Масъалаи дигаре, ки хуб аст ишорае ба он шавад, масъалаи ҳукми рӯза барои мусофир аст. Чун дар ин мавзӯъ низ фатвоҳо мухталиф аст, бинобар ин лозим аст дар ин мавзӯъ низ таҳқиқе намоем.
Фатвоҳо дар мавриди ҳукми рӯза дар сафар
Ҳанафиҳо ва шофеиҳо дар бораи рӯза и фарз дар сафар мегӯянд: “Рӯза дар сафар агар мушаққат ва сахтӣ надошта бошад мустаҳаб аст ба далели ояти: “Ан тасуму хайрун лакум” (Ин ки рӯза бигиред беҳтар аст).
Моликиҳо мегӯянд: “Агар машаққат ва сахтӣ надошта бошад, афзал ва беҳтар бар мусофир ин аст, ки рӯза бигирад”.
Ҳанбалиҳо мегӯянд: “Суннат ин аст, ки мусофир дар сафар рӯза надорад ва рӯза гирифтан макрӯҳ аст, гарчӣ машаққат надошта бошад ба далели ҳадиси “Рӯза гирифтан дар сафар хайр ва савоб намебошад”. Китоби “Ал-Фиқҳу алал мазоҳибил арбаа” боби “рӯза и макрӯҳ.
Ҷаъфариҳо мегӯянд: “Рӯза доштан дар сафар ҷоиз нест ва ҳар ки бо илму огоҳӣ (дар сафар) рӯза бигирад, бояд қазои онро дар ватанаш бидорад”.
Инак, бо аҳодиси исломӣ дар мавриди рӯза и дар сафар ошно хоҳем шуд:
قال جابر بن عبد الله كنا مع رسول الله زمان غزوة تبوك ورسول الله يسير بعد أن أضحى إذا هو بجماعة في ظل شجرة فقال «من هذه الجماعة»؟ قالوا رجل صائم أجهده الصوم أو كلمة نحو هذه فقال رسول الله «ليس من البر أن تصوموا في السفر»
Ҷобир мегӯяд: Дар ҷанги Табук (охири соли 9 ҳиҷрӣ) ҳамроҳи Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) будем.Баъд аз чошт ҳазрат ҳаракат мекарданд, ки ногаҳон ҷамоатеро диданд, ки зери сояи дарахте нишастаанд.Пурсиданд: “Ин ҷамоат кӣ ҳастанд?” Гуфтанд: “Марди рӯза дорест, ки рӯза ӯро ба сахтӣ андохтааст”. Ҳазратфармуданд: “Рӯза гирифтандарсафаркорихайрнест”.[1]
Ин ҳадис аз Аммор, Ибни Аббос, Ҷобир, Абӯдардо, Абӯбарза, Ибни Амр, Каъб, Ибни Умар ва Саид ибни Мусаййиб ривоят шуда, ки метавон гуфт, ки мутавотир аст.
Ривояти дигаре ба ҳамин мазмун аз Аммор ривоят шуда.[2]Ва Ибни Ҳаҷар санади онро ҳасан ва хуб гуфтааст.
عن جابر بن عبد الله أن رسول الله خرج إلى مكة عام الفتح في رمضان فصام حتى بلغ كراع الغميم فصام الناس معه فقيل له يا رسول الله إن الناس قد شق عليهم الصيام فدعا بقدح من ماء بعد العصر فشرب والناس ينظرون فأفطر بعض الناس وصام بعضهم فبلغه أن ناسا صاموا فقال «أولئك العصاة»
Ҷобир мегӯяд: “Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар соли фатҳи Макка дар моҳи мубораки Рамазон ба сӯи Макка ҳаракат карданд ва рӯза гирифтанд, то он ки расиданд ба “Курроил−ғамим”, мардум ҳам рӯза гирифтанд. Аз он ҳазрат пурсиданд: “Рӯза барои мардум машаққат оварда”. Ҳазрат зарфе аз обро талабид ва ин баъд аз аср буд ва нӯшид дар ҳоле, ки мардум нигоҳ мекарданд. Баъзе аз мардум низ рӯза хӯрданд ва баъзе ҳам рӯза гирифтанд. Ба он ҳазрат хабар расид, ки баъзеҳо рӯза гирифтанд. Ҳазрат фармуд: “Онҳо исёнкор ҳастанд”.[3]
Ин ҳадис аз Ҷобир, Ибни Аббос, Абӯҳурайра, Каъб, Сафвон ва Имом Боқир ривоят шудааст.
