Даромад
قال الله الحكيم: وَمَا آتَاكُمُ الرَّسُولُ فَحُذُوهُ وَ مَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانْتَهُوا
Ончиро Расули Худо барои шумо овард бигиред (ва иҷро кунед) ва аз ончи наҳий карда худдорӣ намоед.[1]
Аз он ҷо ки суннати Паёмбари Аъзам(с) ва пешвоёни ҳақиқии уммати исломӣ ба унвони дуввумин манбаи дини Ислом баъд аз Қуръони Карим мебошад, аз ҷойгоҳ ва аҳамияти хоссе бархудор аст. Ҳамаи аҳком ва масоили динӣ дар Қуръони Карим баён нашуда, балки баёни онҳо ба ӯҳдаи Паёмбари Акрам(с) гузошта шудааст. Аз ин рӯ суннати Паёмбари Аъзам(с) рӯшан ва комилкунандаи Каломуллоҳи Маҷид мебошад. Худованд мефармояд:«وأَنزَلْنَا إِلَيْكَ الذِّكْر لِتُبَيِّنَ لِلنَّاسِ مَا نُزِّلَ إِلَيْهِمْ»
Мо бар ту зикр (Қуръон)- ро нозил кардем, то ту баён кунӣ барои мардум ончизеро, ки бар онон нозил шуд.[2]
Ва агар ба суннат муроҷиа нашавад, бисёре аз аҳком ва масоили динӣ ва зиндагиро аз даст хоҳем дод. Ин манбаъ дар қолаби ҳадис ва ривоят аз дасти насле ба насли дигар, то замони мо расидааст ва ба сурати китобҳои ҳадисӣ дар ихтиёри мусулмонон қарор гирифтааст. Аз ин рӯ шинохти ҷавомеъи ҳадисӣ барои ҳамаи мусулмонон махсусан барои касоне, ки мехоҳанд ҳадисшинос бошанд, зарурӣ аст.
Дар назди аҳли суннат аз миёни китобҳо ва манобеи фаровони ҳадисӣ 6 китоб ба қадре муътабар ва муҳим ва шинохташуда мебошанд, ки бо номи “Сиҳоҳи ситта” машҳур шудаанд ва марҷаи асосӣ ба ҳисоб меоянд, ки иборатанд аз: Саҳеҳ Бухорӣ ва Саҳеҳ Муслим ва Сунани Тирмизӣ ва Сунани Абӯдовуд ва Сунани Насоӣ ва Сунани Ибни Моҷа.
Дар ин навиштор қасд дорем ба баррасии сунани Насоӣ бипардозем, то гоме дар шинохти ин манбаъ бардошта бошем.
Зиндагиномаи Насоӣ
Абӯабдураҳмон Аҳмад ибни Шуайб ибни Алӣ ибни Санон ибни Баҳри Хуросонии Насоӣ дар соли 215 ҳ.қ. дар шаҳри Насо аз тавобеи Хуросон ва наздики Марв ба дунё омад.
Дар бораи даврони кӯдакӣ ва навҷавониаш иттилооте дар даст нест, вале ҳамин қадар маълум аст, ки аз хурдсолӣ ба омӯзиши илм шурӯъ кардааст. Дар соли 235 яъне дар 20 солагӣ барои касби илм ба назди Қутайба ибни Саид ибни Ҷамили Бағлонӣ, ки яке аз муҳаддисони машҳури он замон будааст рафта ва як солу ду моҳ назди ӯ зонӯи шогирдӣ задааст. [3]
Сипас барои такмили дониши худ ба шаҳрҳои Хуросон, Ироқ, Ҳиҷоз, Шом ва Миср мусофират кардааст. Дар Миср муддати зиёде зиндагӣ намуд ва сипас ба Димишқ рафт ва дар он ҷо муқим шуд.
Аз устодони машҳури ҳадис монанди: Исҳоқ ибни Роҳавай, Ҳушом ибни Аммор, Абитоҳир ибни Сарҳ, Аҳмад ибни Абдати Забӣ, Башир ибни Ҳилоли Савоф, Абдураҳмон ибни Убайдуллоҳи Ҳалабӣ, Алӣ ибни Ҳаҷар, Муҳаммад ибни Башор, Сулаймон ибни Ашъас, Маҳмуд ибни Ғилон Абидовуд ва дигарон, ки дар манотиқи мухталиф зиндагӣ мекарданд, ҳадис шунид.
Афроди зиёде ҳамчун Абилқосими Табаронӣ ва Абуҷаъфари Таҳовӣ ва Ибни Синнӣ ва Абӯбашир Дулобӣ аз ӯ ҳадис нақл кардаанд.
Насоӣ дарёе аз илм, бофаҳму басират ва дорои қалами некӯ ва дар шинохти риҷол беназир буд. Аз ин рӯ ҳофизон ва муҳаддисон ба назди ӯ меомаданд ва ҳадис мешуниданд.
