Зарурати ҳифзи ваҳдат дар ривоёт

vahdat.m

vahdat.mАҳодис ва ривоёти исломӣ низ ҳамин шева ва равиши Қуръони Каримро дар пеш дошта ва мардумро аз дудастагӣ ва тафриқа барҳазар намуда ва ба сӯи ваҳдат ва якдилӣ фаро хондаанд, чунонки ривоят шуда, ки ҳазрати Расул(с) фармуданд:[1]

انما المؤمنون في تعاطفهم وتراحمهم بينهم بمنزلة الجسد الواحد، إذا اشتكى منه عضو تداعى سائر الجسد بالحمى والسهر

Мӯъминон дар дустӣ, утуфат ва меҳрварзӣ ба ҳам монанди як пайкар ҳастанд, ва ҳангоме ки узверо дард фаро гирад дигар аъзои ҷасадро ҳам таб ва бедорӣ фаро мегирад.

   Ҳазрати Расул(с) дар ин ривоят ваҳдат ва иттиҳодро барои мусулмонон ба зеботарин шакл тарсим намуда аст ва ба онҳо меомӯзад, ки чи дидеро нисбат ба ваҳдати уммати исломӣ дошта бошанд.

   Ва дар бархе аз ривоёти набии Мукаррами Ислом(с) ҷиҳати манъ аз тафриқа ва дудастагӣ ва баёни аҳамият ва зарурати ваҳдати инсонҳоро ба галлаи гӯсфандон масал мезананд ва мефармоянд[2]:

إِنَّ الشَّيْطَانَ ذِئْبُ الْإِنْسَانِ كَذِئْبِ الْغَنَمِ يَأْخُذُ الشَّاةَ الْقَاصِيَةَ وَالنَّاحِيَةَ فَإِيَّاكُمْ وَالشِّعَابَ وَعَلَيْكُمْ بِالْجَمَاعَةِ وَالْعَامَّةِ والْمَسْجِدِ

Шайтон гурги инсонҳо аст, монанди гург барои гӯсфанд, ки гӯсфандонеро, ки аз галла дур мешаванд ё дар канор қарор мегиранд ё фирор мекунанд, мегирад. Аз ҷудоӣ ва фирқа-фирқа шудан бипарҳезед ва бар шумо бод, ки ҳамроҳи мардум ва ҷамоат ва масоҷид бошед.

   Ва дар бархе аз ривоёт ваҳдат ва иттиҳодро сабаби бақои зиндагӣ ва пешрафт муаррифӣ карда, чунонки мефармояд[3]:

لا تختلفوا، فإنّ من كان قبلكم اختلفوا فهلكوا «

Ихтилоф наварзед. Ҳамоно касоне, ки қабл аз шумо буданд ихтилоф варзиданд (онгоҳ) ҳалок ва нобуд гаштанд.

   Илова бар ин фармоишоти ҳазрати Расул(с) сираи амалии он ҳазрат ва таърихи гузаштаи мусулмонон худ гувоҳ бар аҳамият ва зарурати ҳифзи ваҳдати мусулмонон аст, чунон ки Паёмбар(с) дар аввалин рӯзҳои ташкили ҳукумати исломӣ дар Мадина баҳси ваҳдатро дар қолаби ухуввати динӣ матраҳ намуд ва мусулмононро бо ҳам бародар хонд. Ва таърих гувоҳ аст, ки чи дар даврони Паёмбар(с) ва чи дар давронҳои пас аз реҳлати эшон, дар ҳар куҷо мусулмонон иттиҳод ва ваҳдати худро ҳифз карданд, пирӯз шуданд аз қабили набардҳои Бадр, Хайбар, Аҳзоб, Ҳунайн, фатҳи Макка ва ҷангҳои бо муртаддини, Эрон, Рум ва …

   Ва ҳар куҷо тарки ваҳдат карданд, ҳатто ба андозаи якчанд лаҳза, зарар ва таъми талхи онро чашидаанд, ҳамонгуна ки дар ҷанги Уҳуд чунин шуд ва солҳо баъд аз замони реҳлати ҳазрати Расул(с) императории исломӣ шикаст хурд ва кишварҳои исломӣ мавриди истеъмори ғарб қарор гирифтанд ва ҳатто имрӯз мусулмонон дар Фаластин, Афғонистон, Ироқ, ва дигар нуқоти дунё таъми талх ва зарари тафриқаро мечашанд.

