ТАРҶУМАИ СУРАИ ИБРОҲИМ

Ин сура  52 оят дорад ва ба истиснои оятҳои 28 ва 29 дар Макка нозил шудааст.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1               Алиф, Лом, Ро. (Ин ) китобе аст, ки бар ту нозил кардем, то мардумро аз торикиҳо (-и ширку зулму ҷаҳл), ба сўи равшаноӣ (-и имону адлу огоҳӣ), ба фармони Парвардигорашон дароварӣ. Ба сўи роҳи Худованди Тавоно ва Сутуда.

2               Ҳамон Худое, ки он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, аз они Ўст. Вой бар кофирон аз муҷозоти шадид (-и илоҳӣ!).

3               Ҳамонҳ, ки зиндагии дунёро бар охрат тарҷеҳ медиҳанд ва (мардумро) аз роҳи Худо бозмедоранд ва мехоҳанд роҳи ҳақро каҷ намоянд, онҳо дар гумроҳии дуре ҳастанд.

4               Мо ҳеҷ пайғамбареро, ҷуз ба забони қавмаш нафиристодем, то (ҳақоиқро) барои онҳо ошкор созад, сипас Худо ҳар касро бихоҳад (ва мустаҳиқ бидонад), гумроҳ ва ҳар касро бихоҳад (ва шоиста бидонад), ҳидоят мекунад. Ва Ў Тавоно ва Ҳаким аст.

5               Мо Мўсоро бо оятҳои худ фиристодем. (Ва дастур додем:) Қавматро аз торикиҳо ба нур берун ор! Ва «Айёмуллоҳ»-ро ба онон ёдоварӣ кун. Дар ин, нишонаҳое аст барои ҳар сабркунандаи шукргузор.

6               Ва (ба хотир биёвар) ҳангомеро, ки Мўсо ба қавмаш гуфт: «Неъмати Худоро бар худ ба ёд дошта бошед, замоне, ки шуморо аз (чанголи) Оли Фиръавн раҳоӣ бахшид. Ҳамонҳо, ки шуморо ба бадтарин ваҷҳе азоб мекарданд, писаронатонро сар мебуриданд ва занонатонро (барои хидматкорӣ) зинда мегузоштанд. Ва дар ин, имтиҳони бузурге аз тарафи Парвардигоратон барои шумо буд!».

7               Ва (ҳамчунин ба хотир биёваред) ҳангомеро, ки Парвардигоратон эълом дошт: «Агар шукргузорӣ кунед, (неъмати худро) бар шумо хоҳам афзуд ва агар носипосӣ кунед, муҷозотам шадид аст!».

8               Ва Мўсо (ба Банӣ Исроил) гуфт: «Агар шумо ва ҳамаи мардуми рўи замин кофир шавед, (ба Худо зиёне намерасад, чаро, ки) Худованд, бениёз ва Сутуда аст».

9               Оё хабари касоне, ки пеш аз шумо буданд, ба шумо нарасидааст?! «Қавми Нўҳ» ва «Од» ва «Самуд» ва онҳо, ки пас аз эшон буданд, ҳамонҳо, ки ҷуз Худованд аз онон огоҳ нест. Пайғамбаронашон далелҳои равшан барои оно оварданд, вале онҳо (аз рўи ҳайрат ва тамасхур) даст бар даҳон гирифтанд ва гуфтанд: «Мо ба он чӣ шумо ба он фиристода шудаед, кофирем ва нибат ба он чӣ моро ба сўи он мехонед, шакку тардид дорем».

10           Расулони онҳо гуфтанд: «Оё дар Худо шак аст?! Худое, ки осмонҳо ва заминро офаридааст, Ў шуморо даъват мекунад то бахше аз гуноҳонатонро бибахшад ва то мавъиди муқарраре шуморо боқӣ гузорад». Онҳо гуфтанд: «(Мо инҳоро намефаҳмем! Ҳамин андоза медонем, ки) шумо инсонҳое монанди мо ҳастед, мехоҳед моро аз он чӣ падаронамон мепарастиданд, боздоред. Шумо далел ва мўъҷизаи равшане барои мо биёваред».

