ТАРҶУМАИ СУРАИ ИСРО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 111 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1               Поку муназзаҳ аст Худое, ки бандаашро дар як шаб, аз Масҷидул-ҳаром ба Масҷидул-ақсо – ки гирдогирдашро пурбаракат сохтаем – бурд, то баъзе аз оятҳои худро ба ў нишон диҳем, зеро Ў Шунаво ва Биност.

2               Мо ба Мўсо китоби осмонӣ додем ва онро василаи ҳидояти Банӣ Исроил сохтем (ва гуфтем:) ғайри моро такягоҳи худ қарор надиҳед:

3               Эй фарзандони касоне, ки бо Нўҳ (бар киштӣ) савор кардем! Ў бандаи шукргузоре буд. (Шумо ҳам монанди ў бошед, то наҷот ёбед).

4               Мо ба Банӣ Исроил дар китоб (-и Таврот) эълом кардем, ки ду бор дар замин фасод хоҳед кард ва бартариҷўии бузурге хоҳед намуд.

5               Ҳангоме, ки нахустин ваъда фаро расад, гурўҳе аз бандагони пайкорҷўи худро бар зидди шумо меангезем, (то шуморо сахт дар ҳам кўбанд, ҳатто барои ба даст овардани муҷримон), хонаҳоро ҷустуҷў мекунанд ва ин ваъдае аст ҳатмӣ.

6               Сипас шуморо бар онҳо ғолиб мекунем ва шуморо ба василаи дороиҳо ва фарзандоне ёрӣ хоҳем кард. Ва нафароти шуморо бештар (аз душман) қарор медиҳем.

7               Агар некӣ кунед, ба худатон некӣ мекунед ва агар бадӣ кунед, боз ҳам ба худ мекунед. Ва ҳангоме, ки ваъдаи дуввум фаро расад, (он чунон душман бар шумо сахт хоҳад гирифт, ки) осори ғаму андўҳ дар чеҳраҳоятон зоҳир мешавад. Ва дохили Масҷид (-ул-ақсо) мешаванд, ҳамон гуна, ки бори аввал дохил шуданд ва он чиро зери султаи худ мегиранд, дарҳам мекўбанд.

8               Умед аст Парвардигоратон ба шумо раҳм кунад. Ҳар гоҳ баргардед, мо ҳам бозмегардем. Ва ҷаҳаннамро барои кофирон, зиндони сахте қарор додем.

9               Ин Қуръон, ба роҳе, ки устувортарини роҳҳост, ҳидоят мекунад ва ба мўъминоне, ки аъмоли солеҳ анҷом медиҳанд, башорат медиҳад, ки барои онҳо подоши бузурге аст.

10           Ва ин ки онҳо, ки ба қиёмат имон намеоваранд, озоби дардноке барои онон омода сохтаем.

11           Инсон (бар асари шитобзадагӣ), бадиҳоро талаб мекунад, он гуна, ки некиҳоро металабад. Ва инсон, ҳамеша шитобзада будааст.

12           Мо шабу рўзро ду нишона (-и тавҳид ва азамати худ) қарор додем, сипас нишонаи шабро маҳв карда ва нишонаи рўзро равшанибахш сохтем, то (дар партави он), фазли Парвардигоратонро биталабед (ва ба талоши зиндагӣ бархезед) ва адади солҳо ва ҳисобро бидонед. Ва ҳар чизеро ба таври мушаххас (ва ошкор) баён кардем.

13           Ва ҳар инсоне, аъмолашро бар гарданаш овехтаем. Ва рўзи қиёмат, китобе барои ў берун меоварем, ки онро дар баробари худ, кушода мебинад. (Ин ҳамон намаи аъмоли ўст).

14           (Ва ба ў мегўем:) Китобатро бихон, кифоят мекунад, ки имрўз худ ҳисобгари худ бошӣ!

15           Ҳар кас ҳидоят шавад, барои худ ҳидоят ёфтааст ва он кас, ки гумроҳ гардад, ба зиёни худ гумроҳ шудааст. Ва ҳеҷ кас бори гуноҳи дигариро ба дўш намекашад. Ва мо ҳаргиз (қавмеро) муҷозот нахоҳем кард, магар он ки пайғамбаре барангехта бошем, (то вазоифашонро баён кунад).

