ШОИРОНА

Рўҳи   заифро   ба   сухан   ошно   кунед,

 Зеро ҳамора шеъру сухан рўҳпарвар аст.

  Амири мўъминон Алӣ(а) мефармояд: “Ҳамоно ин дилҳо ҳамонанди баданҳо афсурда мешаванд, пас барои шодобии дилҳо суханони зебои ҳикмат- омезро биҷўед.”

Яъне ҳар вақт дилҳоятон аз хондани мутуни илмии дақиқ ва матолиби таҳқиқӣ хаста мешавад, барои шодобии онҳо ба матолиби тозаи адабӣ рўй оваред.

Агарчӣ неъматҳое, ки Худованд ба инсон додааст қобили шумориш нест ва касе ҳам тавоноии онро надорад, ки аҳамият ва арзиши ҳар кадом аз ин неъматҳоро бифаҳмад, вале чунин ба назар мерасад, ки яке аз  бузургтарини ин неъматҳо  ҳамоно қувваи такаллум аст. Зеро ин санъат аст, ки роҳи иртиботи ақлҳо ва афкорро дар миёни башар барқарор карда ва онҳоро дар тафаккур ва
тааққул бо ҳам ёру мададгор намудааст. Ба ин василаи худододӣ улуми гузаштагон мероси ояндагон шуда ва наслҳои башар, ки дар замонҳои ҷудо аз ҳам зиндагӣ мекунанд, барои ба даст овардани ҳақоиқ ва кашф намудани санъатҳо ба якдигар кўмак менамоянд.

Пас агар мо суханро бузургтарин сармояи одамият ва ҳунарҳои инсоният, балки муассиси асоси шахсияти башарият биномем сухани газоф нагуфтаем.

Ҳаким Низомии Ганҷавӣ мефармояд:

Бингар аз ҳарчи офарид Худой,

То аз ў ҷуз сухан чӣ монд баҷой.

Ёдгоре ки зодамизод аст,

Сухан аст, он дигар ҳама бод аст.   

Ва ҷои дигар мефармояд:

Дар луғати ишқ сухан ҷони мост,

Мо суханем ин талал айвони мост.

Хатти ҳар андеша, кипайваста шуд,  

Дар пари мурғони сухан басташуд,

Гарна сухан риштаи ҷон тофтӣ,

Ҷон сари андеша куҷо ёфтӣ.

Садрнишин ғайри сухан несткас,

Давлати ин мулк суханростбас.

  Аз тарафи дигар сухан замоне дилнишин ва муассир аст, ки гўяндаи он поку  босафо бошад. Ва ҳар чӣ гуянда поктар бошад, каломи ў дилпазиртар хоҳад буд. Лизо чун ба Қуръон менигарем муъҷиза мебинем, зеро аз мабдаи покиҳо содир шудааст ва чун ба суханони Паёмбар(с) ва авлоди атҳораш назар мекунем мафтуни он мешавем. Пас мо ҳарчи суханони дилнишин аз шоирон ва ҳакимони бузург мешунавем ба хотири он аст, ки гавҳари ҷони худро сайқал додаанд ва рўҳи худро поку  босафо намудаанд.

Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ мефармояд:

Дило зи нури риёзат гар огаҳӣ ёбӣ,

Чу шамъ хандазанон тарки сар тавонӣ кард.

Гули муроди ту он гаҳ ниқоб бикшояд,

Ки хидматаш чу насими саҳар тавонӣ кард.

Ва ҷои дигар мефармояд:

Маро дар ин зуламот онки раҳнамоӣ  кард,

Дуои нимашабӣ буду нолаи саҳарӣ.

  Инсофан он фармоиши ҳазрати Алӣ(а), ки дар оғози калом баён шуд бисёр ба мавқеъ ва ҳакимона аст. Бар хилофи имрўз, ки баъзе ашхос қоил бар онанд, ки барои берун овардани дилҳо аз хастагӣ масалан бояд аз радио ва тилевизион ва аз мусиқӣ ва ҳар гуна созу овозҳо истифода кард. Лекин фармоиши он ҳазрат  барои ин аст, ки ба ҷои вақтгузаронии беҳуда бо хондани осори ҳакимонаи адибону шоирон ва мушоҳидаи ҳунарнамоии онҳо дар майдони маонӣ, ҳам дилҳоро нерў бахшед ва ҳам вақтро  ҳадар надиҳед ва ҳам ба донишу фазлу камоли хеш бияфзоед.

