Таваллуд ва даврони кӯдакии Паёмбар(с)

Ҳар хонаводае барои тарбияти фарзандон ҳатман бояд аз даврони кӯдакии Паёмбар(с) огоҳӣ дошта бошад,

ки таъсири фаровоне дар тарбият ва худи фарзандон дорад. Ва мо инҷо хулосае аз таваллуд то даврони кудакии Паёмбар(с)-ро баён мекунем.

 Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки мелоди паёмбарони осмонӣ бо ҳодисаҳои бузурге ҳамроҳ будааст. Монанди мелоди ҳазрати Мӯсо(а), ки замоне рӯх дод, ки ҳокими он замон-Фиръавн-гурӯҳеро маъмур карда буд то тамоми навзодони Бани Исроилро бикушанд. Зеро шунида буд, ки ҳукумати вай ба василаи фарде аз Бани Исроил нобуд хоҳад шуд. Ба ҳамин хотир кӯдакони зиёде ба василаи сарбозони Фиръавн сар бурида шуданд. Вале иродаи Худо сабаб шуд, ки ҳазрати Мӯсо дида ба ҷаҳон кушод ва аз ҳар осебе дар амон монд. Ҳатто дар домони душманаш, Фиръавн парвариш ёфт. Худованд ба модари ҳазрати Мӯсо илҳом кард, ки фарзандашро дар миёни сандуқе бигзорад ва онро дар миёни амвоҷи дарёи Нил раҳо кунад. Мавҷи об сандуқеро, ки Мӯсо дар он буд ба қасри Фиръавн мерасонад, душмани ман ва ӯ аз вай ҳимоят карда ва ӯро парвариш медиҳад ва дубора фарзандатро ба ту боз мегардонем.[1]

Даврони бордории ҳазрати Марям(а) ва таваллуди ҳазрати Масеҳ(а) бо як ҳодисаҳои бузурге, ки мухолиф бо қонуни оддии ин ҷаҳон буд, иттифоқ афтод. Модари вай ҳазрати Марям бе онки бо марде издивоҷ кунад ҳомила шуд. Вазъи ӯ тавре буд, ки ҳеҷ кас аз Бани Исроил аз ҳомила будани вай огоҳ набуд ва ӯ дар макони хилвате фарзанди худро ба дунё овард. Худованд ба ӯ дастур дод, ки дарахти хурмои хушкидаро такон диҳад то хурмои тар аз он фурӯ резад. Он гоҳ фарзанди худро ба сӯи қавми худ овард, вақте ки мардум ӯро бо ин вазъ диданд, ба ӯ дашном дода ӯро таҳқир карданд. Ҳазрати Марям рӯ ба тарафи ҳазрати Масеҳ(а) карда ва гуфт:Ҷавоби худро аз ин навзод бигиред. Ногаҳон навзоди ҳазрати Марям лаб ба сухан кушод ва гуфт: Ман бандаи Худо ҳастам, китоби осмонӣ (инҷил) ба ман дода шудааст ва аз паёмбарон мебошам, Худоям маро ба намоз ва закот амр фармудааст.[2]

Бинобар ин набояд тааҷҷуб кунем, ки таърих мегӯяд таваллуди Пайғамбари Ислом(с) бо ҳодисаҳои бузурге ҳамроҳ будааст. Монанди хомӯш шудани оташкадаи Форс, ки зардуштиён дар онҷо оташ мепарастиданд.    Сарнагун шудани бутҳои Макка, ба сӯи осмон баланд шудани нуре аз вуҷуди он ҳазрат, ки ҳамаро равшан кард ва ин ки он ҳазрат ин ҷумларо ҳангоми таваллуд ба забон ҷорӣ кард:[3]

 اَلله اَکبَر اَلحمد لله کَثیراًوسبحان الله بُکرةً واَصیلا

Инҳо ҳодисаҳое буд, ки ҳангоми таваллуди Пайғамбари Ислом(с) рӯх дод ва на танҳо барои мардуми араби ҷоҳилӣ, балки барои тамоми уммати он ҳазрат бояд ибрат бошад. Ин ҳодисаҳо нишонаи он аст, ки ин инсонҳо оддӣ нестанд, балки баргузидае аз тарафи Худованданд. Ҳамчунин ба хотири исботи нубувват аст.

Ҳоло мо дар инҷо ба сол ва моҳи таваллуди Пайғамбари Ислом(с) мепардозем.

Бештари муваррихон иттифоқи назар доранд, ки таваллуди Паёмбар(с) дар Омулфил, (соле, ки Абраҳа ба Макка ҳамла карда буд), дар соли 570 мелодӣ будааст. Зеро он ҳазрат ба таври яқин, дар соли 632 мелодӣ даргузашта аст ва дар ин замон 62 ё 63 сола будааст.

