САЛОМУ АЛЕЙК ДАР ИСЛОМ

 «Салом», чӣ суннат ва расми зебоест ва чӣ калимаи пур- маъное.Аслан фикр кардаед, ки ин гуна калимаҳо дар оини муқаддаси мо бо диққати махсусе интихоб шуда ва бар асоси қатъитарин усулу қавоиди равоншиносӣ баргузида шудаанд. Исми дини мо “Ислом” аст, ки аз решаи «سلم» ба маънои таслим шудан дар баробари ҳақ ва ба маънои сулҳу сафо ва саломат гирифта шудааст.
   Ба ҳар кас, ки салом мекунем дар ҳақиқат зимни ин калима паёми бисёр пурмаъно ба ў медиҳем, яъне: ту аз озору азияти ман дар амон ҳастӣ ва аз тарафи ман осудахотир бош.

  Ростӣ шумо дар кадом фарҳанг ва дине ин ҳама барномаҳои инсонсоз суроғ доред. Махсусан он ки Паёмбари Акрам(с) ва пешвоёни дин фақат ба гуфтор ва тарҳи барнома  иктифо намекарданд, балки шахсан ин барномаҳо ва тарҳҳоро пиёда намуда ва дар сираю зиндагии рузмарраашон ҳамаи ин усулу одоби иҷтимоиро мавриди амал қарор додаанд.    

Анас(р) яке аз мусалмонони садри ислом ва аз ҳамроҳони Паёмбар(с) мегўяд:

 Расулуллоҳ(с) бар кўдакон гузар мекарданд ва ба онҳо салом мефармуданд.

Асмоъ яке аз бонувони мусалмон мегўяд:

Паёмбар(с) вақте бар бонувон мегузаштанд ба онон салом мекарданд.

Ҳазрати Алӣ(а) низ ба занон салом мегуфтанд, ҷуз ин ки намехостанд ба бонуҳои ҷавон ва кам синну сол салом гўянд ва мефармуданд: хавф дорам, ки аз садои онҳо хушам биёяд ва гуноҳу тирагии дил, ки эҳтимолан аз ин ноҳия ба вуҷуд меояд аз савобу аҷри салом кардан зиёдтар бошад.

Салом дар биниши Қуронӣ

 Қурони маҷид дар бораи ин ки бо чӣ калимае ба якдигар таҳният бигўем ва  чӣ гуна бо ҳам рафтор кунем, омўзаҳои арзандае дорад, ки бахше аз онҳоро мехонем:

1.Ҳар гоҳ ба шумо таҳияту таҳният гуфта шуд бо ҷумлаҳои беҳтар аз он калимот ва ё бо мисли он  посух диҳед.(Нисо/76)

2.Биҳиштиён дар биҳшт тасбеҳи Худо кунанд ва бо салом барои якдигар таҳният гўянд.(Юнус-10)

3.Фариштагон бо паёми хушҳолкунанда назди Иброҳим омаданд ва салом гуфтанд ва Иброҳим низ салом гуфт.(Ҳуд-69)

4.Бандагони солеҳи Худо дар биҳишт ҳеҷ сухану ҳарфи лағв ва беҳуда нашунаванд, балки ҳама гуфторашон салом аст. (Марям-62)

5.Пас ҳар гоҳ вориди хонае шудед, бар худатон салом кунед, ки он таҳниятест покиза ва пурбаракат аз сўи Худованд.(Нур-61)

6.Бандагони Худованди Раҳмон касоне ҳастанд, ки дар рўи замин бо фурўтанӣ роҳ мераванд ва чун мардумони нодон бо сухани нораво бо онон бархўрд кунанд, салом мегўянд.(Фурқон-63)

  Хонандаи гиромӣ метавонад ончиро, ки Қурон дар заминаи ин чанд оят ёд дода ва аз анбиёву мўъминону биҳиштиён нақл карда, дарс биомўзад ва худро дар роҳи мардони Худо ва мўъминони биҳиштӣ қарор диҳад ва бо шеваҳои писандидаи онон зиндагӣ кунад ва бо бародарони имониаш монанди аҳли биҳишт бархўрд намояд.

