СУРАИ МАРЯМ
Ин сура дар Макка нозил шуда ва 98 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
- Коф, ҳо, ё, айн, сод.
- [Ин] ёди раҳмати Парвардигори ту нисбат ба бандааш Закариё аст,
- Ҳангоме ки Парвардигори худро бо нидои пинҳонӣ нидо кард;
- Гуфт: «Парвардигоро! Ба ростӣ, ки ман устухонам суст шудааст ва аз пирӣ [мӯи] сар сафед гаштааст ва Парвардигоро! Ҳаргиз ба сабаби дуои ту, бебаҳра набудаам.
- Ва ба дурустӣ, ки ман пас аз худ аз наздиконам метарсам, дар ҳоле ки зани ман нозой аст; пас аз ҷониби худ валие ба ман ато кун;
- Ки аз ман ирс барад ва аз хонадони Яъқуб [низ] ирс барад ва Парвардигоро! Ӯро мавриди ризоят қарор деҳ».
- Эй Закариё! Ҳамоно Мо туро ба писаре башорат медиҳем, ки номаш Яҳё аст, ки пеш аз ин барояш ҳамноме қарор надодаем.
- Гуфт: «Парвардигоро! Чигуна барои ман писаре бошад? Дар ҳоле ки зани ман нозой аст ва ба таҳқиқ [ман низ] аз пирӣ ба нотавонӣ расидаам».
- Гуфт: «чунин аст; Парвардигорат фармудааст: «он бар ман осон аст ва ба таҳқиқ пеш аз ин туро офаридам, дар ҳоле ки чизе набудӣ».
- Гуфт: «Парвардигоро! Барои ман нишонае қарор деҳ». Фармуд: «нишонаи ту он аст, ки дар ҳоли тандурустӣ се шабона [рӯз] бо мардум сухан нагӯӣ».
- Пас, аз меҳроб ба сӯи қавмаш берун омад; онгоҳ ба онон ишора кард, ки субҳу шом тасбеҳ гӯед.
- Эй Яҳё! Китобро бо қувват бигир ва ба ӯ дар ҳоли кӯдакӣ ҳикмат додем.
- Ва аз ҷониби Худ меҳрубонӣ ва покӣ [ба ӯ додем] ва парҳезгор буд;
- Ва нисбат ба падару модараш некӯкор буд ва саркаши нофармон набуд.
- Ва салом бар ӯ бод, рӯзе, ки зода шуд ва рӯзе, ки мемирад ва рӯзе, ки зинда барангехта мешавад.
- Ва дар ин Китоб Марямро ёд кун; он ҳангом ки аз аҳли худ дар ноҳияи шарқӣ [-и Байт-ул- муқаддас] канора гирифт.
- Ва дар баробари онҳо пардае гирифт; пас Рӯҳи Худ (Ҷабраил)-ро ба сӯи ӯ фиристодем; онгоҳ барояш ба шакли башари дурустандом, намоён шуд.
- [Марям] гуфт: «ҳамоно ман аз ту ба [Худои] Раҳмон паноҳ мебарам, агар парҳезгор бошӣ».
- [Ҷабраил] гуфт: «ман фақат фиристодаи Парвардигори ту ҳастам, то писаре пок ба ту бибахшам».
- Гуфт: «чигуна барои ман писаре бошад, дар ҳоле ки башаре ба ман даст нарасондааст ва бадкора набудаам?»
- Гуфт: «Ин гуна аст; Парвардигорат фармудааст: «он бар ман осон аст ва то ӯ (Исо)-ро нишонае барои мардум ва раҳмате аз ҷониби Худ қарор диҳем ва [ин] кори ҳатмӣ аст».
- Пас ба ӯ бордор шуд; сипас бо ӯ ба ҷое дур канора гирифт.
- Онгоҳ, дарди зоимон ӯро ба сӯи танаи дарахти хурмо кашонд; гуфт: «эй кош пеш аз ин мурда будам ва комилан фаромӯш шуда будам».
- Пас, аз ҷониби поинаш ӯро нидо дод, ин ки «андӯҳгин набош; ба таҳқиқ Парвардигорат зери [пои] ту чашмаи обе қарор додааст;
- Ва танаи дарахти хурморо ба сӯи худ биҷунбон, то хурмои тозае бар ту бирезад.