عن عبد الله بن عباس قال خرج رسول الله عام الفتح في رمضان فصام رمضان وصام المسلمون معه حتى إذا كان بالكديد دعا بماء في قعب وهوعلى راحلته فشرب والناس ينظرون يعلمهم انه قد أفطر فافطر المسلمون.
Ибни Аббосмегӯяд: “Дар соли фатҳи Макка дар моҳи мубораки Рамазон Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба сафар баромад ва рӯза гирифт ва мардум низ рӯза гирифтанд.Пас дар роҳ он ҷо ки ба “Кадид” расид, об талабид ва дар ҳоле, ки дар маркабаш буд онро нӯшид дар ҳоле, ки мардум нигоҳ мекарданд ва он ҳазрат бо ин кор мехост барояшон маълум кунад, ки ӯ рӯза ашро хӯрдааст ва он гоҳ муслимин низ ифтор карданд ва рӯза и худро шикастанд”.[4]
Ҳайсамӣ ду санади ин ҳадисро саҳеҳ донистааст.
Ду ривоят ба ҳамин мазмун аз Анас нақл шудааст, ки низ Ҳайсамӣ он дуро бо се санад аз Табаронӣ, Аҳмад ва Абӯяъло ривоят карда ва ду санади онро саҳеҳ дониста ва Ҳоким низ ба шарти Муслим онро саҳеҳ донистааст.[5]
ثنا بشر بن حرب قال سألت عبد الله بن عمر قال قلت ما تقول في الصوم في السفر قال تأخذ ان حدثتك قلت نعم قال كان رسول الله إذا خرج من هذه المدينة قصر الصلاة ولم يصم حتى يرجع إليها.
Бушр ибни Ҳарб мегӯяд: “Аз Ибни Умар пурсидам, ки дар бораи рӯза дар сафар чӣ мегӯӣ?” Гуфт: “Агар ҳадис бароят нақл кунам мегирӣ?” Гуфтам: “Оре”. Гуфт: “Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ҳамеша агар аз ин шаҳр хориҷ мешуд, намозро қаср мехонд ва рӯза намедошт то ин ки баргардад”.[6]
Ҳайсамӣ мегӯяд: “Дар бораи Бушр калом аст ва гоҳе ҳам тавсиқ шуда”. Ибни Ҳаҷар Бушрро дар “Тақриб” садуқ гуфтааст, пас ин ҳадис саҳеҳ аст.
جعفر بن عمروبن أمية الضمري عن أبيه قال قدمت على النبي وهويأكل فقال هلم فقلت إنى صائم فقال هلم أحدثك إن الله تعالى وضع عن المسافر الصيام وشطر الصلاة.
Ҷаъфар ибни Амр ибни Умайяи Замрӣаз падараш ривоят мекунад:“Ба ҳузури Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) рафтам дар ҳоле, ки он ҳазрат таом мехӯрд.Фармуд: “Биё”.Гуфтам: “Ман рӯза ҳастам”.Фармуд: “Биё, бароят ҳадис бигӯям.Ҳамоно Худованди Мутаол рӯза ва миқдоре аз намозро аз мусофир бардоштааст”.[7]
Ин ҳадисро Анас, Ибни Абӯавфо, Омир ибни Молик, Абӯумайя, Абдуллоҳ ибни Шухайр ва Абӯқулоба ривоят кардаанд ва Тирмизӣ ва Ибни Ҳаҷар дар Таҳзиб онро саҳеҳ донистаанд.