   Аҷру подоши салом кардан

Рузе Паёмбари Ислом (с) ба Анас фармуд:

“Дар берун (аз хона) ба ҳар кас мерасӣ салом кун, ки бар ҳаҷми ҳасанаҳо ва савобҳоят афзуда мешавад ва дар хона ба хонаводаат салом кун, ки Худованд ба зиндагии ту хайру баракат медиҳад ва беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки ба мустамандон итъом мекунанд ва ба ҳама салом мегўянд ва шаб ҳангоме ки мардум дар хобу истироҳатанд, барои Худо намоз мегузоранд.”

Ва низ аз он ҳазрат нақл шудааст ки: “Ҳар кас бар даҳ тан аз мусалмонон салом кунад, Худованд барои ў савоби озод кардани як бардаро хоҳад дод.”

Ҳазрати Алӣ(а) мефармоянд: “Савоби салом кардан баробар бо ҳафтод ҳасана аст ва шасту нўҳ қисмати он барои посухдиҳанда аст.”

Ва низ: “Салом кардан ва некў сухан гуфтан аз мўҷиботи мағфират ва бахшоиши илоҳӣ аст.”

 Чӣ гуна салом кунем

   Пас аз он, ки ба фариштагон фармон расид, ки бар Одам(а) саҷда кунанд ва Шайтон ба сабаби кибру худписандӣ аз итоати амри Худо ва аз саҷда кардан сарпечӣ кард ва аз даргоҳи рубубӣ ронда шуд, аз сўи Худованд ба Одам(а) хитоб шуд, ки ба фариштагон салом кунад ва бигўяд:

    “Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ”.

Ва посух шунид: “Ва алайкассалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ”. Ва баъд Худованд фармуд: “Ту ва фарзандонат ин гуна барои ҳам дуруду таҳният бифиристед.”

Ва ба фармудаи Имом Ҷаъфари Содиқ(а): “Ҳангоме ки ба яке аз бародарони динӣ салом мекунед, бояд бо садои баланд, ки битавон садои онро шунид, салом гўед, то тасаввур накунед, ки саломи мо бе ҷавоб монда, зеро мумкин аст ў воқеан саломи моро нашунида бошад ва ҳамчунин вақте посухи салом медиҳед бояд бо садои баланд посух диҳед, то саломгўянда напиндорад, ки посухи саломи ў дода нашуд.”

 Салом ба унвони як ҳадя
   
Имом Содиқ(а), салом карданро болотарин ҳадя ва тўҳфае медонад, ки як инсони мўъмин барои бародари диниаш тақдим мекунад. Дар воқеъ ҳар хусусиятеро, ки битавонем дар мавриди ҳадя ва тўҳфа кардан дар назар бигирем инҷо дар мавриди салом кардан низ он хусусиятҳо маҳфуз аст, зеро ҳадя ва тўҳфа мояи меҳру муҳаббат буда кинаҳоро аз дил мебарад  ва салом низ меҳру муҳаббати байни инсонҳоро қувват бахшида қалби онҳоро ба ҳам наздик мекунад. Ҳадяҳо ва тўҳфаҳо ҳар андоза содиқона буда аз ҳар навъ ғаразпардозӣ холӣ бошад дар шиддат бахшидан ба меҳру муҳаббат ва зудудани кинаҳо аз дил, таъсираш бештар хоҳад буд. Ҳамчунин аст таҳият ва

таҳният, ки агар ҳар андоза аз сафои дил ва самимияти бештаре бархурдор бошад дар қувват бахшидан ба меҳру муҳаббати мўъминон бар якдигар, нақши асосиро бозӣ мекунад.

   Хулоса ин ки салому дуруд ва таҳияту таҳният аз суннатҳои волои исломӣ буда барои гарм нигоҳ доштани конуни дўстӣ ва тақвият бахшидани буняи иҷтимоии мусалмонон, бар рўи он таъкиди бисёре шудааст.

Вассалому алайкум…

Абдулло Нуруллоев

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...

Тарҷумаи СУРАИ НИСО

СУРАИ НИСО Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 176 оят дорад.   Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй мардум! Аз Парвардигоратон битарсед, Зоте, ки...