Таҳаддӣ ва муборизаталабии Қуръон 1

Таҳаддӣ ва муборизаталабии Қуръон

Қуръони Карим барои исботи набуввати ҳазрати хатми мартабат ва ҷиҳати ҳидояти башарият нозил шуд. Ин китоб, ки санади набувват ва манбаи аслии ҳидоят ва тарбияти башараият аст, дар замон, минтақа ва бо забоне фурӯд омад, ки фунуни суханварӣ дар миёни араб ба камол расида буд ва Ҳиҷоз маҳали номдортарин адибон, шоирон, хатибон ва худовандони сухан ва адаби араб буд. Ба гувоҳии таърих, араби замони ҷоҳилият, ки ғолибан чодурнишин ва аз маданият бебаҳра буданд, аммо дар баёну фасоҳат ва балоғати калом, мақоми бузургтарин дар миёни миллатҳои дигар доштаанд. Онҳо суханони зебо ва адибонаро, ки бо қавонини дақиқи адабӣ музайян буд арҷ мениҳоданд ва ҳамонгуна ки ба муқаддастарин маъбадҳои худ, яъне бутҳо эҳтиром ва онҳоро дар хонаи Каъба насб мекарданд, ашъори нағз ва ҷолиби суханварони машҳурро ба девори Каъба меовехтанд. Дар рӯзҳои нахустини нузули ваҳй, ки Паёмбари гиромӣ оёте аз Қуръонро барои мардум бо садои дилнишини худ тиловат намуд, шуру ҳайяҷони аҷибе дар мардум ва дар миёни суханварони онҳо ба вуҷуд омад. Баёни ҷаззобу ширин ва пурмаънои Қуръон чунон дар дилҳо нуфуз кард ва соҳибони завқро шефтаи худ сохт ва ин шефтагӣ то ҷое буд, ки суханони шево ва баланди хутабо ва шуароро фаромуш карданд ва ашъори устодони суханро аз девори Каъба фурӯд оварданд.

Ин мавзӯъ барои мушрикон ва сарони куфр бисёр ногувор буд, ки оёти Қуръон бо балоғати тамом ва мантиқи саҳеҳ, роҳ ва равиши ширк ва бутпарастиро инкор ва накӯҳиш кунад ва бутҳоеро, ки солиёни дароз мардум мепарастиданд ва барои онҳо қурбониҳо мекарданд ва раво шудани ҳоҷоти хешро аз онҳо мехостанд ба куллӣ ботил ва мардуд созад. Мушрикон ба ҷои пазируфтани ҳақ ва таслим дар муқобили он, роҳи ситеза ва мубориза бо Қуръон ва Паёмбари ҳидоятро пеш гирифтанд.

Дар чунин шароите Қуръон мухолифинро ба “таҳаддӣ” даъват кард. Таҳаддӣ, ҳамон муборизаталабӣ ва даъват ба муориза ва муқобила аст. Ин таҳаддӣ, ки бузургтарин ифтихор ва имтиёзи араб (суханварӣ ва сухандонӣ)-ро ҳадаф қарор дода буд, бениҳоят таҳриккунанда ва шурофарин менамуд, зеро посух надодан бадон ё иқдоми номувафақ, натиҷае ҷуз аз даст додани ваҷоҳат ва мавқеияти мумтози онон надошт. Ҷолибтар ин ки мухотабини таҳаддӣ танҳо мардумони араб набуд, балки паёми нахустини муборизаталабӣ, ин буд: “Агар ҳамаи ҷаҳониён (аз инсу ҷин) гирди ҳам оянд ва даст ба дасти ҳам диҳанд, то монанди Қуръон биёваранд, аз анҷом додани он нотавон хоҳанд буд”.[1]

Муориза бо оёти таҳаддӣ

Таърих баъзе аз муоризаҳоро бо Қуръон сабт карда, ки албата мояи ибрат ва шигифтӣ аст. Бинобар ин дар муқобили таҳаддӣ, муориза сурат гирифтааст, аммо саранҷоме ҷуз хисорат ва фазоҳат барои муоризакунанда надоштааст. Се намуна аз ин муоризаҳо ба қарори зер аст:

  1. Мусайламаи Каззоб, ки иддиои нубувват ва паёмбарӣ дошт, дар муқобили сураи Фил, ин ҷумлаҳоро сохт:

الفیلُ ما الفیل. و ما ادراک ماالفیل، له ذنب وَبیل و خرطوم طویل… .[2]

“Ал филу мал фил ва мо адрока мал фил, лаҳу занбун ва бил ва хуртумун тавил…”

  1. Яке аз нависандагони масеҳӣ, ки муддаии муориза бо Қуръон аст, дар муқобили сураи Ҳамд, бо иқтибосе ки аз худи сура доштааст, сураи худсохтае арза кардааст:

الحمد للّرحمن، ربّ الأکوان، الملک الدیان، لک العبادة و بک المستعان، اهدنا صراط الإیمان.[3]

“Ал ҳамду лир раҳмон, раббил аквон, ал маликид дайён, лакал ибодату ва бикал мустаон, иҳдина сиротал имон.”

  1. Ва дар муқобила бо сураи Кавсар гуфтааст:

إنّا اعطیناک الجواهر، فصلّ لربّک و جاهر و لا تعتمد قولَ ساحر!