11           Пайғамбаронашон ба онҳо гуфтанд: «Дуруст аст, ки мо инсонҳое монанди шумо ҳастем, вале Худованд бар ҳар кас аз бандагонаш бихоҳад (ва шоиста бидонад), неъмат мебахшад (ва мақоми рисолат ато мекунад). Ва мо ҳаргиз наметавонем мўъҷизае ҷуз ба фармони Худо биёварем. (Ва аз таҳдидҳои шумо намеҳаросем). Ашхоси боимон бояд танҳо бар Худо таваккул кунанд.

12           Ва чаро бар Худо таваккул накунем, бо ин ки моро ба роҳҳои (саодат) раҳбарӣ кардааст?! Ва мо ба таври ҳатмӣ дар баробари озорҳои шумо сабр хоҳем кард (ва даст аз рисолати худ барнамедорем). Ва таваккулкунандагон, бояд фақат бар Худо таваккул кунанд».

13           (Вале) кофирон ба пайғамбарони худ гуфтанд: «Мо ҳатман шуморо аз сарзамини худ берун хоҳем кард, магар ин ки ба оини мо бозгардед». Дар ин ҳол, Парвардигорашон ба онҳо ваҳй фиристод, ки: «Мо золимонро ҳалок мекунем.

14           Ва шуморо баъд аз онон дар замин сукут хоҳем дод, ин (муваффақият), барои касе аст, ки аз мақоми (адолати) ман битарсад ва аз азоби (ман) хафнок бошад».

15           Ва онҳо (аз Худо) дархости фатҳу пирўзӣ (бар кофирон) карданд ва (саранҷом) ҳар гарданкаши мунҳарифе ноумед ва нобуд шуд.

16           Дар пайи ў ҷаҳаннам хоҳад буд ва аз оби бадбўи мутааффине нўшонда мешавад.

17           Ба заҳмат ҷруъа-ҷуръаи онро сар мекашад ва ҳаргиз ҳозир нест ба майли худ онро биёшомад. Ва марг аз ҳар ҷо ба суроғи ў меояд, вале бо ин ҳама намемирад ва дар пайи он азоби шадиде аст!

18           Аъмоли касоне, ки ба Парвардигорашон кофир шуданд, ҳамчун хокистаре аст дар баробари боди тунд, дар як рўзи тўфонӣ. Онҳо тавоноӣ надоранд, камтарин чизе аз он чиро анҷом додаанд, ба даст оваранд. Ва ин ҳамон гумроҳии дуру дароз аст.

19           Оё надидӣ Худованд, осмонҳо ва заминро ба ҳақ офаридааст?! Агар бихоҳад шуморо мебарад ва халқи наве меоварад.

20           Ва ин кор барои Худо мушкил нест.

21           Ва (дар қиёмат) ҳамаи онҳо дар баробари Худо зоҳир мешаванд. Дар ин ҳангом заифон (пайравони нодон) ба мустакбирон (ва раҳбарони гумроҳ) мегўянд: «Мо пайравони шумо будем. Оё (акнун, ки ба хотири пайравӣ аз шумо гирифтори муҷозоти илоҳӣ шудаем), шумо ҳозир ҳастед, саҳме аз азоби илоҳиро бипазиред ва аз мо бардоред?». Онҳо мегўянд: «Агар Худоморо ҳидоят карда буд, мо низ шуморо ҳидоят мекардем, (вале кор аз инҳо гузаштааст), чӣ бетобӣ кунем ва чӣ шакебоӣ, фарқе барои мо надорад, роҳи гурезе барои мо нест».

22           Ва шайтон, ҳангоме, ки кор тамом мешавад, мегўяд: «Худованд ба шумо ваъдаи ҳақ дод ва ман ба шумо ваъдаи (ботил) додам ва тахаллуф кардам. Ман бар шумо тасаллуте надоштам, ҷуз ин ки даъвататон кардам ва шумо даъвати маро пазируфтед, бинобар ин, маро сарзаниш накунед, худро сарзаниш кунед. На ман фарёдраси шумо ҳастам ва на шумо фарёдраси ман. Ман нисбат ба ширки шумо дар бораи худ, ки аз пеш доштед (ва итоати маро ҳамрадифи итоати Худо қарор додед), безор ва кофирам!». Ҳатман ситамкорон азоби дардноке доранд!

