АҲМИЯТ ВА ФОИДАИ АХЛОҚ

  Мевае, ки бар дарахт аст ва мо аз он истифода мекунем аз ду қисмат пўст ва мағз ташкил шуда аст. Барои ҳар оқиле маълум аст, ки қисмати асосии он ҳамон мағз (асли мева) аст на пўсти он, ҳоло агар мевае дар зоҳир бисёр зебо аммо даруни он фосид бошад оё арзише дорад?

  Мо инсонҳо низ дорои зоҳир ва ботине ҳастем, зоҳири мо ҳамон бадан ва ҷисми мост, вале онҳо ҳамонанди пўсти мева мебошанд ва қисмати асосӣ ва ҳақиқати мо ҳамон руҳи мост, ки мисли мағз ва асоси инсон мебошад. Ҳақиқати ману шумо ва инсони дигаре ҳамон руҳ аст, ки дар ботини бадан қарор дорад, ҳар андоза, ки руҳ комилтар гардад, арзиши инсон бештар мешавад. Агар руҳи инсон фосид ва вайрон шавад ва ё аз сифоти инсонӣ холӣ бошад, мисли мевае аст, ки пўсида бошад, ки  зоҳири зебо ва ороста ҳаргиз наметавонад ҷуброни зиштӣ ва бадии ботин ва холӣ будани дарунро бинамояд.

Тани одамӣ  шариф аст ба ҷони одамият,

На ҳамин либоси зебост нишони одаимият.

   Аз назари Ислом бояд тамоми имконот ва пешрафтҳои башарӣ, дар роҳи такомул ва расидани инсон ба саодати воқеӣ  ба кор гирифта шавад ва роҳёби ба ин амри муҳим танҳо аз тариқи ахлоқи ҳасана ва тазкияи нафс аст.

Аз ончӣ баён шуд ба ҷойгоҳ ва аҳамияти ахлоқ пай бурдем ва донистем, ки ахлоқ, яъне саодат, инсоният ва боарзиш будан аст. Аз сўи дигар бояд диққат намуд, ки бемориҳои руҳӣ ба маротиб хатарноктар аз амрози ҷисмонӣ мебошанд, зеро руҳ, ки ҳамон ҳақиқати инсон аст, агар садама бинад, инсонро ба ҳалокат меандозад.

  Пас ҳар оқилеву ҳар мусалмонеро лозим аст, ки ба андозаи муроқибатҳои ҷисмонӣ ва моддӣ, муроқиби руҳ ва сифоти ахлоқии худ бошад ва дар саломату рушди онҳо бикўшад. Масъала вақте ҳасос мешавад, ки мо бидонем, ки ҳар гуна руҳи худро парвариш диҳем бо ҳамон руҳиёт дар охират зиндагӣ хоҳем кард  ва ахлоқи неку танҳо сармояи мо хоҳад буд. Бинобар ин бояд бо бемориҳои руҳӣ ҷиддитар бархурд кунем ва онро муолиҷа кунем ва ҳаргиз ба он одат накунем ва бо он насозем.

 Пас ҳар оқилеву ҳар мусалмонеро лозим аст, ки ба андозаи муроқибатҳои ҷисмонӣ ва моддӣ, муроқиби руҳ ва сифоти ахлоқии худ бошад ва дар саломату рушди онҳо бикушад.

   Талхис аз «Ахлоқи ҷавонон»

 

 

 

 

 

 

 

 

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.