- Пас бихӯр ва бинӯш ва чашм равшан дор ва агар аз одамиён касеро бибинӣ, пас бигӯ: ба дурустӣ, ки ман барои [Худои] Раҳмон рӯзае назр кардаам, бинобар ин имрӯз бо ҳеҷ инсоне сухан нахоҳам гуфт».
- Пас дар ҳоле ки ӯро бардошта буд вайро ба назди қавмаш овард; гуфтанд: «эй Марям! Ба дурустӣ, ки чизе бисёр зишт овардаӣ;
- Эй хоҳари Ҳорун! Падарат марди баде набуд ва модарат бадкора набуд».
- Онгоҳ [Марям] ба сӯи ӯ (кӯдак) ишора кард; гуфтанд: «чигуна бо касе, ки кӯдаке дар гаҳвора аст сухан гӯем?»
- [Исо] гуфт: «дар ҳақиқат ман бандаи Худо ҳастам; ба ман китоб додааст ва маро паёмбар қарор додааст;
- Ва маро ҳар ҷо, ки бошам бобаракат гардонидааст ва маро то онгоҳ ки зинда бошам, ба намозу закот супориш кардааст;
- Ва нисбат ба модарам некӯкор [гардонидааст] ва маро саркаши бадбахт қарор надодааст;
- Ва салом бар ман бод, рӯзе, ки зода шудам ва рӯзе, ки мемирам ва рӯзе, ки зинда барангехта мешавам».
- Ин [саргузашти] Исо писари Марям аст; сухани ҳаққе, ки дар он тардид мекунанд.
- Ҳаргиз Худоро шоиста нест, ки фарзанде бигирад; Ӯ муназзаҳ аст; ҳангоме ки кореро ирода кунад, пас фақат ба он мегӯяд: «бош!» Пас [дарҳол] мешавад.
- Ва ба яқин Худо Парвардигори ман ва Парвардигори шумост, пас Ӯро бипарастед; ин роҳи рост аст.
- Онгоҳ гурӯҳҳое аз байни онҳо ихтилоф карданд; пас вой бар касоне, ки аз мушоҳидаи рӯзи бузург куфр варзиданд;
- Рӯзе, ки ба назди Мо биёянд, чӣ қадар шунаво ва чӣ қадар бино бошанд; лекин ситамгарон имрӯз дар гумроҳии ошкоранд.
- Ва онҳоро ба рӯзи ҳасрат, онгоҳ ки кор тамом шавад ҳушдор деҳ; дар ҳоле ки онҳо дар ғафлатанд ва онҳо имон намеоваранд.
- Дар ҳақиқат Мо Худ замин ва ҳар касеро, ки бар рӯи он аст, ба ирс мебарем ва ба сӯи Мо бозгардонида мешаванд.
- Ва дар ин Китоб Иброҳимро ёд кун; ба дурустӣ, ки ӯ бисёр ростгӯ [ва] паёмбар буд;
- Ҳангоме ки ба падараш гуфт: «эй падар! Чаро чизеро мепарастӣ, ки намешунавад ва намебинад ва чизеро аз ту дафъ намекунад?
- Эй падар! Дар ҳақиқат ман аз дониш чизе бароям омадааст, ки ба ту наёмадааст пас, аз ман пайравӣ кун то туро ба роҳи рост ҳидоят кунам;
- Эй падар! Шайтонро парастиш накун; ба яқин шайтон нисбат ба [Худои] Раҳмон нофармон аст;
- Эй Падар! Ҳамоно ман метарсам, ки аз ҷониби [Худои] Раҳмон азобе ба ту расад, пас ёвари шайтон шавӣ».
- Гуфт: «эй Иброҳим! Оё ту аз маъбудҳои ман рӯйгардонӣ? Агар бознаистӣ, ҳатман туро сангсор мекунам ва муддати дарозе аз ман дур бош».
- [Иброҳим] гуфт: «салом бар ту бод; ба зудӣ аз Парвардигорам барои ту омурзиш металабам; ҳамоно Ӯ нисбат ба ман бисёр меҳрубон аст;
- Ва аз шумо ва он чи аз ғайри Худо мехонед, канора мегирам ва Парвардигорамро мехонам; умед аст, ки дар хондани Парвардигорам бебаҳра набошам».