16           Ва ҳангоме, ки бихоҳем шаҳру диёреро ҳалок кунем, нахуст авомири худро барои «мутрифини» (ва сарватмандони масти шаҳвати) он ҷо, баён медорем, сипас ҳангоме, ки ба мухолифат бархостанд ва истеҳқоқи муҷозот ёфтанд, онҳоро ба шиддат дарҳам мекўбем.

17           Чӣ бисёр мардуме, ки дар қарнҳои баъд аз Нўҳ, зиндагӣ мекарданд (ва тибқи ҳамин суннат), онҳоро ҳалок кардем. Ва кифоят мекунад, ки Парвардигорат аз гуноҳони бандагонаш огоҳ ва нисбат ба он биност.

18           Он кас, ки (танҳо) зиндагии зудгузар (-и дунё)-ро металабад, он миқдор аз онро, ки бихоҳем – ва ба ҳар кас ирода кунем – медиҳем. Сипас дўзахро барои ў қарор хоҳем дод, ки дар оташи сўзонаш месўзад, дар ҳоле, ки накўҳида ва ронда (-и даргоҳи Худо) аст.

19           Ва он кас, ки сарои охиратро биталабад ва барои он саъю кўшиш кунад – дар ҳоле, ки имон дошта бошад – саъю талоши ў (аз сўи Худо) подош дода хоҳад шуд.

20           Ҳар як аз ин ду гурўҳро аз атои Парвардигорат баҳраву кўмак медиҳем ва атои Парвардигорат ҳаргиз (аз касе) манъ нашудааст.

21           Бубин чӣ гуна баъзеро (дар дунё ба хотири талошашон) бар баъзеи дигар бартарӣ бахшидаем. Дараҷоти охират ва бартариҳояш, аз ин ҳам бештар аст.

22           Ҳаргиз маъбуди дигареро бо Худо қарор мадеҳ, ки накўҳида ва бе ёру ёвар хоҳӣ нишаст.

23           Ва Парвардигорат фармон дода: ҷуз Ўро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ яке аз он ду, ё ҳар дуи онҳо, назди ту ба синни пирӣ расанд, камтарин бе ҳурматӣ ба онҳо раво мадор ва бар онҳо фарёд мазан ва гуфтори латифу санҷида ва бузургворона ба онҳо бигў.

24           Ва болҳои тавозўи худро аз муҳаббату лутф, дар баробари онон фуруд ор. Ва бигў: «Парвардигоро! Ҳамон гуна, ки онҳо маро дар хурдӣ тарбият карданд, машмули раҳматашон қарор деҳ».

25           Парвардигори шумо аз даруни дилҳятон огоҳтар аст, (агар лағзише дар ин замина доштед), ҳар гоҳ солеҳ бошед (ва ҷуброн кунед), Ў бозгашткунандагонро мебахшад.

26           Ва ҳаққи наздиконро бипардоз ва (ҳамчунин ҳаққи) мустамандон ва дармондагони дар роҳро. Ва ҳаргиз исрофу табзир макун,

27           Чаро, ки табзиркунандагон, бародарони шайтонанд ва шайтон дар баробари Парвардигораш, бисёр носипос буд.

28           Ва ҳар гоҳ аз онон (мустамандон) рўй бартобӣ ва интизори раҳмати Парвардигоратро дошта бошӣ, (то кушоише дар корат падид ояд ва ба онҳо кўмак кунӣ), бо гуфтори нарму омехта бо лутф, бо онҳо сухан бигў.

29           Ҳаргиз дастатро бар гарданат занҷир макун (ва тарки инфоқу бахшиш манамо) ва беш аз ҳад (низ) дасти худро макушо, ки мавриди сарзаниш қарор гирӣ ва аз кор фурў монӣ.

30           Ба яқин, Парвардигорат рўзиро барои ҳар кас бихоҳад, кушода ё танг медорад, Ў нисбат ба бандагонаш огоҳ ва биност.

31           Ва фарзандонатонро аз тарси фақр накушед. Мо онҳо ва шуморо рўзӣ медиҳем, ҳатман куштани онҳо гуноҳи бузурге аст!

32           Ва наздики зино нашавед, ки кори бисёр зишт ва роҳи баде аст!

