АХЛОҚ

 Аз хирмани макорими хубон барӣ насиб

Гар баҳравар зи хулқи хуши Мустафо шавӣ

   Мо ҳамагӣ орзу дорем хушбахт ва саъодатманд бошем, касе ки хушбахт бошад болотар аз он чизе намехоҳад ва касе, ки хушбахт набошад аз ҳеч чиз баҳра намебарад. Бинобар ин бояд дид ба чӣ васила касби хушбахтӣ ва саодати ҳар ду ҷаҳон мумкин аст.

Бе тардид созандагии дарунӣ ва зудудани олудагиҳо аз нафси инсон дар саодати фардӣ ва иҷтимоӣ, дунявӣ ва ухравияш нақши басазое дорад.

Инсон агар тамоми улумро касб кунад ва тамоми неруҳои табиатро ба тасхири хеш дароварад, вале султони нафси худ набошад, аз расидан ба хушбахтӣ ва саодат боз хоҳад монд, на инки илми ў ва манобеи табиие, ки дар султааш аст ба ў нафъе надорад, балки аз ҳамаи онҳо дар ғайри масири ҳақиқӣ ва ба зарари худ ва иҷтимоъ истифода мекунад.

Тамоми пешрафтҳои илмӣ ва санъатӣ дар сурате, ки ҳамроҳ бо ислоҳ ва таҳзиби дарунии инсон набошад, монанди кохҳои бузурги  сар ба фалак кашидае ҳастанд, ки бар болои куҳи оташфишон бино гардидаанд ва лаҳзае нагузарад, ки ба музоб ва хокистар табдил шавад.

Дар таолими исломӣ аз олудагиҳои руҳӣ ва хоҳишҳои нафсонӣ ба ҳиҷобҳое таъбир шудааст, ки ҳар кас онро ба рўи қалб ва ақли хеш бикашад аз хушбахтӣ ва саодати ду ҷаҳон маҳҷур ва аз сарчашмаи камол ва камоли мутлақ маҳҷуб хоҳад буд.

Бинобарин дар мактаби дин, тарбияти рўҳӣ ва ахлоқии инсон муқаддам бар ҳамаи умур мебошад. Аҳамияти ахлоқ ва ислоҳи дарунии инсон то ба ҳаддест, ки аслан ҳадафи беъсати Пайёмбар (с) қарор гирифта ва яке аз муҳимтарин бахшҳои сегонаи исломро ташкил медиҳад.

Ғараз ва ҳадаферо, ки илми ахлоқи исломӣ дунбола мекунанд, иборат аст аз такомул ва таъолии инсон ва тамомияти фазилатҳои ахлоқӣ бо канор задани ҳиҷобҳои олуда ба ҳавою ҳавас аз рўи қалб ва ақл ва расондани ў ба дараҷоте, ки худованди мутаол вайро ба манзури расидан ба онҳо офаридааст ва мутахаллиқ намудани инсон ба ахлоқи илоҳӣ ва таъдиби ў ба одоби паёмбарон ва ҷонишинони онҳо, то инки ба худояш наздик шавад ва ба воситаи ин наздикӣ дар дунё ва охират хушбахт ва саодатманд гардад.

Ислоҳи нафс ва тахаллуқ ба ахлоқи илоҳӣ дар мавриди донишпажўҳони динӣ ва дунявӣ аз аҳамияти чанд баробаре бархурдор аст, ки бояд дар канор ва ҳамроҳ бо таҳсили илм ва маърифат ба таҳзиб  ва тазкияи нафс бипардозад.      

Чунон ки аз бузургони дин истифода мешавад, аваалин коре, ки барои муҳассили улуми динӣ ва руҳонӣ лозим аст, ин аст, ки дар садади тасфияи дил ва татҳири равон ва таҳзиби нафси худ бошад, зеро ҳамаи арзишҳо бар меҳвари тазкияи нафс ва полоиши дил аз олудагиҳо давр мезанад ва то шустушўи қалб аз олудагиҳо ва сифоти шайтонӣ ва разоили нафсонӣ таҳаққуқ наёбад, ҳеҷ чиз, ҳатто илм инсонро наҷот намедиҳад. Балки инсони ғайри муҳаззаб ҳарчи бештар таҳсили илм кунад ва дониш фаро гирад, зарараш ба худи ў ва ҷомеа бештар хоҳад расид. Илм монанди корде аст, ки агар дар дасти мутахассиси ҷарроҳе, бошад ҷони инсонҳоро наҷот медиҳад ва агар дар дасти шахси муҷрим ва бебандубор уфтад ҷони ҳазорон нафарро ба хатар хоҳад андохт.

Бе гуҳарро илму  фан  омухтан,

Додани теғ аст  дасти  роҳзан.

Теғ додан дар кафи зангии маст,

Беҳ,киуфтад илм нокасро бадаст.

Илмумолу мансабуҷону Қуръон,

Фитна орад дар кафи бадгавҳарон.

Чун қалам дар дасти ғаддор  уфтод,

Лоҷарам Мансур бар дор уфтод. Бисёре аз мо достонеро, ки Қуръони Карим дар саранҷоми донишманде, ки дар аввал аз муъминон буд ва оёте аз Худованд дошт, вале ба сабаби пайравӣ аз ҳавои нафс аз оёти Худованд сарпечӣ намуд ва гирифтори васвасаҳои шайтон гашт ва оқибат ба сафи гумроҳон ва фиравниён пайваст, шунида ва ё хондаем.