- Пас замоне ки аз онҳо ва он чи ғайр аз Худо мепарастиданд канора гирифт, Исҳоқу Яъқубро ба ӯ бахшидем ва ҳар якро паёмбаре қарор додем.
- Ва аз раҳмати Худ ба онҳо бахшидем ва барояшон номи нек [ва мақоми] баланде қарор додем.
- Ва дар ин Китоб Мӯсоро ёд кун; ба дурустӣ, ки ӯ холисшуда ва фиристода [ва] паёмбар буд.
- Ва аз ҷониби рости [кӯҳи] Тур ӯро нидо додем ва розгӯён ӯро наздик сохтем.
- Ва аз раҳмати Худ бародараш Ҳорунро, ки паёмбар буд ба ӯ бахшидем.
- Ва дар ин Китоб Исмоилро ёд кун; ҳамоно ӯ ростваъда ва фиристода [ва] паёмбар буд;
- Ва ҳамвора хонаводаашро ба намоз ва закот амр мекард ва дар назди Парвардигораш мавриди ризоят буд.
- Ва дар ин Китоб Идрисро ёд кун; ба дурустӣ, ки ӯ бисёр ростгӯ [ва] паёмбар буд;
- Ва ӯро ба ҷойгоҳи баланде боло бурдем.
- Онҳо касоне ҳастанд, ки Худо ба онҳо неъмат додааст; аз паёмбарони аз насли Одам ва аз касоне, ки бо Нӯҳ [бар киштӣ] савор кардем ва аз насли Иброҳим ва Исроил ва аз касоне, ки ҳидоят кардем ва баргузидем, ҳангоме ки оятҳои [Худои] Раҳмон бар онҳо хонда мешуд, саҷдакунон ва гирён [ба замин] меафтоданд.
- Ва баъд аз онҳо нохалафоне ҷонишин шуданд, ки намозро табоҳ карданд ва хоҳишҳо [-и нафсони]-ро пайравӣ карданд ва дар оянда [сазои] гумроҳиро хоҳанд дид.
- Магар касе, ки тавба кард ва имон овард ва кори шоиста анҷом дод; пас онҳо вориди биҳишт мешаванд ва ҳеҷ ситаме намешаванд.
- Биҳиштҳои ҷовидоне, ки [Худои] Раҳмон бандагонашро аз ғайб ваъда додааст; ҳамоно ваъдаи Ӯ омаданист.
- Дар он ҷо сухани беҳуда намешунаванд, ҷуз «салом» ва барои онҳо дар он ҷо рӯзиашон субҳу шом [омода] аст.
- Ин биҳиштест, ки ба ҳар кас аз бандагонамон, ки парҳезгор бошад, ба ирс медиҳем.
- Ва [мо фариштагон] ҷуз ба фармони Парвардигорат фуруд намеоем; аз они Ӯст ояндаи мо ва гузаштаи мо ва он чи миёни ин [ду] аст ва Парвардигорат фаромӯшкор нест.
- [Ӯст] Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чи байни он ду аст; пас Ӯро парастиш кун ва бар ибодаташ пойдорӣ кун; оё ҳамноме барои Ӯ мешиносӣ?
- Ва инсон мегӯяд: «оё ҳангоме ки бимирам ба ростӣ дар оянда зинда берун оварда мешавам?»
- Ва оё инсон ба ёд намеоварад, ки Мо ӯро пеш аз ин офаридем, дар ҳоле ки чизе набуд?
- Пас қасам ба Парвардигорат ҳатман онҳоро бо шайтонҳо маҳшур мекунем; сипас қатъан онҳоро ба зону афтода гирдогирди ҷаҳаннам ҳозир мекунем.
- Онгоҳ аз ҳар гурӯҳ касонеро, ки бар [Худои] Раҳмон саркаштар буданд, ҳатман берун мекашем;
- Сипас қатъан Мо ба [ҳоли] онҳо, ки ба даромадани дар он сазовортаранд донотарем.
- Ва касе аз шумо нест, магар он ки бар он ворид мешавад; ин [ваъда] бар Парвардигорат ҳатмӣ [ва] қатъӣ аст.
- Сипас касонеро, ки парҳезгорӣ карданд, наҷот медиҳем ва ситамгаронро дар он ба зону афтода раҳо мекунем.
