Ҳарими зан ва мард

Дар баҳси қаблӣ андозаи пӯшиши занон дар баробари маҳорим ва номаҳрамонро аз дидгоҳи Қуръони Карим ва суннат баён намудем, ки вазифаи худи зан буд, ки дар муқобили маҳрам ва номаҳрам чи қадар пӯшиш дошта бошад, аммо дар ин бахш марзи зан ва мардро аз ду ҷиҳат баҳс менамоем.

Дар баҳси аввал ба аҳком ва андозаи он мепардозем, ки заминасози мафосиди ахлоқӣ ва ҷинсӣ аст, Қуръони Карим аз занҳо ва мардҳои мӯъмин хостааст, ки нигоҳҳои худро назорат ва контрол намоянд, лизо сирфан вазифаи зан нест, ки дар муқобили номаҳрам нигоҳҳои худро контрол кунад, балки вазифаи мард низ ҳаст, ки нигоҳҳои худро контрол кунад.

Нигоҳ ва андозаи он

Дар баҳси ҳиҷоб аз ҷумла баҳсҳои муҳим ва шоёни таваҷҷӯҳ нигоҳ ва андозаи он аст. Ислом нигоҳҳои тунд ва шаҳватомезро ҳаром кардааст. Лаззат ва комҷӯии ҷинсӣ, нахуст аз даричаи дидан ва нигоҳ ба чеҳра оғоз мешавад. Хонадони Пайғамбари Ислом(с) дар суханони худ аҳаммияти нигоҳ ва асарҳои онро хотиррасон карданд.

Дар бораи чигунаги нигоҳ дар баробари номаҳрам ва дар мавриди андоза ва марзҳои он баҳсҳое матраҳ шудааст, ки акнун қисматҳои гуногуни онро дар ҳадди тавон аз ақсоми нигоҳ оғоз мекунем.

Анвои нигоҳ

1) Нигоҳ ба номаҳрам

Яке аз анвоъи нигоҳ, ки мустақиман дар баҳси мо нақши решаӣ дорад, нигоҳ ба номаҳрам аст. Худованд дар Қуръони Карим барои эҷоди покии дарун ва софии руҳ ва равони одамӣ амр ба контрол ва таъдили нигоҳ ва мавориди таҳрикомез мекунад.

>قُل للمؤمنينَ يغُضُّوا مِن ابصارِهِم<[1] >وَ قل للمؤمناتِ يغضُضنَ مِن ابصارهِنَّ…<

“Ба мӯъминон бигӯ: Чашмҳои худро (аз нигоҳ ба номаҳрамон) ба поён бияндозанд….”

“Ва ба занони боимон бигӯ: Чашмҳои худро( аз нигоҳи ҳавас олуд) ба зер бияндозанд.”

Инҷо маънои (غض) ғазз ба маънои поин овардан аст. «غض بصر» ( ғаззал басар) яъне пойн овардани нигоҳ ин маъноро бисёре аз бузургон баён кардаанд.

Алӣ Розинӣ дар пажуҳише пиромуни муфрадоти Қуръон менависад:

غَضَّ ба маънои кам кардан аст. Вақте гуфта мешавад «غض بصر» ба маънои дида фурӯ бастан мебошад ва маънои غَضَّ صَوت садоро поин овардан ва оҳиста сухан гуфтан мебошад.”[2]

Нигоҳи гузаро ба манобеи луғавӣ ин назарро таъкид мекунад. Ин маъноро аз вожаи ғаз дар оёти гуногун ва аҳодис низ ба равшанӣ метавон ёфт. Дар Қуръони Карим Луқмони Ҳаким ба фарзандаш тавсия мекунад: <…واغضُض مِن صَوتِکَ…>“ Аз садои худ бикоҳ ( ва ҳаргиз фарёд мазан)”

Манзур ин аст, ки садоятро поин биёр. Пас غَضَّ ба маънои кам кардани нигоҳ ё садо мебошад ва нуктаи муқобили он бо диққат нигоҳ кардан ва садоро баланд кардан аст.

Дар ривоёт бодиққат нигоҳ кардан ба номаҳрам манъ шудааст ва аз Пайғамбар(с) нақл шудааст ишора мекунем:

قال رسول الله(ص) :

«من ملاءعينه من امرأة حراماً يحشوها الله يوم القيامه مساميره من نار ثمّ حشاهاالله ناراً الي أن تقوم الناس ثم يُؤمَر به إلي النار.» [3]

“Онки чашмро аз ҳаром пур кунад, Худованд дар рӯзи қиёмат, чашмонашро аз мехҳои оташин кур мекунад, ва дарунашро аз оташ пур мекунад, то мардум аз гурҳо бароянд ва сипас ӯро ба оташ меафканад.”

Имом Содиқ(а) фармуд:

«من نظر الي أمرئةٍ فرفع بصره الي السماء و غضّ بصره لم يرتدّ الله حتي يزوّجه الله عزوجّل من الحورالعين»[4]

Ҳар касе, ки занеро ба таври ногаҳонӣ дид, чашм аз ӯ баргардонад ва ба осмон бингарад, Худованд барои ӯ дар қиёмат як ҳамсаре аз ҳамсарони биҳиштӣ ба никоҳаш медарорад.”

قال ابوعبدالله (ع) :

«النظرة بعدالنظرة تزرع في القلب الشهوة و کفي بها لصاحبها فتنة»[5]

“Нигоҳе баъд аз нигоҳ тухми шаҳватро дар қалб мепошад ва ҳамон кофӣ аст, ки бинандаро ба фитна бикашонад.”

Нақл шудааст, ки Пайғамбари Худо ҳазрати Муҳаммад(с) ба Алӣ(а) фармуд:

«يا علي اوّل النظرة لک والثانية عليک لا لک»[6]

“Ё Алӣ нигоҳи аввал барои туст ва нигоҳи баъдӣ бар зарари туст”.

Дар ривояте боз аз Пайғамбари Ислом(с) нақл шудааст ки :

«اول نظرة لک و الثانية عليک و لا لک والثالثة فيهاالهلاک»[7]

“Нигоҳи аввал барои туст ва дуввум бар зарари ту ва нигоҳи севвум сабаби ҳалокат хоҳад шуд.”

Дар ҳадиси дигар фармуд:

«من نظر الي امرأةٍ فرفع بصره الي السماء او غضَّ بصره لم يرتدَّ اليه طرفه حتي يعقبه الله ايماناً يجد طعمه»[8]

“Касе, ки занеро бубинад ва чашмашро ба осмон бияндозад ё онро баргардонад, ба зудӣ Худованд маззаи имонро ба ӯ хоҳад чашонд.”

Ва низ дар ривоят омадааст:

«ما اَغتَنَم أحد بمثل ما اَغتَنَم بَغَضَّ البصر، لان البصر لايُغضّ عن محارم الله الا و قد سبق الي قلبه مشاهدةُ العظمة والجلال…» [9]

Ҳеҷ баҳрае монанди ончи аз фурӯ гирифтани чашм ба даст меояд, нест чун чашми одамӣ аз дидани ҳароми илоҳӣ фурӯ баста намешавад, магар он ки дарки бузургӣ ва Ҷалоли Худованд дар дилаш пеша гира”.

Бинобар фатвои фуқаҳо нигоҳ кардани мард ба бадани зан ҳаром аст ва нигоҳ ба сурат ва дасти занон   (бе ороиш ва зинат) дар сурате, ки ба қасди лаззат бошад ҳаром ва агар бе қасди лаззат ва тарс аз воқеъ шудан дар ҳаром набошад, ҷоиз донистаанд.

Ривояте, ки ҷавози нигоҳ ба даст ва чеҳраро собит мекунад:

صحيحه, عن علي بن سويد قال: «قلتُ لابي الحسن(ع): «اني مبتلي بالنظر الي المرأة الجميلة فيعجبني النظر اليها فقال (ع): يا علي لاباس اذا عرف الله من نيّتک الصدق و ايّاک و الزّنا فانّه يمحق بالبرکة و يهلک الدّين»[10]

“Алӣ ибни Сувайд мегӯяд: Ба Имом Ризо(а) арз кардам, ки ман бо занони зеборӯй зиёд сару кор дорам ва зебоии онҳо маро ба ҳайрат фурӯ мебарад. Имом Ризо(а) фармуданд: Агар нияти содиқона дошта бошӣ ва қасди шаҳвонӣ надошта бошӣ монеъ надорад. Мувозиб бош, ки аҳли зино набошӣ, зеро зино баракат ва имонро нобуд мекунад.”

Имом тасреҳ мекунад, ки нигоҳ ба чеҳраи зебои занон монеъ надорад. Мумкин аст гуфта шавад Алӣ ибни Сувайд намегӯяд, ки ман ба чеҳраи занон нигоҳ намекунам, шояд мурод ва мақсадаш ин бошад, ки аз қад ва чеҳраи занони зебо хушам меояд, дар ин сурат ривоят далолати ҷоиз будани нигоҳ ба чеҳра надорад. Албатта дар урфи мардум ба зебоии қад ва чеҳра мегӯянд: “хушандом”, зебо ва….бинобарин нияти саволкунанда ҳамон зебоии чеҳра аст. Пас бинобарин бе лаззати ҷинсӣ нигоҳ кардан ба чеҳраи зан монее надорад.

Шояд иборати Имом ишорат ба масъалае бошад, ки анҷом шуданаш мумкин набошад. Нигоҳ ба чеҳраи зебо, ба шаҳват меанҷомад. Албатта мӯъминин ба далели ҳалол будан ва ҷавози нигоҳ, набояд лаҷоми чашмро раҳо кунанд ва онро ба ҳар сӯ озодона бигардонанд, балки танҳо ба андозаи зарурати урфӣ ба номаҳрам нигоҳ кунанд ва диққат дошта бошанд, ки ин кори ҳалол баҳонае барои шаҳватронӣ нагардад. Дар нигоҳ бо эҳтиёт амал намояд, чи басе корҳои ҷоизе, ки нардабоне барои ҳавои нафс мешавад ва руҳро аз такомул боз медорад, монанди кори мубоҳ, ки ҷоиз аст, аммо агар лаҷоми нафсро ба шикам бисупорем монеи бузурге барои ҳаракати илоҳӣ ва маънавии инсон хоҳад шуд ва инсонро аз дарки шинохти Худованд боз хоҳад дошт. Лизо мӯъминин бояд дар нигоҳ риояти ниёзро бинамоянд.[11]

2) Нигоҳ ба махтуба (зане, ки мард бо ӯ қасди издивоҷ дорад)

Аз ҷумла масъалаи асосӣ дар ин маврид нигоҳ ба зане аст, ки мард қасди издивоҷ бо ӯро дорад. Дар ривоёти бисёре ба ин матлаб ишора шуда ва олимони динӣ дар бораи он изҳори назар намудаанд:

Аз Имом Содиқ(а) нақл шудааст, ки:

«عن الصادق(ع) الي أن قال:

نعم لابأس بأن ينظر الرَّجل الي المرئة اذا اراد أن يتزوّجها ينظر الي خلفها و جهها»[12]

Дар зимни суханони Имом Содиқ(а) фармуданд:

“Бале айбе надорад марде, ки қасди издивоҷ бо занеро дорад аз пушти сар ва пеш ӯро бубинад.”

Марде аз Имом Содиқ(а) пурсид:

«عن رجل عن أبي عبدالله (ع) قال قلت له: أينظر الرجل الي المرئة يريد تزويجها فينظر الي شعرها و محاسنها؟ قال: لابأس بذلک اذا لم يکن متلذذا»[13]

“Оё марде, ки қасди издивоҷ дорад, ҳақ дорад ба мӯй ва зебоиҳои зани мавриди назараш нигоҳ кунад? Имом фармуд: Ишкол надорад ба шарти ин ки мақсудаш лаззат бурдан набошад.”[14]

Боз аз Имом Содиқ(а) ривоят шуда аст:

«لابأس أن ينظر الي وجهها و معاصمها اذا أراد ان يتزوّجها»[15]

“Вақте шахсе бихоҳад бо зане издивоҷ кунад, метавонад, ки ба чеҳра ва маҳали дастмонаи ӯ нигоҳ кунад.”

“Бархе аз фақеҳони пешин ин нигоҳро маҳдуд ба рӯй ва дуто кафи даст кардаанд, бо ин исдидлол, ки истиснои рӯй ва дуто кафи даст ба ҷиҳати зарурат аст ва зарурат маҳдуд аст ба ҳудуде, ки бо он зарурат бартараф мешавад ва чеҳра намоёнгари зебоӣ ва некӯиҳои ҷисмонии зан аст, пас бештар аз он раво ва ҷоиз нест. Аммо бархе дигар дар андозаи нигоҳ, атрофи нигоҳро зиёд карданд (дуто по то баромадагӣ) “буҷулак” ва (гардан)-ро ҳам дохил донистаанд.”[16]

Нигоҳ ба рӯи зани махтуба бояд бо шароити зер анҷом шавад:

1) Ба қасди лаззат бурдан набошад, ҳарчанд ба сабаби нигоҳ ночоран лаззат бурдан ҳосил шавад.