33           Ва касеро, ки Худованд хунашро ҳаром шумурдааст, накушед, ҷуз ба ҳақ. Ва он кас, ки мазлум кушта шудааст, барои сарпарасташ султа (ва ҳаққи қисос) қарор додем, аммо дар қатл исроф накунед, зеро ў мавриди ҳимоят аст.

34           Ва ба моли ятим, ҷуз ба беҳтарин роҳ наздик нашавед, то ба сарҳадди булуғ расад. Ва ба аҳд (-и худ) вафо кунед, ки аз аҳд савол мешавад.

35           Ва ҳангоме, ки паймона мекунед, ҳаққи паймонаро адо намоед ва бо тарозуи дуруст вазн кунед. Ин барои шумо беҳтар ва оқибаташ некўтар аст.

36           Аз он чӣ ба он огоҳӣ надорӣ, пайравӣ макун, зеро гўшу чашму дил, ҳама масъуланд.

37           Ва рўи замин, бо такаббур роҳ марав. Ту наметавонӣ заминро бишикофӣ ва дарозии қоматат ҳаргиз ба кўҳҳо намерасад.

38           Ҳамаи инҳо гуноҳаш назди Парвардигори ту нописанд аст.

39           Ин (аҳком) аз ҳикматҳое аст, ки Парвардигорат ба ту ваҳй фиристодааст. Ва ҳаргиз маъбуде бо Худо қарор мадеҳ, ки дар ҷаҳаннам афканда мешавӣ, дар ҳоле, ки сарзаниш шуда ва ронда (-и даргоҳи Худо) хоҳӣ буд.

40           Оё Парвардигоратон фарзандони писарро махсуси шумо карда ва худаш духтароне аз фариштагон баргузидааст?! Шумо сухани бузург (ва бисёр зиште) мегўед!

41           Мо дар ин Қуръон, анвои баёнҳои муассирро овардем, то мутазаккир шаванд, вале (гурўҳе аз кўрдилон), ҷуз бар нафраташон намеафзояд.

42           Бигў: «Агар он чунон, ки онҳо мегўянд бо Ў худоёне буд, дар ин сурат (худоён) саъй мекарданд роҳе ба сўи (Худованди) соҳиби арш пайдо кунанд».

43           Ў поку бартар аст аз он чӣ онҳо мегўянд, бисёр бартар ва муназзаҳтар!

44           Осмонҳои ҳафтгона ва замин ва касоне, ки дар онҳо ҳастанд, ҳама тасбеҳи Ў мегўянд ва ҳар мавҷуде, тасбеҳ ва ҳамди Ў мегўяд, вале шумо тасбеҳи онҳоро намефаҳмед, Ў Бурдбор ва Омурзанда аст.

45           Ва ҳангоме, ки Қуръон мехонӣ, миёни ту ва онҳо, ки ба охират имон намеоваранд, ҳиҷоби нопайдое қарор медиҳем.

46           Ва бар дилҳояшон пўшишҳое (қарор медиҳем), то онро нафаҳманд. Ва дар гўшҳояшон сангинӣ. Ва ҳангоме, ки Парвардигораторо дар Қуръон ба ягонагӣ ёд мекунӣ, онҳо пушт мекунанд ва аз ту рўй бармегардонанд.

47           Ҳангоме, ки ба суханони ту гўш фаро медиҳанд, мо беҳтар медонем барои чӣ гўш фаро медиҳанд. (Ва ҳамчунин) дар он ҳангом, ки бо ҳам наҷво мекунанд, он гоҳ, ки ситамгарон мегўянд: «Шумо ҷуз аз инсоне, ки афсун шудааст, пайравӣ намекунед».

48           Бубин чӣ гуна барои ту масалҳо заданд, дар натиҷа гумроҳ шуданд ва наметавонанд роҳи ҳақро пайдо кунанд.

49           Ва гуфтанд: «Оё ҳангоме, ки мо, устухонҳои пўсида ва парокандае шудем, бори дигар офариниши наве хоҳем ёфт?!».

50           Бигў: «Шумо санг бошед ё оҳан,

51           Ё ҳар махлуқе, ки дар назари шумо, аз он ҳам сахттар аст (ва аз ҳаёту зиндагӣ дуртар мебошад, боз Худо қодир аст шуморо ба зиндагии нав баргардонад). Онҳо ба зудӣ мегўянд: «Чӣ касе моро бозмегардонад?!». Бигў: «Ҳамон касе, ки нахустин бор шуморо офарид». Онон сари худро (аз рўи ҳайрату инкор) ба сўи ту хам мекунанд ва мегўянд: «Дар чӣ замон хоҳад буд?!». Бигў: «Шояд наздик бошад!