وعن ابى طعمة قال كنت عند ابن عمر فجاءه رجل فقال يا أبا عبدالرحمن انى أقوى على الصيام في السفر فقال ابن عمر إنى سمعت رسول الله يقول من لم يقبل رخصة الله عزوجل كان عليه من الاثم مثل جبال عرفة.
Абӯтуъма мегӯяд: “Назди Ибни Умар будам, ки марде омаду ба ӯ гуфт: “Ман барои рӯза дар сафар қудрат дорам”. Ибни Умар гуфт: “Ман аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) шунидам, ки мефармуд: “Ҳар ки рухсати Худоро қабул накунад, ба монанди кӯҳи Арафа бар ӯ гуноҳ хоҳад буд”. Муснади Аҳмад, 2/71. Маҷмаъ-уз-завоиди Ҳайсамӣ, 3/161.
Ҳайсамӣ санади ин ҳадисро ҳасан ва хуб гуфтааст.
وعن عقبة بن عامر قال قال رسول الله من لم يقبل رخصة الله عزوجل كان عليه من الذنوب مثل جبال عرفة.
Уқба ибни Омир мегӯяд: Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуданд: “Ҳар ки рухсати Худоро қабул накунад, ба монанди кӯҳи Арафа бар ӯ гуноҳ хоҳад буд”.
Ин ҳадисро Ҷобир, Амр ибни Ҳазм, Уқба ва Ибни Умар ривоят кардаанд. Муснади Аҳмад, 2/71, 4/158. Маҷмаъ-уз-завоиди Ҳайсамӣ, 3/162 бо се санад. Фатҳул борӣ, 4/160. Тафсири Ибни Касир, 1/223.
Ҳайсамӣ ду санади ин ҳадисро саҳеҳ ва ҳасан гуфтааст.
وعن ابن عمر ان النبي قال ان الله تبارك وتعالي يحب أن تؤتى رخصه كما يكره أن تؤتى معصيته.
Ибни Умар мегӯяд: Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуд: “Ҳамоно Худованд дӯст дорад, ки ба рухсатҳои ӯ амал шавад чунон, ки намеписандад, ки гуноҳо ӯ анҷом гирад.2 Муснади Аҳмад, 2/108. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон, 6/451. Мусаннафи Ибни Абӯшайба, 6/234. Маҷмаъ-уз-завоид, 3/162.
Ин ҳадис аз Ибни Масъуд ва Ибни Умар ривоят шуда ва Ҳайсамӣ як санадро саҳеҳ ва якеро ҳасан ва хуб гуфтааст.
عن عبد الله بن يزيد بن أديم قال حدثنى أبوالدرداء وواثلة بن الاسقع وأبوامامة وأنس ابن مالك ان رسول الله قال ان الله يحب ان تقبل رخصه كما يحب العبد مغفرة ربه.
Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуданд: “Ҳамоно Худованд дӯст дорад, ки рухсатҳояш қабул гардад(ва ба он амал шавад) чунон, ки банда бахшиши гуноҳонашро дӯст дорад”.
Ин ҳадис аз чаҳор саҳоба ривоят шуда гарчӣ санадаш саиф аст, вале бо гувоҳии аҳодиси саҳеҳи гузашта бар сиҳҳати маънои он пай мебаред. Мӯъҷамул кабир, 8/154. Мӯъҷамул авсат, 5/155. Маҷмаъ-уз-завоид, 3/162. Дуррул мансур, 1/193.
عن ابن عباسوعن عبدالله ابن مسعود قال قال رسول الله ان الله يحب أن تؤتى رخصه كما يحب أن تؤتى عزائمه.
Аз Ибни Аббос ва Ибни Масъуд ривоят шудааст: “Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуданд: “Худованд дӯст дорад, ки ба рухсатҳояш амал шавад чунон, ки дӯст дорад бар воҷиботаш амал шавад”.
