кушиши ӯ дар оянда дида мешавад.”

Тасвири ҳаёти ухравии инсон ва маодшиносӣ дар Қуръон ҷойгоҳи вижае дошта, қариб як севвум оёти Қуръони Карим ба ин мавзӯз ихтисос дорад. Дар ин оёт ба гунаи шигифтоваре саҳнаҳои ҳаёти барзахӣ ва зиндагии растохезии инсон ба тасвир омада[4], ки бемонанд аст.[5]

Ҷомеияти аҳкоми исломӣ

Ислом дар буъди ташреи аҳком аз ҷомеияти комиле бархурдор аст, ки дар ҳеҷ як аз шариатҳо ва низ ташриоти вазъӣ, чунин ҷомеият ва густардагӣ ба чашм намехурад.

Ислом дар се буъди ибодат, муомилот ва интизомот дидгоҳҳои мушахассе дорад ва дар тамоми ҷавониб ин се буъд, ба таври густарда, назариёти худро ироа дода ва башарро барои расидан ба саодати ҳаёт (модӣ ва маънавӣ) ба пайравӣ аз худ фаро хонда аст.

Ибодоти Ислом, рӯҳро оромиш мебахшад ва робитаи инсонро бо малакути аъло мустаҳкам месозад ва ин худ муҷиби тақвияти рӯҳи инсон ва покӣ ва сафои ӯст. Бо таамул дар азкори намоз ва хулус ва таваҷҷӯҳи қалб ба соҳат қудси илоҳӣ ва низ муқовимати дарунӣ, ки аз рӯза ҳосил мешавад ва ҳамчунин дигар адъия ва ибодоти воҷиб ва мустаҳаб, ба вижа таъкид ба анҷом додани онҳо дар маконҳои муқаддас, ҳикоят аз як барномаи ҳисобшуда барои поксозӣ ва таҳорати даруни инсон ва рушду такомули ӯ дар чаҳорчуби зиндагии иҷтимоӣ аст.

Вожаи “тазкия” нишон медиҳад, ки ҳадафи ибодат, ҳамон покӣ ва сафои дарун аст. Дар сураи “Шамс” мехонем:

﴿قَدْ أَفْلَحَ مَن زَكَّاهَا﴾[6]

“Ба яқин растагор аст, касе ки даруни худро покиза намояд”.

Инсон дар даруни худ эҳсос мекунад, ки бар фарози ҳастӣ, нерӯи бартаре ҳаст, ки тамоми ҳастиҳоро фаро гирифта ва худро заррае кучак мебинад, ки бар рӯи амвоҷи муталотими ҳастӣ шиновар аст. Он нерӯи бартар ва қудратманд аст, ки ӯ ва дигар зарроти ҳастиро нигаҳ медорад. Ба илова ҳамин аҷз ва нотавонӣ ӯро ба сӯи камол ва тавоноии мутлақ меронад ва таваҷҷӯҳи дарунии ӯро ба сӯи камоли мутлақ маътуф медорад, аз ин рӯ аз даруни худ мекушад, то ин майл ва рағбат ва ишқ ба камоли мутлақро дар сурати калимот ва алфоз (адъия ва азкор) иброз дорад; ин гуна аст, ки ибороти саршор аз муҳаббату сипос аз даруни ӯ меҷушад ва сел осо сарозер мегардад ва агар қусуре дар худ эҳсос карда, дархости гузашт ва омурзиш менамояд. Ин чизе аст, ки инсон аз рӯзе ки худро шинохта, бо он хӯ гирифта ва ҳамвора сиришти вуҷуди ӯ бо он ҳамроҳ буда аст.

Ибодатҳо ва ниёишҳо, ба шаклҳои гуногун, суратҳои таҷасудёфтаи авотифи дарунии инсон аст, ки бармало мешавад. Ҳар дин ва оине ба шакле, қисмате аз ниёиши инсонро сарлавҳаи амалии худ қарор додааст.

Дар ойинҳои кӯҳани ҳиндуӣ ва зардуштӣ, намунаҳое аз ин гуна намойишҳои ибодӣ-ниёишӣ вуҷуд доштааст. Ҳамчунин гӯнаҳое низ аз ниёиши миёни яҳудиён ва тарсоиён ривоҷ дошта ва дорад, аммо ба назар мерасад, ки шаклҳои мавсум, омехта бо бисёре аз хурофот ва бидъатҳои нораво шудааст.

Аз ибодот, ки бигзарем, абвоби муомилот ва дар канори он аҳкоми интизоми Ислом, он андоза густарда ва фарогир аст, ки мояи ҳайрати динпажӯҳон гардидааст. Усулан шариате ба густардагии шариати Ислом, ки тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро зери дидгоҳи худ қарор дода бошад ва дар ҳар як назар дода бошад, вуҷуд надорад. Ягона дини илоҳии зиндаи ҷаҳон, Ислом асту бас:

﴿إِنَّ الدِّينَ عِندَ اللَّهِ الْإِسْلَامُ [7]

“Ҳамоно дин (-и писандида) назди Худо ойини Ислом аст…”

﴿وَمَن يَبْتَغِ غَيْرَ الْإِسْلَامِ دِينًا فَلَن يُقْبَلَ مِنْهُ وَهُوَ فِي الْآخِرَةِ مِنَ الْخَاسِرِينَ ﴾[8]

“Ҳар кас ғайр аз Ислом дине ихтиёр кунад, ҳаргиз аз вай пазируфта нест ва ӯ дар охират аз зиёнкорон аст.”

 


[1]. Сураи Муъминун, ояти 12-16.

[2]. Сураи Шамс, ояти 7 то 10.

[3]. Сураи Наҷм, ояти 38-40.

[4]. Ба унвони мисол ба сураҳои Таквир, Иншиқоқ ва Залзала нигариста шавад.

[5] . Саъди Рӯшан, Муҳаммадбоқир, Ошноӣ ба улуми Қуръон, саҳ.140.

[6]. Сураи Шамс, ояти 9.

[7]. Сураи Оли Имрон, ояти 19.

[8]. Сураи Оли Имрон, ояти 85.

Охирин матолиб

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...