52           Ҳамон рўз, ки шуморо (аз қабрҳоятон) фаро мехонад, шумо ҳам иҷобат мекунед, дар ҳоле, ки ҳамди Ўро мегўед, хиёл мекунед танҳо муддати кўтоҳе (дар ҷаҳони барзах) даранг кардаед».

53           Ба бандагонам бигў: «Сухане бигўянд, ки беҳтарин бошад». Зеро шайтон (ба василаи суханони номавзун), миёни онҳо фитнаву фасод мекунад. Ҳамеша шайтон душмани ошкоре барои инсон будааст.

54           Парвардигори шумо, аз (ниятҳо ва аъмоли) шумо огоҳтар аст, агар бихоҳад (ва шоиста бидонад), шуморо машмули раҳмати худ месозад ва агар бихоҳад, муҷозот мекунад. Ва мо туро ба унвони маъмур бар онон нафиристодаем, (ки ононро маҷбур ба имон кунӣ)».

55           Парвардигори ту, аз ҳоли ҳамаи касоне, ки дар осмонҳо ва замин ҳастанд, огоҳтар аст. Ва (агар туро бар дигарон бартарӣ додем, ба хотири шоистагии туст). Мо баъзе аз пайғамбаронро бар баъзеи дигар бартарӣ додем. Ва ба Довуд Забур бахшидем.

56           Бигў: «Касонеро, ки ғайр аз Худо (маъбуди худ) мепиндоред, бихонед! Онҳо на метавонанд мушкилеро аз шумо бартараф созанд ва на тағйире дар он эҷод кунанд».

57           Касонеро, ки онон мехонанд, худашон василае (барои тақарруб) ба Парвардигорашон меҷўянд, василае ҳар чӣ наздиктар ва ба раҳмати Ў умедворанд ва аз азоби Ў метарсанд, зеро азоби Парвардигорат, ҳамвора дар хўри парҳезу ваҳшат аст!

58           Ҳеҷ шаҳру ободие нест, магар ин ки онро пеш аз рўзи қиёмат ҳалок мекунем ё (агар гунаҳкоранд), ба азоби шадиде гирифторашон хоҳем сохт. Ин, дар китоби илоҳӣ (лавҳи маҳфуз) сабт аст.

59           Ҳеҷ чизе монеи мо набуд, ки ин мўъҷизот (дархостии баҳонаҷўён)-ро бифристем, ҷуз ин ки пешиниён, (ки ҳамин дархостҳоро доштанд ва бо онҳо ҳамоҳанг буданд), онро инкор карданд. (Аз ҷумла), мо ба (қавми) Самуд ноқа додем (мўъҷизае), ки равшангар буд, аммо бар он ситам карданд (ва ноқаро куштанд). Мо мўъҷизаҳоро фақат барои хавф додан (ва итмоми ҳуҷҷат) мефиристем.

60           (Ба ёд овар) замонеро, ки ба ту гуфтем: «Парвардигорат иҳотаи комил ба мардум дорад (ва аз вазъияташон комилан огоҳ аст). Ва мо он рўъёеро, ки ба ту нишон додем, фақат барои имтиҳни мардум буд, ҳамчунин шаҷараи малъуна (дарахти нафриншуда)-ро, ки дар Қуръон зикр кардаем. Мо онҳоро ховф дода (ва инзор) мекунем, аммо ҷуз туғёни бузург, чизе бар онҳо намеафзояд».

61           (Ба ёд оваред) замонеро, ки ба фариштагон гуфтем: «Барои Одам саҷда кунед». Онҳо ҳамагӣ саҷда карданд, ҷуз Иблис, ки гуфт: «Оё барои касе саҷда кунам, ки ўро аз хок офаридаӣ?!».

62           (Сипас) гуфт: «Ба ман бигў, ин касеро, ки бар ман бартарӣ додаӣ, (ба чӣ далел будааст?). Агар маро то рўзи қиёмат зинда бугузорӣ, ҳамаи фарзандонашро, ҷуз шумори каме, гумроҳу решакан хоҳам кард».