Ин ҳадис аз Ибни Аббос, Масруқ ва Ибни Мункадир ривоят шудааст ва Ҳайсамӣ санади онро саҳеҳ донистааст. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон, 2/69, 8/333. Мусаннафи Ибни Абӯшайба, 6/234. Маҷмаъ-уз-завоиди Ҳайсамӣ, 3/162.
Ин аҳодис хеле равшан бар ҷоиз набудани рӯза гирифтан дар сафар далолат мекунанд, балки мулоҳиза мекунед, ки рӯза доштан дар сафарро баробар бо гуноҳе медонад, ки ба андозаи кӯҳи Арафа хоҳад буд ва ҳадиси ба ин маъноро ҳам чаҳор нафар аз саҳоба ривоят кардаанд ва ҳам саҳеҳ мебошад. Ҳамчуноне, ки ҳар ки воҷиберо тарк кунад мавриди ғазаби Худованд қарор хоҳад гирифт, ҳамчунин ҳар ки ҳаромеро муртакиб шавад чунин вазъе хоҳад дошт. Пас рӯза гирифтан дар сафар низ ин ҳукмҳоро бино бар аҳодиси гузашта хоҳад дошт.
أن رسول الله قال: خيار أمتي من شهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له وأن محمدا عبده ورسوله والذين إذا أحسنوا استبشروا وإذا أساؤوا استغفروا وإذا سافروا قصروا وأفطروا.
Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуданд: “Некони умматам касоне ҳастанд, ки шаҳодатайн мегӯянд ва касоне, ки вақте хубӣ мекунанд хушҳол мешаванд ва агар гуноҳ кунанд истиғфор мекунанд, агар сафар карданд қаср хонанд ва рӯза нагиранд”.[8]
Ин ҳадис аз Ҷобир, Урва ибни Рувайм ва Ибни Мусаййиб ривоят шуда ва санадаш саҳеҳ мебошад.
عن الضحاك بن مزاحم قال: قال لي ابن عباس: مهما عصيتني فيه من شئ فلا تعصيني في ثلاث: إذا خرجت مسافرا فصل ركعتين حتى ترجع إلى أهليك ولا تصومن حتى ترجع إلى بيتك ولا تدخل مكة إلا بإحرام.
Заҳҳок мегӯяд: “Ибни Аббос ба ман гуфт: “Дар ҳар чизе ҳам маро нофармонӣ бикунӣ бикун, вале дар се чиз ба суханам амал кун: “Вақте ба сафар баромадӣ, намозатро қаср бихон то замоне, ки баргардӣ ва дар сафар то барнагаштӣ рӯза надор ва ба Макка дохил нашав, магар бо эҳром”. Мусаннафи Абдураззоқ, 2/565р4482.
Санади ин ҳадис саҳеҳ аст.
عن عبد الله بن عامر بن ربيعة أن عمر بن الخطاب أمر رجلا صام شهر رمضان في السفر أن يقضيه.
Умар ибни Хаттоб (р) мардеро, ки моҳи мубораки Рамазонро дар сафар рӯза гирифта буд амр кард, ки дубора қазои он рӯза ро бидорад”. Мусаннафи Абдураззоқ, 2/565р4483, 4/270р7763. Канзул уммол,ҷ8ҳадиси 24369.
Санади ин хабар саҳеҳ мебошад.
عن المحرر بن أبى هريرة قال صمت رمضان في السفر فأمرني أبوهريرة أن أعيد الصيام في أهلي.
Муҳаррир ибни Абӯҳурайра мегӯяд: “Ман дар сафар моҳи мубораки Рамазонро рӯза гирифтам, пас Абӯҳурайра маро амр кард, ки дар хонаам дубора қазои онро бидорам”. Мусаннафи Ибни Абӯшайба, 2/434. Тафсири Табарӣ, 2/205р2346.
Санади ин хабар низ саҳеҳ мебошад.