- Ва ҳангоме ки оятҳои равшани Мо бар онон хонда мешавад касоне, ки куфр варзиданд ба касоне, ки имон овардаанд, гӯянд: «кадом як аз ду гурӯҳ дорои ҷойгоҳи беҳтар ва маҳфили некӯтар аст?»
- Ва чи бисёр гурӯҳҳоеро пеш аз онон ҳалок кардем, ки онҳо аз назари васоил [-и зиндагӣ] ва симо зеботар буданд.
- Бигӯ: «ҳар кас дар гумроҳӣ бошад, пас бар [Худои] Раҳмон аст, ки то муддате ӯро мӯҳлат диҳад, то ҳангоме ки он чиро ба онҳо ваъда дода шудааст ё азоб ва ё қиёматро бибинанд; онгоҳ ба зудӣ хоҳанд донист, чӣ касе ҷойгоҳаш бадтар ва аз ҷиҳати лашкар нотавонтар аст».
- Ва Худо бар ҳидояти касоне, ки роҳ ёфтаанд, меафзояд [корҳои] мондагори шоиста назди Парвардигорат савоби беҳтар ва оқибати некӯтар дорад.
- Ва оё дидӣ, касеро, ки ба оятҳои Мо куфр варзид ва гуфт: «ҳамоно молу фарзанд [-и фаровон] дода шавам».
- Оё аз ғайб огоҳ шудааст ё аз ҷониби [Худои] Раҳмон паймоне гирифтааст?
- Ҳаргиз чунин нест! Ба зудӣ он чиро мегӯяд, менависем ва азоби ӯро пай дар пай меафзоем.
- Ва он чиро [аз молу фарзанд] мегӯяд, аз ӯ мегирем ва ба танҳоӣ назди Мо меояд.
- Ва ғайр аз Худо маъбудонеро интихоб карданд, то сабаби иззаташон бошанд.
- Ҳаргиз чунин нест! Ба зудӣ [он маъбудон] парастиши онҳоро инкор мекунанд ва бар зидди онон мешаванд.
- Оё нанигаристӣ, ки Мо шайтонҳоро бар кофирон фиристодем, дар ҳоле ки онҳоро ба шиддат таҳрикашон мекунанд?
- Пас дар бораи онҳо шитоб макун! Ҷуз ин нест, ки [аъмол ва умри] онҳоро комилан мешуморем.
- Рӯзе, ки парҳезгоронро ба сӯи [Худои] Раҳмон ба сурати гурӯҳи саворон маҳшур мекунем;
- Ва муҷримонро бо ҳоли ташнагӣ ба сӯи ҷаҳаннам меронем;
- Тавони шафоат кардан надоранд, магар касе, ки аз ҷониби [Худои] Раҳмон паймоне гирифта бошад.
- Ва гуфтанд: «[Худои] Раҳмон фарзанде гирифтааст».
- Дар ҳақиқат чизи зиште [бар забон] овардед!
- Наздик аст, ки осмонҳо аз он [сухан] пора-пора шаванд ва замин шикофта шавад ва кӯҳҳо ба шиддат фурӯ резанд;
- Аз ин ки барои [Худои] Раҳмон фарзанде хонданд.
- Ва барои [Худои] Раҳмон сазовор нест, ки фарзанде бигирад.
- Ҳеҷ кас дар осмонҳо ва замин нест, магар ин ки ба сӯи [Худои] Раҳмон бандавор ояд.
- Ба дурустӣ, ки онҳоро ҳисоб кардааст ва онҳоро комилан шумориш намудааст;
- Ва ҳамаи онҳо дар рӯзи қиёмат ба танҳоӣ назди Ӯ оянд.
- Ҳамоно касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ба зудӣ [Худои] Раҳмон барояшон муҳаббате [дар дилҳо] қарор медиҳад.
- Пас ҷуз ин нест, ки он [Қуръон]-ро бар забони ту осон сохтем, то парҳезгоронро ба василаи он башорат диҳӣ ва гурӯҳи ситезагаронро ба он ҳушдор диҳӣ.
- Ва чӣ бисёр гурӯҳҳоеро, ки пеш аз онҳо ҳалок кардем; оё ҳеҷ кас аз онҳоро мебинӣ ё овози оҳистае аз онҳо мешунавӣ?