63           Фармуд: «Бирав! Ҳар кас аз онон аз ту пайравӣ кунад, ҷаҳаннам кайфари шумост, кайфаре аст фаровон!

64           Ҳар кадом аз онҳоро метавонӣ бо садоят таҳрик кун ва лашкари савора ва пиёдаатро бар онҳо гусел дор ва дар сарвату фарзандонашон ширкат ҷўй ва ононро бо ваъдаҳо саргарм кун! – Вале шайтон, ҷуз фиребу дурўғ, ваъдае ба онҳо намедиҳад –

65           (Аммо бидон), ту ҳаргиз султае бар бандагони ман нахоҳӣ ёфт (ва онҳо ҳеҷ гоҳ ба доми ту гирифтор намешаванд). Ҳамин қадар кифоят мекунад, ки Парвардигорат ҳофизи онҳо бошад».

66           Парвардигоратон касе аст, ки киштиро дар дарё барои шумо ба ҳаракат дармеоварад, то аз неъмати Ў баҳраманд шавед, Ў нисбат ба шумо меҳрубон аст.

67           Ва ҳангоме, ки дар дарё нороҳатӣ ба шумо бирасад, ҷуз Ў, тамоми касонеро, ки (барои ҳалли мушкилоти худ) мехонед, фаромўш мекунед, аммо ҳангоме, ки шуморо ба хушкӣ наҷот диҳад, рўй мегардонед. Ва инсон бисёр носипос аст.

68           Оё аз ин эмин ҳастед, ки дар хушкӣ (бо як зилзилаи шадид), шуморо дар замин фурў барад ё тўфоне аз сагнреза бар шумо бифиристад (ва дар он мадфунатон кунад), сипас ҳофиз (ва ёваре) барои худ наёбед?!

69           Ё ин ки эмин ҳастед, ки бори дигар шуморо ба дарё бозгардонад ва боди тунду кўбандае бар шумо бифиристад ва шуморо ба хотири куфратон ғарқ кунад, сипас додхоҳу хунхоҳе дар баробари мо пайдо накунед?!

70           Мо одамизодагонро гиромӣ доштем ва онҳоро дар хушкӣ ва дарё, (бар маркабҳои роҳвор) ҳамл кардем ва аз анвои рўзиҳои покиза ба онон рўзӣ додем ва онҳоро бар бисёре аз мавҷудоте, ки халқ кардаем, бартарӣ бахшидем.

71           (Ба ёд оваред) рўзеро, ки ҳар гурўҳеро бо пешвоёнашон мехонем. Касоне, ки номаи амалашон ба дасти росташон дода шавад, онро (бо шодиву сурур) мехонанд ва ба қадри риштаи шикофи донаи хурмо ба онон ситам намешавад.

72           Аммо касе, ки дар ин ҷаҳон, (аз дидани чеҳраи ҳақ) нобино будааст, дар охират низ нобино ва гумроҳтар аст.

73           Наздик буд онҳо туро (бо васвасаҳои худ), аз он чӣ бар ту ваҳй кардаем фиреб диҳанд, то ғайри онро ба мо нисбат диҳӣ ва дар он сурат, туро ба дўстии худ бармегузинанд.

74           Ва агар мо туро собитқадам намесохтем (ва дар партави мақоми исмат, аз инҳироф маҳфуз набудӣ), наздик буд андаке ба онон тамоюл кунӣ.

75           Агар чунин мекардӣ, мо ду баробари муҷозоти (мушрикон), дар зиндагии дунё ва ду баробари (муҷозоти) онҳоро баъд аз марг, ба ту мечашонидем, сипас дар баробари мо ёваре барои худ намеёфтӣ.

76           Ва наздик буд (бо найрангу тавтиа) туро аз ин сарзамин билағзонанд, то аз он берунат кунанд. Ва ҳар гоҳ чунин мекарданд, (гирифтори муҷозоти сахти илоҳӣ шуда) ва пас аз ту, ҷуз муддати каме боқӣ намемонданд.

77           Ин суннати (мо дар мавриди) пайғамбароне аст, ки пеш аз ту фиристодем. Ва ҳаргиз барои суннати мо тағйир ва дигаргуние нахоҳӣ ёфт.

78           Намозро аз заволи хуршед (ҳангоми зуҳр), то ниҳояти торикии шаб (нимаи шаб) барпо дор ва ҳамчунин қуръони фаҷр (намози субҳ)-ро, зеро қуръони фаҷр машҳуд (-и фариштагони шабу рўз) аст.