عبد الرزاق عن يحيى بن ربيعة قال: سألت عطاء ابن أبي رباح عن الصائم في السفر فقال: أما المفروض فلا وأما التطوع فلا بأس.
Яҳё мегӯяд: Аз Ато ибни Абӯрибоҳ аз рӯза и дар сафр савол кардам, гуфт: “Рӯза и фарз дар сафар ҷоиз нест, вале рӯза и мустаҳаб ҷоиз аст”. Мусаннафи Абдураззоқ, 2/565р4485.
Санади ин ривоят саҳеҳ аст.
هشام بن حسان قال: سمعت القاسم يحدث عن ابن عمر قال: كان يقول: من صحبنا فلا يصوم قال: وكان لا يصوم في السفر.
Ибни Умар мегуфт: “Ҳар ки ҳамроҳи мо сафар мекунад, набояд рӯза бигирад”.Ва худи ӯ ҳеҷ вақт дар сафар рӯза намедошт”. Мусаннафи Абдураззоқ, 2/565р4486.
Санади ин хабар саҳеҳ аст.
عبد الرزاق عن عبد العزيز بن أبي رواد عن نافع قال: كان ابن عمر لا يصوم في السفر ولا يزيد على ركعتين بالنهار وكان يحيي الليل.
Нофеъ мегӯяд: “Ибни Умар ҳеҷ вақт дар сафар рӯза намегирифт ва намозро қаср мехонд ва шабзиндадорӣ мекард”. Мусаннафи Абдураззоқ, 2/566р4488.
Санади ин ҳадис саҳеҳ аст.
Ҳасани Басрӣ ва Қутода гуфтаанд: “Мусофир рӯза намедорад ва намозашро қаср мехонад”. Мусаннафи Абдураззоқ, 2/566р4487.
Санади ин ривоят саҳеҳ аст.
عبد الرزاق عن أبي بكر بن محمد عن إسماعيل بن رافع عن ابن عمر أن رسول الله سأله رجل عن الصلاة والفطر في شهر رمضان في السفر فقال رسول الله: أفطر قال: إني أقوى على الصوم يارسول الله! قال له النبي: أنت أقوى أم الله؟ إن الله تصدق بإفطار الصائم على مرضى أمتي ومسافريهم أفيحب أحدكم أن يتصدق على أحدكم بصدقة ثم يظل يردها عليه.
Ибни Умар мегӯяд: “Марде аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар бораи намоз ва рӯза дар сафар пурсид? Ҳазрат фармуданд: “Рӯза надор”. Гуфт: “Ман қудраташро дорам”. Фармуданд: “Ту қавитар ҳастӣ ё Худо? Худованд ба мусофир ва маризҳо хӯрдани рӯза ро садақа кардааст.Оё касе дӯст дорад, ки ба касе садақае диҳад ва он кас садақаашро нагирад ва баргардонад”.[9]
عبدالرحمن بن عوف قال: قال رسول الله الصائم في السفر كالمفطر في الحضر.
Абдураҳмон ибни Авф мегӯяд: “Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуданд: “Касе ки дар сафар рӯза медорад монанди касест, ки дар ҳолати ҳузур (яъне ғайри сафар) рӯза мехӯрад”. Сунани Ибни Моҷа, 1/532р1666. Тафсири Табарӣ, 2/206р1349.
عن بن عباس قال الافطار في السفر عزمة
Ибни Аббос мегӯяд: “Ифтор кардан ва рӯза надоштан дар сафар фарз аст”. МусаннафиИбни Абӯшайба, 2/431. Тафсири Табарӣ, 2/205р2341.
Санади ин хабар саҳеҳ аст.
قال أبوجعفر كان أبي لا يصوم في السفر وينهى عنه.
Имом Боқир фармуданд: “Падарам (Имом Саҷҷод) ҳеҷ вақт дар сафар рӯза намегирифт ва дигаронро низ аз рӯза гирифтан (дар сафар) манъ мекард”. Тафсири Табарӣ, 2/205р2343.