23           Ва касонеро, ки имон оварданд ва аъмоли солеҳ анҷом доданд, ба боғҳои биҳишт дохил мекунанд, боғҳое, ки наҳрҳо аз зери дарахтонаш ҷорӣ аст, ба изни Парвардигорашон, ҷовидона дар он мемонанд ва таҳияти онҳо дар он «Салом» аст.

24           Оё надидӣ чӣ гуна Худованд «калимаи тайиба» (ва гуфтори покиза)-ро ба дарахти покизае ташбеҳ карда, ки решаи он (дар замин) собит ва шохаи он дар осмон аст?!

25           Ҳар замон меваи худро ба изни Парвардигораш медиҳад. Ва Худованд барои мардум масолҳое мезанад, шояд мутазаккир шаванд (ва панд гиранд).

26           (Ҳамчунин) «калимаи хабиса» (ва сухани олуда)-ро ба дарахти нопоке ташбеҳ карда, ки аз рўи замин барканда шуда ва қарору суботе надорад.

27           Худованд касонеро, ки имон оварданд, ба хотири гуфтор ва эътиқоди собиташон, устувор медорад, ҳам дар ин ҷаҳон ва ҳам дар сарои дигар. Ва ситамгаронро гумроҳ месозад (ва лутфи худро аз онҳо бармегирад). Худованд ҳар корро бихоҳад (ва маслиҳат бидонад), анҷом медиҳад.

28           Оё надидӣ касонеро, ки неъмати Худоро ба куфрон табдил карданд ва қавми худро ба сарои нестиву нобудӣ кашонданд?!

29           (Сарои нестиву нобудӣ, ҳамон) ҷаҳаннам аст, ки онҳо дар оташи он дохил мешаванд, ва қароргоҳи баде аст!

30           Онҳо барои Худо ҳамтоёне қарор додаанд, то (мардумро) аз роҳи Ў (каҷ ва) гумроҳ созанд, бигў: «(Чанд рўзе аз зиндагии дунё ва лаззати он) баҳра гиред, аммо оқибати кори шумо ба сўи оташ (-и дўзах) аст!».

31           Ба бандагони ман, ки имон овардаанд, бигў намозро барпо доранд ва аз он чӣ ба онҳо рўзӣ додаем, пинҳону ошкор бахшиш кунанд, пеш аз он ки рўзе фаро расад, ки на дар он хариду фурўше аст ва на дўстӣ. (На бо мол метавонанд аз кайфари Худо раҳоӣ ёбанд ва на бо пайвандҳои моддӣ).

32           Худованд ҳамон касе аст, ки осмонҳо ва заминро офарид ва аз осмон обе нозил кард ва бо он меваҳо (-и гуногун)-ро барои рўзии шумо (аз замин) берун овард. Ва киштиҳоро мусаххари шумо гардонид, то бар саҳифаи дарё ба фармони Ў ҳаракат кунанд. Ва наҳрҳоро (низ) мусаххари шумо намуд.

33           Ва хуршеду моҳро – ки бо барномаи муназзаме дар кор ҳастанд – ба тасхири шумо даровард ва шабу рўзро (низ) мусаххари шумо сохт.

34           Ва аз ҳар чизе, ки аз Ў хостед, ба шумо дод. Ва агар неъматҳои Худоро бишуморед, ҳаргиз онҳоро шумориш натавонед кард. Инсон ситамгар ва носипос аст.

35           (Ба ёд оваред) замонеро, ки Иброҳим гуфт: «Парвардигоро! Ин шаҳр (-и Макка)-ро шаҳри амне қарор деҳ. Ва ман ва фарзандонамро аз парастиши бутҳо дур нигоҳ дор.

36           Парвардигоро! Онҳо (бутҳо) бисёре аз мардумро гумроҳ сохтанд. Ҳар кас аз ман пайравӣ кунад, аз ман аст ва ҳар кас нофармонии ман кунад, ту Бахшанда ва Меҳрубонӣ.

