Ё Аввалу ё Охир
Сипосу ситоиш Худоеро, ки аввалу охири вуҷуд аст,
бе онки аввале бар Ӯ пешӣ бигирад ё охире пас аз Ӯ бошад. Худое, ки дасти ҳар чашме аз домани дидораш кӯтоҳ ва фаҳми ҳар кабӯтари тавсифгаре аз парвоз дар осмони васфаш оҷизу нотавон аст.
Дарёи офариниш
Сипосу ситоиш Худоеро, ки ба дасти қудрати бемунтаҳояш дарёи офаринишро ҷорӣ сохт ва ба иродаи азалӣ ва абадияш ҳамаи халқро сурат бахшид, ҳар касро дар сояи иродааш ба роҳе роҳрав гардонид ва оташи ишқи худро дар вуҷудаш барангехт. На аз он сӯе, ки пеш фиристоданашон тавони баргашт доранд ва на аз он сӯе,ки боздоштанашон тавони сибқат доранд.
Бар ҳар зинда ва ҷунбандае, ҷоме маълум аз қисмат ва баҳрае муайян аз рӯзӣ аст. На он касеро, ки рӯзӣ вофир ва фаровон дорад, тавон костан аст ва на он касеро, ки рӯзӣ андак дорад тавони афзудан дорад.
Бар зиндагии ҳар зиндае, саранҷоми маълум ва поёне муайян муқарр фармуд, то по ба пои айём ба сӯи он қадам бардорад ва ҳар сол, ки мегузарад ба он наздиктар шавад.
Ва чун охирин гом бар замин нақш бандад ва ҷоми зиндагӣ бо ҳисоби маълуме пур гардад, ҷони ӯро ба сӯи ончи бадон фаро хонда — аз неъмати савоб ё ниқмати азоб – ва боз меситонад, то бадкоронро ба далели бадкориашон ба водии қаҳру итоб ва некӯкоронро ба иллати некӯкориашон ба водии раҳмат дар оварад, ва ин гуна оинаи адлашро менамоёнад ва нишони адолат бар хилқат мезанад.
Посухи аъмол
Сипосу ситоиш Худоеро, ки номҳояш поку муқаддас, неъматҳояш саршору бепоён ва эҳсонаш вофиру фаровон аст. Аз амалаш бозпурсӣ намешавад ва ҳама дар баробари Ӯ, ки қудрати мутлақ ва бе мислу монанд аст, посухгӯи амали хеш ҳастанд.
Шукргузории неъмат
Сипосу ситоиш Худоеро, ки дар бориши беамони неъматҳо ва бахшиши беинтиҳои алтофаш, агар забони ҳамд ва нигоҳи сипосро аз инсон боз медошт, халоиқ ғарқ дар неъмати бекаломи шукр, умр мегузаронданд, ва дар густараи рӯзиаш, шукр дар ёд намеоварданд.
Дар ин ҳол аз ҳади инсонӣ пой берун ниҳода, ба водии ҳайвонӣ гом мениҳоданд чунон ки дар Қуръони карим, китоби устувораш фармуд: «Онҳо ҷуз ба чорпоён намемонанд[1], балки аз онон низ гумроҳтаранд.»
Бинобарин сипос Худоеро, ки нури маърифату шинохташро бар қалби мо тобонид ва шукрашро бар вуҷудамон илҳом фармуд. Дарвозаи бепоёни дониш ба парвардигориашро, бар мо боз кард ва моро ба водии пурфайзи тавҳиди холисонааш роҳнамоӣ ва роҳбарӣ намуд ва аз ҳалок дар партгоҳи шакку инкор бозамон дошт.
Барқе аз нур
Сипос Худоро, сипосе, ки дар соясораш дар ҷамъи сипосгузорони даргоҳаш бошем ва ба лутфу ёриаш, бар муштоқоне, ки ба сӯии дарёи ризоят ва ғуфронаш раҳсипоранд, сибқат бигирем.
Сипосе, ки чун барқ, тирагӣ ва зулмати барзахро пора кунанд? Сипосе, ки барангехта шуданро бар мо осон намояд, сипосе, ки моро дар чашми гувоҳони рӯзи вопасин, мақоми бартаре бахшад. Он рӯзе, ки ҳар нафасе коштаи хеш дарав кунад бе онки абри ситаме бар коштааш соя андозад. Он рӯзе, ки дӯстон дар рафъи гирифторӣ, қудрати ёрӣ надоранд.