Санади ин ҳадис саҳеҳ мебошад.
Табарӣ менависад:
أن قوما قدموا على عمر بن الخطاب وقد صاموا رمضان في سفر فقال لهم: والله لكأنكم كنتم تصومون! فقالوا: والله يا أمير المؤمنين لقد صمنا قال: فأطلقتموه؟ قالوا: نعم قال: فاقضوه فاقضوه فاقضوه.
Гурӯҳе ба назди Умар ибни Хаттоб (р) омаданд, ки моҳи мубораки Рамазонро дар сафар рӯза гирифта буданд. Умар (р) ба онҳо гуфт: “Ба Худо савганд гӯё шумо рӯза мегирифтед?”Гуфтанд: “Ба Худо савганд, оре рӯза доштем”. Он гоҳ се маротиба гуфт: “Пас онро қазо кунед”. Тафсири Табарӣ, 2/205р2348.
Муҷоҳид мегӯяд: “Ҳар гоҳ сафар кардӣ, рӯза нагир…” Фатҳул борӣ, 4/160ба нақл аз Табарӣ.
Ин танҳо баъзе аз аҳодис ва ахбор дар ин мавзӯъ буд, ки ҳама ҷоиз набудани рӯза гирифтан дар сафарро мерасонанд. Дар ин мавзӯъ мо ҳеҷ ҳадиси саҳеҳе аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) надидем, ки дар сафар рӯза гирифта бошанд ва ё онро ҷоиз хонда бошанд ва танҳо як хабари мавқуф аз ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) ворид шуда, ки он низ бо чандин хабаре, ки мо дар ин ҷо аз ҷаноби халифаи дуюм нақл кардем, мухолифат мекунад.
[1]-Саҳеҳи Бухорӣ, 2/238. Сунани Ибни Моҷа, 1/532 р1664-1665. Сунани Насоӣ, 2/99 р2563 то 2570. Саҳеҳи Ибни Хузайма, 3/254. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон, 2/70. Муснади Аҳмад, 3/319-399, 5/434.
[2]-Сунани Насоӣ, 2/100 р2566. Маҷмаъ-уз-завоид, 3/161. Фатҳул борӣ, 4/161.
[3]-Саҳеҳи Муслим, 3/142. Сунани Насоӣ, 2/100 р2571. Саҳеҳи Ибни Хузайма, 3/255. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон, 6/423, 8/317. Муснади Аҳмад, 3/475. Муснади Ҳумайдӣ, 2/450. Сунани Тирмизӣ, 2/107 р705.
[4]-Сунани Насоӣ, 2/111 р2622-2623. Муснади Аҳмад, 1/166-261, 3/475. Табақоти Ибни Саъд, 2/137. Маҷмаъ-уз-завоид, 3/164-165.
[5]-Муснади Аҳмад, 3/126. Муснади Абўяъло, 4/146 р2208 аз Ҷобир. Мустадрак, 1/433. Маҷмаъ-уз-завоид, 3/160.
[6]— Муснади Аҳмад, 2/99. Маҷмаъ-уз-завоид, 3/159.
[7]-Сунани Насоӣ, 2/102-170 ҳадиси 2577 то 2591 ва 2900 бо 15 санад. Саҳеҳи Ибни Хузайма, 3/267. Мусаннафи Абдураззоқ, 2/565 р4478. Муснади Аҳмад, 4/347, 529. Сунани Ибни Моҷа, 1/533 р1667. Ал-оҳод вал масонӣ, 3/151 ва дигарон.
[8]-Ал-умми Имом Шофеӣ, 1/208. Муснади Шофеӣ, с 25. Мусаннафи Абдураззоқ, 2/565 р4481. Талхисул ҳабир, 4/474. Маҷмаъ-уз-завоид, 2/157.
[9]-Мусаннафи Абдураззоқ, 2/566 р4477.