37           Парвардигоро! Ман баъзе аз фарзандонамро дар сарзамини бе обу алафе, дар канори хонае, ки ҳарами Туст, сокин кардам, то намозро барпо доранд. Ту дилҳои гурўҳе аз мардумро мутаваҷҷеҳи онҳо соз ва аз самараҳо ба онҳо рўзӣ деҳ, шояд онон шукри Туро ба ҷо оваранд.

38           Парвардигоро! Ту медонӣ он чиро мо пинҳон ва ё ошкор мекунем. Ва чизе дар замину осмон бар Худо пинҳон нест.

39           Ҳамд Худоеро, ки дар пирӣ, Исмоил ва Исҳоқро ба ман бахшид. Ҳатман Парвардигори ман шунавандаи (ва иҷобаткунандаи) дуост.

40           Парвардигоро! Маро барпокунандаи намоз қарор деҳ ва аз фарзандонам (низ чунин намо). Парвардигоро! Дуои маро бипазир.

41           Парвардигоро! Ман ва падару модарам ва ҳамаи мўъминонро дар он рўз, ки ҳисоб барпо мешавад, биёмурз!».

42           Гумон мабар, ки Худо, аз он чӣ золимон анҷом медиҳанд, ғофил аст! (На, балки кайфари) онҳоро барои рўзе таъхир андохтааст, ки чашмҳо дар он (ба хотири тарсу ваҳшат) аз ҳаракат боз меистад.

43           Гарданҳоро кашида, сарҳоро ба осмон баланд карда, ҳатто пилки чашмҳояшон аз ҳаракат бозмемонад, (зеро ба ҳар тараф нигоҳ кунанд, асарҳои азоб ошкор аст). Ва (дар ин ҳол) дилҳояшон (фурў мерезад ва аз андешаву умед) холӣ мегардад.

44           Ва мардумро аз рўзе, ки азоби илоҳӣ ба суроғашон меояд, битарсон! Он рўз, ки золимон мегўянд: «Парвардигоро! Муддати кўтоҳе моро мўҳлат деҳ, то даъвати Туро бипазирем ва аз пайғамбарон пайравӣ кунем». (Аммо ҷавоб мешунаванд, ки:) Магар пеш қасам ёд накарда будед, ки завол ва фаное барои шумо нест?!

45           (Оре, шумо будед, ки) дар хонаҳо (ва кохҳои) касоне, ки ба худ ситам карданд, сокин шудед ва барои шумо ошкор шуд, чӣ гуна бо онон рафтор кардем. Ва барои шумо масалҳо (аз саргузашти пешиниён) задем, (боз ҳам бедор нашудед!).

46           Онҳо ниҳояти макр (ва найранги) худро ба кор заданд ва ҳамаи макрҳо назди Худо ошкор аст, ҳар чанд макрашон чунон бошад, ки кўҳҳоро аз ҷо барканад.

47           Пас гумон мабар, ки Худо ваъдаеро, ки ба пайғамбаронаш додааст, тахаллуф кунад, чаро, ки Худованд Қодир ва интиқомгирандааст.

48           Дар он рўз, ки ин замин ба замини дигар ва осмонҳо (ба осмонҳои дигаре) мубаддал мешавад ва онон дар пешгоҳи Худованди Воҳиди Қаҳҳор зоҳир мегарданд.

49           Ва дар он рўз, муҷримонро бо ҳам дар ғул ва занҷир мебинӣ, (ки дастҳо ва гарданҳояшонро ба ҳам бастааст).

50           Либосҳояшон аз қатирон (моддаи часпандаи бадбўи қобили иштиол) аст. Ва чеҳраҳояшонро оташ мепўшонад.

51           То Худованд ҳар касро, ҳар он чӣ анҷом додааст, ҷазо диҳад. Ба яқин, Худованд сареул-ҳисоб аст.

52           Ин (Қуръон) паём (ва иблоғе) барои (умуми) мардум аст, то ҳама ба василаи он инзор шаванд ва бидонанд, Ў Худо Яктост ва то соҳибони мағз (ва андеша) панд гиранд.

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.