Кабӯтари равон ба сӯи Биҳишт
Сипос Худоро, сипосе, ки некӯиҳоро бо беҳтарин сурати мумкин, аз тарафи мо ба сӯи мақоми аъло иллийин боло барад то муқаррабони даргоҳи илоҳӣ бар он гувоҳӣ диҳанд.
Сипосе, ки чун чашмҳо хира шавад, равшании чашмамон бошад ва чун рӯйҳо сиёҳ гарданд, моддаи сафедии чеҳраамон гардад.
Сипосе, ки моро аз вартаи дардноки оташ раҳо сохта, ба соясори карами илоҳӣ паноҳе диҳад. Сипосе, ки ҳамдаму ҳамроз ва ҳамроҳи малоики муқарраби илоҳӣ, боли парвозамон бошад. Сипосе, ки ресмони пайвандамон бошад бо расулони фиристодаи Худо. Сипосе, ки дар вуҷуди диёри ҳамешагӣ, нобудӣ нагирад ва дар гузари насими каромат, дигаргунӣ напазирад.
Боби ҳоҷат
Сипосу ситоиш Худоеро, ки зебоиҳои офаринишро бар мои баргузид, поктарин рӯзиҳоро бар мо нозил фармуд. Бар ҳамаи мавҷудот ва малоик бартариамон бахшид, чунон ки ҳамаи махлӯқот ба изну қудрати Ӯ гардан ба амри мо ниҳанд ва ба нерӯи Ӯ сар ба фармони мо гузоранд.
Сипосу ситоиш Худоеро, ки дари ҳоҷат овардан ба сӯи ғайри худро бар рӯи мо баст ва эҳтиёҷамонро фақат ба сӯи худ кушод. Шукрашро чӣ гуна ва чӣ ҳангом баҷо хоҳем оварад ? На, ҳаргиз наметавонем аз ӯҳдаи ин шукр бароем.
Имтиҳон ва озмуни илоҳӣ
Сипосу ситоиш Худоеро, ки насими зиндагибахш бар мо вазид, бароямон андом ва нерӯ бахшид, дар ихтиёрамон коргар ва дигар ҳайвонотро қарор дод, ба рӯзиҳои покиза хӯронидамон, бо ҷорӣ сохтани фазлу раҳматаш, ниёз ба сӯи дигаронро аз мо барчид ва ба борони атояш, сармояамон бахшид. Онгоҳ фармонам дод то фармонбардориямонро биёзмояд то сипосамонро ба бӯтаи имтиҳон кашад, ва мо аз гузари дастураш, ба хилоф рафтем ва аз тариқи наҳй ва зинҳор, роҳ паймудем.
Дар ин ҳол бо ин ҳама носипоӣ, Ӯ на ба уқубатамон шитоб кард ва на ба кайфарамон таъҷил намуд, балки аз сари меҳрбониаш лутфу раҳматашро атоямон кард ва дар зулоли дарёи ҳилму меҳрбониаш, бозгаштамонро ба интизор нишаст.
Тавба
Сипосу ситоиш Худоеро, ки дар миёни зулмату торикии гуноҳ, чашмамонро ба сӯи панҷараи тавба боз кард, ки ҷуз ба нури меҳрбонии Ӯ ба сӯи Ӯ роҳе намеёфтем, ва чун дар шохсори неъматҳояш ҳамини як меваро бингарем, пас боз ҳам лутфу инояташ бар мо некӯ, ва некӯиаш, пурарҷ ва эҳсонаш густарда ва бепоён аст, ки бар умматҳои пешин чунин шева ва равише дар қабулии тавба вуҷуд надошт. Ончӣ гарон ва фаротар аз тоқатамон буд, бар ӯҳдаи мо наниҳод ва ҷуз ба ончӣ дар тавонамон буд, таклиф нафармуд ва ҷуз ба ончӣ саҳл ва осонамон менамуд, амрамон нанамуд то онки узр ва баҳонае барои баҳонаҷӯён боқӣ намонад.
Бинобарин ҳар ки роҳ дар водии гумроҳӣ биппаймояд, ҳалок шуда ва ҳар ки ба сӯи Ӯ раҳ ҷӯяд ба гавҳари саъодат даст ёфта аст.
Сипоси бепоён
Сипос Худойро ба вусъату гусардагии ҳамаи он сипосе, ки малоики муқарраб ва халоиқи мукаррарам ва ситояндагони писандида Ӯро шукр гуфтаанд. Бартарин шукр аз миён ҳар шукре, чун бартарии парвардгорам бар ҳар вуҷуде.