79           Ва қисмате аз шабро (аз хоб бархез ва) Қуръон (ва намоз) бихон. Ин як вазифаи изофӣ барои туст, умед аст Парвардигорат туро ба мақоми муносиби ситоише барангезад.

80           Ва бигў: «Парвардигоро! Маро (дар ҳар кор) бо садоқат дохил кун ва бо садоқат берун намо ва аз сўи худ ҳуҷҷати ёрикунандае барям қарор деҳ».

81           Ва бигў: «Ҳақ омад ва ботил нобуд шуд, яқинан ботил нобудшуданӣ аст».

82           Ва аз Қуръон, он чӣ шифо ва раҳмат аст барои мўъминон, нозил мекунем. Ва ситамгаронро ҷуз хусрон (ва зиён) намеафзояд.

83           Ҳангоме, ки ба инсон неъмат мебахшем, (аз ҳақ) рўй мегардонад ва мутакаббирона дур мешавад. Ва ҳангоме, ки (камтарин) бадӣ ба ў мерасад, (аз ҳама чиз) маъюс мегардад.

84           Бигў: «Ҳар кас тибқи равиш (ва хулқу хўи) худ амал мекунад. Ва Парвардигоратон касонеро, ки роҳашон некўтар аст, беҳтар мешиносад».

85           Ва аз ту дар бораи «рўҳ» савол мекунанд, бигў: «Рўҳ аз фармони Парвардигори ман аст ва ҷуз андаке аз дониш, ба шумо дода нашудааст».

86           Ва агар бихоҳем, он чиро бар ту ваҳй фиристодаем, аз ту мегирем, сипас касеро намеёбӣ, ки дар баробари мо аз ту дифоъ кунад.

87           Магар раҳмати Парвардигорат (шомили ҳолат гардад), ки фазли Парвардигорат бар ту бузург будааст.

88           Бигў: «Агар инсонҳо ва париён (ҷинну инс), иттифоқ кунанд, ки монанди ин Қуръонро биёваранд, монанди онро нахоҳанд овард, ҳар чанд якдигарро (дар ин кор) ёрӣ кунанд.

89           Мо дар ин Қуръон, барои мардум аз ҳар чиз намунае овардем (ва ҳамаи маориф дар он ҷамъ аст), аммо бештари мардум (дар баробари он, аз ҳар коре) ҷуз инкор ибо доштанд.

90           Ва гуфтанд: «Мо ҳаргиз ба ту имон намеоварем, то ин ки чашмаи ҷўшоне аз ин сарзамин (-и хушку сўзон) барои мо хориҷ созӣ,

91           Ё боғе аз нахлу ангур аз они ту бошад ва наҳрҳо дар хилоли он ҷорӣ кунӣ,

92           Ё қитъаҳои (сангҳои) осмонро – он чунон, ки мепиндорӣ — бар сари мо фуруд оварӣ ё Худованд ва фариштагонро дар баробари мо оварӣ,

93           Ё барои ту хонаи пурнақшу нигоре аз тилло бошад ё ба осмон боло равӣ, ҳатто агар ба осмон равӣ, имон намеоварем, магар он ки номае бар мо фурур оварӣ, ки онро бихонем». Бигў: «Муназзаҳ аст Парвардигорам (аз ин суханони бе маъно!). Магар ман ҷуз инсоне фиристодаи Худо ҳастам?!».

94           Танҳо чизе, ки баъд аз омадани ҳидоят монеъ шуд мардум имон оваранд, ин буд, (ки аз рўи нодонӣ ва бехабарӣ) гуфтанд: «Оё Худованд башареро ба унвони расул фиристодааст?!».

95           Бигў: «(Ҳатто) агар дар рўи замин фариштагоне (зиндагӣ мекарданд ва) бо оромиш гом бармедоштанд, мо фариштаеро ба унвони расул, бар онҳо мефиристодем». (Зеро роҳнамои ҳар гурўҳе бояд аз ҷинси худашон бошад).

96           Бигў: «Ҳамин кифоят мекунад, ки Худованд миёни ман ва шумо гувоҳ бошад, зеро Ў нисбат ба бандагонаш огоҳ ва биност.