Аз инрў, мо дар ин қисмат аз фаслнома чанд намуна аз осори ҳакимона ва дилнишини суханварони порсиро дарҷ намудем, то донишпажуҳони гиромӣ бо мутолиаи он аз дил рафъи хастагӣ кунанд ва бо шавқу завқи беш аз пеш ба омўхтани улуму фунун идома диҳанд.

Агар ба ҳар кадом аз осори бузургони сухан назар кунем хоҳем дид, ки ҳар кадом ба шеваи махсуси худ каломи хешро бо ному ёди Худованд оғоз намуда ба васфу ситоиши зоти ақдаси илоҳӣ пардохта аст…

 Ба номи чошнибахши забонҳо,

Ҳаловатбахши маънӣ дар баёнҳо.

Шакарпоши забонҳои шакаррез,

Ба ширин нуктаҳои ҳолатангез.

Ба шаҳде дода хубонро шакарханд,

Ки дил бо дил тавонад дод пайванд.

Ниҳод аз оташе бар ошиқон доғ,

Ки доғи ў занад сад таъна бар боғ.

Якеро сохт ў ширину танноз,

Ки Ширини ту ширинӣ кун оғоз.

Якеро тешае бар сар фиристод,

Ки ҷон мекан ту Фарҳоди ту Фарҳод.

Зи гил то сангу аз гул гир то хор,

Аз ў ҳар чиз бо хосияте ёр.

 (Аз Хусраву Ширини Ваҳшӣ)

           

АввалидафтарбаномиЭзидидоно,

Сонеупарвардигориваҳй, тавоно.

Акбару аъзамХудои оламу одам,

Сурати хуб офариду сирати зебо.

Аздарибахшандагию банданавозӣ,

Мурғи ҳаворо насиби моҳии дарё.

Қисмати худ мехўранд мунъиму дарвеш,

Рўзии худ мебаранд пашшаву анқо.

Ҳоҷати мўре ба илми  ғайб бидонад,

Дарбуни чоҳе ба зери сахраи саммо.

(Саъдӣ)

    

Ба номи он, ки  ҳастӣ ном аз ў ёфт,

Фалак ҷунбиш  малак ором аз ў ёфт.

Худое, к- офариниш дар вуҷудаш,

Гувоҳи мутлақ омад бар вуҷудаш.

Таолаллоҳ яке бе мислу монанд,

Ки хонандаш худовандон Худованд.

(Аз Хусраву Ширини Низомӣ)

       

Дар он хилқат, ки ҳастӣ бенишон буд,

Ба кунҷи нестӣ олам ниҳон буд.

Вуҷуди мутлақ аз қайди мазоҳир,

Ба нури хештан бар хеш зоҳир.

На бо оина рўяш дар миёна, 

На зулфашро кашида дасти шона.

Навои дилбарӣ бо хеш месохт,

Қимори ошиқӣ бо хеш мебохт.

Вуҷуде буд аз нақши дуӣ дур,

Зи  гуфтугўи моию туӣ дур.

Дилоро шоҳиде дар ҳиҷлаи ғайб,

Мубарро доманаш аз тўҳмату айб.

Бурун зад хайма з-иқлими тақаддус,

Таҷаллӣ кард дар офоқу анфус.

(Ҷомӣ)

       

Ҳар кӣ на гўё ба ту хомўш беҳ,

Ҳарчи на ёди ту фаромўш беҳ.

Чораи мо соз ки  беёварем,

Гар ту биронӣ ба ки руй оварем.

Бе тамаем аз ҳама созандае,

Ҷуз ту надорем навозандае.

Дар сифатат гунгу фурў рафтаем,

Ман арафаллоҳ аз ў хондаем .

Ёр шав эй  мўниси ғамхорагон,

Чора кун эй чораи бечорагон.

Қофила шуд вопасии мо бубин,

Эй каси мо бе касии мо бубин.

Ҷуз раҳи ту қибла нахоҳем сохт,

Гар нанавозӣ ту кӣ хоҳад навохт.

Даргузар аз ҷурм, ки хоҳандаем,

Чораи мо кун, ки паноҳандаем.

(Низомӣ)

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...