   Аз ин рӯ калиди баргашт ба сарафрозӣ ва истиғно аз кишварҳои ғайри исломӣ баргашт ва амал кардан ба дастуроти китоб ва суннат аст, ки намунаи бориз ва атамм ва комили он дастуроти ҳифзи ваҳдат ва иттиҳод ва тарки тафриқа мебошад.

У Ганҷа

[1] . Бо каме тафовут: Фатҳ – ул – Бори, шарҳи Саҳеҳи Бухорӣ,10/439, ҷамъ байн – ул – саҳеҳайн – ул – Бухорӣ ва Муслим, 1/309,ҳ 806, Силсила –ул – Саҳеҳайн, 6/25, ҳ 2526, Мустадраки Сафина – ул – Баҳор, 1/73. Баҳор – ул – Анвор, 58/150 ва …

[2] . Муснади Эмом Аҳмад ибни Ҳанбал, 5/243, ҳ 22160, Муҷозот – ул – Набавия, 1/347, Бағя – ул – Боҳис аз завоиди Муснад – ул – Ҳорис ибни Аби Усома, 2/635, ҳ 606, тафсири Қуръони Азим, 4/120 ва…

[3] . Ҷомиъ – ул – Саҳеҳ –ул – Мухтасар, 2/849, ҳ 2279, Мизон –ул –Ҳикма, 2/44, Муснади ибни Ҷаъд, 1/3, ҳ 464, Кашф – ул – мушкил аз ҳадиси Саҳеҳайн, 1/207, ва…

Охирин матолиб

Таъини ҳазрати Алӣ(рз) аз сӯи Паёмбар Акрам(с) ба унвони имому раҳбари уммати исломӣ

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим قال الله نعالی: وَمَا آتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانْتَهُوا ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۖ إِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ.  Ҳар ончӣ Паёмбар(с)...

Фазилати даҳаи аввали моҳи Зилҳиҷҷа

Фазилати даҳаи аввали моҳи Зилҳиҷҷа Расули Худо (с) мефармоянд: ما مِنْ أيامٍ العملُ الصالحُ فيهنَّ أحبُّ إلى اللهِ مِنْ هذهِ الأيامِ العشرِ Ҳеҷ айёме нест,...

Ҳасодат офати дин ва дӯнё

Ҳасад ҳолатест, ки инсон аз дидани неъмати дигарон нороҳат мешавад ва  ранҷ мебарад ва орзӯ мекунад, ки он неъмат аз онҳо гирифта шавад[1], ҳатто агар...

Коркарди ақл дар дини Ислом Ақл дар дини Ислом, дар фаҳм ва шинохтани ҳақиқат ва зиндагии худо писанд нақши бисёр ҳаётӣ дорад. Ақл дорои чандин...

Мусулмонони ҳақиқӣ

Паёмбари Аакрам (с) мефармоянд: مَثَلُ الْمُؤْمِنِينَ فِي تَوَادِّهِمْ وَتَرَاحُمِهِمْ وَتَعَاطُفِهِمْ، كَمَثَلِ الْجَسَدِ إِذَا اشْتَكَى مِنهُ عُضْوٌ تَدَاعَى لَهُ سَائِرُ الجَسَدِ بِالسَّهَرِوَالْحُمَّى Мусулмонони ҳақиқӣ дар дӯстӣ,...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *