САНЪАТ ВА ЗЕБОӢ

Ишқ ба ҳусну ҷамол аз фитрати

илоҳии инсон сарчашма мегирад.

  Ишқ ба ҳусну ҷамол аз фитрати илоҳии инсон сарчашма мегирад, «Ин фитрате аст, ки Худованд инсонҳоро бар он офаридааст»[1] ва санъат ёдоварии аҳде аст, ки одамӣ дар олами зар ва рўзи аласт бо парвардигори хеш бастааст: «Гуфт оё ман парвардигори шумо нестам? — Гуфтанд: Ҳастӣ».[2]

Ҳифзи ин аҳд, ҷавҳари дин ва ҳақиқати Ислом ва муҷиби рушду камоли инсон дар ҳамаи шууни ҳастии ўст ва каломи Худо ва кутуби осмонӣ ҳама  зикр аст ва ёдовари паймони бандагӣ ва таслим. «Ин нест магар тазаккуре барои ҷаҳониён».[3]

Камоли ҳақ бидон гаштаст мунзал,

Ки  ёдат  оварад  аз  аҳди  аввал.

Фитрат ё ақл расули Худост (ҳидоятгар аз сўи Худованд) дар ботини зоти ҳар инсоне, ки рисолаташ дар олами табъ, шинохти фоидаву зарар, дар олами илм шинохти дуруст аз ғалат, дар олами ахлоқ шинохти хайр аз шарр, дар олами санъат шинохти зишт аз зебост ва садои аласт ҳар лаҳза аз ҳазрати рубубият ба гўш мехўрад, ки оё парвардигори шумо, яъне ончӣ муҷиби рушду камоли шумост, ҳамон нест, ки муфид аст ва дурусту хайру зебост ва ҳар лаҳза фитрат посух медиҳад, ки бале ҳамон аст.

Дар олами санъат тарҷумони ояти аласт чунин мешавад: «Оё ҳусну ҷамол ва ваҳдату назму ҳамоҳангӣ муҷиби парвариши завқу латифсозандаи руҳ ва сабаби ошноии ту бо ҷамоли мутлақи илоҳӣ нест? Ва фитрати салим мегуяд, оре ҳамин аст».

Пас ишқ ба зебоӣ ва лаззати ҳунарӣ монанди ишқ ба хайр ва ҳақиқат, аз нафси нотиқаи инсон, ки ҳамон нафси илоҳӣ ва нафхаи раббонӣ аст сарчашма мегирад ва санъат талоше аст аз сўи инсон барои бозёфтани ҳақ дар исми ҷамил ва ибодате аст барои қурб ба остони муаллои симурғе, ки дар ҳар параш ҳазорон нақши аҷиб ва дар ҳар сафираш садҳазорон нағмаи довудӣ аст ва ҳамаи санъатҳо васфи ҷамоли ў ва ёдовари рўзгоре аст берун аз замону маконе, ки одамӣ дар биҳишти шуҳуд бо маъшуқи худ пайваста буд.

Эй хуш он даврон, ки беш аз рўзу шаб,

Фориғ аз андўҳу холӣ аз тааб.

Муттаҳид будем бо шоҳи вуҷуд,

Нақши ғайрият ба куллӣ маҳв буд.

Мўъминон гўянд, ки осори биҳишт,

Нағз гардонид ҳар овози зишт.

Ин садои чангу овои дуҳул,

Чизаке монад бадон ноқури кулл.

   Ва қадосати санъат аз он ҷост, ки бо олами қудс пайваста ва бо қуддуси мутлақ нишастааст ва онҳое, ки қадри санъат намедонанд ва бо ҳақорат дар он назар мекунанд ва онҳое, ки санъатро ба самани бахсу (музди ночиз) ҳуттоми дунявӣ мефурўшанд ва онҳое, ки ба ҷои зикр, аз санъат интизори лаҳву ғафлат доранд ва онҳое, ки санъатро лаҳву ғафлат мешуморанд ва такфир мекунанд, ҳама аз ҳақиқати санъат бехабаранд. Санъат таҷаллии хилофати илоҳӣ дар инсон аст, ки халифаи Худост ва дар авҷи камол мунсиф ба сифоти ўст ва ҳамон гуна, ки бинобар ҳадиси канзи махфӣ, (Ҳадиси канзи махфӣ, ҳадисе аст, ки дар ирфони исломӣ зиёд нақл мешавад ва орифон ин ҳадисро қудсӣ медонанд, ки мазмуни он чунин аст,  ки Худованд фармуд: «Кунту канзан махфийян фааҳбабту ан уърафа фа халақту-ал-халқа»;Яъне ман канзи пинҳон будам, дўст доштам шинохта шавам бинобарин махлуқотро ба вуҷуд овардам), ишқ сабаби пайдоиши олам гардид, дар халифаи ў низ ишқ ба зуҳури ганҷи пинҳон сабаби пайдоиши анвои санъатҳо ва маориф гардидааст ва чун Одам ҳама асмои илоҳию румузи оламро дар донишгоҳи илми ҳақ омўхтааст ҳар замон донишу санъати тозае аз ў ба зуҳур мерасад.

Чунки одам алал асмо баг аст,

З-он сабаб сад донишаш дар ҳар раг аст.

  Зуҳури хат дар роҳи такомули инсон сароғози фасли тозае аст, ки дар кайфияти пайдоиши он ба тамсил афсонаҳо сохтаанд ва дар атрофи он таҳқиқу татаббуи фаровон кардаанд ва назароту фарзиёти гуногун ироа намудаанд.

   Аммо собиқаи пайванди зебоӣ бо хат, ки санъати хушнависиро падид овардааст, шояд то оғози пайдоиши хат пеш меравад зеро дар табъи одамӣ аст, ки бикўшад ҳарчӣ месозад дар айни судмандӣ аз тавозун ва таодулу лутфу зебоӣ бебаҳра набошад.

Ва дуруд бар ошиқони кўи ҳақ бод.      

Доктор Ҳусайн Илоҳии Қумшаӣ 

 

 



[1] Сураи Рум-30

[2] Сураи Аъроф-172

[3] Сураи Юсуф-104

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...