97           Ҳар касро Худо ҳидоят кунад, ҳидоят ёфтаи ҳақиқӣ ўст ва ҳар касро (ба хотири аъмолаш) гумроҳ созад, ҳидояткунандагон ва сарпарастоне ғайри Худо барои ў нахоҳӣ ёфт. Ва рўзи қиёмат, онҳоро бар чеҳраҳояшон маҳшур мекунем, дар ҳоле, ки нобино ва гунгу каранд, ҷойгоҳашон дўзах аст, ҳар замон оташи он фурў нишинад, шўълаи наве бар он меафзоем!

98           Ин кайфари онҳост, ба хотири ин ки нисбат ба оятҳои мо кофир шудан ва гуфтанд: «Оё ҳангоме, ки мо устухонҳои пўсида ва хокҳои парокандае шудем, бори дигар офариниши наве хоҳем ёфт?!».

99           Оё намедонанд, Худое, ки осмонҳо ва заминро офаридааст, қодир аст мисли ононро биёфаринад (ва ба зиндагии наве бозгардонад?!). Ва барои онон саромади ҳатмие — ки шакке дар он нест – қарор дода, аммо золимон, ҷуз куфру инкорро пазиро нестанд.

100       Бигў: «Агар шумо молики хазинаҳои раҳмати Парвардигори ман будед, дар сурат (ба хотири тангназарӣ) худдорӣ мекардед, мабодо бахшиш сабаби тангдастии шумо шавад». Ва инсон тангназар аст.

101       Мо ба Мўсо нўҳ мўъҷизари равшан додем, пас аз Банӣ Исроил савол кун, он замон, ки (Мўсо) ба суроғи онҳо омад, (чӣ гуна буданд?). Фиръавн ба ў гуфт: «Эй Мўсо! Гумон мекунам ту девона (ё сеҳргар ҳастӣ)».

102       (Мўсо) гуфт: «Ту медонӣ ин оятҳоро ҷуз Парвардигори осмонҳ ва замин – барои равшании дилҳо – нафиристодааст. Ва ман гумон мекунам, эй Фиръавн, ту (ба зудӣ) ҳалок хоҳӣ шуд».

103       Пас (Фиръавн) қасд кард, ононро аз он сарзамин решакан созад, вале мо, ў ва тамоми касонеро, ки бо ў буданд, ғарқ кардем.

104       Ва баъд аз он ба Банӣ Исроил гуфтем: «Дар ин сарзамин (Миср ва Шом) сокин шавед, аммо ҳаногоме, ки ваъдаи охират фаро расад, ҳамаи шуморо дастаҷамъӣ (ба он додгоҳи адл) меоварем».

105       Ва мо Қуръонро ба ҳақ нозил кардем ва ба ҳақ нозил шуд. Ва туро, ҷуз ба унвони башоратдиҳанда ва хавфдиҳанда нафиристодем.

106       Ва Қуръоне, ки оятҳояшро аз ҳам ҷудо кардем, то онро бо даранг бар мардум бихонӣ ва онро ба тадриҷ нозил кардем.

107       Бигў: «Хоҳ ба он имон оваред ва хоҳ имон наоваред, касоне, ки пеш аз он ба онҳо дониш дода шудааст, ҳангоме, ки (ин оятҳо) бар онон хонда мешавад, саҷдакунон ба хок меафтанд.

108       Ва мегўянд: «Муназзаҳ аст Парвардигори мо, ки ваъдаҳояш ба яқин анҷумшуданӣ аст».

109       Онҳо (бе ихтиёр) ба замин меафтанд ва гиря мекунанд. Ва (тиловати ин оятҳо, ҳамвора) ба хушўашон меафзояд.

110       Бигў : «Аллоҳ»-ро бихонед ё «Раҳмон»-ро. Ҳар кадомро бихонед, (зоти покаш яке аст ва) барои Ў беҳтарин номҳост». Ва намозатро бисёр баланд ё хеле оҳиста нахон ва дар миёни он ду, роҳи (мўътадиле) интихоб кун.

111       Ва бигў: «Ситоиш барои Худованде аст, ки на фарзанде барои худ интихоб карда ва на шарике дар ҳукмат дорад ва на ба хотири заъфу зиллат, (ҳимояткунанд ва) сарпарасте барои Ўст». Ва Ўро бисёр бузург бишумор.

 

 

 

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.