Бештари муҳаддисон ва муваррихон бар ин сухан иттифоқ доранд, ки таваллуди Пайғамбари Ислом(с), дар моҳи Раби-ул-аввал будааст, вале дар рӯзи таваллуди он ҳазрат ихтилоф доранд. Машҳур миёни муҳаддисони мазҳаби имомия ин аст, ки он ҳазрат дар ҳабдаҳуми моҳи Раби-ул-аввал, рӯзи ҷумъа, чашм ба дунё боз кард.

Аммо қавли машҳур дар байни аҳли суннат ин аст, ки таваллуди он ҳазрат дар рӯзи душанбе дувоздаҳуми ҳамон моҳ иттифоқ афтодааст.[4]

Ҳафт рӯз аз таваллуди Пайғамбари Ислом(с) гузашт ва Абдулмутталиб гусфандеро кушт ва мардумро даъват кард ва номи ӯро Муҳаммад(с) гузошт. Онгоҳ аз ӯ пурсиданд, ки чаро номи ӯро Муҳаммад гузоштӣ? Дар ҷавоб гуфт: Мехоҳам ӯ дар ҷаҳон фарди сутуда (сарбаланд) бошад.[5]

Даврони кудакии Пайғамбари Ислом(с)

Ҳазрати Муҳаммад(с) думоҳа буд, ки падараш Абдуллоҳро аз даст дод.

Қуръони Карим аз ятимии он ҳазрат чунин ёд мекунад:

أَلَمْ يَجِدْكَ يَتِيمًا فَآوَى وَوَجَدَكَ ضَالًّا فَهَدَى وَوَجَدَكَ عَائِلًا فَأَغْنَى

Оё Парвардигорат туро ятим наёфт ва паноҳ дод ва туро гумшуда ёфт ва ҳидоят кард, ва туро фақир ёфт ва бениёз кард.[6]

Навзоди Омина пас аз аввалин рӯзҳои таваллуд, ки аз шири модар истифода кард, баъд аз он канизе ба номи Сувайда чанд рӯзе ӯро шир дод. Онгоҳ тибқи одати араб[7] ӯро ба дояе ба номи Ҳалимаи Саъдия аз қабилаи Бани Саъд ибни Бакр дод, ки дар бодия зиндагӣ мекард. Ҳалима он ҳазратро то панҷ солагӣ тарбият кард. Ҳалима мегуяд: Вақте ки фарзанди Оминаро барои шир додан гирифтам, дар пеши модари ӯ хостам ӯро шир бидиҳам. Пистони чапи худро ки дорои шир буд дар даҳони ӯ қарор додам, вале кӯдак бештар ба пистони рости ман таваҷҷӯҳ мекард. Аммо ман аз рӯзе, ки фарзанддор шуда будам, шир дар пистони рости худ надида будам.

Боз Ҳалима мегӯяд: Аз рӯзе, ки Муҳаммад(с)-ро ба хонаи худ бурдам, рӯз ба рӯз хайр ва баракат дар хонаам бештар шуд ва дороӣ ва галлаам зиёдтар шуд.[8]

Даргузашти модар ва кафолати Абдулмутталиб

Омина пас аз онки фарзанди худро аз Ҳалима таҳвил гирифт, ҳамроҳи кӯдакаш ва Умми Айман (канизи Абдуллоҳ) бо корвоне ба Ясриб (Мадина) сафар кард, то ҳамсари қабри ҳамсараш Абдуллоҳ бираванд ва ҳам бо хешовандони худ дидор кунад. Пас аз як моҳ, ҳангоми баргаштан ба Макка, Омина бемор мешавад ва дар минтақае ба номи Абво аз дунё меравад ва дар ҳамон ҷо дафн мешавад. Дар ин ҳангом Муҳаммад(с) шашсола буд. Умми Айман ӯро бо корвон ба Макка овард ва ба Абдулмутталиб супорид.

Абдулмутталиб сарпарастӣ ва кафолати ӯро ба ӯҳда гирифт ва то зинда буд, аз набераи худ ба хубӣ нигаҳбонӣ мекард ва ӯро мавриди навозиш қарор медод ва мегуфт: Ӯ дараҷаи болое хоҳад дошт.[9]

Даргузашти Абдулмутталиб ва сарпарастии Абутолиб

Муҳаммад(с) ҳаштсола буд, ки Абдулмутталиб низ даргузашт ва сарпарастиашро ба Абутолиб супорид, ки бо Абдуллоҳ (падари Муҳаммад(с)) аз як модар буданд.[10] Абутолиб сарватманд набуд, аммо марди бузургвор, боҳиммат ва мавриди эҳтиром ва итоати мардум ва дар миён Қурайш шахси обрӯманд буд. Ӯ ба Муҳаммад(с) сахт алоқаманд буд, ба тавре ки беш аз фарзандони худаш ӯро дӯст медошт.[11] Фотима бинти Асад ҳамсари Абутолиб низ дар сарпарастӣ ва парвариши он ҳазрат нақши муҳимме дошт ва дар ин роҳ заҳмати зиёде кашид.