Пас аз вафоти ҳазрати Мусо (а) Юшаъ (а) васӣ ва ҷонишини ҳазрати Мусо, ки аз ҷониби Худованд ба ҷонишинии паёмбар баргузида шуд, бар подшоҳони тоғут хуруҷ ва кишваргушоӣ менамуд. Юшаъ(а) расид ба сарзамини “Муоб”, подшоҳи онҷо ба номи Болоқ ибни Сафур аз тарси шикаст дар баробари лашкари Юшаъ Балъам ибни Боур олим ва донишманди он замонро барои нафрин намудани Юшаъ ва қавми ў ба дарбор фаро хонд, то шоҳ аз ин набарде, ки дар пеш дошт пируз берун ояд.

Балъам ибни Боур савор бар маркаби худ ба сўи дарбор роҳ афтод ва дар байни роҳ маркаби ў аз ҳаракат боз истод. Балъам чанде чўб бар маркаб зад то роҳ биравад, ҳайвон, бо изни Худованди олам ба такаллум омаду гуфт: Чӣ гуна ҳаракат кунам, дар ҳоле ки Ҷибраил фариштаи Худо бо шамшере дар даст рў ба рўямон истода ва туро аз рафтан ба дарбор манъ мекунад. Ин сухани ҳайвони ба такаллум омада бар Балъам асар накард, то расид ба дарбори Болоқ. Подшоҳ пас аз зиёфате, ки тартиб дода буд, Балъамро таклиф кард то Исми Аъзам бихонад ва бар Юшаъ ва қавми ў нафрин кунад.

Балъам гуфт: Пайғамбари Худо ҳамроҳи эшон аст, нафрин дар онҳо асар намекунад валекин ман барои ту тадбири дигар мекунам. Ту занони зеборо зинат кун ва ба баҳонаи хариду фурўш дар миёни лашкари онҳо бифрист, ки дар мардони онҳо даровезанд ва эшон ба фаҳшо олуда шаванд, Худованд онҳоро ҳалок хоҳад кард. Зеро зино дар миёни ҳар қавме зиёд шавад, ҳатман Худо тоунро бар онҳо мефиристад.

Шоҳ Болоқ чунин кард ва қавми Юшаъ (а) фаҳшо бисёр карданд, ҳақ таоло ба пайғамбари худ ваҳй кард, ки эшон (қавми Юшаъ) чунин карданд ва мустаҳиққи ғазаби ман шуданд, агар мехоҳӣ душманро бар онҳо мусаллат мекунам, ва агар мехоҳӣ эшонро ба қаҳт ҳалок мекунам ва агар мехоҳӣ эшонро ба марги сареъ ва зуд мемиронам.

Юшаъ (а) гуфт: Эшон фарзандони Яъқубанд ва дўст намедорам, ки душман бар онҳо мусаллат шавад ва намехоҳам, ки ба қаҳт бимиранд ва лекин ба марги зуд агар хоҳӣ онҳоро ҳалок кун. Пас Худованд дар муддати каме аз рўз, ҳафтод ҳазор кас аз онҳоро ҳалок намуд.

Ҳамон гуна ки мулоҳиза шуд достони фавқ, ки дар сураи муборакаи Аъроф зикр шудааст, сўҳбат аз як олим ва донишманд аст, ки нахуст дар масири ҳақ гом мениҳод, аммо саранҷом пайравӣ аз ҳавои нафс ва таҳзиб нашудани қалб, ўро чунон ба суқут кашонид, ки дар сафи мунҳарифон ва пайравони шайтон қарор гирифт. Ояи 175 ва 176 сураи Аъроф агарчӣ дар мавриди Балъам ибни Боур аст, вале ихтисос ба ў надорад, зеро дар охири оят мефармояд: Ин масали гуруҳе аст, ки оёти моро такзиб карданд.

Ва ҳамчунин аз имом Боқир (а) нақл шудааст:

“Асли оят дар бораи Балъам аст, сипас Худованд онро ба унвони як мисол дар бораи касоне, ки ҳаво парастиро бар худопарастӣ муқаддам бидонанд, баён кардааст”.

Таърих ва достонҳои қуръонӣ дарси хубе аст барои касоне, ки аз онҳо барои таъйини роҳи зиндагии дунявӣ ва ободонии зиндагии ухравии худ, ибрат мегиранд ва панд меомўзанд .

“فاقصص القصص لعلهم يتفکرون ”

   Дар инҷо бо фарозҳое аз баёноти созандаи бунён- гузори ҷумҳурии исломӣ ҳазрати имом Хумайнӣ (р), ки барои муҳассилини дин ва туллоби ҳавза ироа фармудаанд, баҳсро ба поён мерасонем. Дар воқеъ рози азамати кори ин марди илоҳӣ ва шигифтии таъсири калом ва андешаи он ҳазрат ба пайравонашро бояд дар ҳамин ҳақиқат яъне “тазкияи нафс” ҷустуҷў кард.

МанучеҳриТоҳирӣ

Охирин матолиб

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...