ҲАДАФИ ЗИНДАГӢ 1

Ин сухан ҳамвора дар миёни мо гуфта мешавад, ки зиндагӣ арзишманд ва ҳадафманд мебошад ва ҳадафдориаш унвони як асли мусаллам барои зиндагӣ пазируфта шудааст, аммо ҷои он ҳаст, ки бо муроҷеа ба муҳимтарин  матни муқаддаси динии мо ин пурсиш ҳам матраҳ шавад, ки бо чӣ далел зиндагӣ бояд ҳадафманд бошад?

Чӣ зарурате эҳсос мешавад, ки инсон дорои зиндагии ҳадафдор бошад? Оё шинохти ҳадаф, ҳамчунин шинохти васоил ва абзоре, ки моро ба ҳадаф мерасонад, дар сарнавишти мо муассир хоҳад буд? Мегӯянд: Аз муҳимтарин аркони ҳаёти инсонӣ «ҳадафдории зиндагӣ» аст. Зиндагии беҳадаф, пӯч аст ва пӯчтар аз он, иштибоҳ дар интихоби ҳадаф аст. Пас дуруст ва саҳеҳ андешидан дар мавриди ҳадафи зиндагӣ, сарнавиштсоз ва ғалат ва ё каҷандешӣ дар ин маврид, сарнавиштсӯз аст.

Барои пардохтан ба асли баҳс, ибтидо бояд нукотеро баён кунем.

Маънои ҳадаф. Ҳадаф дар луғат ба маънои нишонаи тир аст. «Ҳадаф, он чизе аст, ки барои расидан ба он талош ва кӯшиш мешавад»  ва дар урфи мардум ба натиҷаи феъли ихтиёрӣ гуфта мешавад, ки аз оғоз онро дар назар мегирад ва тамоми афъол ва кори худро барои расидан ба он нуқтаи мавриди назар яъне «ҳадаф» анҷом медиҳад  ва талоши рӯзмарраи зиндагии инсон, замоне мафҳум ва маъно хоҳад ёфт, ки «ҳадафи ниҳоии зиндагӣ» равшан бошад ва вагарна бемаъно хоҳад гашт. Агар мо дар тули таърих ба башарият нигоҳе биандозем, мебинем, ки аксари касоне, ки роҳи иштибоҳ рафтаанд онҳо касоне ҳастанд, ки ё дар маънои ҳадаф саҳеҳ наяндешидаанд ва  ё ҳадафи асил ва ниҳоиро пайдо накардаанд.

Агар инсонҳо дар зиндагии худ равишҳои мутафовите доранд, ба ин далел аст, ки ҳадафҳои мухталиферо дунбол мекунанд, ҳар қадар ин ҳадаф бо арзиштар ва волотар бошад, ба ҳамон андоза зиндагӣ, аз арзиш ва кайфияти олитаре бархӯрдор хоҳад шуд;

Бинобар ин, саодат ва камоли инсон дар гарави «шинохти ҳадаф» ва огоҳӣ аз «фалсафаи ҳаёт» ва талош дар роҳи расидан ба он мебошад.

Албатта интихоби ҳадафи ниҳоӣ ба ҷаҳонбинии ҳар кас вобастааст. Ин ки дар байни афроди ҷомеа ихтилоф дар интихоби ҳадаф ба чашм мехӯрад, чун маъмулан ҷаҳонбиниҳо мухталиф ва мутафовит аст ва ҷаҳонбинӣ решаи аслии интихоби ҳадафи зиндагӣ аст.

Назариёт дар баробари «ҳадафи зиндагӣ»

Дар масъалаи фалсафаи ҳаёт ва ё ҳадафи зиндагӣ метавон мардумро ба се даста тақсимбандӣ кард:

Дастаи аввал касоне ҳастанд, ки ба сабаби саргарм шудан ба ҳадафҳои моддӣ ва унс гирифтан бо завоҳири зиндагӣ, ба чизи волотар аз он намеандешанд. Инҳо касоне ҳастанд, ки ба ҳаёти ранҷовари дунё розӣ шуда ва ба он ором гирифтаанд Ва ин ризоят ба зиндагии муваққати дунё  сабаб шудааст, ки онҳо ба таври ҷиддӣ ва дақиқ дар бораи «ҳадафи ниҳоии зиндагӣ» наяндешанд ва дар ғафлат ва ҷаҳли мураккаб ғӯтавар шаванд.

Дастаи дуюм ниҳилистҳо ё «файласуфони пӯчгаро»  ҳастанд, ки ҳадафҳои моддӣ ва ғаризӣ натавонистааст онҳоро розӣ ва хушнуд созад ва аз тарафе ҳам натавонистаанд ба буъди мутаолии зиндагӣ дастрасӣ пайдо кунанд, зеро онҳо ҳадафи ниҳоии зиндагии инсонро дар зимни зиндагии моддӣ ҷустуҷу намудаанд. Ин даста аз мардум, ки саробро об пиндошта ва бо расидан ба он аташашон бештар гаштааст, ба пӯчӣ расидаанд. Инон ба тасаввури инки ҳаёти инсонӣ дар ҳамин зиндагии чандрӯзаи дунё хулоса шуда ва ҳадафи волотар аз аносири моддӣ ва ғаризӣ вуҷуд надорад, онро пӯч ва беарзиш дониста ва забон ба таън ва интиқод аз низоми ҳастӣ гушудаанд.

Дастаи сеюм касоне ҳастанд, ки гоми фаротар ниҳода ба буъди мутаолии зиндагӣ ошно шудаанд. Инон тавонистаанд дар сояи таҳсили камол даричае аз олами боло бар рӯи худ бигушоянд ва бо азаматҳои маънавии зиндагӣ, ошно шаванд. Аз инрӯ ин даста, на монанди гурӯҳи аввал бо осудагии хотир дар олами ғафлат ва бехабарӣ ғӯтаваранд ва на монанди гӯрӯҳи дуюм ба пӯчӣ расидаанд. Онон бо дастёбӣ ба ҳақоиқе, ки аз диди зоҳирбинон пинҳон ва пӯшида аст, фалсафаи зиндагиро дар моварои марзҳои завоҳир ёфта, аз он сухан гуфтаанд  ва барои расидан ба он аз ҳеҷ талоше дареғ намеварзанд. Қуръон низ расидан ба ҳадафи ниҳоӣ ва муваффақиятро ба онон навид додааст ва Худованд ҳам ёрияшон хоҳад кард.

Идома дорад.

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...