Сипос Худойро дар баробари ато ва эҳсонаш, эҳсоне, ки ба мо ва қабл аз мо ва баъд аз мо аз бандагонаш, ато фармуда аст. Сипосе ба андозаи ончӣ ҳаст ва дар оинаи илмаш менамояд, сипосе ба андозаи чанд баробари ончизе, ки ҳаст, ҷовидон ва ҳамешагӣ, то рӯзи растохез, сипоси беҳамто ва бекарон.
Ё Валию ё Ҳамид
Сипосу ситоиш Худойро, сипосе, ки моро ба тоат ва афву бахшиши Ӯ пайванд диҳад, ба хушнудии Ӯ бирасонадамон, ба ғуфрону гузашт наздикамон кунад, ба биҳишти баринаш роҳнамоиямон намояд, аз уқубаташ наҷотамон диҳад, аз ғазабаш дар амонам дорад, дар тоаташ нерӯямон бахшад, аз маъсияташ бозам дорад ва дар адои ҳаққаши маддамон расонад. Сипосе, ки ба водии саодатамон хонада ва даъватамон кунад, ҳамроҳи дӯстон ва авлиёи муқарраби Ӯ, дар зумраи шоҳидони ба шаҳодат расида аз зулми душманон қарорамон диҳад, ки ҳамоно Ӯ ёригари сутӯда ва шоистаест.[2]
Гаҳари якдонаи ҳастӣ
Сипосу ситоиш Худоеро, ки бар мо миннат ниҳод ба фиристодани гавҳари якдонаи ҳастӣ, Муҳаммади Мустафо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба миёни умматҳо ва на умматҳои қабл ва қарнҳои пешин ва гузашта, Худое, ки моро охирини уммат қарор дод, Худое, ки моро дар теъдодамон, фузӯнӣ бахшид ва бартариамре дод.
Дуруди бепоён
Бор Илоҳо ! Дуруди бепоёнатро бар вуҷуди гиромии Муҳаммади Мустафо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) нозил фармо,ки бар ганҷинаи ваҳйи Ту амонатдор аст, аз ҳамаи махлӯқотат аст ва ягон гули баргузидаи бӯстони бандагони Туст. Роҳнамои некиҳо ва кушояндаи дари фазлу баракот ва фазоилу каромот аст. Дар иҷрои амри Ту ҷомаи сахтиву машаққат бар тан пӯшид, дар роҳатии танро ба хотири Ту фаромӯш кард, дар даъват ба сӯии Ту бо хешону наздикони хеш машғул шуд, барои ҷалби ризояти Ту бо қавми худи ҷангид ва муқобила кард, дар зинда кардани динат, риштаи муҳаббат аз хешони худ бурид аз наздикон ба сабаби инкораш дурӣ ҷӯст ва ба мардумон ба сабаби иҷобати дини Ту наздик гардид, барои Ту бо дуртарини афрод дӯстӣ кард, барои ту бо наздиктарин афрод, душманӣ намуд.
Дар расондани паёмат, захми ранҷҳоро бар тани муборакашон хариданд, дар даъват ба дини Ту душвориҳоро ба оғӯш кашид то онҷо ки ба диёри ғурбат ҳиҷрат кард ва аз ватан, аҳл, оила, хона ва зодгоҳ ва маъвои оромишаш дур шуд то дини Туро иззат бахшад.
Ба лутфу ёрии Ту либоси разм бо куффор бар тан намуд, дар дили хонаашан бо онон ба ситез бархост ва тӯфони хашмаш вазид то дурахшандагии фармони Ту пайдо шавад ва номи мубораки Ту бартарӣ ёбад ва сари забонҳо гардад, ҳар чанд мушриконро бад хуш наояд.
Подоши ранҷу заҳмат
Илоҳӣ! Ба подоши ранҷу заҳмате, ки Ӯ дар роҳи Ту ба ҷони хештан харид, то охирин ва бартирин дараҷаи биҳишт болояш бар, ки ҳеҷ дасте ба манзилаташ нарасад ва ҳеч нигоҳе, мақомашро нанигарад ва ҳеч малик ва паёмбаре бо Ӯ баробар нагардад.
Меҳрубоно! Зулоли шафоате, ки бар хонадони поки Ӯ ва бар уммати мӯъминаш навид додаӣ, беш аз пеш ҷорӣ кун, ки Ту ваъдаатро вафо мекунӣ ва гуфторатро ба зинати амал қарину наздик мегардонӣ ва сиёҳии бадиҳоро ба чандину чанд сафедӣ аз никӯиҳо мешӯӣ ва Ту соҳиби фазлу раҳмати азим ва бемислу монанд ҳастӣ.[3]
Сайидолими Сироҷ