Намоз ва ҳикмати он

Намоз, розу ниёз бо холиқи бениёз, розу ниёз миёни ошиқу маъшӯқ ва пайванди халқу холиқ, сари таъзим фуруд овардани банда

дар баробари соҳиб ва мудаббири амри худ ва изҳори убудият ва бандагӣ аз ҷониб банда аст. Намоз аз байн барандаи олудагиҳо, тирагӣ ва зулматҳо, торикиҳои рӯҳу равони одамӣ ва шустушӯ диҳандаи дилу ҷони ӯст.

Шоири ширинсухан, Қайсари Аминпур дар баёни ҳолатҳои рӯҳонии Амири мӯъминон, Алӣ (саломуллоҳ алайҳ) месарояд:

Имону амону мазҳабаш буд Намоз,

Дар вақти урӯҷ, маркабаш буд Намоз.

Ҳангоме ки ҳангомаи он кор расид,

Чун бӯса, миёни ду лабаш буд Намоз.

Алломаи фақеҳ, Ҷаводии Омӯлӣ дар бораи фалсафа ва ҳикмати ибодот баёноте эрод фармуда аст, ки дар ин мақола мехоҳам ба гӯшае аз фармудаҳои он бузургвор ишора намуда ва тақдими шумо қуръондӯстони азиз намоям.

Оромиши қалб

Вақте Қуръони карим аз Намоз ба унвони як ибодати инсонсоз ёд мекунад, мефармояд:

“ و اقم الصّلاة لذکری ”

Намоз бихонед то ёди маро зинда кунед.[1]

Яъне вақте банда намозашро ба ҷо меоварад ва ёди Худовандро зинда мекунад, Ӯ низ дар ёди бандааш ба воситаи Намоз зуҳур мекунад. Пас агар ёди Худованд ба василаи Намоз дар банда зуҳур кард ва ошкор шуд, он қалб орому мутмаин мешавад.

Аз сӯи дигар ёду зикри Худованд дилҳоро ором мекунад:

“ الا بذکر الله تطمئنّ القلوب ”

Фақат бо ёди Худованд дилҳо оромиш меёбанд.[2]

Бинобарин дили инсони намозгузор ором ва мутмаин аст. Ҳаргиз аз ғайри Худо наметарсад. Ҳеҷ душмане, чӣ аз дарун ва чӣ аз берун наметавонад заррае дар ӯ руъбу ваҳшат ва тарсу ҳарос эҷод кунад чаро ки аҳли Намоз ба ёди Ҳақ ҳастанд ва ёди Ҳақ омили итминон ва оромиш аст ва ин ваъдаи Худованд аст.

Дар сураи Маориҷ дар бораи фалсафа ва ҳикматҳои Намоз мефармояд: сиришт ва табиати инсон дар баробари шадоид ва сахтиҳо бетобӣ мекунад ва агар хайру баракате ба ӯ расид саъйу талош мекунад, ки инҳисорталаб бошад ва ба дигарон надиҳад. Фитрати инсон бар тавҳид, ва табиати ӯ ба риҷсу нопокӣ ва олудагӣ майл дорад. Фитратро анбиёи илоҳӣ эҳё ва зинда мекунанд ва табиат ҷуз риҷсу олудагӣ, чизи дигаре нест.

Қуръони кари мефармояд:

“ إنّ الإنسان خلق هلوعا * إذا مسّه الشّرّ جزوعا * و إذا مسّه الخیر منوعا * إلّا المصلّین ”

Ба ростӣ, ки инсон бетобу ноором халқ шуда аст. Чун садамае ба ӯ бирасад ба нола афтода ва бетобӣ мекунад. Ва чун хабаре ба ӯ расид, бухл варзад (ва онро пинҳон кунад). Магар касоне, ки намозгузор ҳастанд.:[3]

Намозгузорон ба воситаи Намоз, табиатро саркуб ва фитратро эҳё ва зинда намудаанд. Хосияти Намоз, эҳёи фитрат аст. Намозгузор касе аст, ки табиати саркашу туғёнгарро ром кунад. Намозгузор бо сармояи итминону оромише, ки аз Намоз ба даст оварда аст, дар фарозу нишеби зиндагӣ сусту беирода намешавад ва дар шадоиду сахтиҳо бетобӣ намекунад. Агар хаёру баракате, ки ба расид, манъ нанамуда ва аз дигарон дареғ намедорад.