“Инна аътайно кал ҷавоҳир, фасалли лироббика ва ҷоҳир ва ло таътамид қавла соҳир!”

Ин фард бо тақлиди комил аз назму таркиби оёти қуръонӣ ва тағйири бархе аз алфози он, ба мардум чунин талқин мекунад, ки бо Қуръон муориза кардааст. Ҳамин бофтаҳояшро низ аз Мусайламаи Каззоб ба сирқат бурдааст. Мусайламаи Каззоб дар баробари сураи Кавсар гуфта буд:

إنَا اعطیناک الجماهر، فصَلِّ لربّک و هاجر، و انّ مبغضک رجلٌ کافر. [4]

“Инно аътайнокал ҷамоҳир, фасалли лироббика ва ҳоҷир ва инна мубғизака раҷулун кофир.”

Намунаҳои дигар аз муоризаҳои воҳӣ ва беасос вуҷуд дорад, ки барои ҳамеша ба бойгонии таърих супурда шудааст.[5]

Ёдоварӣ

Шариатҳо ва паёмҳои осмоние, ки ба дасти паёмбарон арза мешавад ҳақоиқи ошкоре аст, ки ҳар фитрати пок онро пазиро мебошад. Анбиё чизеро мегӯянд, ки фитрат ва ақли башарӣ бе дуранг ва озодона онро мепазирад:

﴿وَبِالْحَقِّ أَنزَلْنَاهُ وَبِالْحَقِّ نَزَلَ[6]

“Мо Қуръонро, ки айни ҳақиқат аст фурӯ фиристодем (яъне ҳақиқати ошкор ва инкорнопазир) ва ҳамин гуна фурӯд омад…”

Аз ин рӯ дар ҷой- ҷои Қуръон тасреҳ шуда, ки соҳибназарони андешманд, бе дуранг даъвати ҳақро мепазиранд ва ба нидои ҳақиқат лабайк мегӯянд:

﴿وَلِيَعْلَمَ الَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ أَنَّهُ الْحَقُّ مِن رَّبِّكَ فَيُؤْمِنُوا بِهِ فَتُخْبِتَ لَهُ قُلُوبُهُمْ [7]

“Ва (низ) ҳадаф ин буд, ки огоҳон бидонанд ин ҳаққе аст аз сӯи парвардигорат ва дар натиҷа ба он имон биёваранд ва дилҳояшон дар баробари он хошеъ гардад…”.

Аммо касоне, ки ҳақро бо масолеҳи мавҳуми хеш созгор намебинанд, онро намепазиранд ва дар муқобили он истодагӣ мекунанд, ҳарчанд дар дил ба ҳақ будани он эътироф доранд:

﴿ وَجَحَدُوا بِهَا وَاسْتَيْقَنَتْهَا أَنفُسُهُمْ ظُلْمًا وَعُلُوًّا[8]

“Гарчи (бо забон) онҳоро инкор намуда, вале дар дил онро шинохта, бовар доштанд ва ин инкор ношӣ аз ҳолати зулм ва истикбори онҳо аст…”

Бинбар ин тибқи мантиқи Қуръон, ҳамвора ҳақ ошкор ва ботил худнамост ва барои ҳақҷӯён ва ҳақпӯён, далели рушантар аз худи ҳақ намебошад ва барои пазируфтани он ба ҳуҷҷат ва бурҳон ниёзе нест; зеро ҳақ, худ ошкор аст ва фитрати пок, онро пазирост.

Сираи паёмбарон ва сароҳати Қуръон низ бар ироаи муъҷиза дар баробари шубҳаҳои мункирон ва ҳақситезон далолат мекунад. Ҳеҷ паёмбаре даъвати худро бо муъҷиза оғоз накардааст; (зеро даъвати онҳо айни ақл аст ва фитрату ақли башарӣ онро мепазирад), вале ҳангоме ки бо мункирон ва муонидон рӯ ба рӯ шуданд ва онҳо дархости муъҷиза менамуданд, ё бидуни дархост ва сирфан барои дафъи шубаҳоти онҳо, даст ба эъҷоз мезаданд.

Бинобар ин корбурди муъҷиза барои даъват ва исботи ҳақонияти онҳо нест, балки дар рутбаи дуввум ва ҳангоми бархрурд бо мавонеъ аз он истифода шудааст ва як василаи дифоӣ ба шумор меравад, на василаи таблиғӣ.[9]

 


[1]. Ишора ба ояти 88 сураи Исроъ.

[2]. Алмизон фи тафсирил Қуръон, ҷ.1, саҳ.68.

[3]. Ал-байён фи тафсирил Қуръон, саҳ.94.

[4]. Барои тавзеҳи комил дар бораи бутлони ин иборат, р.к. ҳамон, саҳ.94-99.

[5]. Макорими Шерозӣ, Носр, Тафсири Намуна, ҷ. 1, саҳ 134 ва 135.

[6]. Сураи Исроъ, ояти 105.

[7]. Сураи Ҳаҷ, ояти 54.

[8] . Сураи Намл, ояти 14.

[9] . Улуми қуръонӣ, саҳ. 345-350.

Охирин матолиб

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...