“Ва яке аз нишонаҳои Илоҳӣ инаст, ки аз нафсу ҷинси худатон ҳамсаронеро офарид то ин ки оромиш пайдо кунед бар он ва муҳаббату меҳрубониро дар байни шумо қарор дод, ҳамоно ин аз нишонаҳо ва оятҳое аст барои гурўҳе, ки тафаккур мекунанд”.(Рум/21)
Ростӣ, меҳру муҳаббат яке аз сутунҳои асосии оила мебошад. Вақте ҷавонписар ва ҷавондухтаре бо ҳам издивоҷ мекунанд ва бо ҳам як ханаводаи ҷадиду мус- тақиллеро ташкил меди- ҳанд, нахустин чизе, ки ҳар кадоми онҳоро дар канори дигарӣ гирд меоварад, ки ин ду ҳамеша ва то охири ҳаёт бо ҳам зиндагӣ кунанд, ҳамоно меҳру муҳаббат аст, он меҳру муҳаббате, ки Худованд онро яке аз оятҳову нишонаҳои худ шуморида-аст. Розаш ҳам ин аст, ки ҳар кадом аз марду зан ба танҳоӣ мавҷуде ҳастанд ноқис. Ин нақс аз он ҷиҳат аст, ки барои бақои наслу тавлиди мисл ва ташкили зиндагӣ, ҳарду ба якдигар наёзманду муҳтоҷанд. Издивоҷи маш- рўъ ва қонунӣ бартараф- кунандаи нақси тарафайн ва сабаби борвар шудани вуҷуди онон мегардад. Ба илова аз назари саломатии ҷисму ҷон ва баҳрабардории саҳеҳ аз мазоёи зиндагӣ, барои ҳар зану марде зарурат дорад.
Вале аз онҷо, ки ҳаёти рўзмарраи мо баландию пастиҳои зиёд ва мушки- лоти фаровоне дорад, гоҳе дида мешавад, байни зану шавҳаре, ки бо пайванди издивоҷ ба ин амри муҳим қиём кардаанд, ноадолати- ҳову нобаробариҳо, ноҷавон- мардиҳову хиёнатҳо эҷод шуда ва чӣ басо ин авомил сабаб мешаванд, ки як хонаводаи навташкил ната-вонад ба зиндагии худ идома диҳад. Дар инҷо аст, ки бояд ҳар кадом аз зану шавҳар аз вазоифу масулияти худ огоҳ буда дар он таваҷҷуҳ дошта бошанд.
Расули Акрам(с) роҷеъ ба масъулияту вазифашиносӣ мефармояд: Ҳамаи шумо ба саҳми худ сарпарасту нигаҳбон ҳастед ва ҳамагӣ нисбат ба ончӣ ўҳдадор шудаед, масъулед. Зимом- дору имом масъули миллат, мард масъули хонавода, зан масъули умури манзилу фарзандон аст ва ҳар кас ба андозаи раёсате, ки дорад масъул ва ба анҷоми вазоифе, ки Худованд ба ўҳдааш гузошта муваззаф аст.
Алӣ (а) дар рўзҳои аввали издивоҷ ба иттифоқи ҳам- сари гиромиаш Фотима(а) ба ҳузури Паёмбари Ислом(с) омаданд ва аз он ҳазрат дархост карданд, ки миқдори вазоифи ҳар якро муайян созанд. Расули Акрам (с) тамоми корҳои беруни хонаро ба ўҳдаи Алӣ (а) гузоштанд ва идораи куллияи умури дохилии манзилро ҷузъи вазоифи духтарашон Фотима (с) муқаррар фармуданд.
Мардону занон метаво- нанд бо рафтори саҳеҳу оқилонаи худ, асоси зиндагонии саодатмандона- еро поягузорӣ кунанд, аз аъмоле, ки ба саодати онон латма мезанад, иҷтиноб намоянд. Гоҳе корҳои кучаку камаҳамият сабаби афзоиши меҳру муҳаббат мешавад, ҳамон тавре, ки гоҳе корҳои ночизе сабаби тафриқа ва ҷудойӣ мегардад.
Паёмбари Ислом(с) ме- фармояд:
Шоиста аст, ки зан чароғи хонаро равшан кунад ва хўрокро омода созад ва чун шавҳараш ба хона омад, то наздики дари хона аз ў истиқбол намояд ва ба ў хушомад гўяд ва бо овардани обу дастмол ба шавҳари худ дар шустани дасташ кўмак кунад ва бе сабаб аз анҷоми хостаҳои ў имтиноъ ва сарпечӣ нанамояд.
Паёмбари гиромӣ дар ҷои дигар хитоб бар мардон мефармояд:
Ҳар марде, ки барои худ ҳамсаре ихтиёр кард, бояд дар эҳтиром намудану гиромӣ доштани ў бикўшад.
Қурони Карим ба мардҳо ёдоварӣ карда, ки бо ҳам- сарони худ бо некию меҳрубонӣ муошират кунед ва аз беадолатию хушунат бипарҳезед.
То инҷо равшан шуд, ки аввалин ва муҳимтарин амре, ки бояд ҳар зану шавҳаре ба он тавҷҷўҳ дошта бошанд, инаст, ки ҳар кадоми онҳо аз ҳуқуқ ва вазоифе, ки дар қиболи якдигар ва дар муҳити хонавода доранд, бохабар бошанд. Вале сирфи огоҳӣ аз ин умур оё метавонад хушбахтӣ ва саодатмандии як хонаводаро тазмин кунад ё на ? Равшан аст, инсонҳо дар анҷоми масъулият ва вазоифи худ масун аз хатою иштибоҳ нестанд ва ҳар лаҳза мумкин аст ғафлат биварзанд ва фаромўш кунанд, махсусан он арўсу домоде, ки нахустин мароҳили зиндагиро аз сар мегузаронанд ва ҳанўз пухта нашудаву аз баландию пастиҳои ҳаёти муштарак бехабаранд. Инҷост, ки агар афву гузашти тарафайн бар шинохти ҳуқуқу вазоифи якдигар замима нагардад, асоси зиндагии саодатман -донаи оила мутазалзил хоҳад шуд. Зеро шинохти ҳуқуқу вазоиф бо афву гузашт, ду амре ҳастанд, ки комилан аз ҳам ҷудо ва қобили тафкик мебошанд; чунин нест, ки огоҳӣ аз ҳуқуқу вазоифи хонавода ба дунболи худ афву гузаштро ҳам дошта бошад.
Худованди Субҳон мефар- мояд:
“Оё намехоҳед Парварди -гори олам аз бадиҳои шумо бигзарад ва бадиҳои шуморо рўзи қиёмат нодида гирад? Пас бояд сифати афву гузашт дар зиндагии шумо ҳукм- фармо бошад.”
Агар афв, гузашт ва мардонагӣ дар муҳити оила ҳукмфармо бошад, оила устувор ва фазои он рўҳбахшу гарм мешавад. Балки агар ин сифат дар зиндагии мо набошад, муҳити хона сард мешавад ва муҳаббати самимӣ аз байн меравад. Сифати афву гузашт ин хусусиятро дорад, ки ҳиқду кинаҳо ва бадбиниҳоро аз дилҳо дур мекунад.
Расули Акрам(с) мефар- мояд:
“Афву гузашт дошта бошед, то кинаю бадбиниҳо аз байнатон дур шавад.”
Аз ин ҷиҳат агар хоҳем, ки зиндагии мо пур аз меҳру муҳаббат бошад, зан бояд гузашт дошта бошад, мард мардонагию азхудгузаштагӣ…
Муҳаррама Боқиева