Пойбандӣ ба Намоз ва инфоқу гузашт

Худованди маннон борҳо ва борҳо дар Қуръони карим ба муаррифии намозгузорон ва мусаллин пардохта ва хосияту фоидаи Намозро мукаррар баён намуда аст аз ҷумла мефармояд:

“ الّذین هم علی صلاتهم دائمون ”

Онон касоне ҳастанд, ки ҳамеша намозашонро ба ҷо меоваранд ва ҳаргиз намозро тарк намекунанд.

Натиҷаи ин кору амали хайр ва Худописандона чист?

Натиҷаааш ин аст, ки ба баракати Намоз, ба анҷоми корҳои хайр кашида мешаванд.

“ والّذین فی أموالهم حقٌّ معلوم * للسّائل و المحروم ”

Намозгузор касе аст, ки ҳамаи он чизе, ки дар ихтиёри ӯст, ба худаш ихтисос намедиҳад, балки саҳмеро низ аз амволаш барои фуқаро ва маҳрумон дар назар мегирад.

Худованди маннон дар инҷо аз моли ҳалол сухан гуфта аст на моли ҳаром. Агар касе аз моли ҳаром базлу бахшиш намуда ва фуқарову маҳрумонро меҳмон намояд, дар назди Худованд арзишу подоше надорад, чун молику соҳиби мол нест. Касе, ки аз роҳи ҳалол чизе ба даст овард, молику соҳиби он мегардад ва инфоқ аз моли худи шахс ба ҳисоб меравад.

Худованд дар ояи боло фармуд: намозгузор касе аст, ки моли ӯ ҳисоб шуда аст ва дигарон дар моли ӯ саҳме доранд.

Дигарон ба ду даста тақсим мешаванд:

Гурӯҳе аз фақирон, ки зиндагӣ барои онҳо сахту тоқатфарсо гашта аст, метавонанд аз мардум суол ва талаби ёрӣ намоянд.

Гурӯҳи дагаре аз фақирон низ ҳастанд, ки бо вуҷуди ҳамаи фишорҳое, ки зиндагӣ ба онҳо ворид мекунад, афифанд ва аз кӯмак ҷӯстан шарм доранд ва аз ин кор иҷтиноб мекунанд. Намозгузор касе аст, ки дигаронро дар амволи хеш шарик қарор медиҳад.

Имом Ризо (саломуллоҳ алайҳ) ҳангоме ки мехостанд ғизо тановул намоянд, зарфи холие талаб мекарданд ва пеш аз хӯрдан беҳтарин ғизоҳои суфраашро дар он зарф рехта ва барои мустамандону ниёзмандон мефиристоданд.[4] Онгоҳ ин ояи шарифаро замзама мекарданд:

“ فلا اقتَحَم العقبة * و کا أدراک ما العقبة ”

Мардум ин ақаба ва гарданаҳои оқибатнигариро боло намераванд. Дар воқеъ намедонанд ин гарданаҳо чист.[5]

Дар сарзаминҳои ҳамвор ва омода барои роҳ рафтан ва нарму мулойим роҳ мераванд. Дар доманаи кӯҳ, ки замин ҳамвор аст, роҳ рафтан мушкил нест. болои кӯҳ рафтан мушкил аст. Инсон вақте худашро ба ранҷу заҳмат андохта ва ба болои қуллаи кӯҳе меравад, онҷо дидаш нисбат ба гирду атрофаш иваз ва васеъ мешавад.

Либосҳои кӯҳна ва поргӣ кардаро ба фақирону ниёзмандон додан сироти мустақим нест, “иқтиҳоми ақаба” ё убур ва гузаштан аз гардана нест. Ин ояи шарифа моро ташвиқ мекунад, ки чаро аз кӯҳи мушкилот боло намеравед ?! чаро ҳамеша дар домани кӯҳ ҳастед ?! домани кӯҳ ҷои роҳату осӯдаест. Ҳиммататонро баланд кунед ! чаро ҳимматҳои баланд надоред ?! чаро саъю талош намекунед, ки аз ин гарданаҳо ва куталҳо бигузаред ?! ғизоҳои монда ва либосҳои кӯҳнаву мундарисшударо[6] ба ину он додан, кори саҳлу осонест ва инро Худои субҳон дӯст надорад:

“ لن تنال البرّ حتّی تنفقوا مما تحبّون ”

Ҳаргиз ба некӯкорӣ нахоҳед расид то аз он чизе ки дӯст доред инфоқ кунед ва аз ҳар чӣ инфоқ кунед, ҳатман Худованд нисбат ба он огоҳ ва доност.:[7]

Яке аз вазоифи давлат ва ҳукумати исломӣ, расидагӣ ба ҳамаи фақирону ниёзмандон аст, чӣ он фақир мусалмон бошад ва чӣ ғайри мусалмон. Дар ривояте омада аст:

مرّ شیخٌ مکفوفٌ کبیرٌ یسأل، فقال امیرالمؤمنین (علیه السّلام): ما هذا- فقالوا یا امیرالمؤمنین نصرانیّ قال فقال:- استعملتموه حتی إذا کبر و عجز منعتموه ! أنفقوا علیه من بیت المال

Пирамарди масеҳие канори роҳ истода ва талбандагӣ мекард. Ҳазрати Алӣ (саломуллоҳ алайҳ) аз аслу насаби ӯ ҷӯё шуд. Гуфтанд марди насрониест, ки бар асари пирӣ тавони кор кардан надорад ва гадоӣ мекунад. Ҳазрат фармуд: то вақте ки тавон дошт ӯро кор фармудед ва аз ӯ кор кашидед ҳоло, ки пиру фартут шуда ва имрӯз, ки  ба шумо ниёз дорад, раҳояш карда ва кӯмакро аз ӯ дареғ медоред ?! Аз байтулмоли давлати исломӣ ба ӯ саҳм бидиҳед ва инфоқ кунед ![8]

Магар ҳар садақаеро Худои субҳон қабул мекунад ? Қуръон дар мавриди садақа додани мунофиқон мефармояд: Бигӯ: ҳар чӣ мехоҳед, бидиҳед, нафақаҳо ва садақаҳои ин гурӯҳ, ки дар зоҳир як чиз ва дар ботин чизи дигаре ҳастанд, мақбули даргоҳи мо нест. Чаро ? чун инҳо кӯмакро ғаромат ва ҳазина медонанд ва бо хулус ва нияти пок садақа намедиҳанд. 

“ و من الأعراب من یتّخذ ما ینفق مغرما ”

Ва бархе аз бодиянишинон касоне ҳастанд, ки он чизеро, ки (дар роҳи Худо) ҳазина мекунанд хасорат (барои худашон) медонанд.:[9]

Худованд чунин инфоқеро намепазирад.

Агар боғбоне дарахтеро дар замин мекорад ва шохаҳои изофии онро мебурад намуда ва аз дарахт ҷудо месозад, оё ин кори ӯ ғаромат ва ҳазина аст ? Шохаҳои изофииро мезананд то дарахт шукӯфо ва сарсабзу хуррам гардад. Оё ин ғаромат ва ҳазина аст ё ғанимат ва хазина кардан ?

Шоир мефармояд:

Закоти мол ба дар кун, ки фазла мӯро,

Чу боғбон бибурад, бештар диҳад ангур.

Чунончи инсон чизеро дар роҳи Ислом харҷ мекунад, онро ғанимат бидонад на ғаромат, Худои субҳон онро парвариш медиҳад ва монанди кӯҳи Уҳуд бузургаш мекунад. Агарчи он чиз ниме аз хурмо бошад. Агар ниме аз хурмо бо ихлосу нияти пок тақдими Худои субҳон гардад, фардо ба монанди кӯҳи Уҳуд пас фиристода мешавад вале агар кӯҳе ба монанди Уҳуд бо икроҳу дудилӣ ба пешгоҳи илоҳӣ ҳадя гардад пашизе арзиш надорад.

Ин ба ҳикматҳои садақа боз мегардад, ки кадом садақа бо ҳикмат ҳамроҳ ва кадом садқа бидуни ҳикмат аст.

 

Содазистии Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва олиҳ)

Дар таъбироти динӣ омада аст, ки агар хостед бифаҳмед, ки дунё ва сарват чӣ қадар арзиш дорад, бингаред, ки дар ихтиёри чӣ касоне аст. Агар мушоҳида кардед, ки пеши афроди хубу шоиста аст, бифаҳмед сарват ва дунё арзиш дорад, аммо агар дар ихтиёри афроди хуб набуд, маълум мешавад, ки чизи хубе нест чаро ки агар хуб мебуд, Худои субҳон вайро ба хубон медод.