2) Иттилоъ ва огоҳии шахсро нисбат ба он зан зиёд намояд. Монеи ҳам барои издивоҷ набошад, мисли инки зан дар идда бошад ва…..

3) Тавофуқ бар издивоҷ намудан сурат гирифта бошад.

4) Ба хусус қасди издивоҷ бо ин занро дошта бошад.[17]

“Бе гумон саломат ва пойдорӣ бар шинохт устувор аст, шинохт дар тамоми абъод. Шояд касоне бошанд, ки чигунаги зоҳирии занонро бо аҳаммият тасаввур накунанд ва аслан ба фармони дақиқи дини Ислом амал кунанд, ки дар ташкили зиндагӣ ва бар интихоби ҳамсар ва ҳамроҳ ба андеша ва ормон ва дини зан таваҷҷӯҳ кунанд ва на андом ва зебоӣ. Аммо ҳаргиз наметавон аз нақши чигунагии зоҳирӣ дар зиндагӣ ғафлат варзид, аз ин рӯ Ислом бо таваҷҷӯҳ ба ин воқеият ва барои пешгирӣ аз ба вуҷуд омадан ва ошкор шудани ихтилофҳо ва гоҳ баҳонаҳо бар нигаристан дар остонаи зиндагӣ ва огоҳӣ аз чигунаги зоҳирӣ тавсия ва таъкид кардааст.

Мард дар саҳнаи иҷтимоъ аст ва бисёре аз афрод дар маърази дид ва гоҳе нигоҳҳои тазалзулофарин ва заминасози гароишҳои дигар ва ҷудоиҳо ва ….. дар бар дорад.[18]

Таъкид бар ин иттилоъ ва огоҳӣ барои он аст, ки интихоб кардан аз рӯи огоҳӣ ва шинохт ва иттилоъ бошад, сабаби давом бахшидан ва истеҳкоми хонавода хоҳад шуд.

Паёмбари Ислом(с) дар ҷумлаи кутоҳ ва бо зебоии тамом ба ин ҳақиқат ишора кардаанд:

«عَنِ المُغَيرَةِ بنِ شُعبَه أنَّهُ خَطب أمرئةً فقال: أنظُر إِلَيهَا فَأنَّهُ أخري أن يَدُومَ بينکُما»[19]

“Муғайра ибни Шуъба аз зане хостгорӣ кард. Паёмбари Акрам(с) ба ӯ фармуд: Рафта бубин, ки барои давом ва пойдории зиндагии шумо сазовортар аст.”

[1]. Сураи Нур ояти 30

[2]. Пажуҳише пиромуни муфрадоти Қуръон, саҳ. 200

[3]. Савобул аъмол, Алӣ Дахил, Алӣ Муҳаммад, саҳ. 549

[4]. Сафинатул биҳор ва мадинатул ҳикам, Шайх Аббоси Қумӣ, ҷ.2, саҳ. 595

[5]. Васоил, ҷ.14, саҳ. 139

[6]. Ҳамон, ҷ.17, саҳ.141

4. Ҳамон, ҷ.8, саҳ. 141

[8]. Ҳамон, саҳ. 141

[9]. Мисбоҳулшариат ва мифтоҳулҳақиқат, Мустафавӣ, Ҳасан, саҳ. 173

[10]. Васоил, ҷ.6, саҳ. 139

[11]. Ҳарими ифоф, Сайд Руҳуллоҳ, саҳ. 141

[12]. Ҳиҷоб аз дидгоҳи Қуръон ва суннат, саҳ. 64

[13]. Ҳамон

[14]. Ҳамон

[15]. Ҳамон

[16]. Алмуғано ва шарҳул кабир, Абдуллоҳ ибни Аҳмад, ҷ.7, саҳ. 453

[17]. Китоби никоҳ, саҳ. 245

[18]. Ҳиҷоб аз дидгоҳи Қуръон ва суннат, саҳ. 67

[19]. Ҳамон

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...