Сафар ба Шом ва пешгӯии роҳиб

Дар яке аз солҳо Абутолиб, ҳамроҳи корвони Қурайш барои тиҷорат, ба Шом рафт. Ҳазрати Муҳаммад(с) аз амаки худ дархост кард, ки ӯро бо худаш бибарад. Дар ин ҳангом Муҳаммад(с) ҳудуди 9 ё  12 сола буд. Абутолиб ҳам ӯро бо худаш бурд. Замоне, ки корвон ба Бусро[12] расид, дар канори калисо ба истироҳат пардохтанд. Дар ин калисо роҳибе ба номи Буҳайро зиндагӣ мекард, ки олими бузурги масеҳиён буд. Чашми вай ба бародарзодаи Абутолиб афтод ва таваҷҷӯҳи ӯро ба худаш ҷалб кард. Буҳайро гуфт: Ин писари кист? Ҷамъияти корвон ҳама гуфтанд: Аз Абутолиб аст. Абутолиб гуфт, ки ин бародарзодаи ман аст.  Буҳайро гуфт: Ин тифл ояндаи дурахшоне дорад. Ин ҳамон паёмбаре аст, ки ман номи ӯ ва падар ва хешовандони ӯро дар китобҳои динӣ хондаам ва медонам аз куҷо зуҳур мекунад ва чи тавр оини ӯ дар ҷаҳон густариш пайдо мекунад. Вале бар шумо лозим аст, ки ӯро аз чашми Яҳуд пинҳон созед, чунки агар онон бифаҳманд, ӯро мекушанд.[13]

Буҳайро ба унвони озмоиш, Паёмбарро ба Лоту Уззо қасам дод. Паёмбар(с) фармуданд: Номи ин дуторо назди ман мабар, ки бадтарин чизҳо назди ман ҳастанд. Онгоҳ Буҳайро ӯро ба Худо қасам дод. Баъд аз ин мулоқот Абутолиб он ҳазратро бо эҳтиёт ба Шом бурд.

Ҳасан Иброҳим Ҳасан муваррихи қарни ҳозир менависад: Худованд пеш аз беъсат ва пас аз он, Пайғамбари худро аз анҷом додани гуноҳ ҳифз мекунад. Таврот ва Инҷил, зуҳури Муҳаммад(с)-ро башорат дода буданд ва роҳибон ва коҳинон низ аз наздикии беъсати ваӣ хабар медоданд. Ин гуна гуфтугӯҳо, ин қадар зиёд буд, ки баъзе арабҳо фарзандони худро Муҳаммад ном гузоштанд.[14]


[1]Сураи Тоҳо, ояти 41 ва 43

[2]Сураи Марям, ояти 18 ва 32

[3]Таърих–ул-хамис фи аҳволи нафси нафис, ҷ.1, саҳ. 200 ва 204

[4]Таърихи  Яъқубӣ, ҷ.1, саҳ. 328

[5]Таърих-ул-Хамис фи аҳволи нафси нафис, ҷ.1, саҳ. 204

[6] Сураи Зуҳо, ояти.6 ва 8

[7]Одати Араб ин буд, ки онҳое, ки сарватманд буданд ва аз қабилаи бузург буданд, фарзандони худро ба дояҳо медоданд ва навзодон дар саҳро ҳам забони Арабии фасеҳро хуб ёд мегирифтанд ва ҳам аз беморие, ки дар Макка буд дур мемонданд, ба ҳамин хотир занҳое, ки аз саҳро меомаданд фарзандони бузурги қураӣшро бо худ мебурданд.

[8]Сираи ибни Ҳишом, ҷ.1, саҳ.168

[9]Ибни Ҳишом, Ас-сиратун-набавия, ҷ.1, саҳ.176

[10]Ибни Ҳишом, Ас-сиратун-набавия, ҷ.1, саҳ.189

[11]Таърихи Яъқубӣ, ҷ.1, саҳ. 335 ва 336

[12]Шаҳраке дар наздикии Шом дар, инҷо як Калисо буд, ки раҳибе дар онҷо машғули ибодат буд.

[13]Сираи ибни Ҳишом, ҷ.1, саҳ71

[14]Таърихи сиёсии ислом, Расули Ҷаъфариё,ҷ.1, саҳ.71

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,