Дар мавриди шахсияти ӯ Муҳаммад ибни Музаффар мегӯяд: Аз машоихамон дар Миср шунидаам, ки Насоиро ба талош дар ибодати шабонарӯзӣ ва парҳезгорӣ аз наздик шудан ба дарбори ҳоким тавсиф мекарданд.[4] Насоӣ аз назари фиқҳӣ шофеӣ мазҳаб будааст.
Дар бораи вафоти Насоӣ қазияеро аз худаш нақл мекунанд, ки чунин аст: Абӯбакри Маъмунӣ мегӯяд: Аз Насоӣ дар мавриди иллати навиштани китоби «Хасоиси Амиралмӯъминин(к)» пурсидам. Дар ҷавоб гуфт: Вақте вориди Димишқ шудам мардумро нисбат ба ҳазрати Алӣ(к) хеле мунҳариф дидам. Аз ин рӯ тасмим гирифтам, ки китоби Хасоисро бинависам, то ин ки Худованд онҳоро ҳидоят кунад. Абӯбакри Маъмунӣ мегӯяд: Пас аз он ки эшон китоби “Фазоили саҳоба”-ро навишт ва мардум аз ӯ суол карданд, ки чаро дар бораи фазоили Муовия матлабе наменависӣ? Насоӣ дар ҷавоб гуфт: Чи бигӯям дар мавриди касе, ки Паёмбар(с) дар борааш гуфтааст: Худо шикамашро сер нагардонад. Пас Насоӣ сокит шуд ва саволкунанда ҳам сокит гашт.[5] Шомиён пас аз шунидани ин сухан дар масҷиди ҷомеъ Насоиро мавриди зарб ва шатм қарор доданд ва аз шаҳр берунаш карданд. Эшон бар асари ин ҳодиса бемор шуд ва бо ин ҳол суфориш кард, ки ӯро ба Макка бибаранд. Эшон пас аз интиқол, дар соли 303 дар Макка дар байни Сафо ва Марва шаҳид шуда ва аз дунё рафт.[6]
Таълифот
Насоӣ ғайр аз китоби Сунан-ул-муҷтабо асарҳои дигаре ҳам аз худ барҷой мондааст, ки бархе аз он иборатанд аз:
1- Сунан-ул-кубро. [7]
2- Тасмият -ул фуқаҳоул амсор
3- Хасоиси Амиралмӯъминин Алӣ(к).
4- Аз-зуъафо вал матрукин.
5- Амалул явм вал лайла.
6- Муснади ҳадиси Молик
7- Асмоу-ур-рувот
Насоӣ аз дидгоҳи уламо
Насоӣ аз назари донишмандон ва муҳаддисон ва риҷолшиносони аҳли суннат мавриди ситоиш қарор гирифтааст. Дар зер ба намунае аз онҳо ишора менамоем.
Дору Қутнӣ мегӯяд: Абӯабдурраҳмон бар ҳама муҳаддисини асри худаш бартарӣ дорад.
Ибни Удай мегӯяд: Аз Мансури Фақиҳ ва Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Саломати Таҳовӣ шунидам, ки мегуфтанд: Абӯабдурраҳмон яке аз имомони мусулмонон аст.[8]
Ҳокими Нишопурӣ мегӯяд: Боре аз ҳофиз Алӣ ибни Умар шунидам, ки мегуфт: Насоӣ донишмандтарин бузургони Миср дар замони худаш буд ва ҳадиси саҳеҳ ва сақим ва риҷолро аз ҳама беҳтар мешинохт. [9]
Дору Қутнӣ мегӯяд: Абубакр ибни Ҳаддод фақиҳе буд, ки ҳадис фаровон медонист, вале ҳеҷ гоҳ ғайр аз Абӯабдурраҳмон Насоӣ аз каси дигаре ҳадис нақл накард, ӯ мегӯфт: Аҳодиси Насоӣ бароям кофӣ аст ва онро байни худ ва Худоям ҳуҷҷат медонам.[10]
Нақл шудааст, ки вақте аз Заҳабӣ пурсида шуд, ки Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ ҳофизтар аст ё Насоӣ? Гуфт: Насоӣ.[11] Ва Субкӣ ҳам аз падараш ҳамин матлабро нақл кардааст.[12]
идома дорад …
[1] . Сураи Ҳашр, ояти 7.
[2] . Сураи Наҳл, ояти 44.
[3] . Таҳзиб-ут-таҳзиб, ҷ.1, саҳ. 35, Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ.
[4] . Сунани Насоӣ, тарҷумаи Насоӣ, саҳ. 12..
[5] . Таҳзиб-ут-таҳзиб, ҷ1, саҳ. 36, Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ.
[6] . Ҳамон. Ҳарчанд нақлҳои дигаре ҳам ҳаст, ки баъд аз маҷрӯҳ шудан ба Рамла рафт ва дар Фаластин дафн шуд.
[7] . Сунани Насоӣ, тарҷумат-ун-Насоӣ, саҳ. 13, чопи Арабистон.
[8] . Ҳамон.
[9] . Ҳамон, саҳ. 36.
[10] . Ҳамон, саҳ. 36.
[11] . Ҳамон, саҳ. 5.
[12] . Сунани Насоӣ, тарҷумат-ун-Насоӣ, саҳ. 12.