Амири мӯъминон, Алӣ (саломуллоҳ алайҳ) дар Наҳҷулбалоға мефармояд: “Ин қадар худатонро арзон нафурӯшед !”. Сипас мардумро ба тафаккур ва таъаққул даъват намуда ва дар ду муқаддима истидлол намуда ва мефармояд:

Муқаддимаи аввал: Оё Худованд Паёмбарашро гиромӣ дошт ё на ?

Ҷои шакку тардиде нест, ки азизтарин бандагон дар назди Худованд, Паёмбари акрам (саллалоҳу алайҳи ва олиҳ) аст ва ҳеҷ каромат ва иззату эҳтироме набуд, ки Худои субҳон онро ба Паёмбараш надода бошад. Худованд нисбат ба мақоми волои Расули акрам (саллалоҳу алайҳи ва олиҳ) оя нозил намуда ва фармуда аст:

“ و رفعنا لک ذکرک ”

Ва номатро барои ту баланд гардонидем.:[10]

Муқаддимаи дуввум: зиндагии Паёмбар бисёр содда буд ва ҳатто мо шоҳиди он будем, ки он ҳазрат муддатҳо чӣ дар “Дарраи Абутолиб” ва чӣ дар ғайри он гурусна мехобиданд. Агар молу сарвате аз Уммулмӯъминин, Хадиҷа (саломуллоҳ алайҳо) расид, дар роҳи Ислом харҷ шуд ва Расули Худо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳ) аз он дар корҳои шахсиашон истифодае накарданд. Дар он се соле, ки мусалмонон дар “Дарраи Абутолиб” ҳабс буданд, чӣ гуруснагиҳое ки накашиданд.

Сипас дар охири суханонашон ҳазрат ба натиҷагирӣ пардохта ва мефармоянд: ё молу сарват доштан камол ва шарофат аст, ки дар ин сурат бояд ин фарзияро бипазирем, ки Худованд  Паёмбарашро таҳқир намуда ва ин саҳеҳ нест. Аммо он чизе ки мо мушоҳида намудем, Худованд Ҳазрати Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва олиҳ)-ро такрим намуда ва ба Ӯ иззату шарофат бахшида аст на таҳқир, бинобар ин бояд бидонем, касеро, ки Худо ба молу сарват саргарм намуд, дар ҳақиқат ба ӯ иҳонат карда аст то дигар ба суроғи маориф наёяд.[11]

Бандагӣ

Дилатро бо Худованд ошно кун,

Зи умқи ҷони Худоятро садо кун.

Дили ғифлатзада монанди санг аст,

Мисси дилро зи ёди Ӯ тило кун.

Шукӯҳи бандагӣ дар хоксорист,

Хузӯъу  бандагӣ пеши Худо кун.

Ту ғарқи неъмати Парвардигорӣ,

Биёву ҳаққи неъматро адо кун.

Нишони ҳақшиносӣ дар намози аст,

Ҷафо то кай? биё қадре вафо кун.

Рукӯъе, саҷдае, ашке, хузӯъе,

Ба пеши он Яке, қомат ду то кун.

Ба пеши Ӯ кушо дасти ниёзе,

Ба даргоҳи баланди Ӯ дуо кун.[12]

Сайидолими Сироҷ



[1] Сураи Тоҳо, ояи 14

[2] Сураи Раъд, ояи 28

[3] Сураи Маориҷ, ояи 19 то 23

[4] Тафсири Бурҳон, ҷ 4, саҳ 464. Кофӣ, ҷ 4, саҳ 52

[5] Сураи Балад, ояи 11 ва 12

[6] Поргӣ ва дарбеҳ шуда

[7] Сураи Оли Имрон, ояи 92

[8] Таҳзиб, ҷ 6, саҳ 297. Васоил, ҷ 15, саҳ 66

[9] Сураи Тавба, ояи 98

[10] Сураи Иншироҳ, ояи 4

[11] Наҳҷулбалоға, хутбаи 160

[12] Шеър аз Қайсари Аминпур

Охирин матолиб

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...