Роҳҳои ҳаққонияти ҳиҷоб 1

Ҳаққонияти ҳиҷоб ва ботил будани бараҳнагӣ,шеваҳое дорад, ки ба бархе аз онҳо ишора мекунем.
1- Тааққул ва тафаккур

Бар асоси ҳукми ақл, ҳар мавҷуди дӯстдоштанӣ ва гавҳари арзишманд бояд аз нобуд шудан ба дасти бегона дур ва ҳифз шавад, вагарна ё аз даст меравад ё сахт зарар ва осеб мебинад. Аз ин рӯ зан,ки дар зоҳир, ҷинси латиф ва дар ботин ҳақиқати шигифтангез аст, дорои маҳбубият ва арзиши болое аст, ки бояд дар садафи ифоф ва пӯшиши исломӣ қарор гирад, то азамати арзиш ва маҳбубияти ӯ ҳифз ва аз тамоси бегонагон ва нигоҳи онон дар амон бошад.

Озодии ҷисмӣ ва рафторҳои дилхоҳона бояд ба андозае бошад, ки ба озодиирӯҳӣ ва маънавӣ осеб нарасонад ва чун лозимаи озодии бе қайду шарт ва бебандуборӣ, асорати ақл ва рӯҳ ва аз миён рафтани истеъдодҳо ва тавоноиҳои волои инсонии зан ва дигар афроди ҷомеа аст, амали дурусте нахоҳад буд. Аз онҷо ки пӯшиши комил ва ифоф, заминаи рушди истеъдодҳои фитрӣ ва осоиш ва оромиши рӯҳӣ ва равонӣ ва такомули зан ва афроди ҷомеаро фароҳам мекунад, ҳақ ва фазилат аст.[1]
2- Қонуни таносуб

Ду асли равоншинохтӣ дар инбора вуҷуд дорад:

Яке онки таносуб ва шабоҳати рӯҳу равон(миёни ду нафар ё чанд нафар) иллати ҷазб ва кашиши он ду ба якдигар аства дигар ин ки набуди ин таносуб сабаби нафрат ва ҷудоӣ аст.Бар ин асос,зани боҳиҷоб ва покдоман, ҷазби мардони пок ва боимон ва занҳои ғайри муҳаҷҷаба,ҷазби мардони заифимон ё нопок ва беғайрат мешавад.
3- Мизони камолбахшӣ

Яке аз мизонҳои ҳаққоният ва фазилати ҳар амал ва падидае,таъсир ва зарурати он дар такомул ва саодати инсон аст. Бешак худнамоӣ,бебандуборӣ ва мудҳои роиҷи он,на дар ҳаёти табиӣ ва ниёзҳои воқеии ҷисмӣ ва беҳдоштии тан зарурат дорад ва на посухгӯии ниёзҳои рӯҳӣ ва равонӣ ва такомулбахши зиндагии маънавии ӯ мебошад,балки ба ҳарду буъди ҳаёти моддӣ ва маънавӣ зарар ва осеб мерасонад. Саломат ва беҳдошти ҷисмӣ, рӯҳӣ ва равонии ҳар як инсони ҷомеаро аз байн мебарад.[2]

[1]. Ҳиҷоб чаро ва чигуна, Алӣасғари Ризвонӣ, саҳ .49

[2]. Ҳиҷоб чаро ва чигуна, Алӣасғари Ризвонӣ, саҳ. 50

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.